uz
Feedback
БАШАНД КИТОБЕН

БАШАНД КИТОБЕН

Kanalga Telegram’da o‘tish

📈 Telegram kanali БАШАНД КИТОБЕН analitikasi

БАШАНД КИТОБЕН (@bashandkitoben) Rus til segmentidagi kanali faol ishtirokchi. Hozirda hamjamiyat 12 308 obunachidan iborat bo'lib, Kitoblar toifasida 3 075-o'rinni va Tojikiston mintaqasida 184-o'rinni egallagan.

📊 Auditoriya ko‘rsatkichlari va dinamika

невідомо sanasidan buyon loyiha tez o‘sib, 12 308 obunachiga ega bo‘ldi.

06 Oktabr, 2026 dagi oxirgi ma’lumotlarga ko‘ra kanal barqaror faollikka ega. Oxirgi 30 kunda obunachilar soni 587 ga, so‘nggi 24 soatda esa 2 ga o‘zgardi va umumiy qamrov yuqori darajada qolmoqda.

  • Tasdiqlash holati: Tasdiqlanmagan
  • Jalb etish (ER): Auditoriya o‘rtacha 16.10% darajada jalb etiladi. Nashrdan keyingi dastlabki 24 soatda kontent odatda umumiy obunachilar sonining 10.15% ini tashkil etuvchi reaksiyalarni to‘playdi.
  • Post qamrovi: Har bir post o‘rtacha 1 981 marta ko‘riladi; birinchi sutkada odatda 1 249 ta ko‘rish yig‘iladi.
  • Reaksiyalar va o‘zaro ta’sir: Auditoriya faol: har bir postga o‘rtacha 9 ta reaksiya keladi.

📝 Tavsif va kontent siyosati

Muallif resursni shaxsiy fikrni ifoda etish maydoni sifatida ta’riflaydi:
“Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст. Instagram:https://www.instagram.com/bashandkitoben?igsh=MW5zdXE4eGEydmZiaQ%3D%3D&utm_source=qr YouTube: https://youtube.com/@bashandkitoben?si=-CS3pTZA5q5OcCJE Facebook: https://www.facebook.com/share/g/1ArURQip1G/?mi...”

Yuqori yangilanish chastotasi (oxirgi ma’lumot 07 Oktabr, 2026 da olingan) sababli kanal doimo dolzarb va katta qamrovli bo‘lib qoladi. Analitika auditoriya kontent bilan faol hamkorlik qilishini, uni Kitoblar toifasidagi muhim ta’sir nuqtasiga aylantirishini ko‘rsatadi.

12 308
Obunachilar
+224 soatlar
+657 kun
+58730 kun
Postlar arxiv
ФАРМОНИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ

Номи китоб: ИСМОИЛИЁН Муаллиф: Фарҳод Дафтарӣ Скачать книгу: https://t.me/bashandkitoben/219
Номи китоб: ИСМОИЛИЁН Муаллиф: Фарҳод Дафтарӣ Скачать книгу: https://t.me/bashandkitoben/219

Порае аз Фармони Мубораки Мавлоно Ҳозиримом Қабули меҳмониҳои ҷамоатӣ, Торонто, Канада субҳи 17-уми ноябри соли 2017 ——————————————- Фарзандони рӯҳонии маҳбубам, Ҷамоати мо имрӯз нисбат ба ҳамаи давраҳои гузашта бештар пароканда мебошад. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд ҷӯёи роҳбароне дар ҷамоат бошем, ки ҷамоатро дар Сирот ал-Мустақим - роҳи рост - зиндагӣ дар сулҳу салоҳ, ҳаёти софу беолоиш, ҳаёти поквиҷдонона ва зиндагии саховатмандона роҳбарӣ хоҳанд намуд. Дар таърихи инсоният ин давраест, ки ҷомеаҳо бояд дар саросари ҷаҳон бо ҳам биёянд. Онҳо бояд бо ҳам биёянд, то бо мушкилоти ҳаёт бархурд намоянд, барои наслҳои ояндаи худ созгор бошанд, созмонҳое, ки беҳтарин таҷрибаро дар таҳсилу омӯзиш, дар соҳаи тандурустӣ, дар рушди иқтисод пешниҳод хоҳанд намуд, таъсис диҳанд. Яъне, ин замонест, ки тамоми неру ва захоири ҷомеа бояд бо ҳам биёянд. Ва дар дохили ин мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандии воҳид, ҷамоати мо иншоллоҳ нақши хешро хоҳад бозид. Ва шумо лаёқату салоҳиятҳои худ, дониши худ, ростиву дурустии худро бо худ хоҳед овард, то ҷамоат ва ҳамаи мардумоне, ки шумо дар миёни онҳо зиндагӣ мекунед, битавонед аз таҷрибаи беҳтарин фоида баред. Ба оянда нигариста, ман ба худ мегӯям: аз насли ҷавонтари ҷамоати мо бисёр чизҳо вобаста аст ва ман мехостам, ки онҳо ҳисси рисолат дошта бошанд. Онҳо ба чӣ чиз барои худ, барои ҷамоати худ, барои кишварҳое, ки дар онҳо зиндагӣ мекунанд, мехоҳанд ноил гарданд? Бинобар ин, имрӯз ба наслҳои ҷавонтари ҷамоат мегӯям: шумо шояд имконияти беназиреро дар таърих доред, то донишро аз худ кунед, арзишҳоро аз худ намоед ва барои наслҳои ояндаи худ он арзишҳоро ба мерос гузоред. Бинобар ин, ман ба шумо мегӯям, дар дохили он арзишҳо зиндагӣ кунед, фарзандони худро маълумотнок намоед, замоне, ки шумо волидайн мешавед, фарзандони худро бо он арзишҳо маълумотнок созед, то ки ин арзишҳо қисмати доимии ҳаёти шумо гарданд.

Порае аз Фармони Мубораки Мавлоно Ҳозиримом қабули меҳмониҳои ҷамоатӣ, Қарочӣ, Покистон 16 декабри соли 2017 ——————- Ҳамин тариқ, ман имрӯз ба шумо, ба ин ҷамоат ва ба ҷамоати ман дар умум мегӯям: ба хотири сулҳ кор кунед, барои барқарор намудани сулҳ кумак кунед, дар куҷое ки фишор мавҷуд аст дар он ширкат накунед. Кӯшиш кунед, ки низоро барҳам диҳед, то ки ҷамоати мо дар миқёси умумиҷаҳонӣ дар сулҳ, дар оромӣ зиндагӣ кунад; нафарони ҷавон дар дониш ва дар тахассус имконияти пеш рафтанро пайдо кунанд. Аз ин рӯ, ман хоҳиш дорам, ки ҷамоати ман дар бунёди сулҳ дар гирду атрофи хеш ва бо дигар ҷамоатҳо намуна бошад. Ин кӯшишест, ки бояд амалӣ карда шавад, чун ин кӯшиши бисёр ҳам муҳим аст, яъне дар ҳар куҷое, ки ҷамоат зиндагӣ мекунад, дар куҷое ки ҷамоат зиндагӣ мекунад – вай бояд дар сулҳ, дар хушбахтӣ, дар оромӣ, дар ягонагӣ ва устуворӣ дар Сирот-ул-мустақим зиндагӣ кунад. Хонаободон, хонаободон, хонаободон.

Порае аз Фармони Мубораки Мавлоно Ҳозиримом Дарбори Ҷашни Алмосӣ, Бунӣ, Читрол, Покистон, 9-уми декабри соли 2017 ——————— Фарзандони рӯҳонии маҳбубам, Ҳарчанд ман шуморо ҷисман тарк мекунам, ман ҳамеша бо ҷамоати худ ҳастам. Ҳар рӯз, ҳар дақиқа, ҳар сония, ман ҳамеша бо ҷамоати худ ҳастам. Бинобар ин, ман мехоҳам шумо инро ба ёд дошта бошед, зеро фарзандони ман ҳамеша бо ман ҳастанд, ҳамеша, рӯзу шаб, зимистон, тирамоҳ, тобистон, дар ҳар фасли сол ва дар ҳар ҷои ҷаҳон ҳамеша бо ман ҳастанд. Ман бори дигар ба якояки шумо беҳтарин, беҳтарин ва муҳаббатомезтарин дуоҳои хайри худро медиҳам. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон.

Киссаи Мансури Халлоч - 9.mp339.55 MB

Киссаи Мансури Халлоч - 8.mp339.71 MB

Киссаи Мансури Халлоч - 7.mp337.98 MB

Киссаи Мансури Халлоч - 6.mp339.67 MB

Киссаи Мансури Халлоч - 5.mp339.28 MB

Киссаи Мансури Халлоч - 4.mp338.15 MB

Киссаи Мансури Халлоч - 3.mp338.22 MB

Киссаи Мансури Халлоч - 2.mp326.90 MB

Киссаи Мансури Халлоч - 1.mp324.85 MB

ҚИССАИ МАНСУРИ ҲАЛЛОҶ Аудиокитоб

Достонҳои Шоҳнома

Достонҳои Шоҳнома

ФАРҲАНГИ НОМВОЖАҲОИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ

ПОРАЕ АЗ ФАРМОНИ МУБОРКИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ ————————- «Рӯҳи шумо абадист. Бинобар ин дар хотир дошта бошед, ки шумо бояд на фақат аз вуҷуди ҷисмониатон, ҳамчунин аз рӯҳатон низ муроқибат кунед. Аз ин ру дар иҷрои фароизи диниатон мураттаб бошед, дар зиндагии ҳаррӯза ба ахлоқиёти динатон, яъне иттиҳод, саховатмандӣ, бародарӣ, дастгирии шахсоне, ки мушкилӣ доранд, амал намоед ва дар хотир дошта бошед, ки ҷамоати мо як ухуввати ҷаҳонӣ аст.» ———————— 18.12.2017 Покистон. Қарочӣ

ҶАВОҲИРИ ГАРОНБАҲО Гулчине аз фаромини Мавлоно Шоҳ Карим – ал- Ҳусайнӣ Ҳозиримом салавотуллоҳи алайҳи