9 364
المشتركون
-724 ساعات
لا توجد بيانات7 أيام
-13130 أيام
أرشيف المشاركات
+4
🏠 Маркази омодагии муҳоҷирон дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард
Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон дар шаҳри Душанбе ба бинои нав кӯчидааст.
Марказ барои машварат ба муҳоҷирон ва омӯзонидани забон, таърих, расму оин, фарҳанг ва қонунгузории кишварҳои қабулкунанда фаъолият мекунад.
Аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд ки марказ ҳамоно дар ҳудуди бинои Хадамоти муҳоҷират, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, 121-и шаҳри Душанбе қарор дорад ва танҳо соҳиби бинои нав шудааст. Бинои нави марказ, ки 25-уми август ба истифода дода шуд, тақрибан 20 метр дуртар аз сохтмони қаблии он ҷойгир аст.
Ба иттилои Хадамоти муҳоҷират, дар марказ давраҳои ройгони омӯзиши касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла пешхидмат, дӯзандагӣ, пазандагӣ, ороишгарӣ ва омӯзиши асосҳои компютер баргузор мешаванд.
Дар ин ҷо инчунин намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират ва Хатти оҷил фаъолият дошта, ба шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, муҳоҷират ва ҳифзи манфиатҳои онҳо машварати ройгон медиҳанд.
#Хабари_рӯз
То соли 2028 дар Тоҷикистон беш аз 1,1 ҳазор нуқтаи барқпуркунии нақлиёти барқӣ бунёд мешавад.
Вижаномаи Равшан Раҳмонӣ дар Эрон нашр шуд
Шумораи даҳуми маҷаллаи фарҳангиву адабии «Самарқанд» дар Эрон ба нашр расид. Шумораи вижа, ки дар 224 саҳифа чоп шудааст, ба зиндагӣ, фаъолияти илмӣ ва осори профессор Равшан Раҳмoнӣ – нависанда, пажӯҳишгар ва фолклоршиноси маъруфи тоҷик бахшида шудааст.Дар ин шумора мақолаҳои донишмандон, муҳаққиқон ва аҳли адабу фарҳанг гирд оварда шудаанд, ки ба шахсият, фаъолияти илмӣ ва саҳми Равшан Раҳмoнӣ дар рушди фолклоршиносӣ ва пажӯҳиши фарҳанги мардумӣ бахшида шудаанд. Шумора бо мақолаи «Дар гиромидошти як устоди тоҷик»-и Алӣ Деҳбошӣ оғоз мешавад. Тафсилоти бештар дар PRESSA.TJ
+3
Дар Левакант бинои Нозироти андоз ва бинои таълимӣ ифтитоҳ шуданд
26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ бинои маъмурии Нозироти андози шаҳри Левакантро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Дар бино шуъба ва бахшҳои марбут ба ташкили андозбандии шахсони воқеӣ, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, инчунин назорати иҷрои ӯҳдадориҳои андозӣ ҷойгир шудаанд.
Ҳамчунин, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Зағертути деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант бинои нави таълимӣ сохта шудааст.
Бино барои фароҳам кардани шароити беҳтари таълим ва зиёд намудани имконияти қабули хонандагон пешбинӣ шуда, дар ду баст метавонад 400 хонандаро ба таҳсил фаро гирад.
#Зодрӯз муборак
Мехост рӯзноманигор шавад, аммо ситораи театр гардид
26 август зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Дилбар Умарова аст. Ӯ 77-сола шуд.
#ВАРЗИШ
Муҳимтарин рӯйдодҳои варзишӣ дар ҳафтаи гузашта
Дар Хуҷанд занеро бо гумони дуздии тилловорӣ боздошт карданд
Кормандони милитсия дар шаҳри Хуҷанд Насиба Камолова, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буниҳисоракро бо гумони дуздии ҷавоҳирот боздошт кардаанд.Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, номбурда қаблан низ бо моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст. Ба иттилои ВКД, ӯ баъди адои ҷазо «хулосаи зарурӣ набароварда, боз ба тасарруфи пинҳонии молу мулки ғайр, яъне дуздии тилловорӣ даст задааст». Манбаъ мегӯяд, лаҳзаҳои марбут ба ҳодиса тавассути камераҳои назоратӣ сабт шудаанд. Айни ҳол вобаста ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад. PRESSA.TJ
Дар Мастчоҳ мавсими пахтачинӣ оғоз шуд
Дар хоҷагиҳои пахтакори Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ мавсими ҷамъоварии пахта оғоз ёфт.
Кишоварзон ба чиниши ҳосил шуруъ намуда, барои беталаф ва саривақт ҷамъоварӣ кардани он тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Тавре ки аз мақомоти ноҳия ба Pressa.tj иттилоъ доданд, имсол кишоварзони Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ дар маҷмуъ дар майдони 2700 гектар пахта кишт намудаанд.
Соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ дар майдони беш аз 10 ҳазору 300 гектар пахта кишт шудааст. Соли 2025 кишоварзони ноҳия дар майдони тақрибан 10 ҳазору 400 гектар пахта кишт намуда, беш аз 27 ҳазору 580 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карданд. Ҳосилнокии миёнаи пахта дар соли гузашта аз ҳар гектар 27 сентнерро ташкил дода буд.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта ноҳияи Мастчоҳ бо чунин нишондод дар миёни ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ аз рӯи ҳаҷми истеҳсол ва пахтасупорӣ мақоми пешсафро соҳиб гардида, дар сатҳи ҷумҳурӣ аз ҳама бештар пахта супорида, нақшаро иҷро намуд.#Пахта #Мастчоҳ #хабар
🏡 Қарзи ипотекӣ аз Амонатбонк
Хонаи орзуҳоятонро интихоб кунед ва барои ояндаи худ қадами устувор гузоред.
#Зодрӯз муборак
Як ном, садҳо лоиҳа ва роҳи пур аз муваффақият
25 август зодрӯзи бонуи фаъол ва муваффақи соҳаи расонаи тоҷик Шаҳноза Ҳамдамова аст.
Ӯ солҳост, ки дар рушди журналистика, расонаҳои муосир ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ саҳми худро мегузорад.
Шаҳноза Ҳамдамова роҳбари Агентии «Тайрон» буда, дар рушди расонаҳои чандрасонаӣ ва татбиқи як қатор лоиҳаҳои муваффақ нақши муҳим дорад. Яке аз маъруфтарин лоиҳаҳои ӯ «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» мебошад. Ин лоиҳа бо ташаббус ва роҳбарии Шаҳноза Ҳамдамова солҳост амалӣ шуда, ба майдони муҳими муаррифии истеҳсолкунандагони ватанӣ табдил ёфтааст.
Шаҳноза Ҳамдамова дар яке аз мусоҳибаҳои худ гуфтааст, ки дар даҳ соли татбиқи лоиҳа беш аз 500 ширкати ватанӣ ба мардум муаррифӣ шудаанд. Бархе аз ин ширкатҳо баъдан ба брендҳои маъруф табдил ёфтаанд.
Аммо фаъолияти Шаҳноза Ҳамдамова танҳо ба як лоиҳа маҳдуд намешавад. Ӯ дар рушди расонаҳои муосир, истифодаи имкониятҳои рақамӣ ва пайвастани журналистикаи анъанавӣ бо фазои нави иттилоотӣ таҷрибаи назаррас дорад. Дар фаъолияти Шаҳноза Ҳамдамова журналистика, менеҷмент ва лоиҳаҳои иҷтимоӣ ба ҳам пайвастаанд. Ҳамин дидгоҳ ба ӯ имкон медиҳад, ки идеяро ба лоиҳа ва лоиҳаро ба натиҷа табдил диҳад.
Дар ин рӯз ба Шаҳноза Ҳамдамова пеш аз ҳама саломатӣ, нерӯи тоза ва муваффақиятҳои бештар орзу менамоем.
PRESSA.TJ
🏠 Дар Тоҷикистон дар 7 моҳ 905 ҳазор метри мураббаъ манзил сохта шудааст
Дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ–июли соли 2026 ҳамагӣ 905 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,9% зиёд мебошад.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Бештарин ҳаҷми манзили нав дар вилояти Суғд — 313,3 ҳазор метри мураббаъ ё 34,6% аз ҳаҷми умумӣ сохта шудааст.
Дар Душанбе 266,2 ҳазор метри мураббаъ (29,4%), вилояти Хатлон 245,7 ҳазор метри мураббаъ (27,1%), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 72,2 ҳазор метри мураббаъ (8%) ва ВМКБ 7,6 ҳазор метри мураббаъ (0,9%) манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудааст.
Дар ҳамин давра дар кишвар 10 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 15 ҳазору 190 ҷойи нишаст ва як муассисаи томактабӣ барои 2 ҳазору 252 ҷой ба истифода дода шудааст.
#манзил #Тоҷикистон #хабар
