fa
Feedback
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

رفتن به کانال در Telegram

🇺🇿🇺🇿🇺🇿ШАБАКАИ БЕҲТАРИН🇺🇿🇺🇿🇺🇿 аз Тоҷикони Ӯзбекистон ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ, ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РӮЗИ САХТ! Шабакаи мо: @tojik Барои пешниҳод : 👇✍️👇 @Anis_sc

نمایش بیشتر
1 646
مشترکین
+124 ساعت
-27 روز
-2130 روز
آرشیو پست ها
Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад, В-ин рози сар ба мӯҳр ба олам самар шавад. Гӯянд санг лаъл шавад дар мақоми сабр, Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад. Хоҳам шудан ба майкада гирёну додхоҳ, К-аз дасти ғам халоси ман он ҷо магар шавад. Аз ҳар карона тири дуо кардаам равон, Бошад, к-аз он миёна, яке коргар шавад. Эй ҷон, ҳадиси мо бари дилдор бозгӯ, Лекин чунон магӯ, ки саборо хабар шавад. Аз кимиёи меҳри ту зар гашт рӯи ман, Оре, ба юмни лутфи шумо хок зар шавад. Дар тангнои ҳайратам аз наҳвати рақиб, Ё Раб, мабод он, ки гадо муътабар шавад. Бас нукта ғайри ҳусн бибояд, ки то касе Мақбули табъи мардуми соҳибназар шавад. Ин саркашӣ, ки кунгураи кохи васлрост, Сарҳо бар остонаи ӯ хоки дар шавад. Ҳофиз, чу нофаи сари зулфаш ба дасти туст, Дам даркаш, ар на, боди саборо хабар шавад. Ҳофизи Шерозӣ Моро ҳамроҳӣ кунед: https://t.me/KoriIsmat1917

Охирин ғазале аз шодравон, устод Лоиқ Рӯзе, ки бозмерасад вақти заволи ман, Ёде кунед аз ману нуқсу камоли ман! Нӯшед май ба
Охирин ғазале аз шодравон, устод Лоиқ Рӯзе, ки бозмерасад вақти заволи ман, Ёде кунед аз ману нуқсу камоли ман! Нӯшед май ба хотири ҷоми шикастаам, Хонед шеъри Ҳофизу Соиб мисоли ман. Холӣ кунед бо дили пур шишаҳои май, Бе ман чунон ки холӣ шуд ҷоҳу ҷалоли ман. Гӯши фалак зи наъраи мастона кар кунед, Бар ҳаққи он, ки дод басе гӯшмоли ман. Бар гӯри ман дарахт макоред зинҳор, Ояд агар ба турбатам он навниҳоли ман! Рӯзи видоъ мурдаам хун гиря мекунад, Гар чашмҳои шӯхи ӯ гиряд ба ҳоли ман... (2000) Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед

+1
✍️Шоҳ Валиюллоҳ Аҳмад бинни Абдурраҳим Деҳлавӣ 📗АЛ-ҚАВЛ-УЛ-ҶАМИЛУ ФӢ БАЁНИ САВО-УС-САБИЛ 📙ГУФТОРИ ЗЕБО ДАР БАЁНИ РОҲИ РОСТ Иборат аз даҳ (ёздаҳ) фасл 📖ФАСЛИ ШАШУМ Дар баёни вазоифи машоихи Нақшбандия ✏️Тарҷимаи Мавлоно Саййид Абдулҷалили Нақшбандии Муҷаддадӣ Аз хати форси ба криллӣ баргардонанда: Рӯзибойи Қурбониён

ҲИКОЯТ Гӯянд: Байт: Малик Солеҳ аз подшоҳони Шом, Ба шабҳо бурун омадӣ бо ғулом... Ва дар масоҷиду мақобир ва мазорот бигаштӣ ва аҳволи ҳар кас тафаҳҳус кардӣ. Шабе дар зимистон мегашт, ба масҷиде расид, дарвешеро дид, ки аз бараҳнагӣ меларзиду мегуфт: Ин подшоҳони дунё неъмати туро сармояи ҳузузи нафсу ҳаво сохтаанду аз аҳволи заифону мӯҳтоҷон ғофил шуда. Агар эшон фардои қиёмат дар биҳишт хоҳанд буд, ба иззату ҷалоли ту, ки қадам ба биҳишт нахоҳам ниҳод. Ва малик Солеҳ ба масҷид даромад ва ҷомае бо бадраи сим пеши дарвеш ниҳод ва бигристу гуфт: Ман шунудаам, ки дарвешон подшоҳони биҳишт хоҳанд буд. Имрӯз, ки мо подшоҳем, бо шумо аз дари сулҳ даромадем, фардо, ки шумо подшоҳ бешед, дари хусумат бар мо набикшоеду назари ҳимоят аз мо дареғ надоред. Назм: Ман имрӯз кардам дари сулҳ боз, Ту фардо макун дар ба рӯям фароз. Ман он кас наям, к-аз ғурури ҳишам, Зи бечорагон рӯй дарҳам кашам. Ту ҳам бо ман аз сар бинеҳ хӯйи зишт, Ки носозгорӣ кунӣ дар биҳишт.

Хоҷа Ҳофиз Равзаи хулди барин хилвати дарвешон аст, Мояи мӯҳташамӣ хидмати дарвешон аст. Ганҷи узлат, ки тилисмоти аҷоиб дорад, Фатҳи он дар назари раҳмати дарвешон аст. Қасри фирдавс, ки Ризвон-ш ба дарбонӣ рафт, Манзаре аз чамани нузҳати дарвешон аст. Он чӣ зар мешавад аз партави он қалби сиёҳ, Кимиёест, ки дар сӯҳбати дарвешон аст. Он ки пешаш биниҳад тоҷи такаббур хуршед, Кибриёест, ки дар ҳашмати дарвешон аст. Давлатеро, ки набошад ғам аз осеби завол, Бетакаллуф бишунав, давлати дарвешон аст. Хусравон қиблаи ҳоҷоти ҷаҳонанд, вале Сабабаш бандагии ҳазрати дарвешон аст. Рӯйи мақсуд, ки шоҳон ба дуо металабанд, Мазҳараш оинаи талъати дарвешон аст. Аз карон то ба карон лашкари зулм аст, вале Аз азал то ба абад фурсати дарвешон аст. Эй тавонгар, мафурӯш ин ҳама нахват, ки туро Сару зар дар канафи ҳиммати дарвешон аст. Ганҷи Қорун, ки фурӯ меравад аз қаҳр ҳанӯз, Хонда бошӣ, ки ҳам аз ғайрати дарвешон аст. Ҳофиз, ар оби ҳаёти абадӣ мехоҳӣ, Манбааш хоки дари хилвати дарвешон аст. Ман ғуломи назари Осафи аҳдам, к-ӯро Сурати хоҷагиву сурати дарвешон аст. Татаббӯъи Хоҷа Матлаъи субҳи азал талъати дарвешон аст, Махзани нақди абад хилвати дарвешон аст. Шамъи хуршед, ки гулзори ҷаҳон равшан аз ӯст, Гуле аз базмгаҳи нузҳати дарвешон аст. Ҷоми Ҷамшед, к-аз ӯ кори ҷаҳон аст аён, Як сафоли куҳан аз сӯҳбати дарвешон аст. Арши аъзам, ки бувад боли малак ҷорӯбаш, Қуббаи боргаҳи ҳашмати дарвешон аст. Тойири қудс, ки бар Арш нишеман дорад, Пайки пайғомдеҳи ҳазрати дарвешон аст. Чархи атлас, ки мукаллал ба дури анҷум гашт, Пардае аз ҳарами исмати дарвешон аст. Магаси хайли хавотир чу ба дил кард ҳуҷум, Ронданаш з-остини раъфати дарвешон аст. Гар ҷаҳад тири бало ҳар тараф аз шасти қазо. Боз гардонданаш аз ҳиммати дарвешон аст. Фониё, равшании вақт зи дарвешон ҷӯй, К-ин кушод аз назари раҳмати дарвешон аст.

Дар шариат ва тасаввуф бандаеро дарвеш мегӯянд, ки ӯ ниёзманду мӯҳтоҷ ба Ҳақ таъоло бошад ва зиллати суолу талабро танҳо дар остонаи Худованди мутаъол таҳаммул кунад. Дарвеш он аст, ки табъаш аз мурод холӣ бошад. Яъне дарвеш касест, ки нисбат ба молу давлат ва дунё ва тааллуқоти дунё эътибор накунад. Насафӣ мефармояд: “Оқилтарини одамиён дарвешонанд, ки ба ихтиёри худ дарвешӣ кунанд ва аз сари дониш номуродӣ баргузидаанд (интихоб кардаанд), аз ҷиҳати он ки дар зери ҳар муроде даҳ номуродӣ нуҳуфта (пинҳон) аст ва балки сад. Ва оқил аз барои як мурод сад номуродӣ таҳаммул накунад” (Насафӣ. Инсони комил, саҳ. 35). Ҳақиқати фақру дарвешӣ мӯҳтоҷиву ниёзмандӣ аст. Зеро банда ҳамвораву пайваста мӯҳтоҷу ниёзманд аст, яъне ниёзманди Худованд аст. Дарвешӣ мамлук будан аст ва мамлук (дарвеш, қаландар, фақир) ба молики худ (Худованд, ҷ.ҷ.) мӯҳтоҷ аст. Ва ғаниву дорам дар ҳақиқат Ҳақ таъоло аст. Ва мо агар бандагони ҳақиқии Худованд бошем, бояд дарвеш бошем. Фақириву дарвешӣ сифати банда аст ба ҳукми “Антум-ул-фуқароӣ в-Аллоҳу ҳува-л-ғанӣ” ва ҳадиси паёмбар (с.ъ.в.) “Ал-фақру фахрӣ”, яъне дарвешӣ ва фақирӣ фахри ман аст.Дарвешӣ он аст, ки туро моле набошад ва агар бошад, барои ту набошад. Баъзе донишмандон гӯянд: “Дарвешӣ иборат аз “фаноун фӣ Аллоҳ” аст ва иттиҳоди қатра (банда) ба дарё (Аллоҳ). Ва ин ниҳояти сайр ва мартабати комилон аст, ки фармуд: “Ал-фақру савод-ал-ваҷҳи фӣ-д-дорайни”, яъне вақте дарвеш (солик) фонӣ шавад ва ҳеҷ чиз ӯро боқӣ намонад ва бидонад, ки он чӣ ба худ нисбат медодааст, ҳама аз они Ҳақ аст ва ӯро ҳеҷ чиз набудааст ... Анъанаи “Оши дарвешон” (Деги дарвешон, Дарвешона) аз дер боз дар деҳаҳои дурдаст аз шаҳрҳо маъмул аст. Дар садаҳои 8-13 бисёре аз намояндагони аҳли тасаввуф боиси муҷозот ва таъқиб қарор гирифта буданд. Аз ин рӯ онон роҳи кӯҳистонро пеш гирифтанд. Кӯҳистонҳои дурдаст барои онон ҳамчун паноҳгоҳ хизмат мекард. Мардумони таҳҷоӣ барои онон шароити хобу ғизо омода мекарданд. Дар кӯҳистони Ғелон ва атрофу акнофи он бисёре аз аҳли тариқат дафн шудаанд. Хоҷа Алоуддин, Муҳаммад ва Маҳмуди Ғелонӣ, Зайниддини Баззор ва даҳҳо дигарон аз ин қабиланд. Анъанаи "Деги дарвешон" аз он рӯзгорон ба ёдгор мондааст.

Дарвеш кист? Чаро “Оши дарвешон” ё “Дарвешона?” Асли “дарвеш” калимаи қадими тоҷикист. Тақрибан ду ҳазор сол пеш дар шакли “d
Дарвеш кист? Чаро “Оши дарвешон” ё “Дарвешона?”   Асли “дарвеш” калимаи қадими тоҷикист. Тақрибан ду ҳазор сол пеш дар шакли “driyoš” (дрийуш) талаффуз мешуд. Ин калима ба калимаи дарюза (тиҳидастӣ, бенавоӣ, талаб) алоқамандии тамом дорад: дарюз = дарвӣза = дарвӣжа = дарйуш = дарвеш. Ба маъниҳои 1. фақир, тиҳидаст, дастихолӣ, бенаво, камбағал 2. зоҳид, гӯшанишин, чилланишин 3. сӯфӣ, қаландар, солик 4. содиқ, сода, беолоиш, ҷавонмард 4. дарюзагар, талбанда, гадо, мӯҳтоҷ ва монанди инҳо истифода мешавад.

СОҚИНОМАИ ИМРӮЗИН Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки наздик созад раҳи дури мо. Бидеҳ, соқӣ, он май, ки мун Мо шавем, Ҳама дар такопӯи фардо шавем, Зи ҳар ҷо биёему якҷо шавем, Ҳама қатраҳоему дарё шавем, Ҳама волаи ҳусни воло шавем, Зи пастии худкомӣ боло шавем. Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки наздик созад раҳи дури мо! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки бино шавад дидаи кӯри мо. Бидеҳ соғаре, то нишотам диҳад, Зи марги муаллақ баротам диҳад, Зи шарри камонҳо наҷотам диҳад, Ба саҳни чаманҳо бисотам диҳад, Ба матни замона суботам диҳад, Ба батни замона ҳаётам диҳад. Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки бино шавад дидаи кӯри мо! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки равшан шавад хонаи гӯри мо. Бидеҳ он сабӯе, ки нирӯ диҳад, Равонро маконе зи минӯ диҳад, Ба ҳар оҳамон доди ёҳу диҳад, Амонмон зи ҳар ҷурму оҳу  диҳад, Ба миллат раҳу рӯи яксӯ диҳад, Ба бешу ками мо тарозу диҳад. Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки равшан шавад хонаи гӯри мо! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки Рустам шавад ҳар яке пури мо. Бидеҳ косае, то писарҳои мо Бибошанд ҳар ҷо сипарҳои мо; Ки тифлони ширу шакархои мо Биболанд пеши назарҳои мо; Ки пайваста бошад сафарҳои мо Қадам дар қадам бо зафарҳои мо. Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки Рустам шавад ҳар яке пури мо! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки равшан шавад шоми дайҷури мо, Ки хокистари мо шарор оварад, Ки сарпастии мо манор оварад, Ки барги хазонмон баҳор оварад, Ки дуди дадон аз димор оварад, Ки рӯҳи падарҳо барор оварад, Ки самти назарҳо ба бор  оварад. Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки равшан шавад шоми дайҷури мо! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки мирад зи ғам хасми манфури мо. Бинӯшему донем худхоҳ кист, Бинӯшему донем худкоҳ кист, Бинӯшему донем гумроҳ кист, Ки ҷонкоҳи ин гоҳу даргоҳ кист, Худогоҳ кисту дилогоҳ кист, Парешонии мо ба дилхоҳи кист. Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки мирад зи ғам хасми манфури мо! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки афзун шавад ганҷи ганҷури мо. Бидеҳ соғаре, то ки пулдорҳо Нашинанд боло зи дилдорҳо; Ки гулчеҳрагонро ба гулзорҳо Фароҳам шавад файзи дидорҳо; Ки аз фазли асрори тӯморҳо Бимиранд андӯҳу тиморҳо. Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки афзун шавад ганҷи ганҷури мо! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки камтар шавад ранҷи ранҷури мо. Ки дар хоки Меҳан миҳан кам кашем, Мабодо, ки дар чолаҳо нам кашем. Мабодо, ки дар дил фақат ғам кашем, Мабодо, ки тобуту мотам кашем. Магӯ бори сангин дамодам кашем, Дуо гӯй то ганҷи Ҳотам кашем! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки камтар шавад ранҷи ранҷури мо! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки ширин шавад толеъи шӯри мо; Ки моро зи мо дур кардан хатост, Ҷудоии мо аз тую ман хатост; Ки оташ ниҳодан ба хирман хатост, Ки эмин набудан ба маъман хатост; Ки беаҳд будан ба Меҳан хатост, Кашидан зи ҳоҷот гардан хатост! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки ширин шавад толеъи шӯри мо! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо Алорағми ин даври ноҷӯри мо. Бидеҳ косаи май, ки виҷдони мо Бувад решаи аҳду паймони мо; Ки он душмани хонаву ҷони мо Насозад ҷудомон зи имони мо; Ки дар хоки мо, Тоҷикистони мо Расад навбати давру даврони мо! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо Алорағми ин даври ноҷӯри мо! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки равшан кунад даҳрро нури мо. Ки аз Ховаронем, Ховар зи мост! Ки аз доваронем, довар зи мост! Ки аз сарваронем, сарвар зи мост! Ки аз меҳтаронем, меҳтар зи мост! Ки минбархудоем, минбар зи мост! Ки меҳроваронем, меҳвар зи мост! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки равшан кунад даҳрро нури мо! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Биафзо ба бозуи мо зӯри мо. Ки ман будаму оҳу афсӯси халқ, Ки ман будаму хасми манҳуси халқ; Ки ман будаму дӯшу имрӯзи халқ, Ки ман будаму рози мармузи халқ; Ки ман будаму рӯзиву рӯзи халқ, Ки ман будаму рӯҳи пирӯзи халқ! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Биафзо ба бозуи мо зӯри мо! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки бинем он рӯзи манзури мо. Ки ояд яке мушкилосони мо, Ки орад ба сад дард дармони мо. Яке ояду гӯяд аз ҷони мо: Ба ҳам ҷӯш хур, эй Хуросони мо! Ки дар гардиши ҷому даврони мо Нигаҳбони мо бод яздони мо! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки бинем он рӯзи манзури мо! Устод Лоиқ Шералӣ

Ана шу ака зўр фикр билдиради. Ҳақиқий ғалаба илм-фандаги ғалаба. Биз спортнинг ортидан қувиб, на спортнинг уддасидан чиқдик, на илмнинг! 🚀 @adolat_kuychisi — Адолатсизликка қарши бирга курашамиз!

ТАҚВО ВА ЗУҲДИ САЛМОНИ ФОРСӢ РОЗИЯЛЛОҲУ ЪАНҲУ Ҳазрати Умар розияллоҳу ъанҳу машғули хутбахонӣ буд. Вай чунин гуфт:  – Хомӯш бошед то ин ки бар шумо суханамро бирасонам!  Салмони Форсӣ розияллоҳу ъанҳу гуфт: Валлоҳ! Мо намехоҳем ба ту гӯш диҳем!".  Умар розияллоҳу ъанҳу пурсид: "Чаро?".   Салмони Форсӣ розияллоҳу ъанҳу гуфт: "Ту худро аз пайравонат боло мешуморӣ".   Ҳазрати Умар розияллоҳу ъанҳу"Чигуна?", гӯён пурсид.   Салмони Форсӣ розияллоҳу ъанҳу гуфт: " Ду либос пӯшидаи. Ҳол он ки ононе, ки дар ин ҷой ҳастанд, дар ҳеч кадом чунин нест".   Ҳазрати Умар розияллоҳу ъанҳу хитобан гуфт: " Кӯмак бидеҳ, эй бандаи Аллоҳ" ва баъдан ба ҷониби писараш рӯй оварда гуфт: "Ҳой писари Умар Абдуллоҳ! Бигӯй, ки либоси дуввум аз они кист?". Писари Ҳазрати Умар гуфт:  "Савганд меорам, ки либоси дуввум аз они ман аст". Инро шунида, Салмони Форсӣ розияллоҳу ъанҳу гуфт:  "Мана акнун туро мешнавем ва итоати туро мекунем". * Он лаҳзае, ки вафоти Салмони Форсӣ розияллоҳу ъанҳу наздик омад, ба гиря афтод.  Аз вай пурсиданд: "Чаро гиря мекунӣ?".  Гуфт: "Валлоҳ! Аз марг тарсида гиря намекунам". Расулуллоҳ соллаллоҳу ъалайҳи ва саллам  фармуда буданд: “Дунёи ҳар яки шумо бештар аз зоди роҳилаи роҳпаймо набошад". Боз гуфт: "Назар кунед бар ин болиштҳое, ки дар гирди ман аст!". Дар атрофаш як тағораи чиркшӯй, обдаста ва як болишт буду бас. Атрофиён зи ӯ панд хостанд. Салмон Форсий розияллоҳу ъанҳу чунин гуфт:  " Дарде дар ту бошад, ҷаноби Ҳақро зикр бикун. Дар мавриди чизе ҳукм баровардан хоҳӣ, Парвардигоратро ба ёд ор. Чизеро тақсим карданро бихоҳӣ, ба ақлат Парвардигоратро ор. Баъд аз вафоти Салмони Форсӣ розияллоҳу ъанҳу ҳама чизҳои вай фурӯхта шуд. Ҳамагӣ миқдори 24 дирҳам нуқра маблағ шуд . Салмони Форсӣ розияллоҳу ъанҳу пеш аз маргаш ба атрофиён боз чунин насиҳат кард: “ Имкон дошта бошӣ, вақти мурдан дар яке аз ин се ҳолатҳо бош: Дар роҳи ҳаҷ , дар роҳи Аллоҳ ё ин ки дар фурсати таъмири масҷид.

Ҳазрати Алӣ розияллоҳу ъанҳу дар бораи таҳсил ва истифодаи илм фармудаанд:  «Бародари азизам! Илмро ба даст намеоварӣ магар вақте ки шаш хислатро барои худ ҷамъ намоӣ, ман аз он шаш хислатро ба тафсил бароят баён ва равшан менамоям: Тезҳушӣ, ҳирс бар омӯхтан, кӯшиш ва иҷтиҳод, тӯша ва хӯрока, ҳамроҳи устод ва замони тӯлонӣ »(Таълимул мутаъаллимин. Аллома Зарнуҷӣ.) Имом Ғаззолӣ дар китоби «Иҳёу ъулумид дин»- и худ мефармоянд:  «Чизе, ки байни инсон ва чаҳорпо фарқ мегузорад, илм аст ва маҳз илм инсонро шариф медорад, на ин ки қувваи ӯ, зеро агар чунин мебуд, уштур аз инсон пурқувваттар аст, инсон на бо ҷуссаи худ шариф аст, зеро фил нисбат ба инсон ҷуссаи калонтар дорад, ҳамчунин на ба шуҷоати худ, зеро паланг аз инсон шуҷоати бештар дорад. Аз ин сабаб ягона чизе, ки ба инсон шараф меорад, илм аст.» АЙ ДИЛ, БИДОН, КИ ОБИДИ БЕ ИЛМ ҶОҲИЛ АСТ. Ай дил, бидон, ки обиди бе илм ҷоҳил аст, Онро, ки нест илм, ту медон, ки ғофил аст. Ҳарчанд ки зарфи ақли вай, аз ақл пур бувад, Дар назди комилони замон ҳамчу соил аст. Он обиде, ки дар талаби маърифат нашуд, Ўро бидон, ки ҷоҳилу нодону коҳил аст. Ҳар кас, ки илму маърифат, ай дил, нахондааст, Ўро зи ишқу ҷоми муҳаббат, чӣ ҳосил аст? Он кас, ки дар шариати Ҳақ мустақим нест, Берун зи чаҳор мазҳаби он чаҳор одил аст. Он кас, ки дар тариқаи суннат назад қадам, Онро бигў, ки мазҳабу дини ту ботил аст. Бо дини поки Аҳмаду бо миллати Халил, Ҳар мўъмине, ки чанг занад, марди оқил аст. Ай дил, зи ҷоми Одаму бо нури бил яқин, Менуш бодаву бош, ки ў пири комил аст, То кай зи ҷоми ишқ, Муҳаммо ту май кашӣ?, Он бодаро, ки хўрдани ў заҳри қотил аст.

77be742d_1804_449a_b1d7_b76d79bad2f6NA_140_audio_only_medium_1.m4a4.44 MB

Шабнами Точиддин ва Азиз Вахобов - Гул ба домони туям / Gul ba daman tо am https://youtube.com/watch?v=LrjQateuojU&si=WVVf_3TL9m9oQwd_

ЯК ҲАДИСИ ЗЕБО АЗРАСУЛИ АКРАМ (С.Ъ.В.С.) - 37
ЯК ҲАДИСИ ЗЕБО АЗРАСУЛИ АКРАМ (С.Ъ.В.С.) - 37

Онки дар ҳар тарафе мунтазиронанд ӯро, Нангарад ҳеҷ, ки халқе нигаронанд ӯро. Сарвро бар сари ҳар чашма агар ҷо бошад, Ҷои онаст, ки бар чашм нишонанд ӯро.                    *        *        * Гуфтам, ки чаро шакли ту аз дида ниҳон аст? Гуфто, ки париро чӣ кунам, расм чунон аст?! Мо ғофилу он умри гиромӣ шуда аз даст, Афсӯс зи умре, ки ба ғафлат гузарон аст!                    *        *        * Онки як лаҳза фаромӯш нагашт аз ёдам, Зоҳир онаст, ки ҳаргиз накунад ёд маро!                    *        *        * Он ду ҳиндуи сияҳкори камандандозро Ҳамчу дуздон баставу дар офтоб андохтаст.                    *        *        * То ту дар чашмӣ, маро аз гиря холӣ нест чашм, Моҳ чун дар бурҷи Обӣ шуд забонро чора нест!                    *        *        * Зи рух дур афкан он зулфи сияҳро, Ки ҳинду қадри Туркистон надонад!                    *        *        * Дилам қоматашро таманно кунад, Ки оташ ҳама майли боло кунад.                    *        *        * Зи лаълаш бӯса дархостам, гуфт: Набояд дод ширинӣ ба ранҷур!                    *        *        * Биншин нафасе, то нафасе бо ту барорам, К-аз умр ҳамин як-ду нафас беш надорам!                    *        *        * Хоҳад ки кунад манзил бар хоки дарат Хоҷу, Лекин набувад ҷаннат маъвои гунаҳкорон.                    *        *        * Забони хома натвонад ҳадиси дил баён кардан, Ки васфи оташи сӯзон ба най мушкил тавон кардан.                    *        *        * Зулф сари ростӣ надорад, З-он рӯ ки каҷ аст табъи ҳинду.                    *        *        * Тафарруҷе, ки расанбози ҳиндуи зулфаш Шаби дароз ба маҳтоб мекунад бозӣ.                    *        *        * Эй ки бар дидаи соҳибназарон мегузарӣ, Парда бардор, ки то халқ бубинанд парӣ!                    *        *        * Ту маро умри азизиву яқин медонам, Ки чу рафтӣ, натавонӣ, ки дигар боз оӣ! Хоҷуи Кирмонӣ