cookie

Мы используем файлы cookie для улучшения сервиса. Нажав кнопку «Принять все», вы соглашаетесь с использованием cookies.

avatar

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

🇺🇿🇺🇿🇺🇿ШАБАКАИ БЕҲТАРИН🇺🇿🇺🇿🇺🇿 аз Тоҷикони Ӯзбекистон ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ, ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РӮЗИ САХТ! Шабакаи мо: @tojik Барои пешниҳод : 👇✍️👇 @Anis_sc

Больше
Рекламные посты
1 694
Подписчики
+224 часа
+97 дней
+5830 дней

Загрузка данных...

Прирост подписчиков

Загрузка данных...

Пайк‼️ Назар ба хушхабари паҳншуда, дар озмуни байналмилалии “Мақом”, ки имсол дар Ӯзбекистон баргузор гардид, Хуршед Иброҳимзода, шашмақомсарои тоҷик сазовори ҷойи аввал шуд. Ба ӯ диплому ҷоиза ва 10 ҳазор доллари ИМА тақдим карданд. Х. Иброҳимзода мақомсаро ва солисти Консерваторияи миллӣ аз номи Тоҷикистон дар озмуни мазкур дар муддати 30 дақиқа панҷ сурудро иҷро кард ва аз рӯйи номинаи “Иҷрои якка” ғолиби ҷойи аввал гардид. “Ман ғолибиятро интизор набудам. Вақте маро сазовори ҷойи якум эълон карданд, ҳаяҷон фаро гирифт. Ифтихормандам, ки дар ин ҷашнвораи бузург санъату фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ кардам”,‑ гуфт Х. Иброҳимзода. “Аз рӯйи талаботи озмун ҳар як иштирокдори конкурс як силсилаасар аз сурудҳои Шашмақом бояд иҷро мекард. Мо сурудҳои бо номи силсилавии “Савти ушшоқ”, “Фурӯғи савти ушшоқ”, “Ушшоқи Содирхон”, “Соқиномаи савти ушшоқ”, “Талқинчаи савти ушшоқ”-ро манзури тамошобинон ва ҳайъати ҳакамон гардонидем. Иҷро ва ҳунари бандаро ҳакамони озмун баҳои баланд доданд”, ‑ гуфт мақомсарои тоҷик.
Показать все...
7.47 MB
15.74 MB
7.21 MB
ҲИКОЯТЕ ДИГАР: Овардаанд, ки рӯзе марде кӯтоҳболо ба маҷлиси мазолими Нӯшервон даромад ва тазаллум намуд, ки марде ситамрасидаам. Нӯшервон гуфт: Дурӯғ мегӯяд, ҷиҳати он ки дар илми фаросат гуфтаанд, ки ҳар ки кӯтоҳқомат бувад, хираву пурҳила ва ситамгар бошад. Бас, ин мард бедодгар аст, на ситамёфта. Ва чун тафаҳҳус карданд, чунон буд. Фаросат дидаи дил баркушояд, Ҳар он ҳоле, ки бошад, вонамояд. Дар таворих мазкур аст, ки навбати дигар ҳам марде кӯтоҳқомат дар пеши Нӯшервон додхоҳӣ карду гуфт: Касе бар ман ситам кардааст. Нӯшервон фармуд, ки касе бар мардуми кӯтоҳ ситам натавонад кард, балки ситам ӯ кунад. Ту кӯтоҳқадӣ. Гуфт: Эй шоҳ, он кас, ки бар ман ситам кардааст, аз ман кӯтоҳтар аст. Нӯшервон табассум фармуд ва доди ӯ бидод. Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Показать все...
ЯК ҲИКОЯТ: Овардаанд, ки хоҷаи бузургвор, қутб-ул-ахёр Хоҷа Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ, қадасАллоҳ сирруҳу, рӯзе дар маърифат сухан мегуфтанд. Ногоҳ ҷавоне ба маҷлиси эшон даромад ба сурати зоҳидон, хирқа дар бар ва саҷҷода бар даст дар гӯшае нишаст ва баъд аз замоне сар бардошту гуфт: Ҳазрати рисолат, саллАллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуда, ки: “Иттақу фаросата мӯъмина фа иннаҳу йанзуру бинурИллоҳи” сирри ин ҳадис чист? Ҳазрати Хоҷа, қадасАллоҳ сирруҳу, фармуданд, ки сирри ин ҳадис он аст, ки зуннор бибурриву имон орӣ. Ҷавон гуфт: Наъузан б-Иллоҳ, ки маро зуннор бошад! Хоҷа ба ходим ишорат кард, то хирқа аз сари он ҷавон баркашид, зунноре дар зери он падид омад. Байт: Замире, ки он равшан аст аз ғубор, Шавад нақши ғайбӣ дар ӯ ошкор . Ҷавон филҳол зуннор бибуриду имон овард ва Хоҷа фармуданд, ки: Эй ёрон, биёед, то ба мувофиқати ин наваҳд, ки зуннори зоҳир бибурид, мо низ зуннорҳои ботин қатъ кунем! Хурӯш аз маҷлисиён баромад ва дар қадами Хоҷа афтода таҷдиди тавба карданд. Назм: Тавба чӣ бошад, пушаймон омад, Бар дари Ҳақ навмусалмон омад. * * * Омро тавба зи кори бад бувад, Хосро тавба зи диди х(в)ад бувад. * * * Гуфт пире, к-андар ин раҳ пешвост, Тавба кун аз ҳарчи он ғайри Худост. Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Показать все...
"САЪДИНОМА" Ё ХУД "БӮСТОН". ДАРСИ 178 (МАТНИ ТАЪЛИМӢ) БО ИЛОВАИ ТАРҶИМАИ ӮЗБЕКӢ بدار، ای خداوند، زَورَق بر آب که بیچارگان را گذَشت از سر آب تَوَقُّف کنید، ای جوانانِ چُست که در کاروانند پیرانِ سُست تو خوش خُفته در هَودَجِ کاروان مِهارِ شُتُر در کفِ ساروان چه هامون و کوهَت، چه سنگ و رِمال زِ رَه بازپس ماندَگان پُرس حال تورا کوه پَیکَر هَیون می بَرَد پیاده، چه دانی که خون می خورد؟! به آرامِ دل خفتگان در بُنَه چه دانند حالِ کُمِ گرسُنه * * * Бидор, эй худованд , заврақ бар об, Ки бечорагонро гузашт аз сар об! Таваққуф кунед, эй ҷавонони чуст, Ки дар корвонанд пирони суст! Ту хуш хуфта дар ҳавдаҷи корвон, Миҳори шутур дар кафи сорвон! Чи ҳомуну кӯҳат, чи сангу римол, Зи раҳбозпасмондагон пурс ҳол! Туро кӯҳпайкар ҳаюн мебарад, Пиёда, чӣ донӣ, ки хун мех(в)арад?! Ба ороми дил хуфтагон дар буна Чӣ донанд ҳоли куми гурсна ?!
Показать все...
САЪДИНОМА - Дарси 178.docx1.21 MB
САЪДИНОМА - Дарси 178.pdf1.98 KB
Фото недоступноПоказать в Telegram
Ояти сабз - 49
Показать все...
Чун ишқи ту бенишон ҷамоле дорад, Дар асли вуҷуди худ камоле дорад. Ҳар лаҳза тамассулу хаёле дорад, Ин ишқ дареғо, ки чӣ ҳоле дорад. * * * Чун аз ту ба ҷуз ишқ наҷӯям ба ҷаҳон, Ҳиҷрону висоли ту маро шуд яксон. Бе ишқи ту буданам надорад сомон, Хоҳи ту висол ҷӯй, хоҳӣ ҳиҷрон. * * * Дар ишқ ҳадиси Одаму Ҳавво нест, Эй, ҳар ки зи одам аст, ӯ аз мо нест. Гӯянд маро, ки ин сухан зебо нест, Худро чӣ гунаҳ, агар касе бино нест. Айнулқузот
Показать все...
ФАРОСАТ ЧИСТ? Фаросат нурест, ки Ҳақ, субҳонаҳу ва таъоло, ба бандаи мӯъмин ато фармуда. Чунончи, мазмуни ин ҳадис, ки: “Иттақӯ фиросат-ал-мӯ’мини фа-иннаҳу йанзуру бинур-Иллоҳи” бар ин маънӣ далолат мекунад ва маънии ҳадис он аст, ки “Битарсед аз фаросати мӯъмин, ки ӯ ба нури худоӣ дар ҳар чизе нигарад. Бас, ҳеч чиз бар ӯ пӯшида намонад. Ва муфассирон дар оят, ки: “Инна фӣ золика лаойотин лил мутавассимин” -ро бар тафаррус фуруд овардаанд. Ва фаросат ду навъ аст: фаросати ҳукмӣ ва фаросати шаръӣ. Аммо фаросати шаръӣ иборат аз он аст, ки ба воситаи тазкияи нафс ва тасфияи қалб ҳиҷоби ғафлат аз айни басират муртафаъ шавад, то мӯъмин ба нури яқин бино гардад ва дар ҳар ки нигарад, ба фаросати ҳақиқӣ бар аҳволи ӯ иттилоъ ёбад. Байт: Балки гар аз дур номат бишнаванд, Бар ҳама ҳолоти ту воқиф шаванд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Показать все...
Эй бурда дилам ба ғамза, ҷон низ бубар, Бурдӣ дилу ҷон, ному нишон низ бубар. Гар ҳеҷ асар бимонад аз ман ба ҷаҳон, Таъхир раво мадор, он низ бубар. * * * Ишқи ту амир аст кунун бар ҷонам, Бечора шуда мунтазири фармонам. Дар қабзаи қудратат асирам акнун. Чун нест падид, эй писар, дармонам. * * * Рӯзе ду-се, к-андар ин ҷаҳонам зинда, Шармам бодо, агар ба ҷонам зинда. Он лаҳза шавам зинда, ки пешат мирам, В-он дам мирам, ки бе ту монам зинда. Айнулқузот
Показать все...
ҲИКОЯТ: Дар хабар омада, ки ду заифа ба маҳкамаи ҳазрати Сулаймон, ъало набиййино ва ъалайҳис-салоту ва-с-салом, рафтанд ва бар кӯдаке даъво мекарданд. Ҳар як мегуфт: Ин аз они ман аст. Ва ҳар ду аз исбот оҷиз буданд. Ҳазрати Сулаймон, ъалайҳи-с-салом, фармуданд, то тифлро ба шамшер ду нима кунанду ҳар заифаро як нима диҳанд. Чун шамшер баркашиданд, яке аз он ду заифа беқарор шуд ва бигиристу гуфт: Ман аз ҳаққи худ даргузаштам, ӯро макушед! Ва дар он заифаи дигар ҳеч асар падид наёмад. Сулаймон, ъалайҳи-с-салом, фармуд, то тифлро бад-он зан доданд, ки ба куштани он тифл розӣ нашуд. Чи фаросат иқтизои он мекунад, ки он зан модари ӯ буда бошад, ба ҷиҳати шафқате, ки аз ӯ бар ӯ зоҳир шуд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Показать все...
Выберите другой тариф

Ваш текущий тарифный план позволяет посмотреть аналитику только 5 каналов. Чтобы получить больше, выберите другой план.