Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ir al canal en Telegram
Саҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/officialntc.tj/ https://www.facebook.com/officialntc.tj
Mostrar más6 671
Suscriptores
+324 horas
-357 días
-26730 días
Archivo de publicaciones
ЭЪЛОН: ТАҒЙИРОТ ДАР МУҲЛАТҲОИ ДАВРИ СЕЮМИ ИМД 2026
Душанбе, 18-уми сентябри соли 2026
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ (аз 29-уми август то 15-уми сентябри соли 2026) сабти ном кардаанд, мерасонад, ки бинобар тамдид шудани ин давраи бақайдгирӣ, муҳлати марҳалаҳои дигари ИМД 2026 низ тағйир ёфтанд.
Бо дарназардошти ин гуфтаҳо, барои даври сеюми ИМД 2026 муҳлатҳо ба таври зерин муқаррар карда шуданд: дастрас кардани даъватномаҳо – аз 22-юм то 23-юми сентябр; имтиҳонҳо – қисмҳои В ва Г – аз 23-юм то 25-уми сентябр; имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б – 27-уми сентябр; эълони натиҷаҳо – 2-юми октябр; пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ оид ба холҳои гузошташуда – аз 2-юм то 3-юми октябр; эълони натиҷаҳои тақсимоти асосӣ – 4-уми октябр.
Ҳозиршавии довталабони дар тақсимоти асосӣ комёбшуда дар муассисаҳои таълимӣ аз 4-ум то 7-уми октябр, азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз 6-ум то 9-уми октябр, эълони натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории ин давра 11-уми октябр ва ҳозиршавӣ дар муассисаҳои таълимӣ баъди эълони натиҷаи озмуни тақсимоти такрорӣ аз 11-ум то 13-уми октябри соли 2026 муқаррар шуд.
Хотиррасон менамоем, ки тағйирот танҳо дар муҳлатҳои даври сеюми ИМД 2026 ворид карда шуда, муҳлатҳои даври чоруми ИМД 2026 бетағйир мемонад.
ДАВРАИ СЕЮМИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД 2026 ТАМДИД КАРДА ШУД
Душанбе, 13-уми сентябри соли 2026
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бинобар зиёд будани шумораи хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ муҳлати давраи сеюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) 2026 то 15-уми сентябр тамдид карда шуд.
Реҷаи кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз соати 08:00 то 17:00 муқаррар карда шуда, рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ дар зер оварда шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки барои бақайдгирии давраи сеюми ИМД дар баъзе аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷойҳои иловагии холӣ эълон карда шуд, ки рӯйхатошон дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-oj-oi-kholii-ilovashuda-baroi-ba-ajdgirii-davrai-3-yumi-imd.html), (https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-oj-oi-kholii-ilovashuda-baroi-ba-ajdgirii-davrai-3-yumi-imd.html) гузошта шудааст.
Маълумоти муфасссалро дар бораи масъалаҳои марбут ба давраи сеюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 аз сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/) ва тавассути телефонҳои 224-53-68 ва 224-53-73 пайдо кардан мумкин аст.
ТАВАҶҶУҲ!!!
ДАВРАИ СЕЮМИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОНБАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД 2026 ТАМДИД КАРДА ШУД
Душанбе, 11-уми сентябри соли 2026
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳишахсони хоҳишманди дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олиикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 мерасонад, ки муҳлати давраи сеюмибақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бамуассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД)2026 ду рӯз, яъне то 11-уми сентябр тамдид карда шуд.Реҷа
икор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз соати 08:00 то 17:00 муқаррар карда шуда, рӯйхатинуқтаҳои бақайдгирӣ дар зер оварда шудааст.Маълум
отимуфасссалро дар бораи масъалаҳои марбут ба давраи сеюми бақайдгирии довталабонбарои иштирок дар ИМД 2026 аз сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/)ва тавассути телифонҳои 224-53-68 ва 224-53-73 пайдо кардан мумкин аст.
Муҳтарам Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ!
Шуморо ба муносибати сарфароз гардиданатон бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона ва аз таҳти дил табрику таҳният мегӯем.
Ин мукофоти пуршараф эътирофи шоистаи заҳматҳои содиқона, донишу таҷрибаи ғанӣ ва саҳми арзандаи Шумо дар рушду пешрафти соҳаи маориф, аз ҷумла шаффофият ва мукаммалгардонии фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ба Шумо тансиҳатӣ, амонӣ, беҳбудии рӯзгор ва дар фаъолияти масъулиятноку созандаатон ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон - Тоҷикистон зафарҳои нав ба нав ва муваффақиятҳои беназир хоҳонем!
Мукофоти давлатӣ муборак бошад!
БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: ҶАМЪБАСТИ НИМСОЛАИ ЯКУМИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2026
Душанбе, 5-уми августи соли 2026
5-уми августи соли 2026 тибқи Нақша оид ба гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2005, № АП-1677 тасдиқ гардидааст, дар дафтари асосии Марказ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Мавзуи нишаст ҷамъбасти нимсолаи якуми фаъолияти Марказ дар соли 2026 буд.
Дар нишаст директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур Аҳмад, муовинони директор, сардорони воҳидҳои сохтории Марказ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Директори Марказ Ҷаъфарзода С. Ф. дар оғоз ба намояндагони ВАО дар бораи фаъолияти Марказ дар марҳалаҳои сипаригардидаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ва нақшаҳои оянда ба таври мухтасар иттилоъ дод.
Соли 2026 қабули донишҷӯён тавассути низоми ИМД ба 130 муассиса – 42 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, (4 филиал) ва 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, (11 филиал) – ба роҳ монда шуд. Дар заминаи синфи 11-ум 880 ихтисос пешниҳод шуд, ки 165-тои он ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 715-то ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рост меояд. Дар заминаи синфи 9-ум барои коллеҷҳо 148 ихтисос пешниҳод шуд. Бо дарназардошти муассиса, шакл ва намуди таҳсил қабули донишҷӯён аз рӯйи 6069 комбинатсияи ихтисос ба роҳ монда мешавад, – гуфт Ҷаъфарзода С. Ф.
Намояндагони ВАО дар бораи марҳалаҳои бақайдгирӣ, раванди имтиҳонҳо, тартиб ва муҳлатҳои баргузории озмунҳои тақсимоти такрориву иловагӣ, гурӯҳи довталабони имтиёздор, гурӯҳи ихтисосҳои пуринтихобу каминтихоб, ҳамкориҳои Марказ бо донишгоҳҳои хориҷӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо пешниҳод намуданд, ки роҳбарияти Марказ ба онҳо посух гуфтанд.
Ҷаъфарзода С. Ф. дар анҷом ба намояндагони ВАО барои иштироки фаъолона дар нишаст ва ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ кард.
ЭЪЛОН: НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи намояндагони расонаҳои хабарӣ мерасонад, ки тибқи Нақша оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2005, № АП-1677, рӯзи 5-уми августи соли 2026, соати 14:00 дар дафтари асосии Марказ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад. Мавзуи нишаст ҷамъбасти нимсолаи якуми фаъолияти Марказ дар соли 2026 аст.
Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои даври азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (аз 11 то 13 августи соли 2026)
Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Хуҷанд, Истаравшан ва Панҷакент барои даври азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (аз 11 то 13 августи соли 2026)
Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рашт барои даври азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (аз 11 то 13 августи соли 2026)
Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рашт барои даври азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (аз 11 то 13 августи соли 2026)
Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе барои даври азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (аз 11 то 13 августи соли 2026)
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад, ки барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ баъди озмуни тақсимоти асосӣ дар асоси ҷойҳои холимонда дар муассисаҳои таълимии олии касбӣ ва миёнаи касбӣ давраи азнавбақайдгирӣ аз 11 то 13-уми август оғоз мегардад.
1. Шартҳои иштирок дар озмун
Ҳуқуқи иштирок доранд: Танҳо довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ ёфта, аммо аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба муассисаҳои таълимӣ тақсимот нашудаанд (донишҷӯ нагардидаанд).
Ҳуқуқи иштирок надоранд: Довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфтаанд ва ё дар асоси натиҷаи ин озмун ба яке аз муассисаҳои таълимӣ тақсимот шудаанд.
2. Тартиби азнавбақайдгирӣ
Ба рақами телефони мобилии довталабони ҳуқуқи иштирокдошта паёмаки (SMS) ройгон ворид мегардад, ки дар он рӯз ва нишонии нуқтаи бақайдгирӣ нишон дода мешавад.
Феҳристи ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ дар сомонаи расмии Марказ (
ntc.tj) дар шакли электронӣ ва дар нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шакли чопӣ дастрас мегардад.
Ҳангоми азнавбақайдгирӣ довталаб имкон дорад то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро дар доираи танҳо як гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) интихоб намояд.
3. Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият:
Шахсони ба синни 16 расида: Шиносномаи миллӣ (ё маълумотномаи муҳрдор бо сурат аз ШВКД) ва нусхаи он.
Шахсони ба синни 16 нарасида: Шаҳодатнома дар бораи таваллуд ва маълумотнома бо сурат ва муҳр аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо.
Шаҳрвандони хориҷӣ: Шиносномаи хориҷӣ ва маълумотнома аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо.
Варақаи бақайдгирӣ: Варақае, ки дар давраи пешинаи бақайдгирӣ ба довталаб дода шудааст.
Ҳуҷҷат дар бораи пардохти маблағ: Расид (квитансия)-и пардохти маблағи иловагӣ дар ҳаҷми 30 (си) сомонӣ, ки тавассути филиалҳо/марказҳои хизматрасонии КВД КБҶТ «Амонатбонк» (ё барномаи мобилии «Амонат мобайл») ва ҶСК «Бонки Эсхата» (ё барномаи «Eskhata Online») пардохт карда шудааст.
4. Эълони натиҷаҳо
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ тавассути паёмакҳои (SMS) ройгон ба рақами мобилии довталаб, Кабинети инфиродӣ дар сомонаи Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ расонида мешаванд.
🌐 Маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Марказ: www.ntc.tjМаркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад, ки барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (иловагӣ) баъди озмуни тақсимоти асосӣ дар асоси ҷойҳои холимонда дар муассисаҳои таълимии олии касбӣ ва миёнаи касбӣ давраи азнавбақайдгирӣ аз 11 дохил то 13-уми август оғоз мегардад.
1. Шартҳои иштирок дар озмун
Ҳуқуқи иштирок доранд: Танҳо довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ ёфта, аммо аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба муассисаҳои таълимӣ тақсимот нашудаанд (донишҷӯ нагардидаанд).
Ҳуқуқи иштирок надоранд: Довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфтаанд ва ё дар асоси натиҷаи ин озмун ба яке аз муассисаҳои таълимӣ тақсимот шудаанд.
2. Тартиби азнавбақайдгирӣ
Ба рақами телефони мобилии довталабони ҳуқуқи иштирокдошта паёмаки (SMS) ройгон ворид мегардад, ки дар он вақт ва нишонии нуқтаи бақайдгирӣ нишон дода мешавад.
Феҳристи ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ дар сомонаи расмии Марказ (
ntc.tj) дар шакли электронӣ ва дар нуқтаҳои бДовталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 5‑уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд.
Дар сурати бо сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб дар муассисаи таълимӣ, довталабро зарур аст, ки қаблан, то 5‑уми август, муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.
ТАВАҶҶУҲ! Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар довталаби аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимшуда дар муҳлати муқарраркардаи Марказ (то 6‑уми август) ҳуҷҷатҳои заруриро барои қабул ба муассисаи таълимии дахлдор пешниҳод накунад, ҷойи ӯ дар тақсимоти баъдӣ ё давраи дигари бақайдгирии довталабон пешниҳод карда мешавад.
Моро дар Instagram пайгирӣ намоед: https://www.instagram.com/offici
ТАРТИБИ ТАҚСИМОТИ ДОВТАЛАБОН БА МУАССИАҲОИ ТАЪЛИМӢ ТИБҚИ КОМБИНАТСИЯИ ИХТИСОСҲОИ ИНТИХОБКАРДААШОН
Тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси системаи иттилоотии «Довталаб» дар асоси озмун анҷом дода мешавад. Маълумот дар бораи натиҷаҳои тақсимот – комёб гардидан ё нагардидани довталабон аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба ҳар як довталаб дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ дастрас мегардад (тавассути паёмак (SMS) ва кабинети инфиродӣ).
Тақсимоти довталаб аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш мувофиқи бартарии интихоб ва ҷойи довталаб дар рӯйхати мураттабкардаи модули барномавии махсус тибқи балҳои умумии дахлдори бадастовардаи довталабон барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои мазкур анҷом дода мешавад.
Тақсимоти довталаб дар раванди тақсимот дар навбати аввал аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), баррасӣ карда мешавад. Агар довталаб дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси якум нишондодааш комёб шавад, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои баъдии интихобкардааш ба роҳ монда намешавад.
Агар довталаб дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), нагузарад, он гоҳ тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи дуюм нишон додааст (яъне бартарии интихобаш дуюм), ба роҳ монда мешавад. Раванди тақсимот бо ин тартиб то замоне идома меёбад, ки довталаб ё аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб мешавад ё аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш муваффақ намешавад.
Агар довталаб дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимот шуда бошад, он гоҳ новобаста ба он ки балли умумии бадастовардааш барои тақсимот шуданаш аз рӯйи комбинатсия (комбинатсияҳо)-и ихтисос (ихтисосҳо)-и баъдии интихобкардааш кофӣ аст, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳо)-и ихтисос (ихтисосҳо)-и баъдии интихобкардааш баррасӣ намешавад. Довталаби мазкур ҳуқуқи иштирок карданро дар тақсимоти такрорӣ низ надорад.
Довталабе, ки дар тақсимот (-и асосӣ) иштирок карда, дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нашудааст, дар сурати баргузор шудани тақсимоти такрорӣ ҳуқуқ дорад, ки аз нав худро номнавис карда, дар тақсимоти навбатӣ иштирок намояд.
Довталаби аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимшуда бояд то муҳлате, ки Марказ барои ҳар тақсимот (асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ) муқаррар мекунад, ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор барои бақайдгирӣ ва қабул ҳозир шавад. Агар довталаби мазкур бинобар сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имкони ҳозир шуданро ба муассисаи таълимии дахлдор надошта бошад, ӯ уҳдадор аст, ки ҳуҷҷатҳои барои қабул заруриро тавассути хешованди наздикаш (падар, модар, бародар ё хоҳар) дар ҳамин муҳлати муқарраргардида ба муассисаи таълимии дахлдор пешниҳод намояд. Дар ин сурат муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ уҳдадор аст, ки ҳуҷҷатҳои довталабро аз хешованди наздикаш (падар, модар, бародар ё хоҳар) қабул кунад. Агар довталаби мазкур дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои барои қабул заруриро ба муассисаи таълимии дахлдор пешниҳод накунад, ҷойи ӯ дар тақсимоти баъдӣ ё давраи дигари бақайдгирии довталабон пешниҳод карда мешавад.
25-уми июли соли ҷорӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 эълон карда мешавад.
Мувофиқи тартиб ба озмуни тақсимоти асосӣ довталабоне роҳ ёфта буданд, ки аз рӯйи субтестҳои дахлдлор холҳои гузаришро соҳиб шудаанд.
Вобаста аз комёб шудан ё нашудани довталаб дар озмуни тақсимот ба ӯ тавассути паёмак (SMS) маълумоти мухтасар дар шакли яке аз ҷумлаҳои зерин фиристода мешавад:
1. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Даъватнома: ХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи интихоби N (ихтисоси ХХХХХХХ, шакли таҳсил, намуди таҳсил, номи муассисаи таълимӣ) ГУЗАШТЕД. Фавран то 05.08.2026 ба муассисаи таълимӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ҳозир шавед! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.”
2. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Даъватнома: ХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД ва метавонед дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок намоед. Барои ин бояд аз 11 то 13 августи соли 2026 аз нав аз қайд гузаред. Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи расмии ММТ (www.ntc.tj) дастрас кунед.”
Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб гузошта мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки бали гузариш тибқи комбинатсияи ихтисос пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як комбинатсияи ихтисос танҳо пас аз тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян маълум мегардад.
Моро дар Instagram пайгирӣ намоед: https://www.instagram.com/officialntc.tj/
