cookie

Sizning foydalanuvchi tajribangizni yaxshilash uchun cookie-lardan foydalanamiz. Barchasini qabul qiling», bosing, cookie-lardan foydalanilishiga rozilik bildirishingiz talab qilinadi.

avatar

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/officialntc.tj/ https://www.facebook.com/officialntc.tj

Ko'proq ko'rsatish
Reklama postlari
6 552
Obunachilar
+20924 soatlar
+1 0427 kunlar
+1 05430 kunlar
Postlar arxiv
А5.1-1 – “Забони тоҷикӣ”.pdf1.57 KB
А5.1-2 – “Биология”.pdf1.83 KB
А5.1-3 – “Химия”.pdf1.57 KB
А5.1-4 – “Физика”.pdf1.57 KB
Photo unavailableShow in Telegram
‼️ДОВТАЛАБОНИ ГИРОМӢ! ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ - 2024 - ҚИСМИ А5.1 ДАСТРАС ГАРДИД! ШУМО МЕТАВОНЕД ҶАВОБҲОРО АЗ СОМОНАИ МАРКАЗ Ё САҲИФАИ Telegram ДАСТРАС НАМОЕД.
Hammasini ko'rsatish...
Тамошои дастаҷамъонаи падару модарон аз рафти имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ - 2024 дар маркази имтиҳонии № 02/08 (муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Мактаби байналмилалии Контакт”, шаҳри Исфара)
Hammasini ko'rsatish...
БОЗДИДИ НАМОЯНДАИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ 4-уми июли соли 2024-ум намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Мубиншех ва директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ аз марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе боздид намуданд. Ҳадаф аз ин боздид, пеш аз ҳама, назорати риояи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти имтиҳонҳо, шароити барои имтиҳонсупории довталабон фароҳамгардида ва огоҳонидани шахсони масъули дар ин раванд ҷалбшуда оид ба пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, инчунин суҳбат бо падару модарон ва шахсони дигари довталабонро ҳамроҳикунанда оид ба масъалаҳои марбут ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) буд. Зимни вохӯри ва суҳбат бо шахсони масъули дар рафти имтиҳонҳо ҷалбшуда намояндаи Прокуратураи генералӣ дар хусуси аҳаммияти ИМД дар соҳаи маорифи кишвар, риояи талаботу қоидаҳои муқарраргардида дар раванди имтиҳонҳо, пешгирӣ аз амалҳои номатлубу қаллобӣ, андешидани чораҳо барои дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани имтиҳонҳо суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ҳар як нафари мо масъули амалҳои худ ҳастем ва чун мо фарде аз ин ҷомеаи фарҳангбунёдем, албатта, ҳар амалу гуфтори мо ба ҷомеа бетаъсир нахоҳад монд. Агар мо, ҳамчун як фарди ҷомеаи фарҳангӣ, рафтору гуфторамонро дар асоси фарҳанги миллиамон ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монем, бе шак, хидмати бебаҳое дар пешрафту гулгулшукӯфоии кишвару миллатамон кардаем. Инчунин, директори Маркази миллии тестӣ Ҷаъфарзода С. таъкид кард, ки Марказ барои дар сатҳи зарурӣ ва бо рияои қатъии тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кардани ИМД тамоми чораҳои заруриро андешида, шаффофияту адолатро аз муҳимтарин усули кори худ қарор дода, онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД таъмин менамояд. Маркази миллии тестӣ арзёбии воқеӣ (объективона)-и дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабонро таъмин карда, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монанд дар ИМД роҳ намедиҳад, – қайд кард Ҷаъфарзода С. Дастур дода шуд, ки барои пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлуб дар раванди ИМД тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Сипас намояндаи Прокуратураи генералӣ ва директори Марказ бо падару модарон ва шахсони дигари довталабонро ҳамроҳикунанда, ки барои онҳо дар ҳар яке аз марказҳои имтиҳонӣ бо мақсади раванди имтиҳонҳоро аз синфхонаҳо тавассути мониторҳо мушоҳида кардан толори махсус омода карда шудааст, суҳбат карданд. Зимни суҳбат таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ фаро гирифтани ҷавонон ва омода кардани мутахассисон тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст. Барои сазовори номи донишҷӯй гардидан, кофист, ки довталаб бартарии худро аз ҷиҳати дониш ва маҳорату малакаи бештар доштан нисбат ба довталабони дигар бо супоридани тест дар ИМД собит созад. Дар охир ба падару модарон имкон дода шуд, ки ба намояндаи Прокуратураи генералӣ ва директори Марказ оид ба ИМД саволҳо диҳанд ва пешниҳодҳои худро ироа кунанд.
Hammasini ko'rsatish...
БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ 3-юми июли соли ҷорӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аз рафти баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе боздид намуд. Қабл аз баргузории имтиҳонҳои дохилшавӣ вазири маориф ва илм бо довталабон ва волидону дигар кормандони соҳаи маориф суҳбат намуда, иброз дошт, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф сол то сол меафзояд. Махсусан, шароити хуби таҳсили донишҷӯён ва ба талаботу стандартҳои ҷаҳони муосир мутобиқ намудани муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, таҳсили донишҷӯён тибқи квотаи Президентӣ, ташкилу баргузории озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ҳавасмандсозии донишҷӯёни фаъол бо идрорпулиҳо дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри рушди соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳамзамон, вазири маориф ва илм қайд намуд, ки тағйиру иловаҳои санадҳои ҳуқуқӣ ва меъёрии танзимкунанда дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла, ҳатмӣ намудани зинаи сеюми таҳсилот, гузариш ба низоми баҳогузории даҳхола, мустаҳкам намудани равобити мактабу оила дар таълиму тарбияи кӯдак, ба бар намудани либоси миллӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва чанде дигар барои боз ҳам вусъат бахшидани маорифи миллӣ саҳми сазовор мегузорад. Дар охир вазири маориф ва илм ба довталабон барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар, таҳсили арзандаву ояндаи дурахшон ва пайдо намудани мақому ҷойгоҳ дар касби интихобкардаашон муваффақият таманно намуд.
Hammasini ko'rsatish...
A4-А.1 – “Забони тоҷикӣ”.pdf1.57 KB
A4-А.2 – “Таърих”.pdf1.56 KB
A4-А.3 – “Ҳуқуқ”.pdf1.54 KB
A4-А.4 – “Забони хориҷӣ” (англисӣ).pdf1.55 KB
Photo unavailableShow in Telegram
‼️ДОВТАЛАБОНИ ГИРОМӢ! ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ - 2024 - ҚИСМИ А4 ДАСТРАС ГАРДИД! ШУМО МЕТАВОНЕД ҶАВОБҲОРО АЗ СОМОНАИ МАРКАЗ Ё САҲИФАИ Telegram ДАСТРАС НАМОЕД.
Hammasini ko'rsatish...
A3-1_“Забони тоҷикӣ”.pdf1.57 KB
A3-2_“Таърих”.pdf1.56 KB
A3-3_“Адабиёти тоҷик”.pdf1.42 KB
A3-3_”Забон ва адабиёти рус”.pdf1.38 KB
A3-4_“Забони хориҷӣ” (англисӣ).pdf1.55 KB
А.2 – “Таърих”
Hammasini ko'rsatish...
A3-2_History_tj.pdf1.56 KB
А3-1 – “Забони тоҷикӣ”
Hammasini ko'rsatish...
A3-1_Tajik-Language.pdf1.57 KB
Photo unavailableShow in Telegram
‼️ДОВТАЛАБОНИ ГИРОМӢ! ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ - 2024 - ҚИСМИ А3 ДАСТРАС ГАРДИД! ШУМО МЕТАВОНЕД ҶАВОБҲОРО АЗ СОМОНАИ МАРКАЗ Ё САҲИФАИ Telegram ДАСТРАС НАМОЕД.
Hammasini ko'rsatish...
A2-1_Tajik-Language.pdf1.53 KB
A2-2_Math.pdf1.53 KB
A2-3_Geogr.pdf1.80 KB
A2-4_Engl.pdf1.51 KB
Photo unavailableShow in Telegram
‼️ДОВТАЛАБОНИ ГИРОМӢ! ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ - 2024 - ҚИСМИ А2 ДАСТРАС ГАРДИД!
Hammasini ko'rsatish...
ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗА БАРОИ ДОВТАЛАБОНЕ, КИ БИНОБАР ДАР ДАВРИ ЯКУМИ ИМТИҲОНҲО ИШТИРОК КАРДА НАТАВОНИСТАНАШОН ХОҲИШИ ИШТИРОКРО ДАР ДАВРИ ДУЮМИ ИМТИҲОНҲО ДОРАНД Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар даври якум (асосӣ)-и имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) иштирок карда натавонистаанду хоҳиши супоридани онро дар даври дуюм доранд, расонида мешавад, ки муҳлати пешниҳоди ариза оид ба ин масъала то 9‑уми июл муқаррар гардидааст. Тибқи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023, № 188 тасдиқ гардидааст, довталабе, ки дар даври якуми имтиҳон – қисми А ё қисми Б иштирок карда натавониста, хоҳиши иштирокро дар даври дуюми имтиҳон дорад, бояд маблағи иловагии ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардаи Марказро пардохт карда, ба Марказ дар муҳлати муқарраркардаи он ариза пешниҳод намояд. Арзиши хизматрасонӣ дар соли 2024 барои довталабони дар даври иловагии имтиҳон – қисми А ё Б дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст. Хотиррасон мекунем, ки даври иловагии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо рӯзи 12-уми июл дар марказҳои имтиҳонии шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар ва Кӯлоб баргузор мегардад. Вобаста ба ин, ҳангоми навиштани ариза довталаб бояд яке аз ин шаҳрҳоро ҳамчун макони супоридани имтиҳон қайд кунад. Ба довталабоне, ки барои иҷозат гирифтан ҷиҳати иштирок дар даври иловагии имтиҳонҳо ариза пешниҳод мекунанд, тавсия медиҳем, шумораи телефони худро, ки ҳангоми бақайдгирӣ ва ё пешниҳоди ариза қайд кардаанд, фаъол нигоҳ дошта, худ бо телефонҳои дар зер нишондодашуда барои гирифтани маълумоти зарурӣ бо Маркази миллии тестӣ дар тамос шаванд. Нишонӣ ва рақамҳои телефони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои минтақавии он Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдаки, 192 Телефонҳо: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68 Сомона: www.ntc.tj Почтаи электронӣ: [email protected] Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: - шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 192; - телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67; - [email protected]; Хоруғ: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон: - Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 12. Рашт: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон: - ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79. Хуҷанд: бахши минтақавии Марказ: - вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5. Панҷакент: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон: - вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105. Бохтар: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон: - вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35. Кӯлоб: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон: - вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26. Данғара: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон: - вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32.
Hammasini ko'rsatish...
A1-1_Tajik-Language.pdf1.52 KB
A1-2_Math.pdf1.52 KB
A1-3_Chemistry.pdf1.53 KB
A1-4_Physics.pdf1.53 KB
Photo unavailableShow in Telegram
ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ - 2024 - ҚИСМИ А1
Hammasini ko'rsatish...
Boshqa reja tanlang

Joriy rejangiz faqat 5 ta kanal uchun analitika imkoniyatini beradi. Ko'proq olish uchun, iltimos, boshqa reja tanlang.