ar
Feedback
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

الذهاب إلى القناة على Telegram

Саҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/officialntc.tj/ https://www.facebook.com/officialntc.tj

إظهار المزيد
4 895
المشتركون
-724 ساعات
+47 أيام
+7730 أيام
أرشيف المشاركات
ТАМДИДИ МУҲЛАТИ ДАВРАИ ЯКУМ (АСОСӢ)-И БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД-2026 Душанбе, 28-уми апрели соли 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 мерасонад, ки муҳлати давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои зерин то 30‑юми апрел дароз карда шуд. Аз ин лизоҳ, ба шахсони хоҳишманди номнависӣ барои иштирок дар ИМД 2026 тавсия дода мешавад, ки ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ заруриро пешакӣ омода ва дар нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ҳозир шаванд. Лозим ба зикр аст, ки тибқи нақшаи фаъолияти Марказ давраи дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 аз 10-ум то 30-юми июн ба роҳ монда мешавад. Шахсони хоҳишманди номнависӣ барои иштирок дар ИМД 2026, ки дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ худро сабти ном карда наметавонанд, имкон доранд, ки дар давраи дуюм худро номнавис кунанд. Шахсоне, ки аз ихтисосҳои интихобкардаашон норозиянд ва хоҳиши иваз кардани ихтисосҳои қаблиашонро доранд метавонанд то 30-юми апрели соли 2026 дар нуқтаҳои бақайдгирии пештар аз қайд гузаштаашон ҳозир шуда, ихтисосҳои худро иваз кунанд. Шахсоне, ки дар давраи фаъолияти нуқтаҳои сайёрӣ бақайдгирӣ дар ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Варзоб ва шаҳри Роғун ба қайд гирифта буданд, барои азнавбақайдгирӣ бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба бинои асосии Марказ ҳозир шаванд. Шахсоне, ки дар дигар нуқтаҳои сайёрӣ бақайдгирӣ аз қайд гузаштанд ва хоҳиши ивази ихтисосҳояшонро доранд, бояд ба бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Марказ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки рӯйхаташон дар зер оварда шудааст, муроҷиат кунанд. https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/tamdidi-mu-lati-davrai-yakum-asos-i-ba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-imd-2026.html

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ ​ Душанбе, 26-уми декабри соли 2025 ​ 26-уми декабри соли
+9
ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ ​ Душанбе, 26-уми декабри соли 2025 ​ 26-уми декабри соли 2025 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16-уми декабри соли равон баргузор гардида буд, ҷаласа доир гардид. Дар ҷаласа директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотии ин Кумита Гадоев Абдурасул ва кормандони Марказ иштирок намуданд. Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ ва суханони ифтитоҳии директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ оғоз шуд.

МАРОСИМИ МУКОФОТСУПОРӢ БА ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИН ДОВТАЛАБОНИ ИМД ДАР СОЛИ 2025 ​ Душанбе, 2-юми декабри соли 2025 ​ 2-юми декабри соли 2025 дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино маросими мукофотсупорӣ ба даҳгонаи беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025 ба таври идона бо иштироки намояндагони Ҳукумати кишвар, роҳбарони аввали ниҳодҳои марбутаи шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва донишҷӯёну толибилмон баргузор гардид. Сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои муҳимтарини соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб рафта, ҳамеша дар мадди назари Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо ин мақсад Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста барои тарғибу ташвиқи бештари донишандӯзӣ, ки яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот аст, кӯшиш мекунад. Марказ дар ҳамин робита барои дастгирии иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии ҷавонон ва ҳавасмандсозии онҳо, аз ҷумла ҳар сол даҳгонаи беҳтарини довталабонро дар ИМД, ки аз рӯйи дастовардҳо – холҳои бадастовардаашон дар ҷойи аввал қарор мегиранд ва тибқи рейтинги ҳамгиро (интегралӣ) аз ҳамаи субтестҳо дар имтиҳонҳои номбурда мақоми болотаринро соҳиб мешаванд, муайян ва қадр менамояд. Марказ тибқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2020, № 427 тасдиқ гардидааст, довталабонеро, ки аз рӯйи дастовардҳо – соҳиб шуданашон ба шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳо аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо аз ҷумлаи беҳтаринҳоянд, низ интихоб ва қадрдонӣ мекунад. Марказ маросими қадргузории даҳгонаи беҳтарини довталабонро дар ИМД​ шуруъ аз соли 2018 баргузор менамояд ва ​ имсол дар асоси фармоиши директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабони беҳтаринро дар бахшҳои даҳгонаи довталабони беҳтарин дар ИМД 2025, довталабони беҳтарини ИМД 2025 дар доираи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, довталаби беҳтарини ИМД 2025 дар бахши “Пешаи омӯзгорӣ”, довталаби беҳтарини ИМД 2025 дар бахши “Забон ва адабиёти тоҷик”, довталабони беҳтарини ИМД 2025 дар бахши “Технологияи рақамӣ” ва довталабони беҳтарини ИМД 2025 дар бахши “Пешоҳангдухтарони илмҳои дақиқ” муайян ва дар фазои мутантан қадрдонӣ намуд. Дар анҷом бо барномаи рангини ҳунарӣ ва суруду таронаҳои дилнишин хотири меҳмонону иштирокдорони маросими мукофотсупорӣ шод карда шуд. https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/marosimi-mukofotsupor-ba-da-gonai-be-tarin-dovtalaboni-imd-dar-soli-2025.html

ТАШКИЛИ НУҚТАИ САЙЁРИ БАҚАЙДГИРӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН Душанбе, 21-уми декабри соли 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди таҳсил дар гурӯҳҳои ғоибона ва фосилавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 мерасонад, ки барои давраи чоруми бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ИМД 2025 дар заминаи муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Ёвон” 25-уми ноябри соли 2025 нуқтаи сайёри бақайдгирӣ фаъолият мекунад. Довталабон барои гирифтани маълумот дар бораи тартиби номнависӣ ва нуқтаи сайёри бақайдгирӣ метавонанд тавассути телефон (рақамҳо: 224 53 68 ва 224 53 73) бо шахсони масъули Марказ дар тамос шаванд.

ЭЪЛОН: ДАВРАИ ЧОРУМИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД 2025 ОҒОЗ ГАРДИД

ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРИИ ДОВТАЛАБОН ДАР ДАВРАИ СЕЮМИ ИМД 2025 7-уми октябри соли 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории довталабонеро, ки дар давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025 иштирок кардаанд, эълон кард. Барои эълони натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон аз хизматрасонии ирсоли паёмакҳо ва кабинетҳои инфиродии довталабон истифода карда шуд. Вобаста ба ин, дар бораи натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон ба телефони мобилии ҳар довталаби дар давраи аз 1-ум то 4-уми октябр аз нав номнависшуда паёмак бо маълумоти мухтасар фиристода шуд. Инчунин, маълумоти муфассал дар ин бора, аз ҷумла бали умумии аз қисми дахлдор бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва бали гузариш дар доираи ҳар як комбинатсия (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардида бошад) дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб ҷойгир карда шуд. Ёдрас менамоем, ки бо мақсади шинос шудан бо натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ довталаби барои иштирок дар ин озмун аз нав номнависшуда бояд аз кабинети инфиродии наваш истифода кунад. Барои воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ довталаб бояд аз рақами назоратии нав ва рамзи муваққатии кабинет, ки дар варақаи бақайдгирии охиринаш қайд шудааст, истифода намояд. Муфассал: дар www.ntc.tj

Мукофоти давлатӣ муборак бошад акаи арҷманд! Ба Шумо барору муваффақият ва пешравиҳои рӯзафзунро таманно дорем.
+1
Мукофоти давлатӣ муборак бошад акаи арҷманд! Ба Шумо барору муваффақият ва пешравиҳои рӯзафзунро таманно дорем.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 мерасонад, ки бақайдгирии довталабон барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) аз 2‑юми сентябр оғоз гардид. Барои бақайдгирии довталабон дар ин давра дар 11 шаҳру ноҳия – Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Данғара ва Рашт 11 нуқтаи бақайдгирӣ фаъолият мекунад. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ дар зер оварда шудааст. Дар ин давра шахсони зерин худро номнавис карда метавонанд: - шахсоне, ки дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд; - довталабони дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум ва дуюм) иштирок накардаанд; - довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест ба холи гузариш соҳиб нашудаанд; - довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд; - довталабоне, ки дар яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд. Муҳлати бақайдгирӣ барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳо то 13-уми сентябр муқаррар гардидааст. Хотиррасон мекунем, ки агар довталаби дар ин давра номнависшуда хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалаашро дошта бошад, метавонад ин корро анҷом диҳад. Барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки дар он худро сабти ном кардааст, муроҷиат кунад. Дар давраи сеюми бақайдгирӣ барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз се озмун – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии даврҳои якум ва дуюми ИМД 2025 холӣ мондаанд, пешниҳод карда шудаанд. Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупорӣ ва макони фиристодани даъватномаро бояд интихоб кард. Инчунин, довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб мекунанд, барои имтиҳон аз забони хориҷӣ яке аз забонҳои хориҷӣ – англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабиро бояд интихоб намоянд. ТАВАҶҶУҲ! Рӯйхати ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои давраи сеюми бақайдгирии довталабон пешниҳод мегардад, дар сомонаи Марказ гузошта шудааст. Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки аз рӯйхати мазкур комбинатсияҳои ихтисосҳоро пешакӣ интихоб намуда, баъдан ба нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд ва тибқи тартиботи муқарраршуда ба бартарии интихобҳо диққат диҳанд ва хато накунанд. Муфассал дар сомонаи Марказ: www.ntc.tj

ОҒОЗИ ДАВРАИ СЕЮМИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД 2025
ОҒОЗИ ДАВРАИ СЕЮМИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД 2025

Почтаи электронии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ 1. office@ntc.tj 2. Душанбе – Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: - шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192 (нуқтаи роҳнамо – боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ); - телефонҳо: 224-53-68, 224-53-73, 44-600-40-02, 44-600-40-06. 3. Хоруғ – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: - шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (нуқтаи роҳнамо – маркази шаҳр, муассисаи таълимии давлатии “Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”); - телефон: 915-20-72-29, 915-28-00-55. 4. Хуҷанд – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: - шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (нуқтаи роҳнамо – маҳаллаи Бофанда, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимов); - телефон: 926-44-11-48. 5. Истаравшан – гимназияи № 5-и ба номи Раҷаб Амонов: - шаҳри Истаравшан, кӯчаи Аслонхӯҷа Юнусов, 93 (нуқтаи роҳнамо – бинои бонки “Эсхата”); - телефон: 927-55-61-19. 6. Панҷакент – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: - шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримов); - телефон: 871-25-09-09. 7. Бохтар – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: - шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4); - телефон: 888-88-03-08. 8. Кӯлоб – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: - шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6‑и ба номи Давлаталӣ Назаров); - телефон: 918-57-90-77. 9. Данғара – литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун: - ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30 (нуқтаи роҳнамо – шуъбаи маориф); - телефон: 939-32-55-65, 553-55-95-52. 10. Шаҳритус – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1: - ноҳияи Шаҳритус, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 54 (нуқтаи роҳнамо – беморхонаи марказӣ); - телефон: 935-10-95-05. 11. Рашт – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: - ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79 (нуқтаи роҳнамо – шуъбаи маориф); - телефон: 988-18-86-78, 918-28-29-30.