512
Obunachilar
+124 soatlar
-37 kunlar
-1230 kunlar
Postlar arxiv
Ғазали Исмоил Зарифӣ
Зиндагиро ҳеҷ ранге ҷуз пушаймонӣ намонд,
Хотири ҷамъи маро ғайри парешонӣ намонд.
Лаб ба лаб шуд кӯчаҳо аз дӯсти нонӣ, вале
Дар замони мо, дареғо, дӯсти ҷонӣ намонд.
Бадсиголӣ расм шуд дар ҷодаи номусу ном,
Ё дар ин ин иқлим номе аз мусалмонӣ намонд?
Канда шуд якбора банди риштаи меҳру вафо,
Дар ҳама амволи олам ҳеҷ арзонӣ намонд.
Дашти мо аз кишт монду боғи мо беҳосил аст,
Нархҳо афзудаву дигар фаровонӣ намонд.
Ҳарфи доно эътибори хешро гум кардааст,
Дар дукони ҳастӣ ҷуз колои нодонӣ намонд.
Худкуширо зумрае донад матои ифтихор,
Риштаи шодӣ гусаст, ҷуз марсияхонӣ намонд.
Одамият дар бисоти халқи олам ёфт нест,
Дар ҳама рӯйи ҷаҳон нақше зи инсонӣ намонд.
@davlatobod1
Аз Хоҷа Муҳаммад ибни Ҳакими Тирмизӣ (р) савол карданд:
-Кадом гуноҳ аст, ки дар вай хавфи завол (рафтан)-и имон бештар аст?
Ӯ гуфт: «Се гуноҳ аст, аввал шукр нагуфтан ба ёфтани неъмати имон.
Дуюм, натарсидан аз заволи имон.
Сеюм, озори аҳли имон.
Пас аз озурдани дили мардум парҳез бояд кард:
Макун то тавонӣ дили халқ реш,
В-агар мекунӣ, меканӣ бехи хеш.
@davlatobod1
Ғазали Исмоил Зарифӣ
Ишқ, яъне чӣ? Ба ёди рӯйи ҷонон зистан,
Ҷон дар ин раҳ додану як умр беҷон зистан.
Сӯхтан, афрӯхтан, афтодану бархостан,
Солҳо дар орзуи дарду дармон зистан.
Пора гаштан дар биёбони адам аз сӯзи дил,
Ҳамчу Маҷнун ташналаб андар биёбон зистан.
Рози худ аз сабзаву себарга пинҳон доштан,
Аз нигоҳи ҳосидони хеш пинҳон зистан.
Сабр кардан дар қазою шукр гуфтан дар бало,
Зери лаб хандидану бо чашми гирён зистан.
Даст шустан аз худу будан ба уммеди висол,
Роҳи худ тай кардану ҷамъу парешон зистан.
Ишқ, яъне чист? По берун кашидан з-ин намат,
Даст аз ҷон шустану сармасту ҳайрон зистан.
@davlatobod1
Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
Чун ба пои худ равон гаштем саргардон шудем.
@davlatobod1
Ғазали Исмоил Зарифӣ
«Даруни синаам дил аз ғами бисёр мегиряд»,¹
Зи доғи рафтагон бо нолаҳои зор мегиряд
Баҳори гулфишон дорад хазони тозае дар пай,
Вуҷуди хастаам дар ҳасрати дидор мегиряд.
Намепурсад касе дар мулки кас ҳоли ғарибонро,
Ғариби мулки кас дар сояи девор мегиряд.
Яке гум мекунад модар, дигар гум мекунад хоҳар,
Падаргумкардаро бинад дару девор мегиряд.
Бинои ҳастии моро ба рӯйи об ҷо карданд,
Ба марги тозагулҳо дидаи хунбор мегиряд.
Ҷаҳони бевафо қадри касе ҳаргиз намедонад,
Ба ҳасрат музлиму бечораю бемор мегиряд.
Арӯси тозаро бар курсии мотам намояд ҷо,
Ба ёди ёри ноосуда нотакрор мегиряд.
Зи хоҳар меҳрубонтар нест дар даҳри ситампеша,
Бародар дар хумораш бо дили афгор мегиряд.
Худоё, рафтагонро дар биҳишти анбарин ҷо кун,
Дуогӯён, Зарифӣ, то саҳар бедор мегиряд.
¹ Мисраъ аз Нуралии Нурзод
@davlatobod1
Ватан, бар дидагонам нур, бар ҷисму танам ҷонӣ,
Ҳамеша ёди ту дорам — ҳамин аст қарзи инсонӣ.
Нахоҳам ҷуз ту ҳеҷ манзил, нахоҳам ҳеҷ маъвое,
Бароям хонаи умеду бахту илму ирфонӣ.
Зи ту ёбам шараф, иқболу ному нангу иззатро,
Ба меҳри поки ту ҳар дам тапад ин қалби инсонӣ.
Агар ҷонам фидо гардад ба роҳи поки истиқлол,
Бувад ин камтарин ҳадя ба пеши ин фаровонӣ.
Худовандо, нигаҳ дор ин Ватанро баҳри ҳар миллат,
Бимонад ҷовидон бо Қаҳрамон бо амри Яздонӣ.
✍Қаҳрамон Ғафуров
@davlatobod1
Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ, боз о,
Гар кофиру габру бутпарастӣ, боз о.
Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест
Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о.
Абӯсаид Абулхайр.
Ғазали Исмоил Зарифӣ
Худоё, умр арчи беназир аст,
На дархӯрди мани зори ҳақир аст.
Наосудам даме дар дори дунё,
Ки ин маскан макони доругир аст.
Дар ин маъво надорам хонаву ҷо,
Сиришки дида моли ин фақир аст.
Ҷавонӣ фасли гулбез аст, аммо
Ҷаҳон торик бе тадбири пир аст.
Равад аз даҳр дар як сол булбул,
Валекин зоғ мурғи дермир аст.
Ҳисоби зиндагӣ аз ман мапурсед,
Вуҷудам холӣ чун дашти кавир аст.
Зи хоки ман нарӯяд сабзаву гул,
Куҷо дар синаам бонги нафир аст?
Зарифӣ, такягоҳи мо касе нест,
Худо моро ҳамеша дастгир аст.
@davlatobod1
Панҷ чиз дар дунё сабаб мешаванд, ки оромиш, осоиш ва хушбахтӣ аз ту дур шаванд. Мувозиб бош, ки аз ин панҷ парҳез намоӣ.
1) Тарки намоз. Агар намозро тарк кардӣ, дар зиндагиат хайру баракате надорӣ.
2) Нофармонии волидайн. Агар падару модарат аз ту розӣ набошанд, хушбахт нахоҳӣ шуд.
3) Тарки тиловати Қуръон. Агар бо каломи илоҳӣ унс надошта бошӣ, ҳеҷ чиз бо ту унс намегирад.
4) Ҳамнишинӣ бо бадон ва дӯстони ноаҳл.
5) Розӣ набудан ба тақдир. Агар ба тақдири илоҳӣ имон дошта бошӣ, зиндагият зебо мешавад.
@Davlatobod1
Ғазали Исмоил Зарифӣ
Агар дар зиндагӣ дастам расо будӣ, чӣ хуш будӣ,
Агар қалбам даме аз ғам раҳо будӣ, чӣ хуш будӣ.
Зи ҳарфи бетаҳаммул аҳли сӯҳбат танг меояд,
Агар ҳамсӯҳбатам аз ман ризо будӣ, чӣ хуш будӣ.
Давои дарди ҳаҷри ёр дар олам намеёбам,
Ба дардам лаъли серобаш даво будӣ, чӣ хуш будӣ.
Ба дӯшам бори қаҳраш лангари беинтиҳо овард,
Агар қарзам ба назди ӯ адо будӣ, чӣ хуш будӣ.
Ҳамедодам ба як бӯса ҳама дороии худро,
Ба ин армони ноҷо ваъдаҳо будӣ, чӣ хуш будӣ.
Машомам бе шамими мӯйи ӯ ҳоли дигар дорад,
Гули доғи дилам як умр во будӣ, чӣ хуш будӣ.
Худоё, гарди ҷисми мо нагирад дар лаҳад ором,
Агар гарду ғуборам зери по будӣ, чӣ хуш будӣ.
@davlatobod1
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: аз Расули Худо (с.а.в.) шунидам, ки фармуд: Савганд ба Худо, ки ман ҳар рўз беш аз ҳафтод бор аз Худо омўрзиш талабида ва ба даргоҳи ў тавба мекунам.
@davlatobod1
Ғазали Исмоил Зарифӣ
Дӯстони меҳрубонам, умратон бодо дароз!
Сарбаланду қадрдонам, умратон бодо дароз!
Давлати дунё нахоҳам, давлатам дидоратон,
Зӯри бозую тавонам, умратон бодо дароз!
Хам нагардад қомати болоятон дар рӯзгор,
Ҳастиям, ҷонам, ҷаҳонам, умратон бодо дароз!
Гар қадам монед бар болои чашми ман равост,
Нурбахши дидагонам, умратон бодо дароз!
Ман набинам офати боди хазон дар кӯятон,
Ин дуо вирди забонам, умратон бодо дароз!
Баъди ман дар маҳфили шеъру сухан ёдам кунед,
Бо Шумо ман зинда монам, умратон бодо дароз!
Месазад созад Зарифӣ, баҳратон ҷонро фидо,
Моҳу меҳри осмонам, умратон бодо дароз!
@davlatobod1
Ғазали Исмоил Зарифӣ
Рӯзу шаб ҳамсӯҳбати ойина будан хуб нест,
Ҳарфи бемаънои ҳар маҳфил шунидан хуб нест.
Назди мотамдор хандидан чи ноҷо одат аст,
Дар миёни н-ошноён рух намудан хуб нест.
Борҳо санҷидаӣ ёрони аҳди хешро,
Аз сари ҳарфи суханчин озмудан хуб нест.
Бар ҷароҳатҳои қалби мо намак ҳаргиз мапош,
Доғро доғи наве доим фузудан хуб нест.
Раҳм овардан ба аҳволи ятимон суннат аст,
Ройгон моли ятимонро рабудан хуб нест.
Дар ҳуруфи аҳли дил беҳадду ғоят гавҳар аст,
Пистаи бемағзро, гӯ, лаб кушудан хуб нест.
Эй Зарифӣ, дар қудуми аҳли дониш хок бош,
Аҳриманосо фақат худро сутудан хуб нест.
@davlatobod1
Зинда дор аз зикр субҳу шомро,
Дар тағофул магзарон айёмро.
Ёди Ҳаққ омад ғизо ин рӯҳро,
Марҳам омад, ин дили маҷрӯҳро.
Гар замоне ғофил аз Раҳмон шавӣ,
Андар он дам ҳамдами шайтон шавӣ.
Зикрро ихлос мебояд нахуст,
Зикри беихлос кай бошад дуруст?
Лаб маҷунбон чун ба зикри Кирдугор,
З-он ки поконро ҳамин будааст кор.
Мӯъмино, зикри Худо бисёр гӯй,
То биёбӣ дар ду олам обрӯй!!!
Шайх Аттори Валӣ.
@davlatobod1
Ғазали Исмоил Зарифӣ
Аҳволи замин зору хароб аст, бубинед,
Чашмони башар чашмаи об аст, бубинед.
Ҳар кинаву бухлу ҳавас аз хеш биронед,
На вақти маю ҷоми шароб аст, бубинед.
Аз доғи азизони сафаркарда зи олам,
Дар сина басо қалб кабоб аст, бубинед.
Дар ёди худу ёри сафаркарда бигирйед,
Ин давр пур аз ранҷу азоб аст, бубинед.
Аз ғайбату бадгӯӣ яке тавба намоед,
Ин умр ҳамеша ба шитоб аст, бубинед.
Санге ба бародар нафиристед зи доман,
Бисёр чу мо рафтаву хоб аст, бубинед.
Дасти каси бечораи бекор бигиред,
Айёми хуши кори савоб аст, бубинед.
Дур аз дигарон дар даруни хона нишинед,
Ин панди ман аз рӯйи китоб аст, бубинед.
@davlatobod1
Рӯзе, ки марг ояду умрам раҳо кунад,
Ин хоки тира банд, бандам ҷудо кунад.
Ё Раб, ту нигаҳ дор имони он касе,
К-ин хатти ман бихонад, бар ман дуо кунад.
@davlatobod1
Муддате ҳаст, ки аз дасти худам безорам
Мисли абре, ки дилаш танг шуда, меборам
Ба табибам бирасонед саломе аз ман,
Доди мо ҳам бирасад боз, каме беморам
Ба ҷуз аз ишқ матое нахаридам, афсӯс
Бахтбаргаштатарин косиби ин бозорам
Хабаре нест дар ин доираи ишқ дигар
Гарчи умрест дар ин доира чун паргорам
Дилам эй кош касе ҳарфи туро мефаҳмид
Ба кадомин гунаҳам хуфтатарин бедорам!
Осмон танг, дилам танг, замин санг шуда
Гила аз ишқи заминӣ ба самои дорам.
@davlatobod1
Умре, ки ба хори гузарад кӯтоҳ беҳ
Шере, ки шикори набувад рӯбоҳ беҳ
Умре, ки аз он манфиате нест маро
Гар Юсуфи сонӣ бувад дар чоҳ беҳ
@davlatobod1
