cookie

ما از کوکی‌ها برای بهبود تجربه مرور شما استفاده می‌کنیم. با کلیک کردن بر روی «پذیرش همه»، شما با استفاده از کوکی‌ها موافقت می‌کنید.

avatar

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

🇺🇿🇺🇿🇺🇿ШАБАКАИ БЕҲТАРИН🇺🇿🇺🇿🇺🇿 аз Тоҷикони Ӯзбекистон ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ, ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РӮЗИ САХТ! Шабакаи мо: @tojik Барои пешниҳод : 👇✍️👇 @Anis_sc

نمایش بیشتر
پست‌های تبلیغاتی
1 616
مشترکین
+324 ساعت
+117 روز
+5930 روز

در حال بارگیری داده...

معدل نمو المشتركين

در حال بارگیری داده...

"САЪДИНОМА" Ё ХУД "БӮСТОН". ДАРСИ 162 (МАТНИ ТАЪЛИМӢ) БО ИЛОВАИ ТАРҶИМАИ МУХТАСАРИ ӮЗБЕКӢ کسانی که پَیغامِ دشمن بَرَند ز دشمن همانا که دشمن تر اند سخن چین کند تازه جَنگِ قدیم به خشم آورد نیکمَردِ سلیم از آن همنشین تا توانی گریز که مر فِتنَۀِ خُفته را گفت: خیز! سِیَه چال و مرد اندر او بسته پای به از فتنه از جای بردن به جای میانِ دو تن جنگ چون آتش است سخنچینِ بدبخت هیزُم کش است Касоне, ки пайғоми душман баранд, Зи душман ҳамоно ки душмантаранд. Суханчин кунад тоза ҷанги қадим, Ба хашм оварад некмарди салим. Аз он ҳамнишин то тавонӣ гурез, Ки мар фитнаи хуфтаро гуфт: Хез! Сияҳчолу мард андар ӯ баста пой, Беҳ аз фитна аз ҷой бурдан ба ҷой! Миёни ду тан фитна чун оташ аст, Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст!
نمایش همه...
ҲИКОЯТИ ДИГАР: Овардаанд, ки яке аз мулук бори ом дода буду дар ба рӯи вазеъу шариф кушода акобиру асоғир ба дидори ҳумоюнаш табаррук меҷустанду дида ба гавҳари тоҷу фурӯғи афсараш мунаввар месохтанд. Мисраъ: Дидани рӯи салотин дидаро равшан кунад. Пире аз миёни қавм сухан оғоз кард, ки ҳар ки ба лиқои мулук мустасъид гардад, ҳадяи нафису тӯҳфаи азиз бояд гузаронид ва дасти имкони ман ба захирае, ки аз ҷинси зару нуқра бошад, намерасад. Аммо аз ҷавоҳири ҳикмат дар шоҳвор мехостам дар ин маҷлис нисор кунам. Подшоҳ фармуд, ки бизоати сухан дар рӯзи бозори лутфу карами мо аз ҷумлаи бизоатҳо роиҷтар аст, биёр, то чӣ дорӣ! Пир фармуд, ки: Эй малик, миёни шакку яқин чаҳор ангушт беш нест. Ҳарчи ба чашм бинанд, ба яқин ҳақ бувад ва ончи ба гӯш шунида шавад, дар ҳақиқату бутлони ӯ шакку гумон мадхал дорад ва шояд ки ботил буда бошад. Ва чун фармони шоҳ ба ҳар чи ҳукм фармояд, нофиз аст. Бас, дар ончи шунуда бояд ки аз рӯи яқин вуҷуд гирад, на аз роҳи гумон. Агар ногоҳ он гумон муртафеъ шаваду яқин ба навъи дигар рӯй намояд, сабаби бадномии дунёву охират аст. Малик ӯро таҳсин фармуд ва ин суханро ба қабул талаққӣ намуд . Байт : Ҳар ҳукм, ки аз сари яқин аст, Ороиши мулку зеби дин аст. Ҳукме, ки бино-ш бар гумон аст, Ошӯби дилу зиёни ҷон аст.
Вазеъу шариф – кеҳтару меҳтар Акобиру асоғир – бузургу хурд Мустасъид – саодатманд Нофиз – равон, нуфӯзкунанда Талаққӣ намудан – фаро гирифтан
نمایش همه...
ЯК ҲИКОЯТ АЗ "АХЛОҚИ МӮҲСИНӢ": Овардаанд, ки дар рӯзгори Қубоди шаҳриёр шахсе ба вайронае даромад, якеро дид афтода. Чун нек дарнигарист, сараш бурида будаанду корд дар синааш ниҳода. Он шахс аз ғояти таҳайюр мадҳушу мабҳут бимонд. Мисраъ: Не қуввати истодану не ҷурати рафтан. Ва дар ҳамин маҳал яке аз мулозимони ҳокими он вилоят бад-он ҷо расиду он суратро мушоҳида карда филҳол дасту гардани ин шахсро барбаст ва корди хунолудро дар гарданаш овехта ба дари хонаи ҳоким оварду воқеа тақрир кард. Ҳоким бонг бар вай зад, ки ин касро чаро куштӣ?! Гуфт: Айюҳал малик, ман бад-он вайрона расидам ва ӯро кушта дидам, мутаҳаййиру мутааҷҷиб мондам. Дар аснои он ҳол ин мард маро гирифта пеши шумо овард. Ва ман на аз кушта хабар дораму на аз кушанда. Ҳоким гуфт: гумони ман он аст, ки ту ӯро куштаӣ ва бад-ин суханон мехоҳӣ, ки аз дасти ман халос ёбӣ. Гуфт: Эй малик, бо ман ба гумони худ кор макун, ки Худои таъоло мефармояд: “Инназ-занна ло йуғнӣ мин-ал-ҳаққи шайан” гумон ба ҷои яқин наменишинад. Ҳоким гӯш ба сухани ӯ накард, фармуд, ки бар дораш кунед! Дар маҳалле, ки расан дар гардани вай баста мехостанд, ки бар дораш кунанд ва нидо мезаданд, ки ин шахс дар фалон вайрона касеро кушта, ҷавоне аз наззорагиён пеш омад, ки: Эй ҷаллод, чандон сабр кун, ки то ман пеши малик дарояму сурати ҳол бознамоям; таъҷил манмой, ки ин шахс бегуноҳ асту хуни бегуноҳ рехтан амале табоҳ. Ҷаллод таваққуф кард ва ӯро пеши малик бурданд, гуфт: Айюҳал малик, хуне, ки дар он вайрона шуда, ман кардаам ва он кас душмани ман буд, фурсате ёфтам ва ӯро бикуштам. Ин ҷавон, ки ӯро ҳукми куштан карда, бегуноҳ асту аз ин ҳол хабар надорад. Малик тааммули бисёр фармуд ва назр кард, ки дигар ба муҷарради гумон ҳукм накунад. Бас, он ҷавонро маҳбус кард ва сурати ҳол ба подшоҳ Қубод арз карданд. Ӯ аз уламои замон пурсид. Гуфтанд: Ӯро набояд кушт, зеро ки агарчи якеро кушта, аммо сабаби ҳаёти дигаре шуда. Бас, Қубод он ҷавонро талабида сурати ҳол аз ӯ пурсид ва ӯро хилъат пӯшонида озодаш гардонид ва фармуд, то дар васоёи вай навиштанд, ки: Бар подшоҳ лозим аст, ки хуни мардумро ба муҷарради гумон нарезад. Байт: Сиёсати ба гумон расми маъдалат набуд, Ки то яқин нашавад, хуни кас набояд рехт. Ба ҳар диёр, ки ҳукм аз рӯи гумон бошад, Ба зуди зуд бубояд аз он диёр гурехт.
نمایش همه...
Photo unavailableShow in Telegram
Ҳар қадар рост бигўӣ, ба хато мепечӣ, Равӣ ҳар қадр ба боло, ба бало мепечӣ. Дар ҷавонӣ ба қади сарви тару тозаи ёр, Фасли пирӣ ба қади хушки асо мепечӣ. Баъди бехешиву бекешиву хомандешӣ Чун пушаймон шавӣ аз худ, ба худо мепечӣ. З-осмон дастату поят зи замин канда шавад, Аз ҷазо гар бигурезӣ, ба қазо мепечӣ. Гар насўзӣ ба ғами халқ, бисўзад гўрат, Шодии халқ нахоҳӣ, ба азо мепечӣ. Ба ту мегўяму бар хешу ба ҳар каҷрафтор: Аз раҳи рост бароӣ, ба куҷо мепечӣ? 31.03.1996
نمایش همه...
"САЪДИНОМА" Ё ХУД "БӮСТОН". ДАРСИ 161 (МАТНИ ТАЪЛИМӢ) БО ИЛОВАИ ТАРҶИМАИ МУХТАСАРИ ӮЗБЕКӢ رفیقی که غائب شد، ای نیکنام دو چیز است از او بر رفیقان حَرام: یکی آن که مالَش به باطل خورند دوم آنکه نامش به زشتی بَرَند هر آن کو بَرَد نامِ مردم به عار تو چشمِ نکوگویی از وی مدار! که اندر قفای تو گوید هَمان که پیشِ تو گفت از پسِ مردمان کسی پیشِ من در جهان عاقل است که مَشغولِ خود وَز جهان غافِل است! * * * Рафиқе, ки ғоиб шуд, эй некном! Ду чиз аст аз ӯ бар рафиқон ҳаром: Яке он ки молаш ба ботил х(в)аранд; Дувум он ки номаш ба зиштӣ баранд. Ҳар он к-ӯ барад номи мардум ба ор, Ту чашми накӯгӯӣ аз вай мадор ! Ки андар қафои ту гӯяд ҳамон, Ки пеши ту гуфт аз паси мардумон . Касе пеши ман дар ҷаҳон оқил аст, Ки машғули худ в-аз ҷаҳон ғофил аст!
نمایش همه...
Photo unavailableShow in Telegram
ҲИКОЯТЕ ДИГАР: Мансури халифа гуфта, ки: Ман ба се кас мӯҳтоҷам: Аввал, омиле, ки моли раият ба ман надиҳаду моли маро низ пеши раият намонад. Дуввум, шаҳнае, ки доди мазлум аз золим биситонад ва ҳукм бе тамаъу ғараз кунад. Бас, оҳе сард кашиду гуфт: Эй дареғ аз сеюм! Гуфтанд: Кист? Гуфт: Шахсе, ки сурати инҳоро чунончи ҳаст, ба ман бознамояд. Ва алҳақ, агар подшоҳро чунин касон ба даст афтад, ҳар оина басе салоҳ дар миёни халқ падид ояд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ
نمایش همه...