9 314
المشتركون
-724 ساعات
-297 أيام
-6230 أيام
جاري تحميل البيانات...
القنوات المماثلة
سحابة العلامات
لا توجد بيانات
هل تواجه مشاكل؟ يرجى تحديث الصفحة أو الاتصال بمدير الدعم الخاص بنا.
الإشارات الواردة والصادرة
---
---
---
---
---
---
جذب المشتركين
سبتمبر '26
سبتمبر '26
+49
في 1 قنوات
أغسطس '26
+66
في 0 قنوات
Get PRO
يوليو '26
+32
في 2 قنوات
Get PRO
يونيو '26
+188
في 0 قنوات
Get PRO
مايو '26
+18
في 0 قنوات
Get PRO
أبريل '26
+16
في 0 قنوات
Get PRO
مارس '26
+19
في 1 قنوات
Get PRO
فبراير '26
+27
في 1 قنوات
Get PRO
يناير '26
+25
في 0 قنوات
Get PRO
ديسمبر '25
+30
في 11 قنوات
Get PRO
نوفمبر '25
+79
في 0 قنوات
Get PRO
أكتوبر '25
+30
في 3 قنوات
Get PRO
سبتمبر '25
+31
في 2 قنوات
Get PRO
أغسطس '25
+24
في 3 قنوات
Get PRO
يوليو '25
+31
في 4 قنوات
Get PRO
يونيو '25
+36
في 2 قنوات
Get PRO
مايو '25
+104
في 2 قنوات
Get PRO
أبريل '25
+29
في 2 قنوات
Get PRO
مارس '25
+83
في 7 قنوات
Get PRO
فبراير '25
+33
في 4 قنوات
Get PRO
يناير '25
+68
في 5 قنوات
Get PRO
ديسمبر '24
+154
في 4 قنوات
Get PRO
نوفمبر '24
+262
في 6 قنوات
Get PRO
أكتوبر '24
+310
في 3 قنوات
Get PRO
سبتمبر '24
+417
في 5 قنوات
Get PRO
أغسطس '24
+335
في 3 قنوات
Get PRO
يوليو '24
+239
في 9 قنوات
Get PRO
يونيو '24
+242
في 2 قنوات
Get PRO
مايو '24
+554
في 4 قنوات
Get PRO
أبريل '24
+837
في 7 قنوات
Get PRO
مارس '24
+464
في 10 قنوات
Get PRO
فبراير '24
+458
في 8 قنوات
Get PRO
يناير '24
+3 022
في 3 قنوات
Get PRO
ديسمبر '23
+171
في 4 قنوات
Get PRO
نوفمبر '23
+2 433
في 5 قنوات
Get PRO
أكتوبر '23
+257
في 4 قنوات
Get PRO
سبتمبر '23
+512
في 0 قنوات
Get PRO
أغسطس '23
+11 522
في 0 قنوات
Get PRO
يوليو '23
+934
في 0 قنوات
Get PRO
يونيو '23
+294
في 0 قنوات
Get PRO
مايو '23
+92
في 0 قنوات
Get PRO
أبريل '23
+341
في 0 قنوات
Get PRO
مارس '23
+82
في 0 قنوات
Get PRO
فبراير '23
+74
في 0 قنوات
Get PRO
يناير '23
+149
في 0 قنوات
Get PRO
ديسمبر '22
+74
في 0 قنوات
Get PRO
نوفمبر '22
+30
في 0 قنوات
Get PRO
أكتوبر '22
+32
في 0 قنوات
Get PRO
سبتمبر '22
+44
في 0 قنوات
Get PRO
أغسطس '22
+18
في 0 قنوات
Get PRO
يوليو '22
+369
في 0 قنوات
| التاريخ | نمو المشتركين | الإشارات | القنوات | |
| 15 سبتمبر | +1 | |||
| 14 سبتمبر | 0 | |||
| 13 سبتمبر | +3 | |||
| 12 سبتمبر | +4 | |||
| 11 سبتمبر | +7 | |||
| 10 سبتمبر | +3 | |||
| 09 سبتمبر | +2 | |||
| 08 سبتمبر | +2 | |||
| 07 سبتمبر | +7 | |||
| 06 سبتمبر | +2 | |||
| 05 سبتمبر | +5 | |||
| 04 سبتمبر | 0 | |||
| 03 سبتمبر | +6 | |||
| 02 سبتمبر | +4 | |||
| 01 سبتمبر | +3 |
منشورات القناة
#Зодрӯз муборак
Овозе, ки «Гулшан»-ро дубора эҳё кард
15 сентябр зодрӯзи овозхони маъруфи тоҷик Субҳони Саид аст. Агар умр вафо мекард, ӯ имрӯз 66 – сола мешуд.Субҳони Саид соли 1960 дар шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Пас аз таҳсили ҳаштсола дар зодгоҳ, се соли дигар дар Омӯзишгоҳи санъати ноҳияи Рӯдакӣ таҳсил кард.
Ӯ Аҳмад Зоҳирро устоди маънавии худ медонист ва худ низ шогирдони зиёдеро ба саҳна овард. Фурқати Саид, Бобоҷони Шаҳзод, Садриддини Наҷмиддин, Суҳроби Маҳмуд ва Олими Маҳмуд аз ҷумлаи ҳунармандоне мебошанд, ки худро шогирди мактаби ӯ медонанд.Субҳони Саид 5 июли соли 2016 дар 56 – солагӣ аз олам даргузашт ва дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд. PRESSA.TJ
| 2 | 🇹🇯 Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар саммити «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» ба Кореяи Ҷанубӣ рафт
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 15 сентябр, бо сафари расмӣ ва иштирок дар саммити «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» ба Кореяи Ҷанубӣ сафар кард.
Дар ҳайати ҳамроҳикунанда роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо шомиланд.
Дар рӯзномаи саммит баррасии ҳамкориҳо дар соҳаҳои маъданҳои муҳим ва энергетика, инфрасохтор, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ, илм, захираҳои об ва мубориза бо тағйирёбии иқлим қарор дорад.
Интизор меравад, ки дар натиҷаи нишаст «Эъломияи Сеул» қабул шавад. Ин санад самтҳои дарозмуддати ҳамкории Кореяи Ҷанубӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро муайян хоҳад кард. | 522 |
| 3 | #ҚУРБИ_АСЪОР
15.09.2026 | 583 |
| 4 | ВАЗЪИ ОБУ ҲАВО БАРОИ 15 СЕНТЯБР | 626 |
| 5 | #Хабари_рӯз
Ҳабси кондуктор барои таҳқири мусофир | 1 043 |
| 6 | لا يوجد نص... | 1 062 |
| 7 | #Зодрӯз муборак
Олими соҳибмактаб
14 сентябр зодрӯзи яке аз чеҳраҳои шинохтаи илми иқтисоди Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод, профессор Лутфулло Саидмуродов аст.
Лутфулло Саидмуродов соли 1959 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ роҳи илмиву касбии худро бо таҳсили ҷиддӣ оғоз намуда, соли 1981 факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносовро хатм кардааст.
Солҳои минбаъда фаъолияти ӯ бо илм, маориф, таҳқиқоти иқтисодӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон пайваст гардид.
Профессор Саидмуродов дар омӯзиши масъалаҳои муҳими иқтисодиёти Тоҷикистон ва рушди андешаи иқтисодӣ саҳми назаррас гузоштааст.
PRESSA.TJ | 1 006 |
| 8 | Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ таъсири хатарҳои экологӣ ба кӯдаконро баррасӣ карданд
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Габриэлла Акимова масъалаҳои ҳамкории экологӣ ва ҳифзи кӯдакон аз таъсири хатарҳои муҳити зистро баррасӣ карданд.
Мулоқот 11 сентябр баргузор шуда, ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳифзи муҳити зистро, ки ба Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва Нақшаи муштараки корӣ барои соли 2027 мувофиқанд, баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба фаъолияти Маркази миллии татбиқи Конвенсияи Стокголм оид ба моддаҳои ифлоскунандаи органикии устувор равона шудааст.
Аз ҷумла, масъалаи татбиқи як лоиҳаи муштарак бо истифода аз зеҳни сунъӣ барои муайян кардани сатҳи ифлосшавии хок ва арзёбии хатарҳои марбут ба пеститсидҳо баррасӣ гардид.
| 962 |
| 9 | Фардо дар Душанбе ҳаракати нақлиёт дар чанд роҳ маҳдуд мешавад
Пагоҳ, 15 сентябр, аз соати 07:30 то 08:30 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар чанд қитъаи роҳҳои Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, маҳдудият дар хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаҳои С. Айнӣ, А. Дониш ва М. Мастонгулов ҷорӣ хоҳад шуд.
Аз ронандагон хоҳиш шудааст, ки аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд ва аз таваққуфи беасос дар қисми марказии роҳ худдорӣ кунанд. | 1 054 |
| 10 | Рассоми маъруф Нуралӣ Солеҳов аз олам даргузашт
Имрӯз, 14 сентябр рассоми маъруфи тоҷик Нуралӣ Солеҳов дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора пайвандони марҳум ба Pressa.tj хабар доданд.
Нуралӣ Солеҳов соли 1958 дар деҳаи Зери Ҳисори Панҷакент ба дунё омадааст. Солҳои зиёд дар шаҳри Душанбе зиндагӣ ва эҷод мекард.
Ӯ Омӯзишгоҳи рассомии Тоҷикистон ба номи Мирзораҳмат Олимовро хатм карда, соли 1981 онро бо ихтисоси графика ва наққошӣ ба анҷом расонидааст.
Нуралӣ Солеҳов солҳои зиёд бо муассисаҳои ҳунарии кишвар ҳамкорӣ дошт ва 22 сол дар Хазинаи бадеии Тоҷикистон фаъолият кард. Аз соли 1984 узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон буд.
Дар тӯли фаъолияти эҷодӣ ӯ дар намоишҳои сершумори ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, дар бахшҳои гуногуни санъати тасвирӣ, аз ҷумла наққошӣ, графика, манзаранигорӣ, чеҳранигорӣ, натюрморт, этюд ва қаламкашӣ асар офаридааст.
Тафсилоти бештар дар PRESSA.TJ | 1 206 |
| 11 | Дар Душанбе фурӯши маҳсулоти тамоку ба ноболиғон ошкор шуд
Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе се нафар сокини пойтахтро ҳангоми фурӯши маҳсулоти тамоку ба ноболиғон дастгир кардаанд.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД, шаҳрвандон Ашуров Муҳаммад, Ҷабборов Саидо ва Сафаров Субҳониддин дар Маркази савдои Тоҷикистон (ЦУМ) нуқтаи савдо ба иҷора гирифта, бидуни доштани шаҳодатномаи фаъолияти соҳибкорӣ ба фурӯши маҳсулоти тамоку ва сигорҳои электронӣ машғул будаанд.
Муайян шудааст, ки онҳо бо мақсади ба даст овардани фоидаи молиявӣ маҳсулоти мазкурро ба ноболиғон низ мефурӯхтаанд.
Дар робита ба ин ҳолат нисбати ҳар се нафар тибқи моддаи 463 иловаи 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, маҳсулоти тамоку мусодира гардидааст.
Раёсати ВКД аз шаҳрвандон, бахусус волидон, даъват кардааст, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд ва барои пешгирӣ аз истеъмоли маҳсулоти зараровар чораҳои зарурӣ андешанд. | 1 232 |
| 12 | Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот дар 80-солагӣ даргузашт
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот субҳи имрӯз, 14 сентябр, пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 80-солагӣ даргузашт. Дар ин бора пайвандонаш
ба мо хабар додаанд.
Тибқи иттилои онҳо маросими ҷанозаи шоир зуҳри имрӯз дар Масҷиди бузурги шаҳри Душанбе, маъруф ба масҷиди «Қатар», баргузор мешавад.
Доро Наҷот 4 майи соли 1946 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст.
Соли 2012 барои маҷмуаи ашъори «Меоям аз шигифт» ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор шудааст.
Фаъолияти эҷодии ӯ аз охири солҳои 60-уми асри гузашта оғоз шуда, Доро Наҷот ҳамчун яке аз шоирони муваффақи «шеъри сафед» дар Тоҷикистон шинохта мешуд.
Аз осори маъруфи ӯ китобҳои «Соҳиби кӯҳсор», «Шабнам», «Дарав», «Хирмани Маҳтоб», «Тулӯъе дар ғуруб» ва «Меоям аз шигифт» мебошанд. | 1 204 |
| 13 | #ҚУРБИ_АСЪОР
14.09.2026 | 1 231 |
| 14 | ВАЗЪИ ОБУ ҲАВО БАРОИ 14 СЕНТЯБР | 1 193 |
| 15 | Мусодираи беш аз як тонна гӯшт аз шаҳри Душанбе
Пулиси Душанбе аз ошкор шудани ҳолати нигоҳдории миқдори зиёди гӯшт дар шароити ғайрисанитарӣ хабар медиҳад.
Тибқи иттилои мақомот, сокини 32-солаи маҳаллаи Қуштеппаи ноҳияи Шоҳмансур Қурбоналӣ Нуриддинов ба омода кардани қимма ва маҳсулоти каллаву поча машғул буда, гӯштро дар шароити ғайрибеҳдоштӣ нигоҳ медоштааст.
Ҳангоми санҷиш аз ҳавлии ӯ 1 тоннаю 126 кг гӯшти каллаи чорвои калон, 142 кг забони гӯсфанд ва 540 кг пойи чорвои калон ёфт ва мусодира шудааст.
Мақомот мегӯянд, гӯштҳои ошкоршуда дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштанд.
Ҳамчунин муайян шудааст, ки гумонбар барои нигоҳдории маҳсулот аз 9 яхдон истифода бурда, маблағи нерӯи барқро пардохт накардааст.
Нисбати ӯ бар асоси моддаи 209 Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, барои қонуншиканӣ дар истифодаи нерӯи барқ низ протокол тартиб дода шудааст. | 1 459 |
| 16 | Тоҷикистон дар нахустин нишасти сарони Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ иштирок мекунад
Рӯзи 16 сентябр дар шаҳри Сеул нахустин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад.
Дар он раҳбарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.
Пеш аз нишасти муштарак Президенти Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷэ Мён бо роҳбарони кишварҳои минтақа мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.
Ин вохӯриҳо рӯзҳои 14–16 сентябр дар назар дошта шудаанд.
Дар маркази музокирот рушди тиҷорату сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳои муҳим ва ташкили занҷираҳои устувори таъминот қарор хоҳанд гирифт. | 1 334 |
| 17 | #Зодрӯз муборак
Аз муҳандиси барқ то муовини Сарвазир
13 сентябр зодрӯзи арбоби давлатӣ, номзади илмҳои техникӣ ва муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода аст. Ӯ 67-сола мешавад.
Усмоналӣ Усмонзода 13 сентябри соли 1959 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 1982 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ ва соли 1988 аспирантураи Донишкадаи энергетикии Маскавро хатм кардааст. Ӯ номзади илмҳои техникӣ мебошад.
Фаъолияташро ҳамчун муҳандиси Донишгоҳи техникӣ оғоз намуда, баъдан ассистент, муаллими калон, дотсент ва муовини декани факултети энергетикӣ буд.
Солҳои баъдӣ дар сохторҳои назорати давлатии барқ ва сиёсати энергетикии кишвар вазифаҳои роҳбарикунанда дошт. 21 ноябри соли 2013 вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъин гардида, то ноябри соли 2020 ин вазифаро ба уҳда дошт.
Аз 3 ноябри соли 2020 Усмоналӣ Усмонзода муовини Сарвазири Тоҷикистон аст ва дар ҳайати кунунии Ҳукумат ин вазифаро иҷро мекунад.
Ӯ бо ордени «Шараф» дараҷаи II қадрдонӣ шудааст.
PRESSA.TJ | 1 387 |
| 18 | Дар Рашт 35-солагии Истиқлолро бо барномаи фарҳангӣ таҷлил карданд
Дар ноҳияи Рашт шоми 11 сентябр ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барномаи калони фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда, сокинони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангворро ба муносибати ҷашни Истиқлол табрик намуд.
Ҳунармандони водии Рашт дар барномаи идона сурудҳо ва оҳангҳоро дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ пешкаши иштирокчиён карданд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар омодагӣ ва баргузории чорабинӣ беш аз 8 ҳазор нафар саҳм гирифтаанд. | 1 557 |
| 19 | Сулҳе, ки бо ҳосили ҷасорат аст
Басо рамзист, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби журналист ва публитсист Шариф Ҳамдампур - «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» ба чоп расид.
Ростӣ, ман ин китобро дар як шаб мутолиа намудам. Сабаби чунин зуд хондани китоб, пеш аз ҳама, дар он аст, ки муаллиф дар саҳифаҳои он заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷасорат ва ҷонфидоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар яке аз ҳассостарин ва сарнавиштсозтарин давраҳои таърихи навини кишвар ба риштаи тасвир кашидааст.
Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор | 1 394 |
| 20 | #Зодрӯз муборак
79 сол умр ва даҳсолаҳо дар хизмати давлат
12 сентябр зодрӯзи ходими маъруфи давлатӣ ва ҷамъиятӣ Гулафзо Савриддинова аст. Ӯ 79 - сола шуд. Гулафзо Савриддинова 12 сентябри соли 1947 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Ӯ Донишгоҳи хоҷагии халқи ба номи Плеханови шаҳри Маскав ва баъдан Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкандро хатм кардааст.
Яке аз саҳифаҳои муҳими фаъолияти сиёсии ӯ иштироки фаъолона дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон аст. Гулафзо Савриддинова аз ҷумлаи ҳафт бонуе буд, ки дар кори ин иҷлосияи таърихӣ ширкат доштанд.
Соли 1997 ӯ муовини Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2000 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Барои фаъолияти бисёрсолааш Гулафзо Савриддинова бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени «Дӯстӣ» ва як қатор медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.
PRESSA.TJ | 1 414 |
