uz
Feedback
БАШАНД КИТОБЕН

БАШАНД КИТОБЕН

Kanalga Telegram’da o‘tish

📈 Telegram kanali БАШАНД КИТОБЕН analitikasi

БАШАНД КИТОБЕН (@bashandkitoben) Rus til segmentidagi kanali faol ishtirokchi. Hozirda hamjamiyat 10 386 obunachidan iborat bo'lib, Kitoblar toifasida 3 675-o'rinni va Tojikiston mintaqasida 233-o'rinni egallagan.

📊 Auditoriya ko‘rsatkichlari va dinamika

невідомо sanasidan buyon loyiha tez o‘sib, 10 386 obunachiga ega bo‘ldi.

07 Iyul, 2026 dagi oxirgi ma’lumotlarga ko‘ra kanal barqaror faollikka ega. Oxirgi 30 kunda obunachilar soni 103 ga, so‘nggi 24 soatda esa -1 ga o‘zgardi va umumiy qamrov yuqori darajada qolmoqda.

  • Tasdiqlash holati: Tasdiqlanmagan
  • Jalb etish (ER): Auditoriya o‘rtacha 26.88% darajada jalb etiladi. Nashrdan keyingi dastlabki 24 soatda kontent odatda umumiy obunachilar sonining 8.97% ini tashkil etuvchi reaksiyalarni to‘playdi.
  • Post qamrovi: Har bir post o‘rtacha 2 791 marta ko‘riladi; birinchi sutkada odatda 931 ta ko‘rish yig‘iladi.
  • Reaksiyalar va o‘zaro ta’sir: Auditoriya faol: har bir postga o‘rtacha 12 ta reaksiya keladi.

📝 Tavsif va kontent siyosati

Muallif resursni shaxsiy fikrni ifoda etish maydoni sifatida ta’riflaydi:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст. Instagram:https://www.instagram.com/bashandkitoben?igsh=MW5zdXE4eGEydmZiaQ%3D%3D&utm_source=qr YouTube: https://youtube.com/@bashandkitoben?si=-CS3pTZA5q5OcCJE Facebook: https://www.facebook.com/share/g/1ArURQip1G/?mi...

Yuqori yangilanish chastotasi (oxirgi ma’lumot 08 Iyul, 2026 da olingan) sababli kanal doimo dolzarb va katta qamrovli bo‘lib qoladi. Analitika auditoriya kontent bilan faol hamkorlik qilishini, uni Kitoblar toifasidagi muhim ta’sir nuqtasiga aylantirishini ko‘rsatadi.

10 386
Obunachilar
-124 soatlar
+67 kunlar
+10330 kunlar
Postlar arxiv
ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ ———— «Он чиро имруз ба шумо мегӯям ва он бисёр муҳим аст, ин аст , ки мо бояд ба ин суннатхо арзиш ниҳем ва онро бо худ ба пеш бибарем ва ин суннатҳо бояд бахши муҳиме аз зиндагии мо бошанд.» ————- МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ 1998. Гилгит Покистон

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ Дар боби зинданигаҳдории таълимоти Носири Хусрав ———————- «...ба хотир дошта бошед, ки муридҳо (пайравони даъвати Носири Хусрави Осиёи марказӣ) дорои тафсире воҳид мебошанд, аммо бо як заминаи таърихии мутафовит ва он заминаи таърихӣ мутааллиқ ба Носири Хусрав мебошад, ки бисёр муҳим аст ва набояд фаромӯш шавад.» ——————— "(Ҳиндустон. Ноябр. 1992 ).

(Аудиокнига) НОМИ КИТОБ: ШАСТ САВОЛ Муаллиф: Насируддини Хунзоӣ Дам китоб дарунен яст саволат ҷавоб маш кудакенард. Дар ин китоб суолу ҷавоб барои кӯдакони исмоилимазҳаб пешниҳод гардидаанд.

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАК ——————- «Ман дуоҳои хайрро барои саломатӣ, барои умри дароз, барои роҳоӣ аз мушкилӣ - барои оне, ки мо онро “мушкил осон” меномем - ва барои муваффақият дар ҳаёти динӣ ва ҳаёти дунявиатон медиҳам. Таодулро нигаҳ доред. Хонаободон, хонаободон, хонаободон. Дар ёд дошта бошед, ки ман ҳама вақт бо шумо ҳастам - ҳар як сонияи рӯзу шаб ман бо ҷамоатам ҳастам. Ва беҳтарин, беҳтарин дуоҳои хайри муҳаббатомезтаринамро ба шумо медиҳам. Хонаободон, хонаободон, хонаободон.» —————— Монреал, Канада 21-уми ноябри соли 2017

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ ——————— «Сониян, ман ба ҷамоатам мегуям, ки ҳолату вазъиятҳои иқтисодӣ дар ҷаҳони ру ба тараққӣ, ва низ дар саросари ҷаҳон, ноустувор мебошанд. Бинобар ин, ман ба фарзандони руҳониам хоҳам гуфт: сарфакорона зиндагӣ кунед, боэҳтиёткорона зиндагӣ кунед, захоирро барои наслҳои оянда сарфаҷуӣ намоед, то аз насл ба насл шумо битавонед ба сифати зиндагии хонаводаҳои худ ва наслҳои ояндаи худ беҳбуд бахшед.» ————- Монреал, Канада 21-уми ноябри соли 2017

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ ————————- «Инчунин, ман барои фарзандони руҳониям ин субҳ мегуям: дар дуоҳоятон мурратаб бошед. Дар хотир дошта бошед, ки ҷисми инсон маҳдуд аст, руҳ абадист. Ин мафҳуми бунёдиро дар хотир дошта бошед. Ин мафҳуми мо аст, ин мафҳуми мусулмонон аст. Барои ҳамин инро дар хотир дошта бошед ва мутмаин бошед, ки дар амалкард дар динатон мураттаб ҳастед. Ман беҳтарин дуоҳои хайру баракатамро барои муваффақият дар корҳои дунявиятон, дар корҳои диниятон, дар хонаводаҳоятон, дар фаъолиятҳоятон ва барои саломатии хуби руҳони ва ҷисмонӣ, медиҳам. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон.» ————— Қарочӣ, Покистон 19-уми декабри соли 2017

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ ———————- «Ғарб бояд бисёр чизҳоро аз Ислом биёмӯзад. Ман инро такрор менамоям: Ғарб бояд бисёр чизҳоро аз Ислом биёмӯзад!. Бинобар ин, ман мехоҳам муридонам дини моро ба ҳамон роҳе намояндагӣ намоянд, ки бояд намояндагӣ шавад: эҳтиром гузоштан ба ахлоқиёт, бо ростӣ зиндагӣ кардан дар муҳити шоиста ва муҳити босаодат ва истифода аз ақл барои дарки беҳтар аз офариниши Аллоҳи Таъолло. Ин чизест, ки аз мусулмонон ҷиҳати таҳсил талаб карда мешавад. Он таҳсил барои дарёфти унвони донишгоҳӣ нест, гарчанд ман мутмаинам, ки шумо унвони донишгоҳиро мехоҳед ва ман худам аз ин гузаштам, вақте ки ҳама чиз гуфта ва амалӣ шуд, мо ҳама бояд ба дарки офариниши Аллоҳи Таъолло талош намоем. Хушбахтона илм бароямон ҳамарӯза бештару бештар оиди офариниши Аллоҳи Таъолло меомӯзонад. Вале ман боварӣ надорам, ки асрори инсоният чизест, ки дар ягон замон ба пуррагӣ дарк хоҳад шуд. Пас чаро мо вонамуд кунем, ки гӯё талоши ақлонӣ дорем, ки ҳама чизҳоро, ки дар атрофамон ҳаст, дарк кунем. Биёед аз ҷиҳати ақлонӣ эҳтиромгузору обруманд, аз ҷиҳати ақлонӣ хоксору фурутан, аз ҷиҳати ақлонӣ кунҷков, аз ҷиҳати ақлонӣ хуб ҳидоятёфта бошем, вале биёед вонамуд накунем, ки арсаи дониши инсонӣ ҳеҷ маҳдудиятҳо надорад.» ————- Торонто, Канада 17-уми ноябри соли 2017

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ ——————— «Аз сулҳатон ҳаловат баред, аз сулҳатон ҳаловат баред, вале сахт кор кунед, бо ростӣ, бо боварӣ кор кунед ва дар ҷустуҷуи дониши бештару бештар бошед, то ки дар тули зиндагиятон дар ин дунё пешрафт намоед. ————- Қарочӣ, Покистон 17-уми декабри соли 2017

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ ———————- «Дар Ислом усули (принсип) бунёдӣ ин маърифати Аллоҳ мебошад ва барои ҳамин ман мехоҳам, ки фарзандони руҳониям инро фаҳманд, ин маърифат бисёр, бисёр, бисёр муҳим аст. Ман ин фармонро барои фарзандони руҳониям пештар надода будам ва имруз барои шумо онро медиҳам, чунки ман мехоҳам шумо инро фаҳмед, ки шумо дар ҷаҳони моддӣ зиндагӣ мекунед ва шумо набояд ин ҷаҳони моддиро ҳадафи мутлақи зиндагиятон қарор диҳед. Ҳадафи мутлақи зиндагиятон саодати руҳонӣ, собитқадам будан дар имон, амалкард дар динатон, амалкард дар ахлоқи динатон, ки бародарӣ ва хоҳарӣ, иззат ва кумаки муштарак, саховатмандӣ ба онҳое ки ниёзманданд, мебошад. Ин он аслҳои ахлоқие мебошанд, ки ҷамоатам дар он бояд зиндагӣ намояд. Иншоллоҳ, шумо дар зиндагӣ намудан дар ин аслҳо хушбахтии бузургро хоҳед дарёфт. Ман барои шумо бори дигар, ба хотири ин мулоқот, дуоҳои хайри меҳромезамро медиҳам. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон.» ———- Қарочӣ, Покистон 19-уми декабри соли 2017

Номи китоб: ВАҶҲИ ДИН (Нусхаи аслӣ) Муаллифи китоб: НОСИРИ ХУСРАВ

НОМИ КИТОБ: Ҷомеъ-ул-ҳикматайн Муаллиф: Ҳуҷҷат Носири Хусрав

Номи китоб: КУШОИШ ВА РАҲОИШ МУАЛЛИФИ КИТОБ: ҲУҶҶАТИ ИМОМ НОСИРИ ХУСРАВ

НОСИРИ ХУСРАВ ОФОҚ ВА АНФУС

НОСИРИ ХУСРАВ САФАРНОМА

НОСИРИ ХУСРАВ ХОН УЛ ИХВОН

НОСИРИ ХУСРАВ САОДАТНОМА

НОСИРИ ХУСРАВ ДЕВОНИ АШЪОР ДУ ҶИЛД

НОСИРИ ХУСРАВ УСУЛИ ОДОБ

НОСИРИ ХУСРАВ ОСОРИ БАРГУЗИДА

НОСИРИ ХУСРАВ МУАЛЛИФ: НОЗИР АРАБЗОДА