Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч
前往频道在 Telegram
9 322
订阅者
-724 小时
-207 天
-6230 天
数据加载中...
吸引订阅者
九月 '26
九月 '26
+47
在1个频道中
八月 '26
+66
在0个频道中
Get PRO
七月 '26
+32
在2个频道中
Get PRO
六月 '26
+188
在0个频道中
Get PRO
五月 '26
+18
在0个频道中
Get PRO
四月 '26
+16
在0个频道中
Get PRO
三月 '26
+19
在1个频道中
Get PRO
二月 '26
+27
在1个频道中
Get PRO
一月 '26
+25
在0个频道中
Get PRO
十二月 '25
+30
在11个频道中
Get PRO
十一月 '25
+79
在0个频道中
Get PRO
十月 '25
+30
在3个频道中
Get PRO
九月 '25
+31
在2个频道中
Get PRO
八月 '25
+24
在3个频道中
Get PRO
七月 '25
+31
在4个频道中
Get PRO
六月 '25
+36
在2个频道中
Get PRO
五月 '25
+104
在2个频道中
Get PRO
四月 '25
+29
在2个频道中
Get PRO
三月 '25
+83
在7个频道中
Get PRO
二月 '25
+33
在4个频道中
Get PRO
一月 '25
+68
在5个频道中
Get PRO
十二月 '24
+154
在4个频道中
Get PRO
十一月 '24
+262
在6个频道中
Get PRO
十月 '24
+310
在3个频道中
Get PRO
九月 '24
+417
在5个频道中
Get PRO
八月 '24
+335
在3个频道中
Get PRO
七月 '24
+239
在9个频道中
Get PRO
六月 '24
+242
在2个频道中
Get PRO
五月 '24
+554
在4个频道中
Get PRO
四月 '24
+837
在7个频道中
Get PRO
三月 '24
+464
在10个频道中
Get PRO
二月 '24
+458
在8个频道中
Get PRO
一月 '24
+3 022
在3个频道中
Get PRO
十二月 '23
+171
在4个频道中
Get PRO
十一月 '23
+2 433
在5个频道中
Get PRO
十月 '23
+257
在4个频道中
Get PRO
九月 '23
+512
在0个频道中
Get PRO
八月 '23
+11 522
在0个频道中
Get PRO
七月 '23
+934
在0个频道中
Get PRO
六月 '23
+294
在0个频道中
Get PRO
五月 '23
+92
在0个频道中
Get PRO
四月 '23
+341
在0个频道中
Get PRO
三月 '23
+82
在0个频道中
Get PRO
二月 '23
+74
在0个频道中
Get PRO
一月 '23
+149
在0个频道中
Get PRO
十二月 '22
+74
在0个频道中
Get PRO
十一月 '22
+30
在0个频道中
Get PRO
十月 '22
+32
在0个频道中
Get PRO
九月 '22
+44
在0个频道中
Get PRO
八月 '22
+18
在0个频道中
Get PRO
七月 '22
+369
在0个频道中
| 日期 | 订阅者增长 | 提及 | 频道 | |
| 13 九月 | +2 | |||
| 12 九月 | +4 | |||
| 11 九月 | +7 | |||
| 10 九月 | +3 | |||
| 09 九月 | +2 | |||
| 08 九月 | +2 | |||
| 07 九月 | +7 | |||
| 06 九月 | +2 | |||
| 05 九月 | +5 | |||
| 04 九月 | 0 | |||
| 03 九月 | +6 | |||
| 02 九月 | +4 | |||
| 01 九月 | +3 |
频道帖子
+5
Мусодираи беш аз як тонна гӯшт аз шаҳри Душанбе
Пулиси Душанбе аз ошкор шудани ҳолати нигоҳдории миқдори зиёди гӯшт дар шароити ғайрисанитарӣ хабар медиҳад.
Тибқи иттилои мақомот, сокини 32-солаи маҳаллаи Қуштеппаи ноҳияи Шоҳмансур Қурбоналӣ Нуриддинов ба омода кардани қимма ва маҳсулоти каллаву поча машғул буда, гӯштро дар шароити ғайрибеҳдоштӣ нигоҳ медоштааст.
Ҳангоми санҷиш аз ҳавлии ӯ 1 тоннаю 126 кг гӯшти каллаи чорвои калон, 142 кг забони гӯсфанд ва 540 кг пойи чорвои калон ёфт ва мусодира шудааст.
Мақомот мегӯянд, гӯштҳои ошкоршуда дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштанд.
Ҳамчунин муайян шудааст, ки гумонбар барои нигоҳдории маҳсулот аз 9 яхдон истифода бурда, маблағи нерӯи барқро пардохт накардааст.
Нисбати ӯ бар асоси моддаи 209 Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, барои қонуншиканӣ дар истифодаи нерӯи барқ низ протокол тартиб дода шудааст.
| 2 | Тоҷикистон дар нахустин нишасти сарони Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ иштирок мекунад
Рӯзи 16 сентябр дар шаҳри Сеул нахустин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад.
Дар он раҳбарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.
Пеш аз нишасти муштарак Президенти Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷэ Мён бо роҳбарони кишварҳои минтақа мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.
Ин вохӯриҳо рӯзҳои 14–16 сентябр дар назар дошта шудаанд.
Дар маркази музокирот рушди тиҷорату сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳои муҳим ва ташкили занҷираҳои устувори таъминот қарор хоҳанд гирифт. | 781 |
| 3 | #Зодрӯз муборак
Аз муҳандиси барқ то муовини Сарвазир
13 сентябр зодрӯзи арбоби давлатӣ, номзади илмҳои техникӣ ва муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода аст. Ӯ 67-сола мешавад.
Усмоналӣ Усмонзода 13 сентябри соли 1959 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 1982 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ ва соли 1988 аспирантураи Донишкадаи энергетикии Маскавро хатм кардааст. Ӯ номзади илмҳои техникӣ мебошад.
Фаъолияташро ҳамчун муҳандиси Донишгоҳи техникӣ оғоз намуда, баъдан ассистент, муаллими калон, дотсент ва муовини декани факултети энергетикӣ буд.
Солҳои баъдӣ дар сохторҳои назорати давлатии барқ ва сиёсати энергетикии кишвар вазифаҳои роҳбарикунанда дошт. 21 ноябри соли 2013 вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъин гардида, то ноябри соли 2020 ин вазифаро ба уҳда дошт.
Аз 3 ноябри соли 2020 Усмоналӣ Усмонзода муовини Сарвазири Тоҷикистон аст ва дар ҳайати кунунии Ҳукумат ин вазифаро иҷро мекунад.
Ӯ бо ордени «Шараф» дараҷаи II қадрдонӣ шудааст.
PRESSA.TJ | 969 |
| 4 | Дар Рашт 35-солагии Истиқлолро бо барномаи фарҳангӣ таҷлил карданд
Дар ноҳияи Рашт шоми 11 сентябр ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барномаи калони фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда, сокинони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангворро ба муносибати ҷашни Истиқлол табрик намуд.
Ҳунармандони водии Рашт дар барномаи идона сурудҳо ва оҳангҳоро дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ пешкаши иштирокчиён карданд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар омодагӣ ва баргузории чорабинӣ беш аз 8 ҳазор нафар саҳм гирифтаанд. | 1 336 |
| 5 | Сулҳе, ки бо ҳосили ҷасорат аст
Басо рамзист, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби журналист ва публитсист Шариф Ҳамдампур - «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» ба чоп расид.
Ростӣ, ман ин китобро дар як шаб мутолиа намудам. Сабаби чунин зуд хондани китоб, пеш аз ҳама, дар он аст, ки муаллиф дар саҳифаҳои он заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷасорат ва ҷонфидоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар яке аз ҳассостарин ва сарнавиштсозтарин давраҳои таърихи навини кишвар ба риштаи тасвир кашидааст.
Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор | 1 227 |
| 6 | #Зодрӯз муборак
79 сол умр ва даҳсолаҳо дар хизмати давлат
12 сентябр зодрӯзи ходими маъруфи давлатӣ ва ҷамъиятӣ Гулафзо Савриддинова аст. Ӯ 79 - сола шуд. Гулафзо Савриддинова 12 сентябри соли 1947 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Ӯ Донишгоҳи хоҷагии халқи ба номи Плеханови шаҳри Маскав ва баъдан Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкандро хатм кардааст.
Яке аз саҳифаҳои муҳими фаъолияти сиёсии ӯ иштироки фаъолона дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон аст. Гулафзо Савриддинова аз ҷумлаи ҳафт бонуе буд, ки дар кори ин иҷлосияи таърихӣ ширкат доштанд.
Соли 1997 ӯ муовини Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2000 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Барои фаъолияти бисёрсолааш Гулафзо Савриддинова бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени «Дӯстӣ» ва як қатор медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.
PRESSA.TJ | 1 241 |
| 7 | Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар Рашт ифтитоҳ шуд
Имрӯз, 11 сентябр дар ноҳияи Рашт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ба истифода дода шуд.
Бинои наву замонавии таълимӣ аз 33 синфхонаи муҷаҳҳаз иборат буда, барои 800 хонандаи болаёқат пешбинӣ гардидааст.
“Синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ба дарёфти адабиёти гуногун ва омӯзиши илмҳои муосир мусоидат мекунад”,- иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Тафсилоти бештар дар PRESSA.TJ | 1 394 |
| 8 | 30 000 сомонӣ қарзи онлайн аз «Амонатбонк»
Муштариёни «Амонатбонк» метавонанд то 30 000 сомонӣ қарзи онлайн дастрас намоянд.
Низомӣ Асоев, корманди «Амонатбонк» тартиби пешниҳоди дархост, баррасии ҳуҷҷатҳо ва гирифтани қарзи онлайнро шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, барои пешниҳоди дархост ҳуҷҷатҳои зиёд талаб карда намешавад. Шарти асосӣ - муштарӣ бояд аз замимаи «Амонатмобайл» истифода барад.
Муштарӣ метавонад бидуни ташриф ба бонк тавассути «Амонатмобайл» дархости қарзӣ ирсол намуда, қарзро дастрас кунад.
Қарор дар бораи додани қарз ба таври худкор ва дар асоси меъёрҳои муайянкардаи бонк қабул мешавад.
Аз ҷумла:
- маълумоти муштарӣ;
- қобилияти пардохтпазирӣ;
- таърихи қарзӣ;
- дигар нишондиҳандаҳои зарурӣ.
Муҳлати баррасии дархост барои кушодани хати қарзӣ то 24 соати корӣ.
PRESSA.TJ | 1 591 |
| 9 | Корномаи сулҳ дар оинаи як китоб
Боиси хушнудист, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобу мақолаҳои зиёде ба нашр мерасанд, ки ба таҳқиқу бозгӯии марҳалаҳои муҳими таърихи навини давлатдории тоҷикон бахшида шудаанд.
Дар миёни ин осор китоби Шариф Ҳамдампур бо номи «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» ҷойгоҳи хос дорад. Ба назари ман, ин китоб аз ҷумлаи асарҳоест, ки барои муаррифии шахсият, фаъолияти сиёсӣ ва корномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти муҳим касб мекунад.
Муаллиф асарро дар қолаби очерки ҳуҷҷативу публисистӣ таҳия намуда, онро ба бобҳои алоҳида тақсим кардааст. Ҳар боб як марҳилаи муҳими таърихӣ, сиёсӣ ё иҷтимоии кишварро фаро мегирад. Ин тарзи сохтори китоб ба хонанда имкон медиҳад, ки рӯйдодҳоро на ба таври пароканда, балки дар пайванди мантиқии онҳо дарк намояд.
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
академик
Тафсилоти бештар дар ютубканали PRESSA.TJ | 1 218 |
| 10 | PRESSA.TJ ЖУРНАЛИСТРО БА КОР ДАЪВАТ МЕНАМОЯД!
Хабаргузории PRESSA.TJ журналисти боистеъдодро, ки таҷрибаи кор дар сомона ва расонаҳои интернетӣ дорад, ба кор даъват менамояд!
ТАЛАБОТ:
•Қалами бурро ва дарки хуби журналистӣ;
•Ҳис кардани мавзӯъҳои муҳими рӯз;
•Фаврият ва қобилияти баланди саривақт омода намудани маводҳо;
•Майли омӯзиши равияҳои нав дар журналистика;
•Маҳорати омода намудани маводҳои видеоӣ;
•Масъулиятшиносӣ ва муносибати хуб бо команда.
Телефон: (+992) 93 - 111 - 08 - 61
Telegram / WhatsApp | 1 228 |
| 11 | 没有文字... | 1 231 |
| 12 | Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақшаи нави ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро таҳия мекунанд
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ният доранд ҳамкориҳои туристии худро густариш дода, барои солҳои 2027–2029 барномаи нави муштараки кориро ба роҳ монанд.
Масъалаи таҳияи «Харитаи роҳ» зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Озарбойҷон Фуад Нагиев баррасӣ шудааст.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои сайёҳии ду кишвар, табодули таҷриба ва роҳҳои татбиқи ташаббусҳои муштаракро муҳокима карданд.
Таъкид шудааст, ки мувофиқа ва имзои ҳарчи зудтари «Харитаи роҳ оид ба ҳамкории сохторҳои соҳавии Тоҷикистон ва Озарбойҷон барои солҳои 2027–2029» метавонад барои иҷрои созишҳои қаблан бадастомада заминаи амалӣ фароҳам кунад.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва истифодаи бештари имкониятҳо ҷиҳати рушди сайёҳӣ изҳор намуда, хостори ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои ду кишвар дар ин самт шуданд. | 1 223 |
| 13 | Олими маъруфи тоҷик Ваҳҳоб Бобоҷонов даргузашт
Ваҳҳоб Бобоҷонов, олими маъруфи тоҷик ва генетик, доктори илмҳои биологӣ, профессор дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт. Ҷанозаи ӯ имрӯз, 11 сентябр дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент баргузор мешавад.
Ваҳҳоб Бобоҷонов 10 июли соли 1945 дар деҳаи Ворӯи Панҷакент ба дунё омада буд. Ӯ умри худро ба илм, маориф ва таҳқиқи олами зинда бахшида, дар рушди биология, генетика ва селексияи рустаниҳо дар Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст.
Тафсилоти бештар дар PRESSA.TJ | 1 210 |
| 14 | Ани Лорак дар Душанбе
Сарояндаи маъруф Ани Лорак ба Душанбе омад. Қарор аст, ӯ шоми имрӯз, 11 сентябр дар гала-консерти бузурге, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, ҳунарнамоӣ кунад.
Дар баробари Ани Лорак, дар саҳна Юлдуз Усмонова, яке аз маъруфтарин сарояндаҳои Ӯзбекистон, овозхони тоҷик Шабнами Сурайё, ситораи эстрадаи Афғонистон Ориёно Саид, овозхон Navai, гурӯҳи эронии Ehaam ва сарояндаи ҷавони тоҷик Фаррух Ҳасанов ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ҳамин тавр, шаби 11 сентябр Душанбе мизбони яке аз бузургтарин барномаҳои мусиқии идонаи имсол хоҳад шуд.
Тафсилоти бештар дар PRESSA.TJ | 1 213 |
| 15 | 🚦Шоми 11 сентябр дар се роҳи Душанбе маҳдудият ҷорӣ мешавад
Ҳаракати нақлиёт шоми имрӯз дар як қатор роҳҳои Душанбе барои чанд соат тағйир дода мешавад.
Аз 17:00 то 23:00 ҳаракати мошинҳо дар хиёбонҳои И. Сомонӣ ва Ҳ. Шерозӣ, инчунин кӯчаи Н. Ганҷавӣ маҳдуд хоҳад шуд.
Мақомоти пойтахт аз ронандагон хостаанд, ки дар ин вақт масирҳои дигарро интихоб карда, дар роҳҳои зикршуда мошинҳоро нодуруст таваққуф накунанд.
Ронандагон метавонанд барои ҳаракат аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд. | 1 241 |
| 16 | Дар Душанбе форуми байналмилалии нассоҷӣ баргузор мешавад
Рӯзи 23 сентябр дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe Форуми байналмилалии нассоҷии «Тоҷикистон — 2026» баргузор мешавад.
Дар он масъалаҳои ҷалби сармоя, навсозии корхонаҳои нассоҷӣ ва рушди истеҳсолоти пурраи занҷира аз коркарди нахи пахта то истеҳсоли маҳсулоти тайёр баррасӣ мешаванд.
Дар доираи форум ҳамчунин масъалаҳои рақамикунонӣ, автоматикунонӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, рушди устувори пахтакорӣ, омодасозии кадрҳо, маблағгузории «сабз» ва дастгирии содирот муҳокима хоҳанд шуд.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни чорабинӣ як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расанд.
Ба форум намояндагони ширкатҳои байналмилалӣ ва созмонҳои молиявӣ, аз ҷумла Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Бонки Осиёии Рушд, иштирок мекунанд.
| 1 254 |
| 17 | Дар Хоруғ навраси 14-сола бо корд захмӣ шуд
Дар шаҳри Хоруғ 7 сентябр як навраси 14-сола бар асари муноқиша ҷароҳати вазнин бардоштааст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳодиса тақрибан соати 19:40 назди даромадгоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатии «Чорбоғ» рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми муноқиша навраси 15-сола бо корд ба қафаси синаи навраси 14-сола задааст.
Ҷабрдида ба беморхона интиқол дода шуда, ҷароҳати вазнин бардоштааст.
Нисбат ба навраси 15-сола бо моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон — «Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ» парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. | 1 222 |
| 18 | #ҚУРБИ_АСЪОР
11.09.2026 | 1 231 |
| 19 | ВАЗЪИ ОБУ ҲАВО БАРОИ 11 СЕНТЯБР | 1 223 |
| 20 | #Зодрӯз муборак
Аз иқтисодчии хоҷагӣ то вакили парлумон
11 сентябр зодрӯзи иқтисоддон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Ҳакимзода аст. Номбурла 11 сентябри соли 1975 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омадааст.
Қисми зиёди фаъолияти меҳнатии ӯ бо иқтисод ва соҳаи кишоварзӣ пайванд дорад.
Аз соли 2017 то 2023 Ҳакимзода Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро роҳбарӣ кард. Солҳои 2023–2025 муовини якуми раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.
Дар интихоботи парлумонии соли 2025 Ҳомидҷон Ҳакимзода вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардид. Ҳоло ӯ узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия мебошад. Дар иҷлосияҳои парлумон масъалаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, аз ҷумла санадҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои молиявии байналмилалиро шарҳу тавзеҳ медиҳад.
PRESSA.TJ | 1 310 |
