9 361
Suscriptores
-424 horas
-67 días
-12930 días
Archivo de publicaciones
Дар Душанбе як зан чанд рӯз боз бедарак шудааст
Фароғатхон Тошпулатова, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, чанд рӯз пеш аз хона баромада, то ҳол барнагаштааст.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дода, аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки барои муайян кардани маҳалли будубоши ӯ ба мақомоти милитсия мусоидат кунанд.
📞 Агар дар бораи ӯ ягон маълумот дошта бошед, метавонед ба рақамҳои зерин хабар диҳед:
22-100-57, 22-102-02,
(+992) 018-02-02-02, 900-42-19-19.
Туҳфаи ПрезидентиӮзбекистон ба Доналд Трамп
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба президенти ИМА Доналд Трамп ду айвони кандакоришуда туҳфа кардааст. Қарор аст ин айвонҳо дар боғи “West Potomac Park”–и шаҳри Вашингтон насб шаванд.Ба иттилои расонаҳо, айвонҳо аз Тошканд ба Вашингтон интиқол дода шудаанд. Онҳо бо кандакориҳои мураккаби чӯбӣ оро ёфта, намунаи ҳунари меъморӣ ва ҳунарҳои суннатии Осиёи Марказиро муаррифӣ мекунанд. PRESSA.TJ
Сели харобиовар дар Непал: 22 кас ҷон бохта, қариб 400 нафар бедарак шудаанд
Дар пайи омадани селу фаромадани ярч дар минтақаи наздимарзии Непал ва Тибети Чин дасти кам 22 кас ҷон бохта, 384 нафари дигар бедарак шудаанд.
Дар миёни бедаракшудаҳо 291 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд.
Ҳодиса 26-уми август, рух дода, селу ярч ба шаҳру деҳаҳо, роҳҳо ва иншоот зарар расонидааст.
Бар асоси маълумоти ибтидоӣ, заминларза ва дар пайи он резиши сангу яхбандиҳои азим сабаби омадани сел ва фаромадани ярч шудааст.
Ба гузориши расонаҳо, , Президенти Чин дастур додааст, ки амалиёти наҷотдиҳӣ оғоз шуда, сокинон аз минтақаҳои хавфнок кӯчонида шаванд.
🎓 Сафорати Тоҷикистон шаҳрвандонро аз миёнаравҳои таҳсил дар Малайзия ҳушдор дод
Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия аз шаҳрвандоне, ки мехоҳанд дар муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар таҳсил кунанд, даъват кардааст, ки аз пешниҳоди ширкатҳо ва миёнаравҳои гуногун эҳтиёткор бошанд.
Ба гуфтаи сафорат, вақтҳои охир фаъолияти шахсону ширкатҳое афзоиш ёфтааст, ки барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Малайзия ва гирифтани раводиди таҳсилӣ хизматрасонии миёнаравӣ пешниҳод мекунанд.
Шаҳрвандон бояд махсусан нисбат ба ваъдаҳои қабули кафолатнок ба донишгоҳ, гирифтани раводиди таҳсилӣ пас аз ворид шудан ба Малайзия, таҳсили ройгон ва дигар имтиёзҳои ғайриоддӣ ҳушёр бошанд.
Сафорат тавсия додааст, ки пеш аз супоридани ҳуҷҷат ё пардохти маблағ, маълумот аз манбаъҳои расмӣ санҷида шавад.
Аз ҷумла, бояд номи донишгоҳ, мақоми он, барномаи таҳсил, шартҳои қабул ва пардохт, инчунин фаъолияти ширкат ё шахси миёнарав тафтиш карда шавад.
Ҳамчунин, шаҳрвандон даъват шудаанд, ки ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва маблағро ба шахсони ношинос, ширкатҳои тасдиқнашуда ва миёнаравҳои беэътимод насупоранд.
#Зодрӯз муборак
Аз Сино то Рӯдакӣ. Нақшҳои мондагори Марат Орифов
27 август зодрӯзи яке аз чеҳраҳои барҷастаи синамои тоҷик - Марат Орифов аст. Соли 2026 ба 91-солагии зодрӯзи ӯ рост меояд.Марат Орифов 27 августи соли 1935 дар Сталинобод - Душанбеи имрӯза ба дунё омадааст. Ӯ дар хонаводаи ҳунарманд ба воя расид. Модараш Туҳфа Фозилова, сароянда ва ҳунарпешаи машҳур буд. Фаъолияти ӯ дар синамо аз соли 1956 оғоз шудааст. Яке аз муҳимтарин нақшҳои Марат Орифов образи Абӯалӣ ибни Сино дар филми «Авитсенна» ва образи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар филми «Қисмати шоир» буд. Марат Орифов соли 2008 ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Ҳунарпешаи маъруф 29 октябри соли 2018, дар синни 83-солагӣ, пас аз бемории тӯлонӣ дар Душанбе даргузашт. Ӯ дар оромгоҳи Лучоб, дар паҳлуи модараш Туҳфа Фозилова ба хок супорида шуд. PRESSA.TJ
+4
🏠 Маркази омодагии муҳоҷирон дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард
Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон дар шаҳри Душанбе ба бинои нав кӯчидааст.
Марказ барои машварат ба муҳоҷирон ва омӯзонидани забон, таърих, расму оин, фарҳанг ва қонунгузории кишварҳои қабулкунанда фаъолият мекунад.
Аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд ки марказ ҳамоно дар ҳудуди бинои Хадамоти муҳоҷират, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, 121-и шаҳри Душанбе қарор дорад ва танҳо соҳиби бинои нав шудааст. Бинои нави марказ, ки 25-уми август ба истифода дода шуд, тақрибан 20 метр дуртар аз сохтмони қаблии он ҷойгир аст.
Ба иттилои Хадамоти муҳоҷират, дар марказ давраҳои ройгони омӯзиши касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла пешхидмат, дӯзандагӣ, пазандагӣ, ороишгарӣ ва омӯзиши асосҳои компютер баргузор мешаванд.
Дар ин ҷо инчунин намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират ва Хатти оҷил фаъолият дошта, ба шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, муҳоҷират ва ҳифзи манфиатҳои онҳо машварати ройгон медиҳанд.
#Хабари_рӯз
То соли 2028 дар Тоҷикистон беш аз 1,1 ҳазор нуқтаи барқпуркунии нақлиёти барқӣ бунёд мешавад.
Вижаномаи Равшан Раҳмонӣ дар Эрон нашр шуд
Шумораи даҳуми маҷаллаи фарҳангиву адабии «Самарқанд» дар Эрон ба нашр расид. Шумораи вижа, ки дар 224 саҳифа чоп шудааст, ба зиндагӣ, фаъолияти илмӣ ва осори профессор Равшан Раҳмoнӣ – нависанда, пажӯҳишгар ва фолклоршиноси маъруфи тоҷик бахшида шудааст.Дар ин шумора мақолаҳои донишмандон, муҳаққиқон ва аҳли адабу фарҳанг гирд оварда шудаанд, ки ба шахсият, фаъолияти илмӣ ва саҳми Равшан Раҳмoнӣ дар рушди фолклоршиносӣ ва пажӯҳиши фарҳанги мардумӣ бахшида шудаанд. Шумора бо мақолаи «Дар гиромидошти як устоди тоҷик»-и Алӣ Деҳбошӣ оғоз мешавад. Тафсилоти бештар дар PRESSA.TJ
+3
Дар Левакант бинои Нозироти андоз ва бинои таълимӣ ифтитоҳ шуданд
26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ бинои маъмурии Нозироти андози шаҳри Левакантро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Дар бино шуъба ва бахшҳои марбут ба ташкили андозбандии шахсони воқеӣ, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, инчунин назорати иҷрои ӯҳдадориҳои андозӣ ҷойгир шудаанд.
Ҳамчунин, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Зағертути деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант бинои нави таълимӣ сохта шудааст.
Бино барои фароҳам кардани шароити беҳтари таълим ва зиёд намудани имконияти қабули хонандагон пешбинӣ шуда, дар ду баст метавонад 400 хонандаро ба таҳсил фаро гирад.
#Зодрӯз муборак
Мехост рӯзноманигор шавад, аммо ситораи театр гардид
26 август зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Дилбар Умарова аст. Ӯ 77-сола шуд.
#ВАРЗИШ
Муҳимтарин рӯйдодҳои варзишӣ дар ҳафтаи гузашта
Дар Хуҷанд занеро бо гумони дуздии тилловорӣ боздошт карданд
Кормандони милитсия дар шаҳри Хуҷанд Насиба Камолова, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буниҳисоракро бо гумони дуздии ҷавоҳирот боздошт кардаанд.Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, номбурда қаблан низ бо моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст. Ба иттилои ВКД, ӯ баъди адои ҷазо «хулосаи зарурӣ набароварда, боз ба тасарруфи пинҳонии молу мулки ғайр, яъне дуздии тилловорӣ даст задааст». Манбаъ мегӯяд, лаҳзаҳои марбут ба ҳодиса тавассути камераҳои назоратӣ сабт шудаанд. Айни ҳол вобаста ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад. PRESSA.TJ
