uz
Feedback

Firibgarlarga uchmang! Telemetrio bunday kanallarni topadi va belgilaydi 👉 Belgini ko‘rmoqchi bo‘lsangiz, obuna bo‘ling

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

Kanalga Telegram’da o‘tish

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон Оиди ҳамкорӣ ва реклама 👇 @shodtj

Ko'proq ko'rsatish
9 148
Obunachilar
-624 soatlar
-247 kun
-11730 kun
Postlar arxiv
ВАЗЪИ ОБУ ҲАВО БАРОИ 24 ОКТЯБР

#Хабари_рӯз Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар Хуҷанд нимпайкараи Тоҷӣ Усмон гузошта шуд Дар назди Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд нимпайкараи нависанда ва рӯзноманигори тоҷ
Дар Хуҷанд нимпайкараи Тоҷӣ Усмон гузошта шуд Дар назди Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд нимпайкараи нависанда ва рӯзноманигори тоҷик Тоҷӣ Усмон гузошта шуд. Дар маросими пардабардории он наздикону пайвандони адиб, аз ҷумла наберааш ҳунарманд Манижа Сангин, намояндагони аҳли зиё ва ҷомеаи журналистӣ иштирок карданд.
Тоҷӣ Усмон 12 июни соли 1906 дар деҳаи Унҷии ноҳияи Хуҷанд, ки ҳоло ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дохил мешавад, таваллуд шудааст. Ӯ аз ҷумлаи адибон ва рӯзноманигороне буд, ки дар ташаккул ва рушди матбуоти тоҷик саҳми назаррас гузоштаанд.

150 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ба Шоҳрух Назаров Ҷудокори паралимпии Тоҷикистон Шоҳрух Назаров дар Бозиҳои V Параосиёӣ-2026 дар
150 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ба Шоҳрух Назаров Ҷудокори паралимпии Тоҷикистон Шоҳрух Назаров дар Бозиҳои V Параосиёӣ-2026 дар Ҷопон медали нуқра ба даст овард. Варзишгар дар рақобатҳои параҷудо миёни намояндагони гурӯҳи J1 дар вазни то 81 кило баромад карда, ба гирифтани мақоми дуюм мушарраф шуд. Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ифтихори ин дастовард президенти федератсия Исмоил Маҳмадзоир ба Шоҳрух Назаров 150 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо кардааст.
Ин медал нахустин дастоварди Тоҷикистон дар таърихи иштироки кишвар дар Бозиҳои тобистонаи Параосиёӣ мебошад.


+2
Дар Душанбе истеҳсоли ҳасиб дар шароити ғайрисанитарӣ ошкор шуд Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳолати истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ дар шароити ғайрисанитарӣ ошкор шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ, кормандони Шуъбаи ВКД-2 дар ноҳияи Сино зимни санҷиш муайян кардаанд, ки шаҳрвандон Азимҷони Тағоймурод ва Ихтиёр Шабанов ҳасибро бе риояи талаботи санитарию гигиенӣ истеҳсол мекардаанд. Маҳсулоти хӯрокворие, ки дар шароити ғайрисанитарӣ омода мешавад, метавонад ба саломатии истеъмолкунандагон хатар эҷод карда, сабаби паҳншавии бемориҳои гуногун гардад.
Ба иттилои милитсия, нисбати ин ду нафар протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, чораҳои дахлдор андешида шудаанд.
📹 аз раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳоро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ тақвият медиҳанд Тоҷикистону Ӯзбекистон барои густариши ҳамкорӣ да
+1
Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳоро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ тақвият медиҳанд Тоҷикистону Ӯзбекистон барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мувофиқа расиданд. Дар ин замина, байни ҷонибҳо ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин масъала зимни мулоқоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии Ӯзбекистон Мансурбек Оллоёров баррасӣ шуд.
Вохӯрӣ рӯзҳои 21–22 октябр дар шаҳри Самарқанд, дар ҳошияи ҳамоиши ҷаҳонии «Сармоягузорӣ ба некӯаҳволии кӯдакон: роҳ ба сӯи рушди устувор ва одилона барои наслҳои оянда» баргузор гардид.
Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳамкории мутахассисони ду кишварро дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ баррасӣ карданд.

ВАЗЪИ ОБУ ҲАВО БАРОИ 23 ОКТЯБР

Қоидаҳои ихроҷи муҳоҷрон дар Русия сахттар мешаванд. Мақомоти тоҷик чӣ тавсия дод? Мақомоти Тоҷикистон дар хитоб ба муҳоҷирон
Қоидаҳои ихроҷи муҳоҷрон дар Русия сахттар мешаванд. Мақомоти тоҷик чӣ тавсия дод? Мақомоти Тоҷикистон дар хитоб ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия гуфтааст, сабабу қойдаҳо барои ихроҷашон аз қаламарави ин кишвар бештару сахттар мешавад, бино бар ин қонунҳои кишвари будубошро қатъиян риоя намоянд.
Ба иттилои намояндагии Хадамотит муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, аз моҳи ноябри имсол дар Русия қонуни нав мавриди амал қарор мегирад ва бар асоси он шумораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки боиси ихроҷи муҳоҷирон мегарданд, зиёд шудаанд. “Минбаъд шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, на танҳо барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират, балки барои як қатор ҳуқуқвайронкуниҳои вобаста ба тартиботи ҷамъиятӣ ва фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ метавонанд аз Россия ихроҷ карда шаванд”-, гуфтааст манбаъ.
Қонуни нав имкони ихроҷро аз ҷумла барои ҳуқуқвайронкуниҳои зерин пешбинӣ менамояд: • Майдаавбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ; • Итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; • Вайрон кардани қоидаҳои баргузории ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ; • Паҳн ё намоиш додани рамзҳо ва маводи экстремистӣ ё мамнуъ; • Барангехтани адоват ва бадбинӣ нисбат ба гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа; • Бадномсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия тибқи муқаррароти қонунгузории ин кишвар; • Даъватҳои оммавӣ ба ҷорӣ кардани таҳримҳо ё вайрон кардани тамомияти арзии Россия; • Эҷоди монеа ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва дигар амалҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ.
Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия таъкид намудааст, барои баъзе ҳуқуқвайронкуниҳое, ки қаблан ҷарима пешбинӣ шуда буд, минбаъд метавонанд боиси ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ гарданд. Намояндагӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия тавсия медиҳад, ки қонунҳои кишварро қатъиян риоя намуда, аз иштирок дар амалҳои ғайриқонунӣ худдорӣ кунанд ва ҳангоми нашри мавод, навор, акс ё изҳорот дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор бошанд. Владимир Путин, президенти Русия 4-уми августи соли ҷорӣ Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия»- ро ба имзо расонид. Бар асоси ин қонун, шумораи моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки барои вайрон кардани онҳо нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ҷазои ихроҷ аз ҳудуди Русия пешбинӣ шудааст, аз 22 ба 45 модда расонида мешавад.

Сӯхтори маҳаллаи 34-уми Хуҷанд як нафарро маҷрӯҳ кард Сӯхторе, ки шаби гузашта дар бинои 11-уми маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд рух дод, эҳтимол бар асари истифодаи нодурусти зарфи таҷҳизоти гази моеъ сар задааст. Ба иттилои идораи сӯхторнишонии шаҳр, соҳиби манзил бо ҷароҳати сӯхтагии дуфоиза ба беморхона интиқол дода шудааст. Ҳамчунин, наҷотдиҳандагон 31 нафарро аз дуди ғализ берун оварда, молу амволи беш аз 2,7 миллион сомонӣ арзишдоштаро ҳифз кардаанд. Сӯхтор бе талафоти ҷонӣ хомӯш карда шудааст. 📹 аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар Душанбе ҷавонону ноболиғон ҳангоми дарс пахши мустақим мекарданд Раёсати ВКД дар Душанбе аз муайян шудани ҳафт хонандаву
Дар Душанбе ҷавонону ноболиғон ҳангоми дарс пахши мустақим мекарданд Раёсати ВКД дар Душанбе аз муайян шудани ҳафт хонандаву донишҷӯ хабар дод, ки бо пахши мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба раванди таълим халал мерасонданд. Ба иттилои милитсия, баъзе ноболиғон ҳамчунин барои зиёд кардани шумораи обуначиёнашон аксҳои бадахлоқона нашр мекарданд.
Бо ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, нисбати волидони онҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳои тарбиявӣ санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.

Панҷакент низ нақшаи даъвати тирамоҳиро пурра иҷро кард Дар шаҳри Панҷакент маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳар
+1
Панҷакент низ нақшаи даъвати тирамоҳиро пурра иҷро кард Дар шаҳри Панҷакент маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат ба анҷом расид. Дар маҷмӯъ, дар ин давра 426 ҷавони шаҳр ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастаанд. Тавре хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад, шоми 21 октябр гурӯҳи навбатии даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуд. Даъвати тирамоҳӣ дар асоси фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008-ро фаро мегирад.

Тоҷикистон бо кумаки Кореяи Ҷанубӣ назорати гумрукиро рақамӣ мекунад Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳоро барои ҷорӣ намуд
Тоҷикистон бо кумаки Кореяи Ҷанубӣ назорати гумрукиро рақамӣ мекунад Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳоро барои ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи гумрук густариш медиҳанд. Аз ҷумла, таъсиси низоми автоматикунонидашудаи назорати молҳо пас аз барасмиятдарории гумрукӣ дар назар аст. Тавре Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар медиҳад, ин масъала 21 октябр дар мулоқоти муовини сардори хадамот Давлатзода Азизулло Нусратулло бо намояндагони Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ баррасӣ шудааст. Ҷонибҳо дар бораи ислоҳоти соҳаи гумрук, рушди хизматрасониҳои электронӣ ва баланд бардоштани малакаи мутахассисон табодули назар кардаанд.
Дар ҷараёни мулоқот ба натиҷаҳои ҳамкорӣ дар самти ҷорӣ намудани зернизоми «Идоракунии хавфҳо» низ таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Ин воситаи рақамӣ барои ошкор кардани қонуншиканиҳои гумрукӣ, аз ҷумла кам нишон додани арзиши мол ва таснифи нодурусти он, истифода мешавад.

Аз пояи муҷассама то саҳнаи Театри миллӣ «Вақте нотаи аввал танин андохт, ман ҳис кардам, ки мусиқӣ дигар танҳо мансуб ба ман
+2
Аз пояи муҷассама то саҳнаи Театри миллӣ
«Вақте нотаи аввал танин андохт, ман ҳис кардам, ки мусиқӣ дигар танҳо мансуб ба ман нест. Он мансуб ба мардум, миллат гашта буд».
Дар фасли «Дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ»-и китоби «Агар…» аз забони Толибхон Шаҳидӣ ин ҳарфҳо садо медиҳанд. Сухан аз 6-уми сентябри соли 1999 меравад. Рӯзе, ки ба ифтихори 1100-солагии давлати Сомониён дар майдони Исмоили Сомонии Душанбе, дар пояи пайкараи бунёдгузори он порчае аз операи «Амир Исмоил» танин андохт. Акнун мусиқии ин опера 23 – юми октябр, соати 18:00, дар гала-консерти вокалию симфонии «Марвориднаво» дар Театри миллӣ садо хоҳад дод. Дар остонаи ин шом бозгашт ба он саҳифаи «Агар…» маънии хос пайдо мекунад: хотираи як рӯзи таърихӣ моро ба шунидани асар бо эҳсосу дарки дигар омода месозад. PRESSA.TJ

🚨 Дар Душанбе занеро бо гумони дуздӣ аз манзилҳо дастгир карданд Кормандони шуъбаи якуми милитсия дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Рахимова Д.-ро бо гумони содир намудани чанд ҳолати дуздӣ боздошт кардаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, зан қаблан бо моддаҳои 244 ва 339-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст. Ӯро ба он гумонбар медонанд, ки ба манзилҳои истиқоматӣ ворид шуда, ҷавоҳирот, пул ва дигар ашёи қиматбаҳоро дуздидааст. Аз ҷумла, гумон меравад, ки 10 октябри соли ҷорӣ ӯ аз хонаи яке аз сокинони Душанбе 5 ҳазор сомонӣ гирифтааст. То ин дам се ҳолати эҳтимолии дуздӣ муайян шуда, аз рӯйи онҳо санҷиши пешакӣ идома дорад.
Шаҳрвандоне, ки гумон доранд, ин зан метавонад ба дигар ҳолатҳои дуздӣ низ даст дошта бошад, метавонанд тавассути WhatsApp ё Telegram бо рақами (+992) 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт хабар диҳанд.


Нависанда ва рӯзноманигор Ғайрат Ҳаким даргузашт Ғайрат Ҳаким, нависандаи шинохтаи асарҳои детективӣ ва рӯзноманигори собиқад
Нависанда ва рӯзноманигор Ғайрат Ҳаким даргузашт
Ғайрат Ҳаким, нависандаи шинохтаи асарҳои детективӣ ва рӯзноманигори собиқадори тоҷик, ки солҳои зиёд хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар вилояти Суғд буд, дар синни 79 – солагӣ аз олам даргузашт.
Дар ин бора пайвандони нависанда ба Pressa.tj хабар доданд. Гуфта мешавад, ки нависанда чанд соли охир бемор буд. Маросими ҷанозаи Ғайрат Ҳаким, имрӯз 22 октябр, соати 14:00 дар деҳаи Нофароҷи шаҳри Истаравшан баргузор мешавад. Ҳайати эҷодии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи pressa.tj ба наздикону пайвандони Ғайрат Ҳаким изҳори ҳамдардӣ баён мекунанд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ бо саҳми ходимони дин кӯдакистонҳои нав бунёд мешавад Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳ
+1
Дар ноҳияи Мастчоҳ бо саҳми ходимони дин кӯдакистонҳои нав бунёд мешавад Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободониву созандагӣ ва рушди соҳаи маориф дар ноҳияи Мастчоҳ бо саҳми имомхатибони ноҳия кӯдакистонҳои нав бунёд карда мешавад.
21 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ва лоиҳаҳои бунёди иншооти соҳаи маориф шинос гардид.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси имомхатибони масҷидҳои ҷомеаи ноҳия дар назар аст, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳашт муассисаи таҳсилоти томактабӣ бунёд карда шавад. Лоиҳаҳои биноҳо омода гардида, ҷойи сохтмони онҳо муайян шудааст. Муассисаҳои нав вобаста ба лоиҳа барои фарогирии 120 то 200 кӯдак пешбинӣ гардида, зимни таҳияи нақшаҳои сохтмонӣ талаботу меъёрҳои соҳавӣ ба инобат гирифта шудаанд. Ин иқдом дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи кӯдакон ва зиёд намудани фарогирии онҳо ба таҳсилоти томактабӣ аҳамияти муҳим дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ташаббуси имомхатибонро намунаи саҳмгузории фаъолони ҷомеа дар татбиқи ҳидоятҳои Пешвои миллат ва ободонии маҳал арзёбӣ намуд.

ВАЗЪИ ОБУ ҲАВО БАРОИ 22 ОКТЯБР

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳо оид ба об, тандурустӣ ва соҳибкорӣ баррасӣ шуданд Дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси н
Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳо оид ба об, тандурустӣ ва соҳибкорӣ баррасӣ шуданд Дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум, таҳти роҳбарии раиси палата Файзалӣ Идизода як қатор масъалаҳои қонунгузорӣ баррасӣ гардиданд. Тибқи иттилои Маҷлиси намояндагон, вакилон лоиҳаи қонунҳо дар бораи омори расмӣ, Кодексҳои об, тандурустӣ ва манзил, инчунин протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи супоридани маҳкумшудагон барои идомаи адои ҷазоро муҳокима карданд. Ҳамзамон, тағйиру иловаҳо ба қонунҳо дар бораи ҳакамии байналмилалии тиҷоратӣ, фаъолияти хайрия, тамғаҳои молӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони аз фалокати Чернобил зарардида ва суғуртаи давлатии иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.