9 215
Suscriptores
-524 horas
-507 días
-13730 días
Carga de datos en curso...
Canales Similares
Nube de Etiquetas
Sin datos
¿Algún problema? Por favor, actualice la página o contacte a nuestro gerente de soporte.
Menciones Entrantes y Salientes
---
---
---
---
---
---
Atraer Suscriptores
octubre '26oct '26
octubre '26
+5
en 0 canales
septiembre '26
+87
en 1 canales
Get PRO
agosto '26
+66
en 0 canales
Get PRO
julio '26
+32
en 2 canales
Get PRO
junio '26
+188
en 0 canales
Get PRO
mayo '26
+18
en 0 canales
Get PRO
abril '26
+16
en 0 canales
Get PRO
marzo '26
+19
en 1 canales
Get PRO
febrero '26
+27
en 1 canales
Get PRO
enero '26
+25
en 0 canales
Get PRO
diciembre '25
+30
en 11 canales
Get PRO
noviembre '25
+79
en 0 canales
Get PRO
octubre '25
+30
en 3 canales
Get PRO
septiembre '25
+31
en 2 canales
Get PRO
agosto '25
+24
en 3 canales
Get PRO
julio '25
+31
en 4 canales
Get PRO
junio '25
+36
en 2 canales
Get PRO
mayo '25
+104
en 2 canales
Get PRO
abril '25
+29
en 2 canales
Get PRO
marzo '25
+83
en 7 canales
Get PRO
febrero '25
+33
en 4 canales
Get PRO
enero '25
+68
en 5 canales
Get PRO
diciembre '24
+154
en 4 canales
Get PRO
noviembre '24
+262
en 6 canales
Get PRO
octubre '24
+310
en 3 canales
Get PRO
septiembre '24
+417
en 5 canales
Get PRO
agosto '24
+335
en 3 canales
Get PRO
julio '24
+239
en 9 canales
Get PRO
junio '24
+242
en 2 canales
Get PRO
mayo '24
+554
en 4 canales
Get PRO
abril '24
+837
en 7 canales
Get PRO
marzo '24
+464
en 10 canales
Get PRO
febrero '24
+458
en 8 canales
Get PRO
enero '24
+3 022
en 3 canales
Get PRO
diciembre '23
+171
en 4 canales
Get PRO
noviembre '23
+2 433
en 5 canales
Get PRO
octubre '23
+257
en 4 canales
Get PRO
septiembre '23
+512
en 0 canales
Get PRO
agosto '23
+11 522
en 0 canales
Get PRO
julio '23
+934
en 0 canales
Get PRO
junio '23
+294
en 0 canales
Get PRO
mayo '23
+92
en 0 canales
Get PRO
abril '23
+341
en 0 canales
Get PRO
marzo '23
+82
en 0 canales
Get PRO
febrero '23
+74
en 0 canales
Get PRO
enero '23
+149
en 0 canales
Get PRO
diciembre '22
+74
en 0 canales
Get PRO
noviembre '22
+30
en 0 canales
Get PRO
octubre '22
+32
en 0 canales
Get PRO
septiembre '22
+44
en 0 canales
Get PRO
agosto '22
+18
en 0 canales
Get PRO
julio '22
+369
en 0 canales
| Fecha | Crecimiento de Suscriptores | Menciones | Canales | |
| 02 octubre | +1 | |||
| 01 octubre | +4 |
Publicaciones del Canal
#Хабари_рӯз
Ҷасорати ронандаи тоҷик дар Русия
Ронандаи тоҷик Юсуф Каримов дар шаҳри Владивостоки Русия бо амали ҷасуронааш аз як садамаи эҳтимолан фоҷиабор пешгирӣ кард. Расонаҳои маҳаллӣ ӯро «Қаҳрамони рӯз» номидаанд.Ҳодиса 1-уми октябр дар кӯчаи Спиридоноваи Владивосток рух додааст. Юсуф Каримов ҳангоми ҳаракат бо мошини боркаш дар оинаи ақиб мошини боркаши дигареро мушоҳида мекунад, ки бо суръати баланд аз нишебӣ поён меомад. Тибқи маълумоти пешакӣ, тормози он аз кор баромада буд. PRESSA.TJ
| 2 | 20 соли эътимод, рушд ва шарикӣ
ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» дар Форуми байналмилалии «Бахши молиявӣ дар давраи навовариҳои рақамӣ» барои фаъолияти муваффақона ва саҳми арзанда дар рушди низоми молиявии кишвар бо ҷоизаи махсуси «20 сол роҳи эътимод, рушд ва шарикӣ» қадрдонӣ гардид.
Форуми мазкур 30 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон ташкил шуда, ба рушди муносибатҳои молиявӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи технологияҳои нави рақамӣ бахшида шуда буд.
Дар форум намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин бонкҳои марказӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, сармоягузорон ва намояндагони бонкҳои пешқадами кишварҳои ҳамсоя ва минтақа иштирок карданд. Зимни чорабинӣ иштирокчиён таҷрибаи пешқадамро баррасӣ намуда, оид ба дурнамои рушди соҳаи молия ва тавсеаи ҳамкориҳои муштарак табодули афкор карданд.
PRESSA.TJ | 818 |
| 3 | ⚖️ Ӯзбекистон барои хушунати ҷинсӣ нисбат ба кӯдакони то 14-сола ҷазоро сахттар мекунад
Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон 2 октябр қонунеро тасдиқ кард, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои хушунати ҷинсӣ нисбат ба кӯдакони то 14-сола сахттар мекунад. Дар ин бора хадамоти матбуотии палатаи болоии парлумони Ӯзбекистон хабар дод.
Пас аз имзои президент, санад ба Кодексҳои ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, инчунин ба Кодекси меҳнат ва Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ тағйиру иловаҳо ворид мекунад.
Тибқи тағйироти пешбинишуда, барои таҷовузи кӯдаки то 14-сола то 25 соли маҳрумият аз озодӣ ё ҳабси якумрӣ ҷазо таъйин мешавад.
Барои чунин ҷиноятҳо муҳлати даъво барои ба ҷавобгарӣ кашидан ва иҷрои ҳукм татбиқ нахоҳад шуд.
Ҳамчунин, агар ҷинояти қасдона боиси марги кӯдак гардад, нисбат ба гунаҳкор ҷазои шартӣ ё озодии шартӣ пеш аз муҳлат татбиқ карда намешавад.
Қонун барои ҳифзи кӯдакон дар ҷараёни тафтишот низ чораҳои иловагӣ пешбинӣ мекунад. Ноболиғоне, ки қурбонӣ ё шоҳиди хушунат шудаанд, аз лаҳзаи аввалин иштироки худ дар амалҳои мурофиавӣ ба ёрии ҳуқуқии ройгон дастрасӣ хоҳанд дошт.
Бозпурсии ноболиғи ҷабрдида ҳатман сабти видеоӣ мешавад. Ин тадбир ба коҳиш додани зарурати бозпурсии такрорӣ ва пешгирии осеби равонии дубора ба кӯдак равона шудааст. | 809 |
| 4 | «Нигоҳи нигарон» – и Салими Зарафшонфар
Китоби нави шоир ва нависандаи маъруфи тоҷик Салими Зарафшонфар таҳти унвони «Нигоҳи нигарон» аз чоп баромад. Маҷмуа намунаҳои назму насри адибро фаро гирифта, дар нашриёти «Адабиёти бачагона» ба табъ расидааст.
Китоби «Нигоҳи нигарон» дар ҳаҷми 312 саҳифа нашр шуда, аз чанд бахш таркиб ёфтааст. Тавре дар муаррифии китоб омадааст, маҷмуаи нави адиб намунаҳои назм ва насри ӯро фаро гирифта, барои дӯстдорони адабиёт пешниҳод шудааст.
Pressa.tj | 785 |
| 5 | Дар Рӯшон барои оилаҳои аз сел зарардида деҳаи нав бунёд шуд
Дар ноҳияи Рӯшон барои 10 оилае, ки бар асари сели моҳи июл манзилҳояшон пурра хароб шуда буд, хонаҳои нав сохта ва тақдим гардиданд.
Калиди манзилҳои навро 30 сентябр раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода ба соҳибони хонаҳо супорид.
Тибқи маълумоти мақомоти вилоят, дар натиҷаи сел 10 хона пурра хароб, 13 манзил қисман вайрон ва 13 хонаи дигар осеби сабук дида буданд.
Барои оилаҳое, ки манзилҳояшон қисман зарар дидааст, қитъаи замин ва масолеҳи сохтмонӣ ҷудо шудааст.
Хонаҳои осебдида низ аз лой, санг ва дигар паёмадҳои сел тоза карда шудаанд.
Дар маҳалли сохтмони манзилҳои нав деҳаи нав бо номи «Истиқлол» таъсис ёфтааст.
Дар назар аст, ки дар ин мавзеъ мактаб, кӯдакистон ва майдончаи варзишӣ низ бунёд карда шаванд. | 776 |
| 6 | 🪖 Дар Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 дарсад иҷро гардид
Маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оғоз шуда, дар рӯзи аввали он 76 дарсади нақша иҷро шудааст.
2 октябр дар шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид чорабинии тантанавии «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид.
Дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, падару модарон, ҷавонон ва фаъолони ҷомеа иштирок карданд.
Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ сафарбаршударо ба муносибати оғози марҳилаи нави зиндагӣ табрик гуфта, ҳифзи Ватанро яке аз вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, хизмати ҳарбӣ барои ҷавонон мактаби обутоби ҷисмонӣ ва маънавӣ буда, дар ташаккули интизом, масъулиятшиносӣ, ҷасорат ва садоқат ба давлату миллат нақши муҳим дорад.
Раиси вилояти Хатлон таъкид кард, ки маъракаи имсолаи даъват дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳифзи истиқлол, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баланд талаб мекунад.
То имрӯз нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Левакант, Данғара, Хуросон, Вахш, Ховалинг, Фархор ва Дӯстӣ пурра иҷро шудааст. | 795 |
| 7 | ‼️Дар чанд минтақаи Душанбе интиқоли об маҳдуд мешавад
Корхонаи «Обу корези шаҳри Душанбе» хабар медиҳад, ки имрӯз, 2 октябр, бинобар лойолуд шудани оби дарёи Варзоб дар натиҷаи боришоти зиёди борон, интиқоли оби ошомиданӣ ба як қатор минтақаҳои пойтахт маҳдуд карда мешавад.
Ба гуфтаи корхона, ин маҳдудият ба хотири нигоҳ доштани сифату бехатарии об ҷорӣ шуда, то тоза шудани манбаи обгирӣ ва барқарор гардидани шароити муқаррарӣ идома хоҳад кард.
❗️Ноҳияи Сино: шаҳракҳои 10–15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101–104, 112, Зарафшон-1 ва 2, Испечак-1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Наврбоди боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор, Меҳнатобод, Зафар, Чавлибой, Гиҷдалабод ва кӯчаи Бобо Ҳамдам.
❗️Ноҳияи И. Сомонӣ: кӯчаҳои Варзоб, Каримов (қисман), Куприна, Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А. Мухтор ва Нодира.
❗️Ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаҳои А. Қаҳҳоров, Милали Маҳмадалӣ, Соҳилӣ, Н. Қарабоев то хонаи №36 ва хиёбони С. Шералӣ то хонаи №24. | 865 |
| 8 | Навовар ва эҷодкор
Чӣ тавр Наргис Рустамова таълимро ба ҷаҳони нав пайванд медиҳад?
Омӯзгорӣ танҳо касб нест, балки рисолатест, ки сабру масъулият, меҳру муҳаббат ва эҷодкориро талаб мекунад. Хушбахтона, дар Тоҷикистон омӯзгороне ҳастанд, ки бо навоварӣ, ҷустуҷӯи пайвастаи роҳу усулҳои муассири таълим ва истифодаи имкониятҳои муосир дар рушди маориф саҳм мегузоранд.
Наргис Рустамова аз ҷумлаи чунин омӯзгорон аст. Ӯ зиёда аз 30 сол мешавад, ки дар соҳаи маориф фаъолият дошта, дар баробари омӯзгорӣ пайваста роҳҳои нави таълиму тарбияро меомӯзад.
Тафсилоти бештар дар PRESSA.TJ | 1 012 |
| 9 | 🏠 Дар Панҷакент ба 25 оилаи аз минтақаҳои хатарнок кӯчонидашуда хона доданд
Дар деҳаи Гулистони ҷамоати Воруи шаҳри Панҷакент ба 25 оила, ки аз минтақаҳои хатарнок кӯчонида шудаанд, калиди хонаҳои нав супорида шуд.
Барои бунёди маҳаллаи нав 3 гектар замин ҷудо шуда, дар он 25 хонаи дуҳуҷрагӣ бо тамоми шароити зарурии зиндагӣ сохта шудааст.
Барои сокинони маҳалла ҳамчунин бунгоҳи тиббӣ ва мактаби ибтидоӣ барои 240 хонанда сохта шудааст. Дар мактаб дарсҳо дар ду баст баргузор мешаванд.
Сохтмони маҳалла аз ҳисоби Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, «Фонди хайрияи Тоҷикистон» ва шарикони рушд аз Амороти Муттаҳидаи Араб маблағгузорӣ шудааст.
Ба ҳар як оила дар оянда чорвои калони шохдор ва занбӯри асал дода мешавад.
Ҳамчунин, барои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ба ҳар оила 1,4 тонна ангишт ҷудо шудааст.
Роҳҳои дохилии маҳалла пурра асфалтпӯш шуда, ҳоло атрофи хонаҳо бо панҷараҳо иҳота карда мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода гуфт, ки кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ аз минтақаҳои хатарнок бо мақсади ҳифзи аҳолӣ аз оқибатҳои офатҳои табиӣ анҷом дода мешавад. | 983 |
| 10 | Дар роҳи Душанбе–Чаноқ сел омад
Дар километри 63-уми роҳи автомобилгарди Душанбе–Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, бар асари боришоти шадид ҷараёни сел фаромадааст.
Барои бартараф кардани оқибатҳои ҳодиса техникаи махсус ба маҳалли воқеа сафарбар шуда, роҳ дар муддати кӯтоҳ аз сел тоза карда шудааст.
Филиали ширкати IRS аз ронандагон даъват кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои бехатариро риоя кунанд ва ба тавсияҳои кормандони хадамоти роҳ диққат диҳанд. | 986 |
| 11 | Фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии мошинҳои барқӣ иҷозатнома талаб мекунад
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба соҳибкорон ва субъектҳои хоҷагидор хабар медиҳад, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026, №593, фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ ба фаъолияти махсус дохил карда шудааст.
Ҳоло соҳибкорон ва субъектҳои хоҷагидоре, ки ба ин навъи фаъолият машғуланд ё мехоҳанд онро ба роҳ монанд, бояд аз Вазорати энергетика ва захираҳои об иҷозатномаи махсус гиранд.
Барои расмӣ кардани фаъолият ва гирифтани иҷозатнома довталабон метавонанд ба сомонаи ijozat.mewr.tj ворид шуда, ба қайд гирифта шаванд ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кунанд.
Ҳамчунин, барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба Вазорат муроҷиат кардан мумкин аст. | 1 040 |
| 12 | #ҚУРБИ_АСЪОР
2.10.2026
Pressa.tj | 1 068 |
| 13 | ВАЗЪИ ОБУ ҲАВО БАРОИ 2 ОКТЯБР | 1 040 |
| 14 | Ҷиноятҳои сайберӣ ва терроризм дар меҳвари ҷаласаи вазирони корҳои дохилии ИДМ
1 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Дар меҳвари он мубориза бо ҷиноятҳои сайберӣ, терроризму экстремизм, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар содир намудани ҷиноятҳо ва табодули электронии иттилоот қарор дошт.
Дар ҷаласа вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Арманистон ва Туркманистонро муовинони вазирони корҳои дохилӣ намояндагӣ намуда, ҳамчунин роҳбарони як қатор сохторҳои соҳавии ИДМ ҳузур доштанд.
Тафсилоти бештар дар PRESSA.TJ | 1 241 |
| 15 | 100 фоиз иҷрои нақшаи даъват дар Тоҷикобод
Ноҳияи Тоҷикобод низ аз иҷрои 100 – фоизаи нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи аввали маърака хабар дод.
Бино ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, чандин сол аст, ки нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикобод дар рӯзи аввал пурра иҷро мешавад.
«Ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод бо дарки баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, чун анъана, нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро дар рӯзи аввал иҷро намуданд», – иттилоъ доданд масъулини ноҳия ба Pressa.tj. | 1 134 |
| 16 | Ду шаҳри Суғд нақшаи даъватро дар як рӯз ба анҷом расонданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон дар рӯзи аввали маърака 100 фоиз иҷро гардид.
Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, ҷавонони даъватшаванда бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ омодагии худро барои адои қарзи шаҳрвандӣ ва ҳифзи Ватан нишон доданд.
Тафсилоти бештар дар PRESSA.TJ | 1 087 |
| 17 | Ду паҳлавони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 соҳиби медали биринҷӣ шуданд
Паҳлавонони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг ва Абубакр Шеров дар вазни то 81 кг дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. | 1 217 |
| 18 | Бохтар: Иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба Артиш
Шаҳри Бохтар нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллиро дар рӯзи аввал пурра даъват иҷро кардааст.
Дар ин бора аз мақомоти шаҳри Бохтар ба Pressa.tj хабар доданд
.
Ба иттилои манбаъ, иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба Артиши миллӣ дар рӯзи аввал аз масъулияти баланди роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва ватандӯстию далерии ҷавонон дарак медиҳад. | 1 156 |
| 19 | #Зодрӯз муборак
72 СОЛИ УМР ВА 50 СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ
1 октябр зодрӯзи Амирзода Раҳмоналӣ, шахсияти шинохтаи соҳаи хизмати давлатӣ ва роҳбари собиқи чандин шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мебошад.
Амирзода Раҳмоналӣ 1 октябри соли 1954 дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатии худро аз соҳаи иқтисод оғоз намудаааст. Дар тӯли фаъолияти бисёрсола дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ ва давлатӣ фаъолият кардааст.
Дар солҳои фаъолияти худ ӯ ба ҳайси раиси шаҳри Кӯлоб, раиси шаҳри Исфара ва раиси шаҳри Ваҳдат ифои вазифа намудааст.
Аз декабри соли 2013 то 27 январи соли 2023 Амирзода Раҳмоналӣ роҳбарии шаҳри Ваҳдатро ба уҳда дошт.
Фаъолияти беш аз панҷоҳсолаи ӯ бахшҳои гуногуни хизмати давлатӣ, иқтисод, идоракунии маҳаллӣ ва роҳбариро дар бар мегирад.
PRESSA.TJ | 1 156 |
| 20 | Sin texto... | 1 214 |
