ar
Feedback
БАШАНД КИТОБЕН

БАШАНД КИТОБЕН

الذهاب إلى القناة على Telegram

📈 نظرة تحليلية على قناة تيليجرام БАШАНД КИТОБЕН

تُعد قناة БАШАНД КИТОБЕН (@bashandkitoben) في القطاع اللغوي الروسية لاعباً نشطاً. يضم المجتمع حالياً 12 029 مشتركاً، محتلاً المرتبة 3 149 في فئة الكتب والمرتبة 187 في منطقة Tajikistan.

📊 مؤشرات الجمهور والحراك

منذ تأسيسه في невідомо، حقق المشروع نمواً سريعاً وجمع 12 029 مشتركاً.

بحسب آخر البيانات بتاريخ 15 سبتمبر, 2026، تحافظ القناة على نشاط مستقر. خلال آخر 30 يوماً تغيّر عدد الأعضاء بمقدار 613، وفي آخر 24 ساعة بمقدار 7، مع بقاء الوصول العام مرتفعاً.

  • حالة التحقق: غير موثّقة
  • معدل التفاعل (ER): يبلغ متوسط تفاعل الجمهور 28.36‎%. وخلال أول 24 ساعة من النشر يحصد المحتوى عادةً N/A‎% من ردود الفعل نسبةً إلى إجمالي المشتركين.
  • وصول المنشورات: يحصل كل منشور على متوسط 0 مشاهدة. وخلال اليوم الأول يجمع عادةً 0 مشاهدة.
  • التفاعلات والاستجابة: يتفاعل الجمهور بانتظام؛ متوسط التفاعلات لكل منشور يبلغ 0.

📝 الوصف وسياسة المحتوى

يصف المؤلف القناة بأنها مساحة للتعبير عن الآراء الذاتية:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст. Instagram:https://www.instagram.com/bashandkitoben?igsh=MW5zdXE4eGEydmZiaQ%3D%3D&utm_source=qr YouTube: https://youtube.com/@bashandkitoben?si=-CS3pTZA5q5OcCJE Facebook: https://www.facebook.com/share/g/1ArURQip1G/?mi...

بفضل وتيرة التحديث المرتفعة (أحدث البيانات بتاريخ 16 سبتمبر, 2026) تحافظ القناة على حداثتها ومستوى وصول مرتفع. وتُظهر التحليلات تفاعلاً نشطاً من الجمهور، ما يجعلها نقطة تأثير مهمة ضمن فئة الكتب.

12 029
المشتركون
+724 ساعات
+1237 أيام
+61330 أيام
أرشيف المشاركات
Дурудат салом! Агар ар ичи хона «НОМУС» китоб цававд, ар комментария маш хабар ца кинаф лап башанд савд. Дум «НОМУС» китоб муаллиф устод Сардор Раҳдор. Ичанд саҳифаенан машри даркор аз дум китобти! Ид китоб шуравӣ охирон соленанд чоп сат! Варзъаям дум китоб мис дар якҷоягӣ йи китоби электронӣ кинамху ар гуруҳ рибиям! Мардум лак хъойд! Қулоғ @bashandkitoben

ЭЪЛОН Ҳафтаи оянда панҷ ҷилд китоб аз осори мондагори устод Сардор Раҳдор дар гурӯҳи Башанд Китобен барои дӯстдорони каломи б
+3
ЭЪЛОН Ҳафтаи оянда панҷ ҷилд китоб аз осори мондагори устод Сардор Раҳдор дар гурӯҳи Башанд Китобен барои дӯстдорони каломи бадеъ дастрас хоҳанд шуд.
https://t.me/bashandkitoben

КИТОБ: Нома дар барги ҳавас МУАЛЛИФ: Ширин Бунёд
«Китобе, ки дар даст доред, ашъори солиёни охири шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёдро фарогир аст, ки мавзӯъҳои Ватан, ишқу муҳаббат, табиати дилпазори кӯҳистон, ҳамчунин мухаммасу рубоиёт ва дубайтиҳои шоирро дар бар гирифтааст.»
Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3809

НОМИ КИТОБ: Васлгари дилҳо ва вассофи ваҳдат МУАЛЛИФ: Ширин Бунёд
«Ин китоб ба хотираи 70 солагии Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд бахшида шуда, фарогири мақолаҳо оид ба ҳаёт ва паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти адиб мебошад.»
Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3808

НОМИ КИТОБ: Шерозаи ваҳдат МУАЛЛИФ: Ширин Бунёд
«Дар китоби мазкур шеърҳои Ширин Бунёд ба муштариёни каломи бадеъ гулчин шудаанд.»
Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3807

КИТОБ: Чаҳорбарги рубоӣ МУАЛЛИФ: Ширин Бунёд
«Дар китоби “Чаҳорбарги рубоӣ” рубоиёти Ширин Бунёд, ки мавзўъҳои гуногуни лирикӣ, иҷтимоӣ ва фалсафиро фаро гирифтаанд ва дар ашъори шоир ҷойгоҳи махсусро касб намудаанд, рўи чоп омаданд.»
Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3806

КИТОБ: Шоҳи тирандоз МУАЛЛИФ: Ширин Бунёд
«Шоҳи тирандоз маҷмӯъаи шеърҳо ва достонҳоест аз Шоири халқии Тоҷикистон устод Ширин Бунёд.»
Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3805

+4
КИТОБ: Шоҳи тирандоз МУАЛЛИФ: Ширин Бунёд
«Шоҳи тирандоз маҷмӯъаи шеърҳо ва достонҳоест аз Шоири халқии Тоҷикистон устод Ширин Бунёд.»
Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3794

ЭЪЛОН! Рӯзҳои наздик шаш ҷилд китоб аз осор ва рӯзгори устод Ширин Бунёд дар гурӯҳи Башанд Китобен дастраси дӯстдорони каломи
+5
ЭЪЛОН!
Рӯзҳои наздик шаш ҷилд китоб аз осор ва рӯзгори устод Ширин Бунёд дар гурӯҳи Башанд Китобен дастраси дӯстдорони каломи бадеъ хоҳанд шуд.
https://t.me/bashandkitoben

ШИРИН БУНЁД. ОДАМИ ТИЛЛОӢ.pdf26.75 MB

АВТОР: Бабаева Н. С. КНИГА: Древние верования горных таджиков Южного Таджикистана в похоронно-поминальной обрядности (конец ХІХ-начало ХХ вв.)
«Предлагаемая книга - первое обобщающее этнографическое исследование древних верований горных таджиков Южного Таджикистана по материалам погребального обряда. Показана общность духовной культуры горных таджиков Восточной Бухары, выявлены пережитки доисламских верований, их генезис и эволюция. В научный оборот вводятся новые данные в исследовании религиозных традиций, важного фактора культурной и общественной жизни народа.»
Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3792

НИДОИ ОШКОРО —————————- Миллатам! Бо ҳақпарастони ту ҳастам сарфароз, Лек, бо тозипарастони ту дорам эътироз. Ҳикмате дорӣ куҳан! Оғози он дирӯза нест, Маншааш бо ибтидои даҳр бошад ҳамтароз. Ҳар касе бо авлиёи хеш менозад, ту ҳам, Бо бузургону паямбарҳои ҳамхунат биноз. Ҳеҷ миллат ҷониби оянда натвон по гузошт, Гар надорад дидгоҳи милливу афкори боз. Ёд дор эй ҳаҷрави ҳамкишварам, бо сарватат, Қасрҳо бунёд гардиданд дар шаҳри Риёз. Махзани шайхи араб лабрез шуд аз ганҷи ту, Бехабар ҳастӣ, ки фарзандат ба нон дорад ниёз. Рафтагони мо чунин гуфтанд: «ҳар як кори хайр, Беҳтар аз он аст, гар дар Каъба бигзорӣ намоз.» Аз Худои худ нишон дар мулки худ бояд биҷуст, Аз Худои худ чаро ҷӯӣ нишон андар Ҳиҷоз…? Борҳо торих бо садҳо далел исбот сохт, Миллат аз тақлиди роҳи ғайр, ёбад инқироз. Ман яқин бар мондагории ту дорам, миллатам, Аз қафои аҷнабӣ гар пой нанмоӣ дароз. Бо нидоҳои баланду ошкорои Аҷиб, Хуш ба ҳоли он, ки ӯ бедор шуд аз хоби ноз. Аҷиб Ҷамол ШАРҲИ ВОЖАҲО: *Эътироз -нигаронӣ. *Тозипараст - арабпараст. *Инқироз -нобудшавӣ. *Ҳиҷоз - номи маконест дар Арабистон, ки Маккаву Мадина воқеъ дар онанд. *Риёз - пойтахти Арабистони саудӣ..
➡️ https://t.me/AjibJamolPoems

НИДОИ ОШКОРО —————————- Миллатам! Бо ҳақпарастони ту ҳастам сарфароз, Лек, бо тозипарастони ту дорам эътироз. Ҳикмате дорӣ куҳан! Оғози он дирӯза нест, Маншааш бо ибтидои даҳр бошад ҳамтароз. Ҳар касе бо авлиёи хеш менозад, ту ҳам, Бо бузургону паямбарҳои ҳамхунат биноз. Ҳеҷ миллат ҷониби оянда натвон по гузошт, Гар надорад дидгоҳи милливу афкори боз. Ёд дор эй ҳаҷрави ҳамкишварам, бо сарватат, Қасрҳо бунёд гардиданд дар шаҳри Риёз. Махзани шайхи араб лабрез шуд аз ганҷи ту, Бехабар ҳастӣ, ки фарзандат ба нон дорад ниёз. Рафтагони мо чунин гуфтанд: «ҳар як кори хайр, Беҳтар аз он аст, гар дар Каъба бигзорӣ намоз.» Аз Худои худ нишон дар мулки худ бояд биҷуст, Аз Худои худ чаро ҷӯӣ нишон андар Ҳиҷоз…? Борҳо торих бо садҳо далел исбот сохт, Миллат аз тақлиди роҳи ғайр, ёбад инқироз. Ман яқин бар мондагории ту дорам, миллатам, Аз қафои аҷнабӣ гар пой нанмоӣ дароз. Бо нидоҳои баланду ошкорои Аҷиб, Хуш ба ҳоли он, ки ӯ бедор шуд аз хоби ноз. Аҷиб Ҷамол ШАРҲИ ВОЖАҲО: *Эътироз - мухолифат, нигаронӣ. *Тозипараст - арабпараст. *Инқироз - аз байн рафтан, нобудшавӣ. *Ҳиҷоз - номи маконест дар Арабистон, ки Маккаву Мадина воқеъ дар онанд. *Риёз - пойтахти Арабистони саудӣ..
https://t.me/AjibJamolPoems

АВТОР: Носир Хусрав КНИГА: Раскрытие и освобождение (Кушоиш ва раҳоиш)
«Я узнал, брат, что ты не нашел никого, кто бы мог разрешить затруднительные вопросы, которые вызывают много сомнений. Но мы разъясним тебе эти вопросы в книге, которую назвали «Раскрытие и освобождение», поскольку в ней мы раскрыли закрытое слово, чтобы настало раскрытие и спасение душам искренних правоверных.» НАСИР ХУСРАВ
Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3788

НОМИ КИТОБ: Даъвати Носир МУАЛЛИФ: Ато Мирхоҷа
«Драмаи “Даъвати Носир” соли 1994 ба муносибати 1000-солагии нобиғаи Машриқзамин, шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ навишта шуда, худи ҳамон сол сазовори ҷоизаи Озмуни драматургони ҷумҳурӣ гардида буд. Муаллиф дар ин асар зиддиятҳои дохилии давлати Салҷуқиён ва таъсири ногувори он ба сарнавишти Носири Хусрави равшанандешро ба риштаи тасвир кашидааст. Асар бо тасҳеҳ ва такмили муаллиф бори нахуст дар шакли китоб чоп мешавад.»
Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3786

ПОМИР – ҚИБЛАИ МАН Пуёи роҳи илмаму ҷуёи ҳикматам, З-ин раҳ равона ҷониби шаҳри саодатам. Аҷдоди ман зи аҳди қадим аҳли илм буд, Ман посдору пайрави ин расму суннатам. Ман дар диёри поки уқобон шудам бузург, Бар амри зоғҳо набувад тоби тоатам. Аз сарзамини нураму бо Нур зиндаам, З-ин рӯ мудом алайҳи сиёҳиву зулматам. Оре! Куруш поягузори адолат аст, Аз қавми он шаҳаншаҳи соҳибадолатам. Ҳаст ифтихори ман зи Авастову Бундаҳишн, Дорандаи тамаддуни пуршаъну шӯҳратам. Бунёнгузори дини нахуст аст Зардуҳишт, Ҳамхуни он паямбари некӯдиёнатам. Ман рӯ ба сӯйи қиблаи бегона кай кунам, Помир қибла ҳаст маро дар ибодатам. Дар кӯдакӣ Аҷиб ниҳоданд номи ман, Зеро, ки ориёии соҳибасолатам. Пуёи роҳи илмаму ҷуёи ҳикматам, З-ин раҳ равона ҷониби шаҳри саодатам. Аҷиб Ҷамол 07.06.2017 https://t.me/AjibJamolPoems

КИТОБ: Исмоилия ва озодандешии шарқ МУАЛЛИФ: Хаёлбек Додихудоев
«Муаллиф кӯшиш кардааст, ки нақши исмоилияи асрҳои Х-ХIV-ро дар инкишофи афкори фалсафӣ ва ҷамъиятшиносӣ, озодандешӣ ва озодфикрӣ дар Шарқи исломӣ дар асоси муқоисаи асарҳои мухталифи исмоилиён, мулоҳизаҳои онҳо, ки дар китобҳои муқобилонашон ва адабиёти тадқиқотӣ оварда шудаанд, бо мазмуни китобҳои мутафаккирони дигар ҷараёнҳои ғайришаръӣ (асосан машшоиён ва тасаввуф) ва намояндагони фалсафаи расмӣ — калом, нишон диҳад.»
Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3784

НОМИ КИТОБ: Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ МУАЛЛИФ: Эмомалӣ Раҳмон
«Тамаддуни ориёӣ бо арзишҳои фарҳангиву ахлоқии хеш дар ташаккули тамаддуни башарӣ ва робитаи байни тамаддунҳо нақши бисёр муҳим дорад. Тадқиқоти муаллиф дар иртибот ба ин тамаддуни бузург оид ба воқеияти корбурди истилоҳи таърихии ориё дар осори куҳан, таҳриф ва суиистифодаи номи "арйа" аз ҷониби нажодгароён дар асри ХХ, чигунагии раванди ташаккули забонҳои ориёии эронӣ ва дигар масоили муҳими шинохти ин мардум мебошад, ки дар илми ҷаҳонӣ мавзӯи баҳси доманадори олимони кишварҳои гуногун аст.»
Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3783

КИТОБ: Исмоилия ва озодандешии шарқ МУАЛЛИФ: Хаёлбек Додихудоев
«Муаллиф кӯшиш кардааст, ки нақши исмоилияи асрҳои Х-ХIV-ро дар инкишофи афкори фалсафӣ ва ҷамъиятшиносӣ, озодандешӣ ва озодфикрӣ дар Шарқи исломӣ дар асоси муқоисаи асарҳои мухталифи исмоилиён, мулоҳизаҳои онҳо, ки дар китобҳои муқобилонашон ва адабиёти тадқиқотӣ оварда шудаанд, бо мазмуни китобҳои мутафаккирони дигар ҷараёнҳои ғайришаръӣ (асосан машшоиён ва тасаввуф) ва намояндагони фалсафаи расмӣ — калом, хусусан асарҳои Ғазолӣ нишон диҳад.»