9 447
Subscribers
-1024 hours
-517 days
-16730 days
Data loading in progress...
Similar Channels
Tags Cloud
No data
Any problems? Please refresh the page or contact our support manager.
Incoming and Outgoing Mentions
---
---
---
---
---
---
Attracting Subscribers
August '26
August '260
in 0 channels
July '26
+32
in 2 channels
Get PRO
June '26
+188
in 0 channels
Get PRO
May '26
+18
in 0 channels
Get PRO
April '26
+16
in 0 channels
Get PRO
March '26
+19
in 1 channels
Get PRO
February '26
+27
in 1 channels
Get PRO
January '26
+25
in 0 channels
Get PRO
December '25
+30
in 11 channels
Get PRO
November '25
+79
in 0 channels
Get PRO
October '25
+30
in 3 channels
Get PRO
September '25
+31
in 2 channels
Get PRO
August '25
+24
in 3 channels
Get PRO
July '25
+31
in 4 channels
Get PRO
June '25
+36
in 2 channels
Get PRO
May '25
+104
in 2 channels
Get PRO
April '25
+29
in 2 channels
Get PRO
March '25
+83
in 7 channels
Get PRO
February '25
+33
in 4 channels
Get PRO
January '25
+68
in 5 channels
Get PRO
December '24
+154
in 4 channels
Get PRO
November '24
+262
in 6 channels
Get PRO
October '24
+310
in 3 channels
Get PRO
September '24
+417
in 5 channels
Get PRO
August '24
+335
in 3 channels
Get PRO
July '24
+239
in 9 channels
Get PRO
June '24
+242
in 2 channels
Get PRO
May '24
+554
in 4 channels
Get PRO
April '24
+837
in 7 channels
Get PRO
March '24
+464
in 10 channels
Get PRO
February '24
+458
in 8 channels
Get PRO
January '24
+3 022
in 3 channels
Get PRO
December '23
+171
in 4 channels
Get PRO
November '23
+2 433
in 5 channels
Get PRO
October '23
+257
in 4 channels
Get PRO
September '23
+512
in 0 channels
Get PRO
August '23
+11 522
in 0 channels
Get PRO
July '23
+934
in 0 channels
Get PRO
June '23
+294
in 0 channels
Get PRO
May '23
+92
in 0 channels
Get PRO
April '23
+341
in 0 channels
Get PRO
March '23
+82
in 0 channels
Get PRO
February '23
+74
in 0 channels
Get PRO
January '23
+149
in 0 channels
Get PRO
December '22
+74
in 0 channels
Get PRO
November '22
+30
in 0 channels
Get PRO
October '22
+32
in 0 channels
Get PRO
September '22
+44
in 0 channels
Get PRO
August '22
+18
in 0 channels
Get PRO
July '22
+369
in 0 channels
| Date | Subscriber Growth | Mentions | Channels | |
| 02 August | 0 | |||
| 01 August | 0 |
Channel Posts
Ҷасади марди бедаракшуда аз дарёи Зарафшон пайдо шуд
Наҷотдиҳандагон ҷасади як марди 60-соларо аз дарёи Зарафшон дар ҳудуди шаҳри Панҷакент пайдо карданд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҷасад ба Абдулло Турсунов, сокини шаҳри Истаравшан, тааллуқ дорад. Ӯ рӯзи 21 июл пас аз он бедарак шуда буд, ки мошини тамғаи "Opel Astra" ба дарёи Фондарё сарозер гардид.
Мақомот хабар доданд, ки ҷасад рӯзи 1 август дар ҳудуди деҳаи Мингдонаи ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакент дарёфт шуда, барои анҷоми расмиёти зарурӣ ба мақомоти дахлдор супурда шудааст.
Сабаби сарозер шудани мошин ба дарё то ҳол маълум нест.Ҳамчунин, мақомот нагуфтаанд, ки ҳангоми рух додани ҳодиса дар дохили мошин шахси дигаре низ ҳузур дошт ё не.Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
| 2 | Шартҳои асосии муҳоҷирати меҳнатӣ ба Кореяи Ҷанубӣ аз забони вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода | 491 |
| 3 | #Зодрӯз_муборак
Майсара Дилдорова - садои нотакрори Бадахшон
Имрӯз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майсара Дилдорова зодрӯз дорад. Номбурда 2 –юми августи соли 1944 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст.
Майсара Дилдорова бо иҷрои сурудҳои лирикӣ ва таронаҳои халқҳои гуногун шуҳрат пайдо кард.
«Бахти ман дар Тоҷикистони ман аст», «Хоруғи зебо» ва «Моҳи Шуғнон» аз сурудҳои маъруфи ӯ ҳастанд.
Ӯ дар саҳнаи театр низ нақшҳои хотирмон офарида, соли 1985 сазовори унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон гардид.
PRESSA.TJ | 837 |
| 4 | ВАЗЪИ ОБУ ҲАВО БАРОИ 2 АВГУСТ | 820 |
| 5 | Ҳавошиносон аз хатари сел ва хокбориш дар рӯзҳои наздик ҳушдор доданд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз эҳтимоли омадани сел, хокбориш ва баланд шудани сатҳи оби баъзе рӯдхонаҳо аз 1 то 5 август ҳушдор дод.
Ба иттилои агентӣ, рӯзҳои 1–3 август бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳию доманакӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари омадани сел ва баланд шудани сатҳи оби дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш вуҷуд дорад.
Ҳамчунин, аз 3 то 5 август дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе хокбориш пешбинӣ мешавад.
Ба гуфтаи ҳавошиносон, ин падида аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба қаламрави кишвар ворид мегардад.
Агентии обуҳавошиносӣ аз сокинон даъват кардааст, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ ва соҳили дарёҳо эҳтиёткор бошанд ва тавсияҳои бехатариро риоя намоянд. | 1 327 |
| 6 | #Хабари_рӯз
Хонандагони синфи 1 аз 17-уми август ба мактаб мераванд | 1 355 |
| 7 | #Зодрӯз_муборак
Раҷаб Амонов - поягузори фолклоршиносии тоҷик
Имрӯз академик Раҷаб Амонов зодрӯз дорад. Раҷаб Амонов ҳамчун фолклоршинос, адабиётшинос ва нависандаи маъруф 1 –уми августи соли 1923 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст.
Номбурда беш аз панҷоҳ соли умрашро ба омӯзиш, гирдоварӣ ва ҳифзи эҷодиёти шифоҳии халқ бахшидааст.
PRESSA.TJ | 1 456 |
| 8 | ВАЗЪИ ОБУ ҲАВО БАРОИ 1. 08. 2026 | 1 385 |
| 9 | ❗️Кумитаи дин овозаҳо дар бораи ҷарима барои паёми «Ҷумъа муборак»-ро рад кард
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабарҳо дар бораи ҷарима барои ирсол ё бознашри паёми «Ҷумъа муборак»-ро беасос номид.
Ба иттилои кумита, рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо сабтҳои садоӣ паҳн шудаанд, ки гӯё барои ирсоли чунин паёмҳо дар Тоҷикистон ҷаримаҳои сангин муқаррар шудааст.
Манбаъ таъкид мекунад, ки қонунгузории кишвар барои табрики рӯзи ҷумъа ё ирсоли паёмҳои дорои чунин мазмун ҳеҷ гуна маҳдудият, ҷавобгарӣ ё ҷарима пешбинӣ накардааст.
Кумита ин овозаҳоро «иғвоангезона» арзёбӣ намуда, аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки танҳо ба иттилои расмӣ эътимод кунанд.
Ёдовар мешавем, ки солҳои гузашта низ чунин хабарҳои носаҳеҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буданд ва аз ҷониби мақомоти масъул рад гардида буданд. | 2 003 |
| 10 | Аз 1 август дар Душанбе ҳаракати нақлиёт дар чанд қитъаи роҳ муваққатан маҳдуд мешавад
Аз 1 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар чанд қитъаи роҳ маҳдудияти муваққатии ҳаракати нақлиёт ҷорӣ мегардад. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ниҳод, маҳдудиятҳо ҳамарӯза, ба истиснои рӯзи якшанбе, аз соати 06:00 то 11:00 амал хоҳанд кард.
Дар ин муддат ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан аз ҳамоиши хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи С. Носир, инчунин аз гардиши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозӣ («Товус») то гардиш аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Назаров («Наврӯзгоҳ») маҳдуд карда мешавад.
Дар робита ба ҷорӣ шудани ин маҳдудиятҳо ба сокинони пойтахт ва ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми тарҳрезии масири ҳаракати худ ин тағйиротро пешакӣ ба назар гирифта, аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд. | 1 524 |
| 11 | Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад
Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд.
Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии "China Gezhouba Group International Engineering Co., Ltd" сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Айнӣ»-ро бо иқтидори 160 мегаватт ва нерӯгоҳи «Ёвон»-ро бо иқтидори 100 мегаватт ба уҳда мегирад. Масъалаи амалисозии лоиҳа рӯзи 25-уми июл зимни мулоқоти роҳбарияти вазорат бо намояндагони ширкати чинӣ баррасӣ шудааст.
Ин хабар аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ҳанӯз аз соли 2018 роҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи истифодаи муштараки захираҳои гидроэнергетикии ҳавзаи Зарафшон ба мувофиқа расида буданд. | 1 535 |
| 12 | Хонандагони синфи якум аз 17 август ба дарсҳои мутобиқшавӣ ҷалб мешаванд
Хонандагони синфи якум имсол аз 17 то 28 август дар дарсҳои мутобиқшавӣ иштирок мекунанд. Ин дарсҳо барои ҳамаи хонандагони синфи якум ҳатмӣ буда, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва хусусӣ баргузор мешаванд.
Тибқи фармони вазири маориф ва илми Тоҷикистон, дар ин давра омӯзгорон тавассути машғулиятҳои махсус ва бозиҳои омӯзишӣ кӯдаконро ба муҳити мактаб ва реҷаи дарсӣ мутобиқ месозанд.
Ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо супориш дода шудааст, ки барои гузаронидани давраи мутобиқшавии хонандагони нав шароити заруриро фароҳам оваранд.
Қабули кӯдакон ба синфи якум ройгон буда, имсол беш аз 240 ҳазор кӯдак бори аввал ба остонаи мактаб қадам мегузоранд. | 1 498 |
| 13 | Минтақаҳои озоди иқтисодӣ. Чаро яке рушд дораду дигаре қафомонда? | 1 415 |
| 14 | Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон аз клуби голф дар Қирғизистон дидан карданд | 1 337 |
| 15 | Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад
Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд.
Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba Group International Engineering Co., Ltd сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Айнӣ»-ро бо иқтидори 160 мегаватт ва нерӯгоҳи «Ёвон»-ро бо иқтидори 100 мегаватт ба уҳда мегирад.
PRESSA.TJ | 1 440 |
| 16 | #ҚУРБИ_АСЪОР
31.07.2026
Pressa.tj | 1 457 |
| 17 | ВАЗЪИ ОБУ ҲАВО БАРОИ 31 ИЮЛ | 1 447 |
| 18 | Комиссарони ҳарбии 20 шаҳру ноҳияи кишвар иваз шуданд
Имрӯз, 30-юми июл Cарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварда, роҳбарони комиссариати ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Леваканд, Восеъ, Кӯшониён, Хуросон, Темурмалик, Қубодиён, Рашт, Лахш, Ваҳдат, Файзобод, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, Спитамен, Мастчоҳ, Айнӣ ва Шаҳристонро иваз намуд.
Cардорони чанд раёсат ва роҳбарони бархе аз воҳидҳои низомии Вазорати дифоъ ва Сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадии ВМКБ низ нав шудаанд.
Тафсилоти бештар дар PRESSA.TJ | 1 561 |
| 19 | Умре дар хизмати маориф ва Ватан
Омӯзгори соҳибтаҷриба, тарбиятгари чандин насли хонандагон, Аълочии маориф ва фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи медали давлатии «Хизмати шоиста» Файзимо Алиева пас аз умре саршор аз хизмати содиқона ба халқу Ватан аз олам даргузашт.
Файзимо Алиева соли 1957 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, тамоми умри пурбаракати худро ба таълиму тарбия, омӯзгорӣ ва рушди маърифати ҷомеа бахшид. Соли 1984 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгори таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм намуда, беш аз чаҳор даҳсола дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар анҷом дод. Солҳои охири фаъолияти худ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Рӯдакӣ аз фанни таърих дарс гуфта, садҳо шогирдро ба роҳи дониш раҳнамун сохт.
PRESSA.TJ | 1 446 |
| 20 | Эмомалӣ Раҳмон ба нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ рафт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон сафар кард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Президенти кишварро ёрдамчии ӯ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. | 1 483 |
