fa
Feedback
БАШАНД КИТОБЕН

БАШАНД КИТОБЕН

رفتن به کانال در Telegram

📈 تحلیل کانال تلگرام БАШАНД КИТОБЕН

کانال БАШАНД КИТОБЕН (@bashandkitoben) در بخش زبانی روسی بازیگری فعال است. در حال حاضر جامعه شامل 12 308 مشترک است و جایگاه 3 075 را در دسته کتب و رتبه 184 را در منطقه طاجيكستان دارد.

📊 شاخص‌های مخاطب و پویایی

از زمان ایجاد در невідомо، پروژه رشد سریعی داشته و 12 308 مشترک جذب کرده است.

بر اساس آخرین داده‌ها در تاریخ 06 اکتبر, 2026، کانال فعالیت پایداری دارد. در ۳۰ روز گذشته تغییر اعضا برابر 587 و در ۲۴ ساعت گذشته برابر 2 بوده و همچنان دسترسی گسترده‌ای حفظ شده است.

  • وضعیت تأیید: تأیید نشده
  • نرخ تعامل (ER): میانگین تعامل مخاطب 16.10% است و در ۲۴ ساعت نخست پس از انتشار، محتوا معمولاً 10.15% واکنش نسبت به کل مشترکان کسب می‌کند.
  • دسترسی پست‌ها: هر پست به طور میانگین 1 981 بازدید دریافت می‌کند. در اولین روز معمولاً 1 249 بازدید جمع‌آوری می‌شود.
  • واکنش‌ها و تعامل: مخاطبان به‌طور فعال حمایت می‌کنند؛ میانگین واکنش به هر پست 9 است.

📝 توضیح و سیاست محتوایی

نویسنده این فضا را محل بیان دیدگاه‌های شخصی توصیف می‌کند:
“Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст. Instagram:https://www.instagram.com/bashandkitoben?igsh=MW5zdXE4eGEydmZiaQ%3D%3D&utm_source=qr YouTube: https://youtube.com/@bashandkitoben?si=-CS3pTZA5q5OcCJE Facebook: https://www.facebook.com/share/g/1ArURQip1G/?mi...”

به لطف به‌روزرسانی‌های پرتکرار (آخرین داده در تاریخ 07 اکتبر, 2026)، کانال همواره به‌روز و دارای دسترسی بالاست. تحلیل‌ها نشان می‌دهد مخاطبان به‌طور فعال با محتوا تعامل دارند و آن را به نقطه اثرگذاری مهم در دسته کتب تبدیل کرده‌اند.

12 308
مشترکین
+224 ساعت
+657 روز
+58730 روز
آرشیو پست ها
Номи китоб: БАЁЗИ МЕҲР. —————- Мавзӯи китоб: ДАР КИТОБИ МАЗКУР АШЪОРИ ШОИРОН ДАР МАДҲИ ХУДО, ПАЯМБАР, АИММАИ АТҲОР ВА ИМОМИ ДАВР. КИТОБ ДАР ОСТОНАИ ҶАШНВОРАИ ЗАРРИН (2008) ЧОП ШУДА БУД..

FROM HAZIR IMAM’S FARMAN ————————- «So I say to my Jamat in Uganda: give serious attention to your education, seek to achieve good results. And there are two aspects of this: first, education; second, language. Language is essential in the modern world and many years ago, I advised my Jamat to learn the national language and English, and I repeat that advice to my Jamat today. Learn the national language, but also learn English. And seek to become fluent in English because it is the dominant global language. It is the language of science and it is the language of knowledge in many different areas, so concentrate on learning good English.» ——————- 13.July. 2011

НЕРӮИ ҚАЛБ Дар ин китоб мухтасаре аз ҳадисҳои Пайғамбар(с), нукоти ҳикматомези Мавлоно Алӣ (с) ва фаромини мубораки Мавлои за
НЕРӮИ ҚАЛБ Дар ин китоб мухтасаре аз ҳадисҳои Пайғамбар(с), нукоти ҳикматомези Мавлоно Алӣ (с) ва фаромини мубораки Мавлои замон ҷамъоврӣ гардидаанд. Инчунин ашъори бахшида ба худошиносиву имомшиносӣ аз шоирони классик ва муосир нашр шудаанд.. Икдам китоб дарунен мис фана фаромини Ҳозиримом! Вардъийет дам китоб истифода чидо! Скачать книгу: https://t.me/bashandkitoben/24

НОМИ КИТОБ: АДЪУВҶИН СОЗЕН (ГУЛЧИНИ АШЪОР) МУАЛЛИФИ КИТОБ: САРДОР РАҲДОР «КИТОБИ «АДЬУВЬҶИН СОЗЕН» (ГУЛЧИНИ АШЪОР) ГУЛЧИНИ ШЕЪРУ ТАРОНА, РУБОИВУ ДУБАЙТИХО, ҚИССАВУ СУРУДАҲОИ СОЛҲОИ МУХТАЛИФ БА ЗАБОНИ РӮШОНӢ ЭЪҶОД НАМУДАИ ШОИР САРДОР РАҲДОРРО ДАР БАР ГИРИФТААСТ. ШОИР ДАР ШЕЪРҲОИ ХУД КАЛИМАҲОИ ЗИЁДИ АСЛИИ ЗАБОНИ ШУҒНОНӢ-РӮШОНИРО, КИ ҶОЯШОНРО КАЛИМОТИ ИҚТИБОСӢ ГИРИФТААНД, ДУБОРА ЭҲЁ НАМУДААСТ. МУНДАРИҶАИ МАЪНИИ СУРУДАҲОИ ШОИРРО, АСЛАН МУҲАББАТ ВА САДОҚАТ БА ФАРХАНГИ МИЛЛӢ, МАЗҲАБУ ТАЪРИХ, РАСМУ ОЙИНИ АҶДОДӢ ФАРО ГИРИФТААСТ. ШЕЪРҲОИ БАРОИ КЎДАКОН ЭЪҶОДКАРДААШ БО ЗАБОНУ УСЛУБИ СОДДАВУ РАВОНИ МАРДУМӢ НАВИШТА ШУДА, ТИФЛОНРО БА ХУДШИНОСӢ ТАЛҚИН МЕКУНАНД. БИСЁРЕ АЗ ШЕЪРҲОИ ШОИРРО ОВОЗХОНҲОИ МАШҲУРИ ТОҶИКЗАБОН ВА ПОМИРИЗАБОН МЕСАРОЯНД ВА ДАР ПОЙДОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛАТ САХМГУЗОРӢ МЕКУНАНД. ИШҚИ ВАТАНУ МИЛЛАТ, МАЗҲАБУ МАДАНИЯТИ НИЁГОН ИЛҲОМБАХШИ ЭЪҶОДИЁТИ ШОИР МЕБОШАНД. УМЕД ДОРЕМ, КИ МАҶМӮАИ МАЗКУР ХОНАНДАГОН ВА ДӮСТДОРОНИ ЗАБОНИ ШУҒНОНӢ- РӮШОНИРО ПИСАНД ОЯД.»

ГУФТОРИ АСР ———————- Лоҷарам, халқ ҳама ҳамчу имомон шудаанд, Яксара масхараву мутрибу таррору танноз. Гар ҳама халқ ба дин андар девона шуданд, Эй писар, хештан охир ту чу девона масоз! ——————— ҲУҶҶАТ НОСИРИ ХУСРАВ #ҲуҷҷатНосириХусрав

Ёддоштҳои Оғохон ||| The Memoirs of AGA KHAN Дар китоби мазкур ёддоштҳову хотироти Мавлоно Султон Муҳаммадшоҳ нигошта шудаанд.. Китоб ба забони англисӣ аст!

МАВЛОНО СУЛТОН МУҲАММАДШОҲ (а) ——— «Мӯъмини ҳақиқӣ мисли шер нотарс ҳаст, ки аз чизе наметарсад.. Роҳи ӯ равшан ва сода ҳаст. Чунин мӯъмин ҳатто парвои марг ҳам надорад.. Ӯ маргро истиқбол хоҳад гирифт, зеро вай маргро ҳамчун воситаи раҳошавӣ аз зиндонии рӯйи заминӣ мешуморад.» ——- Занзибар 31.08.1899

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ ДАР БОРАИ АҚЛУ ИМОН ВА ҶӮЁИ ФАРДӢ ——————— «Ва бигзоред имрӯз низ баъзе аз таъбиротеро, ки Ҳазрати Алӣ ба таъбири Исломи мо овард, ба шумо ёдоварӣ кунам. Яке аз усули муҳиме, ки Ӯ овард ин буд, ки Ислом танҳо як мазҳаби одат ва такрор нест. Ин як мазҳаби ақл аст. Он як мазҳаби таҷассус ва ТАҲҚИҚИ ФАРДӢ аст. Он як мазҳаби тааҳҳуд аст нисбат ба дигарон дар иҷтимоъ. Дар ин таҳқиқи ақлонӣ Ҳазрати Алӣ ақлу мазҳабро аз ҳам ҷудо накард. Ҳазрати Алӣ фармуд: ақл ҷанбаи дигари мазҳаб аст, ва ин бар мо аст, бар шумо аст, ки ақлатонро дар ахлоқи мазҳабамон дар ҳар замон ва дар ҳар ҷое, ки зиндагӣ мекунед, ба кор бибаред. Бинобар ин шумо ақлро аз мазҳаб ҷудо накунед. Истифода аз ақл дар ҳар замоне рафтори муносибе аст дар иҷтимоъ.» —————- 29.01.1995 Москва Луғат: Таҳқиқи фардӣ- яъне омӯзиш ба таври мустақил (индивидуальное исследование) Иҷтимоъ- ҷомеа, ҷамъият Тааҳҳуд- ӯҳдадорӣ, кореро ба зиммаи худ гирифтан... ва ё нигоҳубин, хизматгузорӣ Таҷассус - ҷустуҷӯ кардан, хабар пурсидан, ҷӯёи чизе будан Ҷанба- тараф, ҷониб

ДУРУД —————— Вардъийет деф фармонен ху наздикенард бехъто! Фармон якдигарард бехъто мумкин! Арчай цаловд мумкин нист, вадъ хоихъ накинен пешрафт дар саводнокии ҷамоат! Чунки саводнок лап дисут саволта мис лапди сод! Ат савол ҷавобдъедард баъд магам саводи кофӣ даркор! Ат ику саводи кофӣ динавуд, ҳар рақам бӯната ас про вен... соцсет бона киненат, инат он..... Баъд илав диҷат ловениди маш якдигарард фармони ху Имом мабозам! Хориҷа ҷамоатхонаен дарунанден бо амри Мавло алакай фаромини Мавло дар шакли китоб чоп чудат дастраси ҳар як мурид мис йа сат! Ат машард ғал ловен фармонта набозен якдигарард, фармонта пи ҷамоат донд хъойен...ва ғайра! Фармонта ба ғайр ҷамоат, ху чиданд мис хъойен, вам маъно агар нафами баъд са пи ҷамоатхонаху аҳли илмқати вам маъно бора суҳбат кин! Арчирд арчидом фармон даркор сод, қивет ядет дакум тамард фармон!!! Конститутсияи исмоилия мис тамард бозам фармон мис тамард бозам! Дар паноҳи Мавло ваваф!

ПОРАЕ АЗ ФАРМОНИ МАВЛО ————————— «Шумо метавонед системаи телефонии Угандаро хеле машғул созед, то паёми маро ба хонаводаҳои худ бирасонед. Хонаободон, хонаободон, хонаободон.» —————- Кампала, Уганда, 10-уми октябри соли 2017 ФАРОМИНИ МУБОРАК Ҷашни алмосӣ

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ ————————- «Ақл ҷузъе аз эътиқод ва мазҳабу имон аст, ин хусусияти мазҳаби мо аст, ки ақл ва имонро бо ҳам медонад ва ақл муқобили имон нест. Шумо маънии ақлро медонед ва дар ин ҷо истифодаи саҳеҳи ақл лозим аст, ки дониши худро барои истифодаи ҷамоат ба кор барем ва ин худ далел аст, ки мазҳаби мо тавоно аст, ки ба масоили мудерн посух гӯяд ва мо инро қабул намекунем, ки ақл ва имон бо ҳам дар таззод бошанд.» —————— Лондон 12.11.1993

Номи китоб: ИСМОИЛИЁН ТАЪРИХ ВА АҚОИД Муаллиф: Фарҳод Дафтарӣ Скачать книгу: https://t.me/bashandkitoben/219
Номи китоб: ИСМОИЛИЁН ТАЪРИХ ВА АҚОИД Муаллиф: Фарҳод Дафтарӣ Скачать книгу: https://t.me/bashandkitoben/219

АЗ СУХАНОНИ МУБОРАКИ МАВЛОНО АЛӢ (а) ——————————— «Он кас , ки натавонад дӯст ба даст оварад ҷони нотавон дорад ва нотавонтар аз ӯ касест , ки дӯсти ба даст омадаи хешро ба ройгон аз даст бидиҳад.»

АЗ СУХАНОНИ МУБОРАКИ МАВЛОНО АЛӢ (а) ———————— «Бо душмани худ ончунон бошед , ки ӯ бо душмани хештан аст . Агар дуруштӣ кунад , дуруштӣ кунед ва нармии ӯро ба нармӣ посух диҳед.»

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАКИ МАВЛО ——————————- «Ман ҳамвора бо ҷамоатам ҳастам, ҳар рӯз, ҳар дақиқа ва ҳар сония-ҳамвора дар канори ҷамоатам ҳастам. Пас аз шумо мехоҳам, ки инро ба ёд дошта бошед, чаро ки фарзандони ман ҳамвора бо ман ҳастанд. Ҳамеша - рӯзу шаб, зимистон, пойиз, тобистон, ҳар фасле аз сол ва дар ҳар куҷои ҷаҳон онҳо ҳамеша бо ман ҳастанд.» ————————- МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МАВЛО ДАР БОРАИ ҒАНИМАТ ДОНИСТАНИ ВАҚТ ВА ИҶРОИ ФАРОМИН ------------------------------ «Майл дорам ба хотир доред, ҳар бор ки шумо ба соате нигоҳ мекунед, ҳар бор ки шумо ба соати деворӣ нигоҳ мекунед, ҳар лаҳза мебинед ки ақрабаки соат то як сония ё як дақиқа ҳаракат мекунад, маънияш ин аст, ки назди шумо барои амал кардан бар ин фармон як сония ё як дақиқа кам монда аст. Фақат зиндагии рӯҳонӣ абадӣ аст, на зиндагии моддӣ. Ва касоне ки байни шумо навҷавон ҳастанд ва мойил ба гуфтан ҳастанд, ки ”ман ин вазифаро фардо анҷом хоҳам дод” фардо бар намегардад. Ва касоне ки байни шумо куҳансол ҳастанд ва онҳо мегуянд, ики “ман барои анҷом додани ин вазифа бисёр пир ҳастам”. Ба хотир дошта бошед, шумо ҳаргиз бисёр пир нестед, шумо ҳаргиз пир нестед, то вақте, ки шумо дар қайди ҳаёт хастед ҳар руз рузе аст, ки бояд дар он зиндагӣ карда шавад ва дар он руз бояд, ки шумо бо беҳтарин истеъдоди худ масъулиятҳои худро анҷом диҳед, лизо вақти худро дар бехабарӣ аз даст надиҳед, ЗЕРО, КИ ВАҚТ АГАР ЯКБОР ГУЗАШТ БАРОИ ҲАМЕША ГУЗАШТ. Ин чизе ҳаст, ки бояд ҳамаи шумо ба ёд дошта бошед. Ман барои амал бар фармони субҳи рӯз ба ҳамаи шумо фардан дуои хайр ва баракоти хусусии Хешро медиҳам.» ХОНАОБОДОН! ХОНАОБОДОН! ХОНАОБОДОН! ——————————- Бамбай 27. 11. 1973.

НУКОТЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ ДАР БОБИ ДОНИШ ВА БУЗУРГИИ ОН --------------------- «Ба хотир дошта бошед, ки барои ҳар мард ва ҳар як зан ду чизи бисёр муҳим аст, ки ҳаргиз наметавон онҳоро аз шумо ҷудо кард. Аввал РӮҲИ шумо аст ва сонӣ ДОНИШИ шумо аст. Бар руи замин ба ҳар ҷо, ки биравед ва дар ҳар ҷо, ки бошед агар шумо дониши хубе доред ин сармояе аст ки фақат аз они шумо аст ва ҳеҷ кас наметавонад онро аз шумо бигирад, ва ман майл надорам ки шумо инро фаромӯш кунед. Ин барои ҷамоати мо дар Ҳинд содиқ аст, барои чамоати мо дар Африко содиқ аст, барои чамоати мо дар Покистон содиқ аст ва барои чамоати мо дар кулли ҷаҳон содиқ аст. Ва ман ҳаргиз майл надорам ки шумо фаромуш кунед, агар як бор шумо як рутбаи ҳирфаии хубе ба даст оред, хоҳ мард хастед ё зан, ин барои саросари зиндагии шумо як сармояи бисёр бисёр бузург аст, сахт кор кунед ва кишвари худро ва ҷамоати худро дар пешрафт кумак кунед.» —————- Бамбай.9.11.1967.

ФАРМОНИ МАВЛО ДАР БОБИ ДОИЁН ————— «Ба онҳое, ки дар тӯли таърих ба Имом хидмат кардаанд, унвони Доӣ дода шудааст. Имрӯз ҳамаи шумо Доӣ ҳастед - ҳамаи шумо. Пас, ҳамаи шумо Имомро дар ҳаётатон, дар коратон ва дар амали худ муаррифӣ менамоед. Ва ман барои муваффақиятатон дуоҳои махсус медиҳам. Хонаободон! Хонаободон! Хонаободон!» ——————— 7.07.2018 Лисабон

АЗ СУХАНОНИ МУБОРАКИ ҲАЗРАТИ АЛӢ (а) ———————- «Бархезед ! Домани ҳиммат бар камар занед. Бикӯшед, биҷӯшед. Ғавғои зиндагиро ба по бидоред – то зиндаед зиндагӣ кунед ва монанди зиндабагӯрон худро дар кунҷи узлат дафн накунед .»