fa
Feedback
Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

رفتن به کانال در Telegram

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон Оиди ҳамкорӣ ва реклама 👇 @shodtj

نمایش بیشتر
9 217
مشترکین
-324 ساعت
-467 روز
-13530 روز
آرشیو پست ها
Ҷиноятҳои сайберӣ ва терроризм дар меҳвари ҷаласаи вазирони корҳои дохилии ИДМ 1 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯ
+3
Ҷиноятҳои сайберӣ ва терроризм дар меҳвари ҷаласаи вазирони корҳои дохилии ИДМ
1 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Дар меҳвари он мубориза бо ҷиноятҳои сайберӣ, терроризму экстремизм, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар содир намудани ҷиноятҳо ва табодули электронии иттилоот қарор дошт.
Дар ҷаласа вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Арманистон ва Туркманистонро муовинони вазирони корҳои дохилӣ намояндагӣ намуда, ҳамчунин роҳбарони як қатор сохторҳои соҳавии ИДМ ҳузур доштанд. Тафсилоти бештар дар PRESSA.TJ

100 фоиз иҷрои нақшаи даъват дар Тоҷикобод Ноҳияи Тоҷикобод низ аз иҷрои 100 – фоизаи нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои
+1
100 фоиз иҷрои нақшаи даъват дар Тоҷикобод
Ноҳияи Тоҷикобод низ аз иҷрои 100 – фоизаи нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи аввали маърака хабар дод.
Бино ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, чандин сол аст, ки нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикобод дар рӯзи аввал пурра иҷро мешавад. «Ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод бо дарки баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, чун анъана, нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро дар рӯзи аввал иҷро намуданд», – иттилоъ доданд масъулини ноҳия ба Pressa.tj.

Ду шаҳри Суғд нақшаи даъватро дар як рӯз ба анҷом расонданд Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳу
Ду шаҳри Суғд нақшаи даъватро дар як рӯз ба анҷом расонданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон дар рӯзи аввали маърака 100 фоиз иҷро гардид.
Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, ҷавонони даъватшаванда бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ омодагии худро барои адои қарзи шаҳрвандӣ ва ҳифзи Ватан нишон доданд. Тафсилоти бештар дар PRESSA.TJ

Ду паҳлавони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 соҳиби медали биринҷӣ шуданд Паҳлавонони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73
+1
Ду паҳлавони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 соҳиби медали биринҷӣ шуданд Паҳлавонони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг ва Абубакр Шеров дар вазни то 81 кг дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Бохтар: Иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба Артиш Шаҳри Бохтар нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллиро дар рӯзи а
Бохтар: Иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба Артиш
Шаҳри Бохтар нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллиро дар рӯзи аввал пурра даъват иҷро кардааст. Дар ин бора аз мақомоти шаҳри Бохтар ба Pressa.tj хабар доданд
. Ба иттилои манбаъ, иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба Артиши миллӣ дар рӯзи аввал аз масъулияти баланди роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва ватандӯстию далерии ҷавонон дарак медиҳад.

#Зодрӯз муборак 72 СОЛИ УМР ВА 50 СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ 1 октябр зодрӯзи Амирзода Раҳмоналӣ, шахсияти шинохтаи соҳаи хизмати давлатӣ ва роҳбари собиқи чандин шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мебошад.
Амирзода Раҳмоналӣ 1 октябри соли 1954 дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатии худро аз соҳаи иқтисод оғоз намудаааст. Дар тӯли фаъолияти бисёрсола дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ ва давлатӣ фаъолият кардааст.
Дар солҳои фаъолияти худ ӯ ба ҳайси раиси шаҳри Кӯлоб, раиси шаҳри Исфара ва раиси шаҳри Ваҳдат ифои вазифа намудааст. Аз декабри соли 2013 то 27 январи соли 2023 Амирзода Раҳмоналӣ роҳбарии шаҳри Ваҳдатро ба уҳда дошт. Фаъолияти беш аз панҷоҳсолаи ӯ бахшҳои гуногуни хизмати давлатӣ, иқтисод, идоракунии маҳаллӣ ва роҳбариро дар бар мегирад. PRESSA.TJ

Бохтару Тоҷикобод нақшаи даъвати ҳарбиро дар як рӯз пурра иҷро карданд Дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ Бохт
Бохтару Тоҷикобод нақшаи даъвати ҳарбиро дар як рӯз пурра иҷро карданд Дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ Бохтар ва ноҳияи Тоҷикобод аз иҷрои пурраи нақшаи сафарбаркунӣ хабар доданд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ, ин нишондиҳанда ба 101 фоиз расидааст.
Маъракаи нави даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз 1 октябр оғоз шуд. Ба он шаҳрвандони 18–27-сола, ки солҳои 1999–2008 таваллуд шудаанд, ҷалб мешаванд. Мувофиқи фармони президент, даъвати тирамоҳӣ то охири моҳи ноябр идома мекунад.
Мақомоти ВМКБ мегӯянд, ки нақша дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят дар рӯзи аввал пурра иҷро шудааст.

Мактаби деҳаи Нилкон ба номи Кароматулло Мирзо гузошта шуд Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и деҳаи Нилкони ҷамоати деҳо
Мактаби деҳаи Нилкон ба номи Кароматулло Мирзо гузошта шуд Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ба номи Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзо номгузорӣ гардид. Тибқи иттилои Ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, ин масъала 30 сентябр дар Иҷлосияи 9-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, даъвати 7-ум баррасӣ шуда, қарори дахлдор қабул шудааст. Кароматулло Мирзо соли 1942 дар деҳаи Нилкон ба дунё омада, муаллифи асарҳои маъруфи «Дар орзуи падар», «Марги бегуноҳ» ва «Деҳаро хоб мебинам» мебошад. Ӯ ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ сазовор гардидааст. Адиб 20 октябри соли 2025 даргузашта, дар зодгоҳаш Нилкон ба хок супурда шуд.

⚡️Криштиану Роналду аз мунтахаби Португалия меравад 🇵🇹 Криштиану Роналду тасмим гирифтааст, ки фаъолияти худро дар тими мил
⚡️Криштиану Роналду аз мунтахаби Португалия меравад 🇵🇹 Криштиану Роналду тасмим гирифтааст, ки фаъолияти худро дар тими миллии Португалия ба анҷом расонад. Дар ин бора рӯзномаи португалии O Jogo хабар додааст. Тибқи иттилои нашрия, қарори Роналду ниҳоӣ буда, масъалаи бозгашти ӯ ба мунтахаб дигар баррасӣ намешавад. O Jogo менависад, ки охирин бозии Роналду дар ҳайати мунтахаби Португалия бар зидди Уэлс баргузор шудааст.

Вазъи обуҳаво барои 01.10.2026

Дар Душанбе фоҳишахона бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ ошкор шуд Дар меҳмонхонаи «HULBUK PALACE» фоҳишахона ошкор шуд Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи «HULBUK PALACE»-и ноҳияи Шоҳмансур фаъолияти як фоҳишахонаро ошкор кардаанд. Ба иттилои милитсия, як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ дар меҳмонхона маркази дилхушӣ ташкил карда, баъдан барои танфурӯшӣ шароит фароҳам овардаанд. Барои расонидани хизматҳои шаҳвонӣ як гурӯҳ ҷавондухтарони хориҷӣ низ ҷалб шудаанд. Нисбати гумонбари асосӣ бар асоси моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Барои муайян ва дастгир кардани дигар ҳаммаслакон чорабиниҳои оперативӣ идома доранд. Ба гуфтаи мақомот, нисбати 22 ҷавондухтар ва дигар шаҳрвандони марбут ба ин қазия маводи маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо аз Тоҷикистон ихроҷ карда мешаванд.

Нишонҳои Тоҷикистон ба 8 адад расид Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Осиё, ки дар Айчӣ-Нагояи Ҷопон идома дорад, то
Нишонҳои Тоҷикистон ба 8 адад расид Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Осиё, ки дар Айчӣ-Нагояи Ҷопон идома дорад, то рӯзи 9-уми мусобиқа 8 нишон ба даст оварданд, ки 2 нишони тило, 3 нишони нуқра ва 3 нишони биринҷӣ аст. Нишонҳои тилоро Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар муҳорибаи омехта (ММА) соҳиб шуда буданд. Ду нишони нуқраи аввалро Беҳрӯз Хуршедзода дар муҳорибаи омехта ва Шакармамад Мирмамадов дар куштии кураш, нишони биринҷии аввалро Махсатулло Муъминов дар каратэ ба даст оварда буданд. Дар идома, паҳлавони тоҷик Сарвар Абдушукуров (-66 кг) дар кураш ба гирифтани нишони биринҷӣ ноил шуд. Дар марҳилаи нимниҳоӣ Сарвар аз намояндаи дигари Тоҷикистон Ёсин Бобокалонов шикаст хӯрда, сеюм шуд. Ёсин Бобокалонов (-66 кг) корномаашро идома дода, ба гирифтани нишони нуқра шарафёб гардид. Дар финал Ёсин аз намояндаи Эрон Воҳид Бариманлу шикаст хӯрд Ҳамчунин, муштзани тоҷик Акмал Убайдов (60 кг) ба гирифтани нишони биринҷӣ мушарраф гардид. Убайдов дар марҳилаи нимниҳоӣ аз Донгҳван Ҷанг аз Куриёи Ҷанубӣ (0:5) шикаст хӯрд ва соҳиби нишони биринҷӣ шуд.

Дар Хатлон зани ҷавон бо духтари 3-солааш гум шудааст Наздик ба 20 рӯз аст, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон я
Дар Хатлон зани ҷавон бо духтари 3-солааш гум шудааст   Наздик ба 20 рӯз аст, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон як зани 23-сола ҳамроҳи духтари 3-солааш бедарак шудааст. Мақомоти ноҳия барои пайдо кардани онҳо аз сокинон ёрӣ хостаанд.   Тибқи иттилои Ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Сарвиноз Қурбонова, сокини деҳаи С. Кароматуллои ҷамоати деҳоти Навобод, субҳи 12 сентябр ҳамроҳи духтари хурдсолаш Нилуфар Давлатмуродзода аз хона баромада, то ҳол ба манзил барнагаштааст. Ҷузъиёти дигари гум шудани модару кӯдак ва самти эҳтимолии ҳаракати онҳо ҳанӯз маълум нест. Мақомот нишонаҳои Сарвиноз Қурбоноваро чунин шарҳ додаанд: қадаш тақрибан 160-165 сантиметр буда, ҳангоми аз хона баромадан либоси занонаи сиёҳ дар бар, рӯймоли кабуд дар сар ва пойафзоли сиёҳи занона дар пой доштааст. Дандонҳояш сафеди одӣ буда, ба гуфтаи мақомот, гирифтори бемории рӯҳӣ нест. Ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар сурати дидани Сарвиноз Қурбонова ва духтараш ё доштани ягон маълумот дар бораи ҷойи будубоши онҳо, ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар диҳанд. Барои ирсоли маълумот метавон бо рақамҳои зерин тамос гирифт:   93 837 07 00 90 345 10 00 8 32 47 4 21 21 8 32 47 4 35 02   Мақомот аз сокинон даъват кардаанд, ки ҳар гуна маълумоти марбут ба ҷойи будубоши модару кӯдакро фавран ба сохторҳои дахлдор расонанд.

#Зодрӯз муборак Аз мақомоти тафтишотӣ то Шӯрои амнияти Тоҷикистон 30 сентябри соли 1948 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ арбоби давлатии Тоҷикистон Амирқул Азимов ба дунё омадааст. Амирқул Азимов соли 1972 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 1986 Мактаби олии ҳизбии Тошкандро хатм кардааст. Фаъолиятро аз мақомоти тафтишотӣ ба ҳайси муфаттиш оғоз намуда, дар солҳои минбаъда дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор кардааст. Солҳои 1992–1994 муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, солҳои 1994–1995 мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ ва солҳои 1995–1996 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз моҳи августи соли 1996 то соли 2011 вазифаи Дабири Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Моҳи майи соли 2011 Амирқул Азимов вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, раисии Кумитаи амният ва мудофиаи Маҷлиси намояндагонро ба уҳда гирифт. Ҳоло дар нафақа аст.