cookie

We use cookies to improve your browsing experience. By clicking «Accept all», you agree to the use of cookies.

avatar

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

🇺🇿🇺🇿🇺🇿ШАБАКАИ БЕҲТАРИН🇺🇿🇺🇿🇺🇿 аз Тоҷикони Ӯзбекистон ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ, ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РӮЗИ САХТ! Шабакаи мо: @tojik Барои пешниҳод : 👇✍️👇 @Anis_sc

Show more
Advertising posts
1 676
Subscribers
+624 hours
+297 days
+5230 days

Data loading in progress...

Subscriber growth rate

Data loading in progress...

Photo unavailableShow in Telegram
НАҚЛ Аз ҳазрати амиралмӯъминин Ҳасан, разийАллоҳу ъанҳ, манқул аст, ки фармуда, ки агар ҳоҷати мӯъминеро барорам, хуштар дорам аз он ки ҳафтод сол ба эътикоф нишинам. Ва аз Дониёл пайғамбар, ъалайҳиссалом, ривоят кардаанд, ки гуфт: Чандин сол даст дар рикоби подшоҳе мезадам, то савор мешуд ва ғарази ман он бувад, ки ҳоҷати мардум бароварда гардонам. Ва бисёре аз авлиёву ҳукамо назар бар ҳамин маънӣ хизмати салотин ихтиёр фармудаанд.
Эътикоф – гӯшанишинӣ
Show all...
ҲИКОЯТ Овардаанд, ки Азудуддавла аз Абӯалии Хусарӣ, : ки вазири яке дигар аз Оли Бӯя буд, биранҷид. Наздики ӯ расуле фиристод бо шамшери бараҳна ва гуфт: Инро пеши ӯ бинеҳ. Расул ҳамчунон кард ва ҳеч нагуфт. Вазир қаламе пеши ӯ андохту гуфт: Ҷавоби ту ин аст. Ва рӯй ба кори Азудуддавла овард ва номаҳо навишт ва аркони давлатро бар вай берун овард, то ӯро бигирифтанду банд карданду тамоми мамлакати ӯро бо мамлакати шоҳи худ инзимом дод. Байт: Ҳама кори шоҳони ҳикматпажӯҳ Зи ройи вазирон пазирад шукӯҳ. Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Show all...
Дар анҷумане нишаста дидам дӯшаш, Натвонистам гирифт дар оғӯшаш. Сад бӯса задам бар рухи анбарпӯшаш, Яъне, ки ҳадис мекунам дар гӯшаш. * * * Он раҳ, ки ман омадам кадом аст, эй дил?! То боз равам, ки кор хом аст, эй дил! Дар ҳар гоме ҳазор дом аст, эй дил! Номардонро ишқ ҳаром аст, эй дил! * * * Нигар, ки хашм нагирию тангдил нашавӣ, Ки бахти хуфта замон то замон шавад бедор. Ҳароина на ҳамасола хуфта бошад бахт, Ҳароина на ҳамасола баста бошад кор. * * * Монандаи шамъ ҷони худ афрӯзам, Равшан дорам ҷаҳону худ месӯзам. Ман панд диҳам, ки дил ба нокас надиҳед, Худ менакунам ончи ба халқ омӯзам. Айнулқузот
Show all...
یکی گوشِ کودک بمالید سخت که: ای بوالعَجَب رایِ برگشته بَخت تو را تیشه دادم که هیزُم شکن ندادم که دیوارِ مردُم بکن زبان آمد از بهرِ شُکر و سِپاس به غیبت نَگرداندش حق شناس گذرگاهِ قزآن و پند است گوش به بُهتان و باطل شنیدن مکوش دو چَشم از پیِ صنعِ باری نکوست زعیبِ برادر فُرو گیر و دوست! * * * ҲИКОЯТ Яке гӯши кӯдак бимолид сахт, Ки: Эй булъаҷабройи баргаштабахт! Туро теша додам, ки ҳезум шикан, Надодам , ки девори мардум бикан! Забон омад аз баҳри шукру сипос, Ба ғайбат нагардонадаш ҳақшинос. Гузаргоҳи “Қурон”-у панд аст гӯш, Ба бӯҳтону ботил шунидан макӯш! Ду чашм аз пайи сунъи борӣ накӯст, Зи айби бародар фурӯ гиру дӯст!
Show all...
САЪДИНОМА - Дарси 175.doc1.66 MB
САЪДИНОМА - Дарси 175.pdf1.98 KB
اگر سوداي عشق اينست، من ديوانه خواهم شد چه جاي آشنا؟ کز خويش هم بيگانه خواهم شد دميدي يک فسون وز دست بردي صبر و هوش من خدا را، ترک افسون کن، که من افسانه خواهم شد غم عشق ترا، چون گنج، در دل کرده ام پنهان به اين گنج نهاني ساکن ويرانه خواهم شد شبي، کز روي آتشناک، مجلس را برافروزي تو شمع جمع خواهي گشت و من پروانه خواهم شد مرا کنج صلاح و خرقه تقوي نمي زيبد گريبان چاک و رسوا جانب مي خانه خواهم شد هلالي، من نه آن رندم که از مستي شوم بيخود اگر بيخود شوم، زان نرگس مستانه خواهم شد هلالی_جغتایی Агар савдои ишқ инаст , ман девона хоҳам шуд, Чи ҷои ошно? К-аз хеш ҳам бегона хоҳам шуд. Дамиди як фусун в-аз даст бурди сабру ҳушамро, Худоро, тарки афсун кун, ки ман афсона хоҳам шуд. Ғами ишқи туро чун ганҷ дар дил кардаам пинҳон, Ба ин ганҷи пинҳонӣ, сокини вайрона хоҳам шуд. Шабе , к-аз рӯи оташнок , маҷолисро барафрӯзӣ, Ту шамъи ҷамх хоҳи гашту ман парвона хоҳам шуд. Ҳилолӣ, ман на он риндам ки аз мастӣ шавам бехуд, Агар бехуд шавам , з-он наргиси мастона хоҳам шуд. #Ҳилоли_Ҷағтоӣ
Show all...
Ассалому алайкум Ин гуруҳ яке аз беҳтаринҳо буд , хуб карданд ки боз ба фаъолият оғоз карданд
Show all...
01:05
Video unavailableShow in Telegram
АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ ВА РАХМАТУЛЛОХИ ВА БАРАКАТУ БАРОДАРОН ВА ХОХАРОН ИЛТИМОС БОДИКАТ ИН ВИДЕОРА ТАМОШО КУНЕД ИН ХАКОНИ ХАСТ ИЛТИМОС ХАМИН БАРОДАР ДУХТАРАШ БЕМОР ХАСТ САРАШРО БОЯД АПЕРАСА КУНАД АМО СУМАШ НАМЕРАСАД ИЛТИМОС АЗ БАРОИ АЛЛОХ ЁОРДАМАШ КУНЕД ИН БАРОДАР МОНА ИНА НОМЕРОШ 918188780 НОМЕРОИ ВАТСАПАШ 79297249075 БО ЗАНГ ЗАДА МАЪЛУМОТИ ПУРАРО АЗ ХУДИ СОХИБИ КУДАК ГИРЕД ЧАНДЕКИ ЗУРАТОН МЕРАСАД 10С НОМЕРОИ КАРТАШ ДУШАНБЕ СИТИ 9762000004456793 БОЗ НОМЕРОИ КАРТАШ 918188780 ДУШАНБЕ СИТИ ЁОРДАМАМ НАКАРДЕД ДАР ХАКАШ ДУО КУНЕД 🤲🤲🤲
Show all...
25.30 MB
دوستت می‌دارم و بیهوده پنهان می‌کنم خلق می‌دانند و من انکار ایشان می‌کنم عشق بی‌هنگام من تا از گریبان سرکشید از غم رسوا شدن سر درگریبان می‌کنم دست عشقت بند زرین زد به پایم این زمان کاین سیه‌کاری به موی نقره افشان می‌کنم سینه پر حسرت و سیمای خندانم ببین زیر چتر نسترن آتش فروزان می‌کنم دیده بر هم می‌نهم تا بسته ماند سر عشق این حباب ساده را سرپوش طوفان می‌کنم #سیمین_بهبهانی Дӯст медораму беҳуда пинҳон мекунам, Халқ медонаду ман инкори исён мекунам. Ишқи беҳангоми ман то аз гиребон сар кашид, Аз ғами расво шудан, сар дар гиребон мекунам. Дасти ишқат банди заррин зад ба поям ин замон, Ко-ин сияҳкори ба мӯи нуқраафшон мекунам. Синаи пурҳасрату симои хандонам бубин, Зери чатри настаран оташ фурӯзон мекунам. Дида барҳам мениҳам , то баста монад сирри ишқ, Ин ҳубоби соддаро сарпӯши тӯфон мекунам. #Симин_Беҳбаҳонӣ
Show all...
Choose a Different Plan

Your current plan allows analytics for only 5 channels. To get more, please choose a different plan.