9 607
Subscribers
-424 hours
-357 days
-17130 days
Posts Archive
Тарҷума ва нашри осори Робиаи Балхӣ бо 10 забон дар Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе китоби тозанашри «Каронанопадид» – мероси боқимондаи Робиаи Балхӣ бо тарҷума ба 10 забони хориҷӣ рӯйи чоп омад. Ин маҷмуа ба муносибати 1050-солагии зодрӯзи Робиа Балхӣ таҳия гардида, яке аз муҳимтарин иқдомҳо дар самти муаррифии мероси адабии ин шоири барҷастаи форсу тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Китоб аз ҷониби Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода нашр шуда, 290 саҳифаро дар бар мегирад.
Маҷмуа таҳти назари ректори донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода омода гардида, мураттиби он номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бахтиёр Абдураҳимзода мебошад.
Муаррифии тими миллии Эрон дар Ҷоми ҷаҳон
🇮🇷 Дастаи миллии Эрон дар маросими ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 бо намоиши унсурҳои фарҳангӣ ва таърихии кишвараш диққати тамошобинонро ҷалб кард.
Дар ин муаррифӣ нақшу нигорҳои миллӣ, рамзҳои фарҳангӣ ва ҷанбаҳои ҳувияти эронӣ ба намоиш гузошта шуда, фарҳанги чандҳазорсолаи Эронро ба миллионҳо бинанда дар саросари ҷаҳон муаррифӣ намуд.
🏆 Ҷоми ҷаҳонии футбол на танҳо саҳнаи рақобати варзишӣ, балки минбари муаррифии фарҳанг ва арзишҳои миллатҳо низ ба шумор меравад.
Тоҷикони муваффақ дар Русия
Дар миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ба муваффақиятҳои бесобиқа расидаанд, номи Искандар Маҳмудов ҷойгоҳи махсус дорад.
Ӯ на танҳо яке аз сарватмандтарин намояндагони миллат дар ҷаҳон, балки аз ҷумлаи шахсиятҳои бонуфузи иқтисодии Русия низ ба шумор меравад.Тайи беш аз се даҳсола Искандар Маҳмудов дар ташаккул ва рушди саноати металлургӣ, кӯҳкорӣ, нақлиёт, логистика ва кишоварзии Русия нақши намоён бозидааст. PRESSA.TJ
🚨 Дар Академияи миллии илмҳо азонихудкунии беш аз 1 миллион сомонӣ ошкор шуд
Мақомоти тафтишотӣ аз ошкор шудани як ҳолати азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои мақомот, сармуҳосиби муассиса С.Аҳмадов ва муҳосиб Ф.Исматӣ дар давоми солҳои 2023–2025 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маблағҳои буҷетиро аз ҳисоби музди меҳнат ва дигар хароҷотҳо тасарруф кардаанд.
Гуфта мешавад, онҳо дар якчанд ҳолат ҷамъ маблағи 1 миллиону 46 ҳазору 366 сомонӣ-ро ҳамчун музди меҳнат ва дигар пардохтҳо дар ҳисоботҳо нишон дода, сипас онро ба кортҳои бонкии худ интиқол дода, нақдӣ гардондаанд.
⚖️ Вобаста ба ин ҳодиса нисбати гумонбарон бо моддаҳои марбут ба азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтишот барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст.
🚔 Ду зан барои шикастани шишаҳои мошин дар Душанбе боздошт шуданд
Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ду занро бо гумони қасдан вайрон кардани молу мулки ғайр дастгир карданд.
Ба иттилои мақомот, Наботова Амина ва Мизробова Малика рӯзи 4-уми июн дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Сино бо шаҳрванд Ризвонова Ш. муноқиша намудаанд.
Гуфта мешавад, гумонбарон аз рӯйи хусумати шахсӣ бо истифода аз ашёи оҳанин шишаҳои автомашинаи ҷабрдидаро шикаста, ба ӯ зарари моддӣ расонидаанд.
⚖️ Вобаста ба ин ҳодиса санҷиш ва таҳқиқоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.
⚽️ Мексика бо пирӯзӣ пардаи Ҷоми ҷаҳонии 2026-ро боз кард
Тими миллии Мексика дар бозии ифтитоҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 бар мунтахаби Африқои Ҷанубӣ бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.
Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи машҳури «Азтека»-и шаҳри Мехико баргузор шуда, мизбонон аввалин се имтиёзи мусобиқотро ба даст оварданд.
Бозӣ бо рақобати шадид ҷараён гирифта, довар ба се футболбоз ду намояндаи Африқои Ҷанубӣ ва як бозигари Мексика баргаи сурх нишон дод.
Ҳарду даста дар гурӯҳи «А» қарор доранд ва ин пирӯзӣ оғози муваффақонаи Мексика дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. 🏆⚽️
🏆 Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 расман аз 11-уми июн оғоз гардида, беҳтарин мунтахабҳои ҷаҳон барои ба даст овардани ҷоизаи асосии футбол рақобат мекунанд.❓ Шумо ба кадом даста ҳаводорӣ мекунед ва натиҷаи финали Ҷоми ҷаҳонро чӣ гуна пешбинӣ мекунед?
🎥 Дар навор голи дуюми мунтахаби Мексика дида мешавад, ки онро Раул Хименес ба самар расонд.
#Зодрӯз муборак
Тоҷӣ Усмон, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик 12 июни соли 1906 таваллуд шудааст. Ӯ дастпарвари Донишгоҳи коммунистии шаҳри Самарқанд буда, аз соли 1933 дар идораи рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” фаъолият кардааст.
Аз соли 1953 котиби масъули маҷаллаи “Хорпуштак” буд.
Муҳимтарини офаридаҳояш маҷмӯаи ҳикояҳои “Кашфи асрор”, қиссаҳои “Духтари ниқобдор” ва “Муборакқадам”, очерки таърихии “Лаънаткардаи халқ” ва “Шоира Маҳастӣ” мебошанд.
Ҳамчунин, мураттиби китобҳои “Бисту се адиба”, “Дурдонаҳои назми тоҷик”, “Шоираҳои боистеъдод”, “Ханда ва истеҳзо” аст.
Точи Усмон 23 октябри соли 1968 дар 62-солагӣ аз олам даргузашт.
6 пешниҳоди академик Абдуҷаббор Раҳмонзода вобаста ба омӯзиши алифбои ниёгон:
1. Зиёд кардани соатҳои дарсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва интишори китобу дастурҳои методӣ.
2. Дар асоси нақшаву барномаҳои таълимӣ зиёд намудани соатҳои дарсӣ дар факултаҳои филологӣ ва ихтисосҳои марбут ба он.
3. Ҷорӣ кардани омӯзиши ин фан дар дигар ихтисосҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ.
4. Бо хати ниёгон чоп кардани матни осори ниёгон.
5. Ҷорӣ намудани омӯзиши навъҳои хати ниёгон дар ихтисосҳои филологӣ ва ҷудо кардани соатҳои алоҳида барои тадриси он.
6. Паҳн намудани маҷаллаи “Пайванд” дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва интишор кардани матнҳои классикӣ бо алифбои ниёгон барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар рӯзномаву маҷаллаҳои соҳаи маориф.
Тафсилоти бештар дар Pressa.tj
☀️ Дар Мурғоб 7 неругоҳи нави офтобӣ ва нахустин неругоҳи бодӣ ба истифода дода мешаванд
Дар доираи лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ то имрӯз 22 неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 13 мегаватт сохта шудааст.
Ба иттилои ҶСК «Помир Энерҷӣ», бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳия боз 7 неругоҳи нави офтобӣ бо иқтидори умумии 540 киловатт мавриди истифода қарор мегирад.
Ҳамчунин, дар деҳаи Тохтамиши ноҳияи Мурғоб аввалин неругоҳи бодӣ бо иқтидори 200 киловатт ба фаъолият оғоз хоҳад кард.Гуфта мешавад, татбиқи ин лоиҳаҳо ба истифодаи бештари манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таҳкими амнияти энергетикӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони минтақаҳои кӯҳистонӣ мусоидат мекунад.
🟩 Зеҳни сунъӣ ва иқтисоди сабз дар меҳвари ҳамоиши бонкдорони СҲШ дар Душанбе
🟩 10 июн шаҳри Душанбе мизбони конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) гардид.
🟩 Дар ҳамоиш намояндагони бонкҳо ва ниҳодҳои молиявии Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекистон, Беларус, Русия ва Тоҷикистон масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ, идоракунии хавфҳо ва татбиқи принсипҳои иқтисоди сабз (ESG)-ро баррасӣ намуданд.
🟩 Ҳамзамон, миёни «Амонатбонк» ва «Элдик Бонк»-и Қирғизистон Ёддошти тафоҳум ва Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкориҳои минбаъда ба имзо расид.
PRESSA.TJ
🚨 Зани 30-сола барои авбошӣ дар маркази дилхушии Хуҷанд боздошт шуд
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як сокини ноҳияи Зафарободро бо гумони авбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ боздошт карданд.
Ба иттилои мақомот, Ҷабборова Н.И., соли таваллудаш 1995, дар дохили маркази дилхушии «Румӣ» («4 плюс»), воқеъ дар маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст.
Вобаста ба ин ҳодиса нисбати номбурда бо қисми 2-и моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
🇹🇯 Аз моҳи сентябр занони маҳбуси тоҷикро аз Русия ба Тоҷикистон меоранд
Беш аз 200 зани шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои ислоҳии Русия адои ҷазо мекунанд, эҳтимол то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба ватан интиқол дода шаванд.
Ба иттилои радиои озодӣ дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, барои қабули онҳо корҳои сохтмонии биноҳои иловагӣ дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак идома дорад.
Хабари интиқоли занони маҳбусро нахуст моҳи апрел Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия Татяна Москалкова расонаӣ карда буд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин хусус ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат шуда, посухи мусбат гирифта шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол расман дар бораи интиқоли маҳбусон изҳори назар накардаанд.
#Зодрӯз муборак
Меҳрангез Ҳасанова, ҳунарпешаи театру синамо ва садогузори тоҷик 72 сола шуд. Ӯ 11 июни соли 1954 ба дунё омадааст.
Меҳрангез Ҳасанова баъди хатми Институти умумииттифоқии кинематографистони Маскав фаъолияти худро ба ҳайси ҳунарпеша дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ оғоз кардааст. Қариб 30 сол, солҳои 1980-2008 коргардони бахши дубляжи “Тоҷикфилм” буд. Аз соли 2008 инҷониб ҳунарпешаи Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский аст.
Ӯ дар садогузории беш аз дусад филми бадеӣ ба забони тоҷикӣ иштирок кардааст. Инчунин дар филмҳои бадеии “Дар ҷарӣ”, “Қӯшатир”, “Ҷинояткор ва адвокатҳо”, “Ҳодиса дар фурудгоҳ”, “Туҳмат” ва дигар филмҳо нақш бозидааст.
🚨 Роҳбари маркази дилхушӣ барои роҳ додани ноболиғон 5 шабонарӯз ҳабс шуд
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ роҳбари маркази дилхушии «Қамишзор»-ро барои роҳ додани ноболиғон ба ин муассиса боздошт кардаанд.
Ба иттилои мақомот, зимни санҷиши маркази дилхушии «Қамишзор», воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии ноҳияи Рӯдакӣ, 6 нафар ноболиғ дар дохили он ошкор шудаанд.
Ҳамчунин, муайян гардидааст, ки маркази мазкур дар ҳолати ғайриқаноатбахши санитариву гигиенӣ қарор доштааст.
Дар пайи санҷиш фаъолияти марказ муваққатан қатъ шуда, нисбати роҳбари он Намозалӣ Холов бо қарори суд ҷазо дар намуди 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин гардидааст.
⚖️ Мақомот мегӯянд, санҷишҳо вобаста ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар чунин марказҳо идома доранд.
⛽️ Нархи бензин ва солярка дар Тоҷикистон боло рафт
Дар чанд рӯзи охир нархи бензин ва сӯхти дизелӣ (солярка) дар Тоҷикистон аз 40 дирам то 2 сомониву 30 дирам гарон шудааст.
🔻Тибқи мушоҳидаҳо, рӯзи 9-уми июн дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе 1 литр бензини навъи АИ-92 бо нархи 11 сомониву 30 дирам фурӯхта мешуд. Ин дар ҳолест, ки як ҳафта пеш арзиши он 10 сомониву 90 дирам ва се ҳафта қабл 10 сомониву 40 дирамро ташкил медод.
🔺Ҳамзамон, нархи сӯхти дизелӣ низ боло рафта, аз 11 сомонии ҳафтаи гузашта то 13 сомониву 30 дирам расидааст.
🔻Фурӯшандагони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мегӯянд, сабаби аслии болоравии нархро намедонанд, аммо аз камбуди бензин ё солярка дар бозор хабар намедиҳанд.
🔺Ба гуфтаи намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, афзоиши арзиши сӯзишворӣ ба тағйироти нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста мебошад.
Available now! Telegram Research 2025 — the year's key insights 
