ar
Feedback
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

الذهاب إلى القناة على Telegram

🇺🇿🇺🇿🇺🇿ШАБАКАИ БЕҲТАРИН🇺🇿🇺🇿🇺🇿 аз Тоҷикони Ӯзбекистон ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ, ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РӮЗИ САХТ! Шабакаи мо: @tojik Барои пешниҳод : 👇✍️👇 @Anis_sc

إظهار المزيد
1 663
المشتركون
+424 ساعات
+87 أيام
+2530 أيام

جاري تحميل البيانات...

سحابة العلامات
لا توجد بيانات
هل تواجه مشاكل؟ يرجى تحديث الصفحة أو الاتصال بمدير الدعم الخاص بنا.
الإشارات الواردة والصادرة
---
---
---
---
---
---
جذب المشتركين
سبتمبر '26
سبتمبر '26
+16
في 2 قنوات
أغسطس '26
+56
في 0 قنوات
Get PRO
يوليو '26
+27
في 1 قنوات
Get PRO
يونيو '26
+15
في 1 قنوات
Get PRO
مايو '26
+26
في 2 قنوات
Get PRO
أبريل '26
+58
في 4 قنوات
Get PRO
مارس '26
+32
في 0 قنوات
Get PRO
فبراير '26
+32
في 2 قنوات
Get PRO
يناير '26
+46
في 2 قنوات
Get PRO
ديسمبر '25
+47
في 2 قنوات
Get PRO
نوفمبر '25
+53
في 3 قنوات
Get PRO
أكتوبر '25
+42
في 2 قنوات
Get PRO
سبتمبر '25
+40
في 2 قنوات
Get PRO
أغسطس '25
+42
في 1 قنوات
Get PRO
يوليو '25
+40
في 1 قنوات
Get PRO
يونيو '25
+43
في 1 قنوات
Get PRO
مايو '25
+38
في 3 قنوات
Get PRO
أبريل '25
+51
في 1 قنوات
Get PRO
مارس '25
+56
في 4 قنوات
Get PRO
فبراير '25
+43
في 2 قنوات
Get PRO
يناير '25
+64
في 4 قنوات
Get PRO
ديسمبر '24
+100
في 3 قنوات
Get PRO
نوفمبر '24
+176
في 1 قنوات
Get PRO
أكتوبر '24
+191
في 4 قنوات
Get PRO
سبتمبر '24
+150
في 0 قنوات
Get PRO
أغسطس '24
+135
في 0 قنوات
Get PRO
يوليو '24
+140
في 3 قنوات
Get PRO
يونيو '24
+119
في 1 قنوات
Get PRO
مايو '24
+141
في 1 قنوات
Get PRO
أبريل '24
+148
في 4 قنوات
Get PRO
مارس '24
+163
في 4 قنوات
Get PRO
فبراير '24
+145
في 2 قنوات
Get PRO
يناير '24
+126
في 5 قنوات
Get PRO
ديسمبر '23
+128
في 6 قنوات
Get PRO
نوفمبر '23
+75
في 4 قنوات
Get PRO
أكتوبر '23
+64
في 5 قنوات
Get PRO
سبتمبر '23
+140
في 0 قنوات
Get PRO
أغسطس '23
+56
في 0 قنوات
Get PRO
يوليو '23
+70
في 0 قنوات
Get PRO
يونيو '23
+46
في 0 قنوات
Get PRO
مايو '23
+67
في 0 قنوات
Get PRO
أبريل '23
+89
في 0 قنوات
Get PRO
مارس '23
+55
في 0 قنوات
Get PRO
فبراير '23
+55
في 0 قنوات
Get PRO
يناير '23
+79
في 0 قنوات
Get PRO
ديسمبر '22
+69
في 0 قنوات
Get PRO
نوفمبر '22
+65
في 0 قنوات
Get PRO
أكتوبر '22
+63
في 0 قنوات
Get PRO
سبتمبر '22
+80
في 0 قنوات
Get PRO
أغسطس '22
+52
في 0 قنوات
Get PRO
يوليو '22
+62
في 0 قنوات
Get PRO
يونيو '22
+62
في 0 قنوات
Get PRO
مايو '22
+59
في 0 قنوات
Get PRO
أبريل '22
+65
في 0 قنوات
Get PRO
مارس '22
+72
في 0 قنوات
Get PRO
فبراير '22
+46
في 0 قنوات
Get PRO
يناير '22
+64
في 0 قنوات
Get PRO
ديسمبر '21
+61
في 0 قنوات
Get PRO
نوفمبر '21
+85
في 0 قنوات
Get PRO
أكتوبر '21
+113
في 0 قنوات
Get PRO
سبتمبر '21
+69
في 0 قنوات
Get PRO
أغسطس '21
+88
في 0 قنوات
Get PRO
يوليو '21
+76
في 0 قنوات
Get PRO
يونيو '21
+49
في 0 قنوات
Get PRO
مايو '21
+68
في 0 قنوات
Get PRO
أبريل '21
+122
في 0 قنوات
Get PRO
مارس '21
+144
في 0 قنوات
Get PRO
فبراير '21
+118
في 0 قنوات
Get PRO
يناير '21
+169
في 0 قنوات
Get PRO
ديسمبر '20
+2 377
في 0 قنوات
التاريخ
نمو المشتركين
الإشارات
القنوات
08 سبتمبر0
07 سبتمبر+4
06 سبتمبر+4
05 سبتمبر+1
04 سبتمبر+2
03 سبتمبر+3
02 سبتمبر+2
01 سبتمبر0
منشورات القناة
[xix] Малик – подшоҳ, ин ҷо ба маънии подшоҳи олам, Худованд; бод – бувад; асҳоб – ёрон, соҳибон. Яъне: Дуруди фармонравои ҷаҳони ҳастӣ, яъне Худованд, бар равони ту ва ёрону пайравони ту бод! [xx] Марид –саркаш ва тоғӣ (туғёнкунанда), нофармон; Деви марид – Аҳримани саркаш; мурид – иродатманду дӯстдор ва пайрав; панҷабарпеч – забункунанда ва фироридиҳанда. Яъне: Дуруди Худо нахуст бар Абубакр – пайраву дӯстдори ту ва сипас ба Усмон, ки Аҳриманро забуну гурезон месохт. [xxi] Дулдул – номи астарест, ки паямбар (с.ъ.в.) ба Алӣ (р.ъ.) бахшид ва дар луғат ба маънии хорпушт омадааст. Яъне: Дуруди Худо бар Усмон – хирадманд ва ниёишгари шаббедор ва чаҳорум дуруди Яздони пок бар Алӣ – фармонравои диловар ва шаҳсавори далер бод! [xxii] Қавли имон – баёни шаҳодатайн ва иқрори қалбӣ ба ислом; кунам хотима – хотима кунам, яъне зиндагиро ба поён барам. Яъне: Худоё, туро ба фарзандони Заҳро савганд медиҳам, ки чунон фармой, ки ман ба ҳангоми марг бо имон ва адои шаҳодатайн зиндагиро ба поён барам. [xxiii] Агар дуоямро напазирӣ ва ё агар онро бипазирӣ, дар ҳар ҳол ман дӯстдори хонадони паямбарам (с.ъ.в.) ва ба шафоати онон уммедворам. [xxiv] Садри фархундапай – сарвари волотабор; хайл – гала, маҷозан ба маънии гурӯҳ; дор-ус-салом – биҳишт, (зимнан номи пойтахти Т. ва унвони шаҳрҳои Бағдоду Димишқ аст); туфайл – дар луғат шакли хурдӣ-навозиши тифл аст ва ба сурати исми хос номи шахсе будааст, ки фарзанди вай (Ибни Туфайл) бо инки худ тиҳидаст набуда, бо либоси фохир даъват ношуда ҳамроҳи бузургон ба меҳмониҳо мерафтааст. Дар ин байт “туфайл” маҷозан ба маънии ангалу сарбор ва ҳамроҳи нохондаи меҳмон омадааст; Ҳай – зиндаи ҷовидон, Парвардигор. Яъне маънии ин ду байт чунин аст: Эй садри фархундапай, аз қадри баланди ту ба даргоҳи Ҳай чӣ кам мегардад, ки муште гадоён ба дор-ус-саломи ту хайли меҳмони туфайл бошанд? (Эй сарвари волотвбор, агар гурӯҳе аз гунаҳкорон ва гадоён ба унвони туфайлӣ ва сарбори анбӯҳи меҳмонони некфарҷоми ту дар Биҳишт пазируфта шаванд, ҳаргиз чизе аз мақоми баланди ту нахоҳад кост?! [xxv] Табҷил – бузургдошт; заминбӯс – чокару хоксор. Яъне: Худой бар ту сано гуфт ва (туро) табҷил кард ва Ҷабраилро заминбӯси қадри ту кард. (Худованд туро сутуд ва бар ту арҷ ниҳод ва ба Ҷабраил фармон дод, ки хоксори остони ту гардад). [xxvi] Осмони баланд дар баробари пойгоҳи арҷманди ту паст менамояд. Парвардигор туро пеш аз офаридани Одами хокӣ халқ карда буд. [xxvii]  Аз оғоз ту поя ва решаи офариниш будӣ ва баъдҳо ҳарчи ба вуҷуд омад, ба баракати вуҷуди ту ва ба хотири ту офарида шуд. Ин байт ва байти қабл ба ҳадисе ишора дорад, ки аз паёмбар нақл шуда: “кунту набйан ва Одама байн-ал-мо’и ва-т-тӣн” ва ё иборати “Лав лока ламмо халақт-ул-афлок” (Агар ту набудӣ, ҷаҳонро намеофаридам!) [xxviii] Забонам аз баёни бузургдошти ту дармемонад, зеро ҳар гуна туро биситоям, аз он волотару арҷмандтарӣ. [xxix] Тоҳо (ﻂﻪ – ﻃﺎﻫﺎ) – оғози сураи бистум; Ёсин – (ﻴﺲ – ﻴﺎﺴﻴﻥ) – сароғози сураи сиву шашуми Қурон, ки ҳар дуро номи пайғамбар (с.ъ.в.) зикр кардаанд. Яъне: ҳадиси “Лав лока ламмо халақт-ул-афлок” (Агар ту набудӣ, ҷаҳонро намеофаридам!) барои баёни бузургдошт ва арҷмандии ту гувоҳии басанда аст ва барои сутудани ту сураҳои “Тоҳо” ва “Ёсин” басанда аст.  [xxx] Эй набӣ (с.ъ.в.) Саъдии нотамом туро чӣ васф кунад? Дуруд бар ту бод, ва-с-салом! (Эй паймбари арҷманд, баёни норасои Саъдӣ ҳаргиз ёрои тавсифи туро надорад, ҷуз онки бар ту дуруд ва салом бифиристад).

2
[i] Саҷоё – хислату сириштҳо; ҷамил – зебо; шиям – одатҳо; шафеъ – поймард, ёвар; умам – умматҳо. Яъне маънии байт: Бузургвор, некниҳод, писандидахўй ва пайғамбари баргузидаи Худованд бар мардум ва поймарду ёвари умматҳо. [ii] Сабил – роҳ; маҳбат – маҳалли фуруду ҳубут. Яъне: Пешвои паямбарон, пешоҳанг ва раҳнамои корвони растагорон, амини парвардигор ва шоистаи фуруд омадани Ҷабраил (ъ) ва дарёбандаи ваҳйи Худованд. [iii] Варо – махлуқ; баъс – барангехтан, зинда гардонидан, қиёмат; нашр – пароканда шудан; ҳудо – ҳидоят; садр – болонишин, вазир, раис, меҳтар, ибтидо, сина; девон – додгоҳ; ҳашр – ҷамъ омадан. Яъне: Поймарди бандагон, сарвари рўзи Растохез (Қиёмат) ва барангехта шудани мурдагон аз гўр, пешвои покдинон ва меҳтари арҷманди додгоҳи рӯзи Растохез аст. [iv] Он арҷмандтар аз Мӯсо (ъ), ки дар кӯҳи Тўр ба пешгоҳи Илоҳӣ нарафта, балки ба осмонҳо парвоз карда ва дар Арши Аъло ба ҳузури Парвардигор роҳ ёфта ва ҳамаи кешҳои гузашта бахше аз оини дурахшон ва комили вай аст. [v] Миёнҷи ва дастгири гунаҳкорон, фармонраво, паёмбар, бузургвор, зебо, кушодарӯй ва нажода аст. [vi] Қур’он – хондан, ба сурати исми хос китоби осмонии мусалмонон аст. Яъне: Бо онки аз падар бебаҳра буд ва хондану навиштанро ҳам дуруст намедонист, бо оини хеш кешҳои чанд миллатро ботил кард. [vii] Бароҳехтан – баркашидан, яъне аз ниём (ғилоф) берун кашидан. Яъне: Он гоҳ ки барои тарсонидан ва расво кардани душманон ирода кард, коре шигарф бинамоид, ки дигарон натавонанд анҷом диҳанд – Моҳро ду ним сохт. [viii] Сит – овоза; айвони Кисро – боргоҳи Анушервон, маҷозан қудрати шоҳаншоҳии Эрон; Кисро – муарраби Хусрав (Вайронаҳои тоқи Кисро ё айвони Мадоин ҳам акнун низ дар соҳили ғарбии руди Даҷла вуҷуд дорад); афвоҳ – даҳонҳо; дунё – маҷозан ба маънии мардуми дунё. Яъне: Чун дар ҷаҳон баландовоза гардид, пояҳои қудрат ва шукўҳи шаҳаншоҳии Сосонӣ ларзид ва суст гашт. [ix] Ба шиори яктопарастӣ ва арзишманди оини хеш бутҳоро хору расво кард ва бутпарастиро ботил намуд. [x] Инҷил – мужда, номи китоби муқаддаси масеҳиён; Лот, Иззо – номи ду бут аз бутҳои хонаи Каъба. Яъне: На танҳо бутпарастиро беарҷу табоҳ сохт, балки дини Яҳуд ва Исоро низ ботил кард. [xi] Ин байт ишора ба Меъроҷ аст. Тамкин – арҷмандиву эҳтиром ва итоат; ҷоҳ – мақому шукўҳ, ҷинос дар малаку фалак. Яъне: Як шаб ба даъвати Парвардигор бар астаре савор шуда ба дидори Додор рафт ва бо ин кор аз назари арҷу мақом аз фариштагон бартар шуд. [xii] Теҳ – биёбоне, ки ҳар кас бад-он ворид шавад гум мешавад ва бознамегардад; Теҳи қурбат – изофаи ташбеҳӣ; Сидра – дарахти Куноре, ки дар осмони ҳафтум ва мақарри Ҷабраил (ъ) аст. Бино ба ривояте ин дарахт дар Биҳишт аст. Яъне: Ончунон дар густараи бекарони Арш битохт, ки дар осмони ҳафтум, ки дарахти Сидрат-ул-мунтаҳо дар он қарор дорад, Ҷабраил аз ҳамроҳӣ бо ӯ бозмонд ва натавонист фаротар равад.   [xiii] Байт-ул-ҳаром – хонаи Каъба. Яъне: Паёмбари Ислом, он сарвари яктопарастон бад-ӯ (Ҷабраил) гуфт: Эй суруши паёмовар, ҳамроҳи ман болотар биё! [xiv] Мухлис – покдилу якрӯ ва ихлосманду содиқ; инон – ҷилав, афсор, ба маънии ихтиёр низ меояд. Яъне: Чун пай бурдӣ, ки ман дўсти якдилу самимӣ ҳастам, чаро аз ҳамроҳӣ бо ман рўйгардон шудӣ? [xv] Ҷабраил (ъ) дар посух гуфт: Болотар аз ин наметавонам биёям, вомондам, зеро болҳоям нерӯ надоранд, ки ҳамроҳи ту болотар парвоз кунам. [xvi] Дари ин байт ҷинос дар калимаҳои ҳамқофия (парам – бипарам; парам – пари ман) дида мешавад; бисӯзад – месӯзонад. Яъне: Агар андаке ба болотар парвоз кунам, партави намуд ва пайдои зоти Парвардигар болҳоямро месӯзонад. [xvii] Исён – гуноҳ, саркашӣ; гарав – маҷозан ба маънии қайду банд. Яъне: Касе, ки чунин саййиди пешрав дорад, ба исён дар гарав намемонад (Касе, ки чунин сарвар ва пешвое дорад, ба сабаби гуноҳ ва нофармонии худ кайфар ва ҷазо намебинад. [xviii] Чӣ – чӣ гуна? Наът – сифат; варо – мардумон. Яъне: Эй набийюл-варо, чӣ наъти писандида бар ту бигўям, алайк-ас-салом? (Эй баргузидаи мавҷудот, бар ту дуруд бод! Баён аз тавсифи некиҳоят оҷиз аст).
52
3
Ситоиши пайғамбар (саллаллоҳу ъалайҳи васаллам)  (Аз "Бӯстон"-и Шайх Саъдии Шерозӣ) Карим-ус-саҷоё, ҷамил-уш-шиям, Набийюл-бароё, шафеъ-ул-умам[i]. Имоми русул, пешвои сабил, Амини Худо, маҳбати Ҷабраил[ii]. Шафеъ-ул-варо, хоҷаи баъсу нашр, Имом ал-ҳудо, садри девони ҳашр[iii]. Калиме, ки чархи фалак Тӯри ӯст, Ҳама нурҳо партави нури ӯст[iv]. Шафеи матои набийи карим, Қасими ҷасими насими васим[v]. Ятиме, ки нокарда Қур’он дуруст? Кутубхонаи чанд миллат бишуст[vi]. Чу азмаш бароҳехт шамшери бим, Ба мӯъҷиз миёни қамар зад ду ним[vii]. Чу ситаш дар афвоҳи дунё фитод, Тазалзул дар айвони Кисро фитод[viii]. Ба “ло” қомати Лот бишкаст хурд, Ба эъзози дин оби Уззо бибурд[ix]. На аз Лоту Иззо баровард гард, Ки Тавроту Инҷил мансух кард[x]. Шабе барнишаст, аз фалак баргузашт. Ба тамкину ҷоҳ аз малак даргузашт[xi]. Чунон гарм дар теҳи қурбат биронд, Ки бар Сидра Ҷабрил аз ӯ бозмонд[xii]. Бад-ӯ гуфт солори байтулҳаром, Ки, эй ҳомили ваҳй, бартар хиром![xiii] Чу дар дӯстӣ мухлисам ёфтӣ, Инонам зи сӯҳбат чаро тофтӣ?[xiv] Бигуфто: Фаротар маҷолам намонд, Бимондам, ки нерӯи болам намонд[xv]. Агар як сари муй бартар парам, Фуруғи таҷалло бисӯзад парам[xvi]. Намонад ба исён касе дар гарав, Ки дорад чунин саййиде пешрав[xvii]. Чӣ наъти писандида гӯям туро? Алайк-ас-салом, эй набӣ-юл-варо[xviii]. Дуруди малик бар равони ту бод, Бар асҳобу бар пайравони ту бод[xix]. Нахустин Абу Бакр пири мурид, Умар панҷабарпечи деви марид[xx]. Хирадманд Усмони шабзиндадор, Чаҳорум Алӣ – шоҳи Дулдулсавор[xxi]. Худоё, ба ҳаққи банӣ Фотима, Ки бар қавли имон кунам хотима[xxii]. Агар даъватам рад кунӣ в-ар қабул, Ману дасту домони оли расул[xxiii]. Чӣ кам гардад, эй садри фархундапай, Зи қадри рафеъат ба даргоҳи Ҳай? Кӣ бошанд муште гадоёни хайл, Ба меҳмони дор-ус-саломат туфайл[xxiv]? Худоят сано гуфту табҷил кард, Заминбӯси қадри ту Ҷабрил кард[xxv]. Баланд осмон пеши қадрат хиҷил, Ту махлуқу Одам ҳанӯз обу гил[xxvi]. Ту асли вуҷуд омадӣ аз нахуст, Дигар ҳарчи мавҷуд шуд, фаръи туст[xxvii]. Надонам, кадомин сухан гӯямат, Ки волотарӣ з-он чи ман гӯямат[xxviii].                             Typo иззи лавлоки тамкин бас аст, Санои ту “Тоҳо”-ву “Ёсин” бас аст[xxix]. Чӣ васфат кунад Саъдии нотамом? Алайк-ас-салот, эй набӣ, ва-с-салом![xxx]
44
4
Ассалом (Аз "Далоил-ул-хайрот")   Ассалом, эй соҳиби хулқи азим, Ассалом, эй маъдани лутфи амим[1], Ассалом, эй сарвари олиҷаноб, Ассалом эй шофеъи явмулҳисоб![2] Ассалом, эй муқтадои[3]  мурсалин, Ассалом, эй раҳматан лилоламин[4], Ассалом, эй пешвои анбиё, Ассалом, эй пасрави ту авлиё! Ассалом, эй вирди бӯстони ҳудо[5], Ассалом, эй орифонро муқтадо, Ассалом, эй онки абри раҳмате, Ассалом, эй онки кони неъмате! Ассалом, эй баҳри илми минладун[6], Ассалом, эй эй махзани асрори кун[7], Ассалом, эй машриқи анвори ғайб, Ассалом, эй моҳии[8] зулмоти райб[9]! Ассалом, эй матлаъи нуру сафо, Ассалом, эй маъдани илму ҳаё, Ассалом, эй наҷми соқиб[10], ассалом! Ассалом, эй оразат моҳи тамом! Ассалом, эй сайқали мироти дил, Ассалом, эй кошифи ҳар ғашшу ғил, Ассалом, эй рӯи ту бадри мунир[11], Ассалом, эй бӯи ту мушку абир! Ассалом, эй манбаи ҷуду ато, Ассалом, эй нурбахш(и) аҳли сафо, Ассалом, эй қоба қавсайнат[12] мақом, Ассалом, эй анбиё карда имом! Ассалом, эй даргаҳат доруламон, Ассалом, эй хотами пайғамбарон, Ассалом, эй чашмаи оби ҳаёт, Ассалом, эй нури ту ҳар шаш ҷиҳот! Ассалом, эй кӯрчашмонро далел, Ассалом, эй соҳиби хулқи ҷамил[13], Ассалом, эй бекасонро дастгир, Ассалом, эй роздон, равшанзамир! Ассалом, эй сарвари ҳар ду ҷаҳон, Ассалом, эй раҳнамои гумраҳон, Ассалом, эй хастаро марҳам неҳӣ, Ассалом, эй ташнаро шарбат деҳӣ! Ассалом, эй зикри ту уқлатрубой, Ассалом, эй фикри ту зулматзудой, Ассалом, эй чораи бечорагон, Ассалом, эй муниси ғамхорагон! Ассалом, эй фахри ҳар пайғамбаре, Ассалом, эй дилбари ҳар дилбаре, Ассалом, эй мӯътии[14] ҳар орзу, Ассалом, эй файзи ту ҳар чор сӯ! Ассалом, эй дардмандонро даво, Ассалом, эй мояи ҳар бенаво, Ассалом, эй ҷилвагар дар синаам, Ассалом, эй мусқили[15] оинаам! Ассалом, эй зикри ту имони ман, Ассалом, эй фикри ту дармони ман, Ассалом, эй номи ту вирди забон, Ассалом, эй ҳубби ту дар дил ниҳон! Ассалом, эй мавсили[16] матлубҳо, Ассалом, эй мунъими[17] марғубҳо, Ассалом, эй дастдеҳи афтодагон, Ассалом, эй дилбари дилдодагон! Ассалом, эй тоҷи иззат бар сарат, Ассалом, эй файзу эҳсон бар дарат, Ассалом, эй ҳалли мушкил, ассалом! Ассалом, эй кори ман аз ту тамом! Ассалом, эй узрхоҳи музнибин[18], Лутф фармо! Бар гуноҳи мо мабин! Ассалом, эй абри раҳмат файзбор, Бар ту ҳам, бар чору шаш, ҳам ҳашту чор! Сад салом аз мову аз ту як алайк, Сад савол аз мову аз ту як лабайк, Сад салом аз мо ба ҳар дам: субҳу шом, Бар ту, ҳам бар олу асҳобат тамом! Бар умеди онки, эй олиҷаноб, Аз лаби ширин-т ояд як ҷавоб, Дардмандам, эй табиби ғайбдон, Ранҷи мо дарёб аз набзи тапон! Аз илоҷи мо ту неку огаҳӣ, Доруи дарди дилам ҳам ту деҳӣ, Ҳаст доруи дили бемори ман Шарбати васли ту, эй дилдори ман! Пас чашон як ҷуръа аз ҷоми висол, Беш аз ин магзор моро дар малол, Ҳин! Марон моро зи баҳри дарду ранҷ, Раҳм кун бар мо ба ҳаққи ҳафту панҷ! Ё расулУллоҳ, басе дармондаам, Бод дар каф, хок бар сар кардаам, Бекасонро кас туӣ дар ҳар нафас, Ман надорам дар ду олам ҷуз ту кас! Як назар сӯи мани ғамхора кун, Чораи кори мани бечора кун! Гарчи зоеъ кардаам умр аз гуноҳ, Тавба кардам, узри ман аз Ҳақ бихоҳ! Рӯзу шаб биншаста дар сад мотамам, То шафоатхоҳ бошӣ як дамам! [1] Амим – том, тамом, комил [2] Явмулҳисоб – рӯзи шумор, рӯзи қиёмат [3] Муқтадо – онки аз ӯ пайравӣ кунанд [4] Раҳматан лилоламин – мӯҷиби раҳмати оламиён, яъне Муҳаммад расулУллоҳ [5] Ҳудо – роҳи рост намудан касеро, роҳнамоӣ [6] Илми минладун – донише, ки кас бе ранҷи таълим ва бо илҳоми Илоҳӣ дарёбад [7] Кун – ишора ба кун фаякун: Бибош, пас бибошад он. Бишав, пас мешавад. Ишора ба ояти 82 сӯраи 36 (Йосӣн); офариниш [8] Моҳӣ – нобудкунанда, маҳвкунанда [9] Райб – шак(к), дудилагӣ [10] Наҷми соқиб – ситораи баланди равшан [11] Бадри мунир – моҳи пурраву равшан [12] Қоба қавсайн – миқдори ду камон; ишора ба ояти 9, сураи 53 (Наҷм) [13] Ҷамил – зебо, ҳамида, писандида [14] Мӯътӣ – атокунанда [15] Мусқил – мисқал, сайқалдиҳанда [16] Мавсил – мувсил, маҳалли васлу пайванд кардан [17] Мунъим – неъматдиҳанда, эҳсонкунанда [18] Музнибин – ҷ. музниб, гунаҳкорон
57
5
+1
ТАДОБИРИ МАВЛУДХОНӢ ДАР ҒЕЛОНДЕҲАИ КЕШРӮД
343
6
ДАҲАИ ОХАРИ МОҲИ МАВЛУД (Рабеъулаввал) БАР ҲАМАГОН МУБОРАК!
501
7
ЯК ҲАДИСИ ЗЕБО АЗ РАСУЛИ АКРАМ (с.ъ.в.с.) - 47
ЯК ҲАДИСИ ЗЕБО АЗ РАСУЛИ АКРАМ (с.ъ.в.с.) - 47
149
8
МО ҲАР ЧӢ ДОДЕМ, БОЗНАГИРЕМ   Нақл аст, ки дузде кисаи зар аз яке бурда буд. Соҳиби зар дар Содиқ (ъ.) овехт, ки: Ту бурдӣ! Ва ӯро нашинохт. Содиқ (р.) гуфт: – Чанд буд? Гуфт: – Ҳазор динор. Ӯро ба хона бурд ва ҳазор динор ба вай дод. Баъд аз он мард зарри худро бозёфт. Зарри Содиқ (р.) бозбурду гуфт: – Ғалат карда будам. Ҳазрати Содиқ (р.) гуфт: – Мо ҳар чӣ додем, боз нагирем! Баъд аз он мард аз яке пурсид, ки ӯ кист? Гуфтанд: Имом Ҷаъфари Содиқ (р.) аст. Он мард хиҷил шуд ва бирафт. (Аз “Тазкират-ул-авлиё”)
135
9
МАЛИКИ ЮНОН ВА СУҚРОТ   Яке аз мулуки Юнон бар Суқроти ҳаким гузар кард ва ӯро дар хоб дид. Сари пое бар ӯ бизад ва гуфт: – Бархез! Суқрот бархост ва аз кавкабаи шоҳӣ парво накарда илтифоте бар вай нанамуд. Малик гуфт: – Маро намешиносӣ? Суқрот гуфт: – На, валекин дар табъи чаҳорпоён мебинамат, чи лагад задан кори эшон аст. Малик гуфт: – Инчунин густохона сухан гӯӣ, ҳоле ки ту банда ва раияти манӣ!? Суқрот гуфт: – На чунин аст, балки ту бандаи манӣ!? Гуфт: – Чӣ тур? Гуфт: – Барои он ки шаҳватҳову орзуҳо туро бандаву фармонбардори худ сохтаанду ман онҳоро бандаву фармонбардори худ гардонидаам. Малик аз он сухан хиҷил гашта, аз он мақом даргузашт. (Аз “Базми Эрон”)
113
10
МАСАЛИ “САДДИ ИСКАНДАР”   Чун Искандар ба ҳадди Машриқ расид, роҳи гузар миёни ду кӯҳ буд ва Зулқарнайн бо эшон некӯӣ кард. Мардуми он ҷо қасди хеш бигуфтанд, ки: Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ қавме ҳастанд, ки дар замини мо фасод мекунанд ва мо аз паси эшон барнамеоем. Ва гуфтанд: Мо хироҷ бидиҳем туро, то миёни мо ва эшон садде биканӣ, ки эшон  низ аз пеши мо наёянд. Зулқарнайн гуфт: – Худойи таъоло мамлакати Машриқ ва Мағриб ба ман додааст ва маро худ сохтани ин сад беҳтар аз ҳамаи мамлакати дунё ва ҳадяи шумост. Зулқарнайн бифармуд, ки оҳан биёред ва чунонки хишт миёни ду кӯҳ мениҳоданд, миёни ду кӯҳ бигирифт ва ба оҳан миёни он сар бароварданд. Пас бифамуд, то кӯраҳо бисохтанд ва мегудохтанд аз як сӯ рӯй[1] ва аз як сӯ оҳан – ҳар ду сард шуд ва ба якдигар даршуд ва сахт шуд. Ва аз кӯҳ то бад-он кӯҳ устувор шуду бигирифт ва Яъҷуҷу Маъҷуҷ аз он сӯй бимонданд ва он мусалмонон аз эшон бирастанд ва Зулқарнайн гуфт, ки: – Ин на ба қуввати ман буд, ки ин ба раҳмати Худойи таъоло буд... (Аз “Қасас-ул-анбиё”) [1] Рӯй – мис
129
11
ҲАКИМ УМАРИ ХАЙЁМ - 59
ҲАКИМ УМАРИ ХАЙЁМ - 59
124
12
Аз остон то осмон дору надори ман Ватан, Дар пастиҳои зиндагӣ авҷу барори ман Ватан. Азбаски дар ин сарзамин сидқу сафо бишно
Аз остон то осмон дору надори ман Ватан, Дар пастиҳои зиндагӣ авҷу барори ман Ватан. Азбаски дар ин сарзамин сидқу сафо бишнохтам, Пайванди қалбу ҷону руҳ, оинадори ман Ватан. Андар машоми ҷони ман бӯи замин бахшидаӣ Сарманзили гулҳои тар, доимбаҳори ман Ватан. Ҷисми маро шому саҳар парварди дар домони худ, Аз ин сабаб чун модари шабзиндадори ман Ватан. Ҷонам фидои хоки ту, хоки азизу поки ту, Бӯсидани ҳар заррааш ҳар лаҳза кори ман Ватан. Гулҳои умедам кунун бишкуфт дар тарфи чаман, Дар сина маъво медиҳад паҳнои гулзори Ватан. Андар вафо медорамаш хоки бузургонро азиз, Некуст аз гулбори ғайр моро сари хори Ватан. Мардум саросар ин замон дасти рафоқат сӯи дӯст, Файзи Худованд мечакад ҳар ҷо зи девори Ватан. Бодо муҳаббат пойдор андар фазои зиндагӣ, Ҳарфу ҳиҷои сарварам нақди шакарбори Ватан. Килки дурахшонро бубин, нақши каёнӣ мекашад, Аз лутфу эхсони қавӣ авлост озори Ватан Аз ҳастиат гаштам басе мисли Саодат бошараф, Чун ифтихори ман туӣ, номусу ори ман Ватан.
286
13
БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ДОНИШ МАКТАБ Эй монда қадам ба роҳи МАКТАБ, Олист мақому ҷоҳи МАКТАБ. МАКТАБ сабаби ҳаёт бошад, МАКТАБ саба
БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ДОНИШ МАКТАБ Эй монда қадам ба роҳи МАКТАБ, Олист мақому ҷоҳи МАКТАБ. МАКТАБ сабаби ҳаёт бошад, МАКТАБ сабаби наҷот бошад. МАКТАБ ба ту ақлу ҳуш бахшад, МАКТАБ ба ту шаҳду нӯш бахшад. МАКТАБ ба ту дод илму одоб, МАКТАБ ба ту дод дурри ноёб… Бархезу гузор хоби худро, Баргир ба каф китоби худро. Рав аз ҳама пештар ба мактаб, Шавқ аст туро агар ба мактаб. Саъйе бинамову илму одоб Беҳтар зи шарики хеш дарёб, То дар ду ҷаҳон азиз бошӣ, Бо донишу ботамиз бошӣ." Устод Садриддин Айнӣ
209
14
БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ДОНИШ: Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ МАКТАБНОМА Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ, Чун гул ба чаман ҳавола будӣ. Акнун, ки ба чордаҳ расидӣ, Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ, Ғофил манишин, на вақти бозист, Вақти ҳунар асту сарфарозист... (Низомии Ганҷавӣ) Эй ҷони ҷаҳону нури дида, Аз гулшани меҳри мо дамида! Эй чашмаи поки ҷони бобо, Дар даҳри куҳан нишони бобо! Эй дода нишот баҳру барро, Бахшида умеди нав падарро! Эй руста гул аз баҳори модар, В-эй боиси ифтихори модар! Бигзашт шабу сапеда омад, Аз шарқ шафақ дамида омад. Хуршеди муҳаббатофари даҳр, Тобид ба рустову ҳам шаҳр. Бишкан қафасоти хоби ширин, Бикшой ду дидаи ҷаҳонбин. Ин субҳ ба номи эзади пок, Бархез зи ҷой чусту чолок. Варзиш бикуну чунон ба чустӣ, Тасмим бигир бар дурустӣ, К-имрӯз ту пештоз бошӣ, Меҳровару дилнавоз бошӣ. Набвад ба ту чира сояи тарс, Посух бидиҳӣ ба ҳар яке дарс. То бар ту шавад насиб, эй авлод, Бишнидани офарини устод. Аз ҳар табақи сабақ ба шодӣ, Нӯше бичашӣ ба босаводӣ... Бо чеҳраи шод, пас, сари хон, Биншин ба канори модари ҷон. Субҳона бихӯр, нӯши ҷонат, То сахт бигардад устухонат. То мағзи сарат фаъол гардад, Қутат сабаби камол гардад. Пас, бо дили шоду майли даҳчанд, Бо ҳамсабақони худ бипайванд. Биштоб ба ҷониби дабистон, Бар кишвари илм – матлабистон. Биштоб ба сӯйи мактаби худ, Яъне, ба саройи бахшишу ҷуд. Мактаб сабаби камол бошад, Сарчашмаи рушди ҳол бошад. “Мактаб сабаби ҳаёт бошад, Мактаб сабаби наҷот бошад”. Мактаб сабаби тараққиёт аст, Шаҳпояи мактаби ҳаёт аст. Мо толибу мактаб аст матлуб, Мо роғибу мактаб аст марғуб. Чун лоф занӣ надида мактаб, Бар аҳли замонаи мураккаб? Мактаб наравӣ, равад зи ту бахт, Рӯзе бирасад, туро шавад сахт. Рӯзе бирасад, Худо накарда, Нодон шавию ба банда барда. З-ин рӯй ту дил ба мактабат банд, Мактаб бидиҳад наҷотат аз банд. Бояд, ки ба мактабат гароӣ, То зинаи охирин бароӣ. З-устод ба шавқ дониш андӯз, То ном ниҳанд: донишомӯз. Устод надида чун диҳӣ ёд, Як рӯз ба дигарон чу устод? Бикшо гиреҳ аз ҷабини устод, Ояд зи лаб офарини устод. Тилфон чӣ диҳад? Китоб мехон! Бар пурсиши худ ҷавоб мехон! Дониш шуда дар китоб мактуб, Маҳфуз бувад ба шакли матлуб. Алқисса, ки мактабу маъориф, Маъруф кунад туро чу ориф. Дар назди муаллимони комил, Мақсуд шавад зи илм ҳосил. Фархунда бувад туро, ҷигарбанд, Бо мактабу илму ҳилм пайванд.
188
15
Забони суғдиён, ки гузаштагони тоҷиконанд, ба шохаи шарқии эронии гурўҳии забонҳои ҳиндуэронӣ тааллуқ дорад, асосан дар водиҳ+1
Забони суғдиён, ки гузаштагони тоҷиконанд, ба шохаи шарқии эронии гурўҳии забонҳои ҳиндуэронӣ тааллуқ дорад, асосан дар водиҳои Зарафшону Қашқадарё паҳн шуда буд. Аҳолии Истаравшан, нисфи аҳолии водии Фарғона ва Чоч (Тошкенти имрўза) низ ба забони суғдӣ гап мезаданд. Ба сабаби дар муносибатҳои савдои байни Осиёи Миёна ва Хитой роли бузург доштани суғдиён Забони суғдӣ ибтидои асри эраи мо дар территорияи калоне паҳн мешавад. Забони суғдӣ дар асрҳои 4-10 эраи мо ба шеваю лахҷаҳои бисьёре тақсим шуда буд, ки муҳимтаринаш шеваи Самарқанд ба шумор мерафт. Ин шева асоси забони хаттии суғдиро ташкил дода, асрҳои зиёде дар Осиёи Миёна ва Марказӣ ҳамчун забони адабиёт, илм, дин ва савдои байналхалқӣ хизмат кард. Қадимтарин ёдгориҳои хати суғдӣ — навиштаҷоти тангаҳо — ба а. 2 эраи мо мансубанд. Ёдгориҳои «Номаҳои бостон”-и аз Туркистони Шарқӣ ёфтшуда шаҳодат медиҳанд, ки аввали а. 4 эраи мо нормаҳои асосип хати суғдӣ шакл гирифта, тақрибан то а. 10 маҳфуз мондааст...
188
16
🇺🇿Мустақиллик байрами муборак бўлсин! 🎉 Азиз юртдошлар! Сизларни Ўзбекистон Республикаси Мустақиллигининг 35 йиллиги билан
🇺🇿Мустақиллик байрами муборак бўлсин! 🎉 Азиз юртдошлар! Сизларни Ўзбекистон Республикаси Мустақиллигининг 35 йиллиги билан чин қалбимдан муборакбод этаман! Юртимиз тинч, осмонимиз мусаффо, халқимиз фаровон бўлсин. Ҳар бир хонадонга файз-у барака, бахт ва қувонч кириб келсин! 🇺🇿 Янги Ўзбекистонимиз доимо гуллаб-яшнасин! 🎊 Мустақиллик байрами муборак бўлсин!
165
17
ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ӮЗБЕКИСТОН БАР ҲАМАГОН МУБОРАК! МУСТАҚИЛЛИК БАЙРАМИ БИЛАН, АЗИЗ ВАТАНДОШЛАР! Имрӯз навбаҳори Ватан сабзу хурр
ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ӮЗБЕКИСТОН БАР ҲАМАГОН МУБОРАК! МУСТАҚИЛЛИК БАЙРАМИ БИЛАН, АЗИЗ ВАТАНДОШЛАР! Имрӯз навбаҳори Ватан сабзу хуррам аст, Пиру ҷавони кишварам хушбахти олам аст. Сад шукр, осмони Ватан софу беғубор, Ин бахти мову тақдири пири муаззам аст. Бар қуллаҳои норасида гом мезанем, Дар дил шиори дӯстӣ доим муқаддам аст. Дилҳои тираро Ватан осуда мекунад, Ҳар кӣ бирафт аз Ватан, як умр сархам аст. Дар сояи Ватан будан ин бахти бебаҳост, Не, не, ба қалби маҷрўҳ як умр марҳам аст. Ҳамду сано ба сарвари доною бебаҳо, Бо меҳр дар дили ҳама умре мукаррам аст. Паймонаи шаҳонаи Ҷамшедӣ боядам, Ин мулки ман муносиби фардои хуррам аст. Аёнӣ
186
18
ЧАШМАЕ АЗ ДАРЁИ ЗӮҲД Иброҳими Адҳам розияллоҳу ъанҳу мегӯянд: " Се чиз қалбамонро парда кардааст: 1.Бо чизи мавҷуд буда хушҳол шудан; 2. Аз чизи гумшуда хафа шудан; 3. Ба таҳсину Сано хурсанд шудан. То вақте, ки инҳо аз қалб бардошта нашавад, барои банда яқинро дидан кушода намешавад. Агар ба чизи мавҷуд буда хушҳол шавӣ, ҳирсат зиёд мешавад. Ҳирси зиёд бошад боиси маҳрумист. Агар ба чизи аз даст додаат ғамгин шавӣ, ту норозӣ ҳастӣ. Норозигӣ боиси азобу уқубат аст. Агар ба таҳсину офарин хурсанд шавӣ, ту аз худ розӣ шуда ҳисобида мешавӣ. Ин бошад кибру манманист. Кибр амалҳоро нест мекунад". Қаноат низ як даре аз зӯҳд мебошад. Бо андак розӣ шудан як ҳолати зӯҳд аст. Дар ҳар чиз худро маҳдуд кардан калиди зӯҳд аст. Аввали зӯҳд ғами охират дар қалб даромадан мебошад. Баъдан дар муомилаи Аллоҳ Таъоло лаззат ёфтан аст. Ғами охират бошад ба қалб намедарояд то ин ки, ғами дунё аз қалб набарояд. Оне, ки аз гуноҳе тавба карда, аммо лаззати тоатро наёфта бошад, хавф дорад, ки боз ба гуноҳ даст бизанад. Оне, ки дунёро тарк карда, аммо лаззати зӯҳдро наёбад, чунин кас боз ба дунё рағбат мекунад. Ҳолати поки зӯҳд ин аст, ки аз қалб чизи мавҷуд берун карда шавад. Сониян чизи аз қалб берун карда аз даст низ берун мешавад. Ин кор бо ноарзиш, хору ҳақир шумурдани чизи мавҷуд ба вуҷуд меояд. Зеро ки дунё дар чашми вай беарзиш ва нописанд шуда мемонад. Дар ин ҳолат зӯҳд комил мешавад. Баъди ин чунин кас зӯҳди худро низ фаромӯш мекунад. Яъне, зӯҳд карданашро низ аз ёд мебарорад ва дар зӯҳдаш низ зоҳид мешавад. Чунки мақсади вай танҳо зӯҳд нест балки ба Аллоҳ қурбат ҳосил кардан аст. Дар чунин васф зӯҳд ба комилӣ мерасад. Ин мағз ва ҳақиқати зӯҳд буда, дар байни мақомоти яқинӣ аз нодиртарин ҳолатҳо мебошад. Ин барои нафс нест балки зӯҳдест,ки аз нафс гузашта шудааст. Ин ҳолати сиддиқон ва зӯҳди муқаррабонест,ки ба ҳақоиқи яқинӣ расидаанд. Вараъ низ аз зӯҳд аст. Зӯҳд бошад аз имон аст. Ҳаёву имон бошад ба мисоли ду решаест, ки дар як боғ баромадааст. @ilyas_tavhiyd
153
19
Ориф биллааҳ, шайхи мураббӣ Абдулқодир Исо Диёб розияллоҳу ъанҳу дар китоби худ "Ҳақоиқу ъанит тасаввуф" овардаанд, ки: "Абубакр Каттонӣ роҳимаҳуллоҳу таъоло мегӯяд: "Дар мавсум( маҳали ҳаҷ) дар мавзӯъи муҳаббат ба Аллоҳ таъоло суолу ҷавоб карда шуд. Машоихҳо дар бораи он гуфтугӯ карданд. Ҷунайд дар байни онҳо хурдсолтарин кас буд. Ба вай гуфтанд: " Ҳой Ироқӣ! Ту дар ин бора чи медонӣ?". Вай сарашро хам кард. Аз ду чашмонаш оби чашм равон шуд. Сипас гуфт: " Он бандаи (Аллоҳро дӯст дошта), ки аз нафси худ дур шудааст. Пайваста аст ба зикри Парвардигори худ. Қоим аст ба адои ҳуқуқҳои Ӯ. Ба қалби худ назораткунанда аст. Қалби онро нур иҳота кардааст. Вай аз пиёлаи пур аз муҳаббати Аллоҳ менӯшад. Агар вай ҳарф занад, аз номи Аллоҳ ҳарф мезанад. Агар нутқ кунад, танҳо аз Аллоҳ нутқ мекунад. Агар ҳаракат кунад, пас ба амри Аллоҳ ҳаракат мекунад. Агар сукут пеша гирад, ҳамроҳи Аллоҳ сукут мекунад. Вай ҳамаҷониба барои Аллоҳ аст. Вай бо Аллоҳ аст ва бо Вай ҳаракат мекунад". Баъди шунидани инҳо онҳо гиря карда гуфтанд: "Ба ин дигар чизе барои изофа кардан боқӣ намонд. Аллоҳ туро подош бидеҳад эй тоҷи орифон!". Аз Абу Ҳурайра розияллоҳу ъанҳу ривоят шудааст, ки: "Пайғамбар соллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуданд: «Се вижагианд, ки агар дар ҳар кас бошанд, ширинии имонро ёфтааст: Аллоҳ ва расули Ӯ аз ҳар кас дар наздаш маҳбубтар бошанд, дӯстии ӯ бо ҳар кас фақат ба хотири Аллоҳ бошад ва бозгашт ба куфр барои ӯ баъд аз он, ки Аллоҳ ӯро аз он наҷот дод, ба монанди суқут ва фурӯ рафтан дар оташ, сахт ва ногувор бошад». Ривоят аз Бухорӣ, Муслим ва Насоӣ  Тафсили асбобе, ки сабаби муҳаббати Худованд мешавад, ба шарҳи зер аст: 1- Қироати бо тадаббури Қуръон ва фаҳми маъонӣ ва мафоҳими он. Ҳар кас ба китоби Худованд пардохт ва ба он амал намуд, дилаш ба муҳаббати Худованд обод мешавад. 2– Тақарруб ҷӯстан ба Худованд ба василаи навофил баъд аз анҷоми фароиз: «Ҳамеша бандаи ман бо навофил ба ман тақарруб меҷӯяд, то ин, ки ӯро дӯст мегирам ва онгоҳ, ки ӯро дӯст гирифтам, ман гӯши ӯ мешавам, ки бо он мешунавад ва чашми ӯ мешавам, бо он мебинад ва дасти ӯ мешавам, ки бо он кор мекунад ва пои ӯ мешавам, ки бо он роҳ меравад. Агар чизе аз ман бихоҳад, ба ӯ медиҳам ва агар аз ман паноҳ биталабад, ӯро паноҳ медиҳам».(Ҳадиси қудсӣ, Бухорӣ ривоят кардааст). 3- Мудовамат кардан ба ёд ва зикри Аллоҳ дар ҳар ҳол, чӣ бо забон ва дил ва чӣ бо ҳол ва дар ҳар кор ва амале, ки анҷом медиҳад. 4- Муқаддам шумурдани он чӣ Аллоҳ дӯст медорад, бар хоҳишот ва майлҳои нафси одамӣ. {Онҳоро дӯст медорад ва (онҳо низ) Ӯро дӯст медоранд}. [Сураи Моида, ояти 54] 5- Мутолиаи амиқи Асмо ва Сифоти Аллоҳи мутаол ва шинохти онҳо. 6- Мушоҳидаи некӣ ва эҳсону неъматҳои зоҳирӣ ва ботинии Ӯ. 7- Фурутании куллии дил дар баробари Аллоҳи мутаол ва бо азамат. 8– Хилват гӯзидан бо Аллоҳи мутаол дар як саввуми охири шаб, онгоҳ, ки Парвардигор ба осмони дунё фуруд меояд, бо Худованд хилват гӯзида ва бо Ӯ муноҷот карда ва китоби ӯро бихонад ва муаддабона дар баробари Ӯ ба намоз бипардозад ва онро бо тавба ва истиғфор поён диҳад. 9- Ҳамнишинӣ бо дӯстони содиқи Аллоҳ ва истифода аз самараҳои суханони поку накӯи онон ва сухан нагуфтан магар ҳангоме, ки маслиҳати он ғолиб буда ва барояш ошкор шуд, ки манфиати он бештар ва барои дигарон сӯдманд аст. 10- Дӯрӣ аз ҳар чизе, ки сабаби дӯрии ӯ аз Аллоҳи мутаол мешавад. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Аллоҳи мутаол мефармояд: Ман назди гумони бандаам ба ман ҳастам, ҳаргоҳ маро ёд кард, бо ӯ ҳастам, агар маро дар танҳоӣ ёд кард, ӯро назди худам ёд мекунам ва агар маро дар назди ҷамъе аз мардум ёд кард, ман ӯро дар ҷамъи беҳтаре аз он ёд мекунам ва агар як ваҷаб ба ман наздик шавад, ман ду ваҷаб ба ӯ наздик мешавам ва агар ним метр ба ман наздик шавад, ман як метр ба ӯ наздик мешавам ва агар ӯ ором ором ба сӯи ман биёяд, ман давон давон ба сӯи ӯ меравам». Имом Бухорӣ ривоят кардаанд. @ilyas_tavhiyd
117
20
Шарти тавба ин аст, ки инсони тавба кунанда бояд аввал бо гуноҳкорон алоқаашро қатъ карда, баъдан бо нафси осӣ шудааш миёнаро бикшояд ва ба вай танҳо чизҳои лозимиро бидиҳад. Баъди ин муомила ба гуноҳ нагаштан азму қарор мекунад. Ёрдами мардумонро интизор намешавад. Чизҳои зарароварро тарк мекунад ва аз хоҳишоти нафсони пайравӣ накарда, бо роҳи салафҳо роҳ меравад. Ба хурд будани ҳадя назар макун, балки онро ба ки дода истодаи назар бикун. Ба хурд будани хато назар макун, балки дар баробари ки гуноҳ карда истодаи назар бикун. Зеро ки калон шудани гуноҳ бо сабаби муқобил будани банда ба Аллоҳ Таъоло мебошад. Оне, ки бузургии Аллоҳ Таъолоро дар қалби хеш идрок кунад, гуноҳи хурдтарин низ дар назараш калон дида мешавад. Дар бораи гуноҳро дар ёд доштан ё ин ки, фаромӯш кардан инсонҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1. Тавбаи аҳли хавфу раҷо; 2. Тавбаи аҳли маърифат. Тавбаи аслӣ гуноҳи кардаро доимӣ дар пеши ду чашм овардан аст. Ин тавбаи ононест, ки Аллоҳ Таъолоро ирода карда аз Он метарсанд. Онҳо гуноҳро ба ёд оварда, бо ғами доимӣ ва хавфи доимӣ зиндагӣ мекунанд. Инҳо аҳли хавфу раҷо ҳастанд. Дар ҳақиқати тавба гуноҳро бояд фаромӯш кард. Гуноҳро фаромӯш кардан ин роҳи орифонест, ки бо зикрҳо, амалҳои солеҳ ва бо қурби илоҳӣ банд шуда, Аллоҳ Таъолоро ашаддӣ дӯст доштаанд. Нигоҳи онон дар шаҳодати ягонагӣ мебошад. Ин мақомест дар ҳолати маърифат. Аз китоби " Қутул қулууб..."-и шайхул ислом, ориф биллоҳ Абу Толиби Маккӣ. @ilyas_tavhiyd
117