fa
Feedback
БАШАНД КИТОБЕН

БАШАНД КИТОБЕН

رفتن به کانال در Telegram

📈 تحلیل کانال تلگرام БАШАНД КИТОБЕН

کانال БАШАНД КИТОБЕН (@bashandkitoben) در بخش زبانی روسی بازیگری فعال است. در حال حاضر جامعه شامل 12 302 مشترک است و جایگاه 3 078 را در دسته کتب و رتبه 183 را در منطقه طاجيكستان دارد.

📊 شاخص‌های مخاطب و پویایی

از زمان ایجاد در невідомо، پروژه رشد سریعی داشته و 12 302 مشترک جذب کرده است.

بر اساس آخرین داده‌ها در تاریخ 04 اکتبر, 2026، کانال فعالیت پایداری دارد. در ۳۰ روز گذشته تغییر اعضا برابر 709 و در ۲۴ ساعت گذشته برابر 0 بوده و همچنان دسترسی گسترده‌ای حفظ شده است.

  • وضعیت تأیید: تأیید نشده
  • نرخ تعامل (ER): میانگین تعامل مخاطب 14.52% است و در ۲۴ ساعت نخست پس از انتشار، محتوا معمولاً 10.32% واکنش نسبت به کل مشترکان کسب می‌کند.
  • دسترسی پست‌ها: هر پست به طور میانگین 1 785 بازدید دریافت می‌کند. در اولین روز معمولاً 1 268 بازدید جمع‌آوری می‌شود.
  • واکنش‌ها و تعامل: مخاطبان به‌طور فعال حمایت می‌کنند؛ میانگین واکنش به هر پست 9 است.

📝 توضیح و سیاست محتوایی

نویسنده این فضا را محل بیان دیدگاه‌های شخصی توصیف می‌کند:
“Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст. Instagram:https://www.instagram.com/bashandkitoben?igsh=MW5zdXE4eGEydmZiaQ%3D%3D&utm_source=qr YouTube: https://youtube.com/@bashandkitoben?si=-CS3pTZA5q5OcCJE Facebook: https://www.facebook.com/share/g/1ArURQip1G/?mi...”

به لطف به‌روزرسانی‌های پرتکرار (آخرین داده در تاریخ 05 اکتبر, 2026)، کانال همواره به‌روز و دارای دسترسی بالاست. تحلیل‌ها نشان می‌دهد مخاطبان به‌طور فعال با محتوا تعامل دارند و آن را به نقطه اثرگذاری مهم در دسته کتب تبدیل کرده‌اند.

12 302
مشترکین
اطلاعاتی وجود ندارد24 ساعت
+537 روز
+70930 روز
آرشیو پست ها
Порае аз Фармони Мубораки Мавлоно Ҳозиримом қабули меҳмониҳои ҷамоатӣ, Қарочӣ, Покистон 16 декабри соли 2017 ——————- Ҳамин тариқ, ман имрӯз ба шумо, ба ин ҷамоат ва ба ҷамоати ман дар умум мегӯям: ба хотири сулҳ кор кунед, барои барқарор намудани сулҳ кумак кунед, дар куҷое ки фишор мавҷуд аст дар он ширкат накунед. Кӯшиш кунед, ки низоро барҳам диҳед, то ки ҷамоати мо дар миқёси умумиҷаҳонӣ дар сулҳ, дар оромӣ зиндагӣ кунад; нафарони ҷавон дар дониш ва дар тахассус имконияти пеш рафтанро пайдо кунанд. Аз ин рӯ, ман хоҳиш дорам, ки ҷамоати ман дар бунёди сулҳ дар гирду атрофи хеш ва бо дигар ҷамоатҳо намуна бошад. Ин кӯшишест, ки бояд амалӣ карда шавад, чун ин кӯшиши бисёр ҳам муҳим аст, яъне дар ҳар куҷое, ки ҷамоат зиндагӣ мекунад, дар куҷое ки ҷамоат зиндагӣ мекунад – вай бояд дар сулҳ, дар хушбахтӣ, дар оромӣ, дар ягонагӣ ва устуворӣ дар Сирот-ул-мустақим зиндагӣ кунад. Хонаободон, хонаободон, хонаободон.

Порае аз Фармони Мубораки Мавлоно Ҳозиримом Дарбори Ҷашни Алмосӣ, Бунӣ, Читрол, Покистон, 9-уми декабри соли 2017 ——————— Фарзандони рӯҳонии маҳбубам, Ҳарчанд ман шуморо ҷисман тарк мекунам, ман ҳамеша бо ҷамоати худ ҳастам. Ҳар рӯз, ҳар дақиқа, ҳар сония, ман ҳамеша бо ҷамоати худ ҳастам. Бинобар ин, ман мехоҳам шумо инро ба ёд дошта бошед, зеро фарзандони ман ҳамеша бо ман ҳастанд, ҳамеша, рӯзу шаб, зимистон, тирамоҳ, тобистон, дар ҳар фасли сол ва дар ҳар ҷои ҷаҳон ҳамеша бо ман ҳастанд. Ман бори дигар ба якояки шумо беҳтарин, беҳтарин ва муҳаббатомезтарин дуоҳои хайри худро медиҳам. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон.

Киссаи Мансури Халлоч - 9.mp339.55 MB

Киссаи Мансури Халлоч - 8.mp339.71 MB

Киссаи Мансури Халлоч - 7.mp337.98 MB

Киссаи Мансури Халлоч - 6.mp339.67 MB

Киссаи Мансури Халлоч - 5.mp339.28 MB

Киссаи Мансури Халлоч - 4.mp338.15 MB

Киссаи Мансури Халлоч - 3.mp338.22 MB

Киссаи Мансури Халлоч - 2.mp326.90 MB

Киссаи Мансури Халлоч - 1.mp324.85 MB

ҚИССАИ МАНСУРИ ҲАЛЛОҶ Аудиокитоб

Достонҳои Шоҳнома

Достонҳои Шоҳнома

ФАРҲАНГИ НОМВОЖАҲОИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ

ПОРАЕ АЗ ФАРМОНИ МУБОРКИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ ————————- «Рӯҳи шумо абадист. Бинобар ин дар хотир дошта бошед, ки шумо бояд на фақат аз вуҷуди ҷисмониатон, ҳамчунин аз рӯҳатон низ муроқибат кунед. Аз ин ру дар иҷрои фароизи диниатон мураттаб бошед, дар зиндагии ҳаррӯза ба ахлоқиёти динатон, яъне иттиҳод, саховатмандӣ, бародарӣ, дастгирии шахсоне, ки мушкилӣ доранд, амал намоед ва дар хотир дошта бошед, ки ҷамоати мо як ухуввати ҷаҳонӣ аст.» ———————— 18.12.2017 Покистон. Қарочӣ

ҶАВОҲИРИ ГАРОНБАҲО Гулчине аз фаромини Мавлоно Шоҳ Карим – ал- Ҳусайнӣ Ҳозиримом салавотуллоҳи алайҳи

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МАВЛО ——————- Дар хотир дошта бошед, ки талош кардан қисме аз имони мо мебошад - мо одамони танбал нестем. Шояд мо баъзан танбалӣ мекунем, вале ин роҳи дурусти зиндагӣ нест. Аз сулҳатон ҳаловат баред, аз сулҳатон ҳаловат баред, вале сахт кор кунед, бо ростӣ, бо боварӣ кор кунед ва дар ҷустуҷуи дониши бештару бештар бошед, то ки дар тули зиндагиятон дар ин дунё пешрафт намоед. ————— Қарочӣ, Покистон. 17-уми декабри соли 2017

HAZIR IMAM’S DUAS FOR JAMAT

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ ———————— «Фарзандони руҳонии маҳбубам! Замоне ки вақт ба пеш ҳаракат мекунад, ман ба ҳайси Имоматон ба роҳе, ки сифати зиндагии муридонам дар он такомул меёбад, назар менамоям ва ман барои ҷамоатам сифати беҳтарини зиндагиро хоҳонам. Барои он ки ба он мақсад расем ин ҷо шумораи муайяни ҳадафҳое ҳастанд, ки ман дорам. Якум, он ки бояд дар хонаводаҳоятон иттиҳод бошад, чунки якҷоя шумо ба мушкилиҳои ҳаррузаи зиндагӣ дучор мегардед. Барои ҳамин ман ба ҳамаи хонаводаҳо дар ҷамоят дуоҳои хайру баракатамро барои иттиҳод, барои кумаки муштарак, дастгирӣ ва устуворӣ медиҳам. Дувум, ман ба фарзандони руҳониям бахусус барои насли ҷавон мегуям: агар шумо имконият барои таҳсил дошта бошед, таҳсил кунед, таҳсилро истифода намоед, дар тули умратон- омузед ва омузед ва омузед ва омузед. Дониши навро, лаёқатҳои навро аз худ намоед, то ки дар тули умратон шумо қодир бошед дар коратон ҷойгоҳатонро бо як равиши мунҳасир дар муваффақият ва шоистагӣ пайдо намоед. Ман барои ҷамоатам дар тамоми ҷанбаҳои коратон шоистагӣ меҷуям ва иншоллоҳ, вақте ки шумо ин шоистагиро доред, шумо пешрафти хуб менамоед ва ин чизест, ки ман барои ҷамоатам орзу менамоям. Савум, дар амалкарди динатон мураттаб бошед. Дар хотир дошта бошед, ягона қисме ҳар як мурид, ки абадист ин руҳи ӯ мебошад. Ҷисми шумо абадӣ нест фақат руҳи шумо абадӣ аст. Барои ҳамин дар дуоҳоятон мурратаб бошед, ҳар замон тасбеҳатонро гиред ва дар бораи Аллоҳ фикр кунед. Фақат ҳар замон тасбеҳатонро гиред ва номи Аллоҳро ёд кунед. Дар ин ҷо вақти муқаррар барои гирифтани тасбеҳ нест. Ин интихоби шумо аст ва дар ҳар вақт. Барои ҳамин имонатонро дар дилатон, дар фикратон ҷой диҳед, ҳама вақт- на инки фақат дар вақти муқараршудаи дуо. Дар Ислом усули (принсип) бунёдӣ ин маърифати Аллоҳ мебошад ва барои ҳамин ман мехоҳам, ки фарзандони руҳониям инро фаҳманд, ин маърифат бисёр, бисёр, бисёр муҳим аст. Ман ин фармонро барои фарзандони руҳониям пештар надода будам ва имруз барои шумо онро медиҳам, чунки ман мехоҳам шумо инро фаҳмед, ки шумо дар ҷаҳони моддӣ зиндагӣ мекунед ва шумо набояд ин ҷаҳони моддиро ҳадафи мутлақи зиндагиятон қарор диҳед. Ҳадафи мутлақи зиндагиятон саодати руҳонӣ, собитқадам будан дар имон, амалкард дар динатон, амалкард дар ахлоқи динатон, ки бародарӣ ва хоҳарӣ, иззат ва кумаки муштарак, саховатмандӣ ба онҳое ки ниёзманданд, мебошад. Ин он аслҳои ахлоқие мебошанд, ки ҷамоатам дар он бояд зиндагӣ намояд. Иншоллоҳ, шумо дар зиндагӣ намудан дар ин аслҳо хушбахтии бузургро хоҳед дарёфт. Ман барои шумо бори дигар, ба хотири ин мулоқот, дуоҳои хайри меҳромезамро медиҳам. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон.» —————— Қарочӣ, Покистон 19-уми декабри соли 2017