БАШАНД КИТОБЕН
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст. Instagram:https://www.instagram.com/bashandkitoben?igsh=MW5zdXE4eGEydmZiaQ%3D%3D&utm_source=qr YouTube: https://youtube.com/@bashandkitoben?si=-CS3pTZA5q5OcCJE Facebook: https://www.facebook.com/share/g/1ArURQip1G/?mibexti
Show more📈 Analytical overview of Telegram channel БАШАНД КИТОБЕН
Channel БАШАНД КИТОБЕН (@bashandkitoben) in the Russian language segment is an active participant. Currently, the community unites 12 029 subscribers, ranking 3 149 in the Books category and 187 in the Tajikistan region.
📊 Audience metrics and dynamics
Since its creation on невідомо, the project has demonstrated rapid growth, gathering an audience of 12 029 subscribers.
According to the latest data from 15 September, 2026, the channel demonstrates stable activity. Although there has been a change in the number of participants by 613 over the last 30 days and by 7 over the last 24 hours, overall reach remains high.
- Verification status: Not verified
- Engagement rate (ER): The average audience engagement rate is 28.36%. Within the first 24 hours after publication, content typically collects N/A% reactions from the total number of subscribers.
- Post reach: On average, each post receives 0 views. Within the first day, a publication typically gains 0 views.
- Reactions and interaction: The audience actively supports content: the average number of reactions per post is 0.
📝 Description and content policy
The author describes the resource as a platform for expressing subjective opinions:
“Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст.
Instagram:https://www.instagram.com/bashandkitoben?igsh=MW5zdXE4eGEydmZiaQ%3D%3D&utm_source=qr
YouTube: https://youtube.com/@bashandkitoben?si=-CS3pTZA5q5OcCJE
Facebook: https://www.facebook.com/share/g/1ArURQip1G/?mi...”
Thanks to the high frequency of updates (latest data received on 16 September, 2026), the channel maintains relevance and a high level of publication reach. Analytics show that the audience actively interacts with content, making it an important point of influence in the Books category.
ЭЪЛОН Ҳафтаи оянда панҷ ҷилд китоб аз осори мондагори устод Сардор Раҳдор дар гурӯҳи Башанд Китобен барои дӯстдорони каломи бадеъ дастрас хоҳанд шуд.https://t.me/bashandkitoben
«Китобе, ки дар даст доред, ашъори солиёни охири шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёдро фарогир аст, ки мавзӯъҳои Ватан, ишқу муҳаббат, табиати дилпазори кӯҳистон, ҳамчунин мухаммасу рубоиёт ва дубайтиҳои шоирро дар бар гирифтааст.»Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3809
«Ин китоб ба хотираи 70 солагии Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд бахшида шуда, фарогири мақолаҳо оид ба ҳаёт ва паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти адиб мебошад.»Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3808
«Дар китоби мазкур шеърҳои Ширин Бунёд ба муштариёни каломи бадеъ гулчин шудаанд.»Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3807
«Дар китоби “Чаҳорбарги рубоӣ” рубоиёти Ширин Бунёд, ки мавзўъҳои гуногуни лирикӣ, иҷтимоӣ ва фалсафиро фаро гирифтаанд ва дар ашъори шоир ҷойгоҳи махсусро касб намудаанд, рўи чоп омаданд.»Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3806
«Шоҳи тирандоз маҷмӯъаи шеърҳо ва достонҳоест аз Шоири халқии Тоҷикистон устод Ширин Бунёд.»Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3805
«Шоҳи тирандоз маҷмӯъаи шеърҳо ва достонҳоест аз Шоири халқии Тоҷикистон устод Ширин Бунёд.»Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3794
Рӯзҳои наздик шаш ҷилд китоб аз осор ва рӯзгори устод Ширин Бунёд дар гурӯҳи Башанд Китобен дастраси дӯстдорони каломи бадеъ хоҳанд шуд.https://t.me/bashandkitoben
«Предлагаемая книга - первое обобщающее этнографическое исследование древних верований горных таджиков Южного Таджикистана по материалам погребального обряда. Показана общность духовной культуры горных таджиков Восточной Бухары, выявлены пережитки доисламских верований, их генезис и эволюция. В научный оборот вводятся новые данные в исследовании религиозных традиций, важного фактора культурной и общественной жизни народа.»Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3792
НИДОИ ОШКОРО —————————- Миллатам! Бо ҳақпарастони ту ҳастам сарфароз, Лек, бо тозипарастони ту дорам эътироз. Ҳикмате дорӣ куҳан! Оғози он дирӯза нест, Маншааш бо ибтидои даҳр бошад ҳамтароз. Ҳар касе бо авлиёи хеш менозад, ту ҳам, Бо бузургону паямбарҳои ҳамхунат биноз. Ҳеҷ миллат ҷониби оянда натвон по гузошт, Гар надорад дидгоҳи милливу афкори боз. Ёд дор эй ҳаҷрави ҳамкишварам, бо сарватат, Қасрҳо бунёд гардиданд дар шаҳри Риёз. Махзани шайхи араб лабрез шуд аз ганҷи ту, Бехабар ҳастӣ, ки фарзандат ба нон дорад ниёз. Рафтагони мо чунин гуфтанд: «ҳар як кори хайр, Беҳтар аз он аст, гар дар Каъба бигзорӣ намоз.» Аз Худои худ нишон дар мулки худ бояд биҷуст, Аз Худои худ чаро ҷӯӣ нишон андар Ҳиҷоз…? Борҳо торих бо садҳо далел исбот сохт, Миллат аз тақлиди роҳи ғайр, ёбад инқироз. Ман яқин бар мондагории ту дорам, миллатам, Аз қафои аҷнабӣ гар пой нанмоӣ дароз. Бо нидоҳои баланду ошкорои Аҷиб, Хуш ба ҳоли он, ки ӯ бедор шуд аз хоби ноз. Аҷиб Ҷамол ШАРҲИ ВОЖАҲО: *Эътироз -нигаронӣ. *Тозипараст - арабпараст. *Инқироз -нобудшавӣ. *Ҳиҷоз - номи маконест дар Арабистон, ки Маккаву Мадина воқеъ дар онанд. *Риёз - пойтахти Арабистони саудӣ..➡️ https://t.me/AjibJamolPoems
НИДОИ ОШКОРО —————————- Миллатам! Бо ҳақпарастони ту ҳастам сарфароз, Лек, бо тозипарастони ту дорам эътироз. Ҳикмате дорӣ куҳан! Оғози он дирӯза нест, Маншааш бо ибтидои даҳр бошад ҳамтароз. Ҳар касе бо авлиёи хеш менозад, ту ҳам, Бо бузургону паямбарҳои ҳамхунат биноз. Ҳеҷ миллат ҷониби оянда натвон по гузошт, Гар надорад дидгоҳи милливу афкори боз. Ёд дор эй ҳаҷрави ҳамкишварам, бо сарватат, Қасрҳо бунёд гардиданд дар шаҳри Риёз. Махзани шайхи араб лабрез шуд аз ганҷи ту, Бехабар ҳастӣ, ки фарзандат ба нон дорад ниёз. Рафтагони мо чунин гуфтанд: «ҳар як кори хайр, Беҳтар аз он аст, гар дар Каъба бигзорӣ намоз.» Аз Худои худ нишон дар мулки худ бояд биҷуст, Аз Худои худ чаро ҷӯӣ нишон андар Ҳиҷоз…? Борҳо торих бо садҳо далел исбот сохт, Миллат аз тақлиди роҳи ғайр, ёбад инқироз. Ман яқин бар мондагории ту дорам, миллатам, Аз қафои аҷнабӣ гар пой нанмоӣ дароз. Бо нидоҳои баланду ошкорои Аҷиб, Хуш ба ҳоли он, ки ӯ бедор шуд аз хоби ноз. Аҷиб Ҷамол ШАРҲИ ВОЖАҲО: *Эътироз - мухолифат, нигаронӣ. *Тозипараст - арабпараст. *Инқироз - аз байн рафтан, нобудшавӣ. *Ҳиҷоз - номи маконест дар Арабистон, ки Маккаву Мадина воқеъ дар онанд. *Риёз - пойтахти Арабистони саудӣ..https://t.me/AjibJamolPoems
«Я узнал, брат, что ты не нашел никого, кто бы мог разрешить затруднительные вопросы, которые вызывают много сомнений. Но мы разъясним тебе эти вопросы в книге, которую назвали «Раскрытие и освобождение», поскольку в ней мы раскрыли закрытое слово, чтобы настало раскрытие и спасение душам искренних правоверных.» НАСИР ХУСРАВКнигу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3788
«Драмаи “Даъвати Носир” соли 1994 ба муносибати 1000-солагии нобиғаи Машриқзамин, шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ навишта шуда, худи ҳамон сол сазовори ҷоизаи Озмуни драматургони ҷумҳурӣ гардида буд. Муаллиф дар ин асар зиддиятҳои дохилии давлати Салҷуқиён ва таъсири ногувори он ба сарнавишти Носири Хусрави равшанандешро ба риштаи тасвир кашидааст. Асар бо тасҳеҳ ва такмили муаллиф бори нахуст дар шакли китоб чоп мешавад.»Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3786
ПОМИР – ҚИБЛАИ МАН Пуёи роҳи илмаму ҷуёи ҳикматам, З-ин раҳ равона ҷониби шаҳри саодатам. Аҷдоди ман зи аҳди қадим аҳли илм буд, Ман посдору пайрави ин расму суннатам. Ман дар диёри поки уқобон шудам бузург, Бар амри зоғҳо набувад тоби тоатам. Аз сарзамини нураму бо Нур зиндаам, З-ин рӯ мудом алайҳи сиёҳиву зулматам. Оре! Куруш поягузори адолат аст, Аз қавми он шаҳаншаҳи соҳибадолатам. Ҳаст ифтихори ман зи Авастову Бундаҳишн, Дорандаи тамаддуни пуршаъну шӯҳратам. Бунёнгузори дини нахуст аст Зардуҳишт, Ҳамхуни он паямбари некӯдиёнатам. Ман рӯ ба сӯйи қиблаи бегона кай кунам, Помир қибла ҳаст маро дар ибодатам. Дар кӯдакӣ Аҷиб ниҳоданд номи ман, Зеро, ки ориёии соҳибасолатам. Пуёи роҳи илмаму ҷуёи ҳикматам, З-ин раҳ равона ҷониби шаҳри саодатам. Аҷиб Ҷамол 07.06.2017 https://t.me/AjibJamolPoems
«Муаллиф кӯшиш кардааст, ки нақши исмоилияи асрҳои Х-ХIV-ро дар инкишофи афкори фалсафӣ ва ҷамъиятшиносӣ, озодандешӣ ва озодфикрӣ дар Шарқи исломӣ дар асоси муқоисаи асарҳои мухталифи исмоилиён, мулоҳизаҳои онҳо, ки дар китобҳои муқобилонашон ва адабиёти тадқиқотӣ оварда шудаанд, бо мазмуни китобҳои мутафаккирони дигар ҷараёнҳои ғайришаръӣ (асосан машшоиён ва тасаввуф) ва намояндагони фалсафаи расмӣ — калом, нишон диҳад.»Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3784
«Тамаддуни ориёӣ бо арзишҳои фарҳангиву ахлоқии хеш дар ташаккули тамаддуни башарӣ ва робитаи байни тамаддунҳо нақши бисёр муҳим дорад. Тадқиқоти муаллиф дар иртибот ба ин тамаддуни бузург оид ба воқеияти корбурди истилоҳи таърихии ориё дар осори куҳан, таҳриф ва суиистифодаи номи "арйа" аз ҷониби нажодгароён дар асри ХХ, чигунагии раванди ташаккули забонҳои ориёии эронӣ ва дигар масоили муҳими шинохти ин мардум мебошад, ки дар илми ҷаҳонӣ мавзӯи баҳси доманадори олимони кишварҳои гуногун аст.»Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3783
«Муаллиф кӯшиш кардааст, ки нақши исмоилияи асрҳои Х-ХIV-ро дар инкишофи афкори фалсафӣ ва ҷамъиятшиносӣ, озодандешӣ ва озодфикрӣ дар Шарқи исломӣ дар асоси муқоисаи асарҳои мухталифи исмоилиён, мулоҳизаҳои онҳо, ки дар китобҳои муқобилонашон ва адабиёти тадқиқотӣ оварда шудаанд, бо мазмуни китобҳои мутафаккирони дигар ҷараёнҳои ғайришаръӣ (асосан машшоиён ва тасаввуф) ва намояндагони фалсафаи расмӣ — калом, хусусан асарҳои Ғазолӣ нишон диҳад.»
