525
订阅者
-124 小时
+27 天
-330 天
帖子存档
Муддате ҳаст, ки аз дасти худам безорам
Мисли абре, ки дилаш танг шуда, меборам
Ба табибам бирасонед саломе аз ман,
Доди мо ҳам бирасад боз, каме беморам
Ба ҷуз аз ишқ матое нахаридам, афсӯс
Бахтбаргаштатарин косиби ин бозорам
Хабаре нест дар ин доираи ишқ дигар
Гарчи умрест дар ин доира чун паргорам
Дилам эй кош касе ҳарфи туро мефаҳмид
Ба кадомин гунаҳам хуфтатарин бедорам!
Осмон танг, дилам танг, замин санг шуда
Гила аз ишқи заминӣ ба самои дорам.
@davlatobod1
Умре, ки ба хори гузарад кӯтоҳ беҳ
Шере, ки шикори набувад рӯбоҳ беҳ
Умре, ки аз он манфиате нест маро
Гар Юсуфи сонӣ бувад дар чоҳ беҳ
@davlatobod1
Оқибат ин синаи афгор моро мекушад,
Ҳасрату андӯҳи нотакрор моро мекушад.
Аз гулистони муҳаббат кай расад бӯи вафо,
Ранҷҳои дилбари маккор моро мекушад.
Аз фироқи дӯст менолем дар бозори даҳр,
Орзуи дидани дидор моро мекушад.
Кас нагирад дар ҷаҳон колои беқадру баҳо,
Сардиҳои растаи бозор моро мекушад.
Дар баландии ҳавас аз пой афтодем мо,
Хору санги роҳи ноҳамвор моро мекушад.
Ошиқони чеҳраи гулгуну гуфтори хушем,
Булбулосо лаззати гуфтор моро мекушад.
Шеър гуфтему надонистем мо авзони шеър,
Сарбасар ин сактаи ашъор моро мекушад.
@davlatobod1
Азизон, дилпарешону фигорам,
Асири панҷаҳои рӯзгорам.
Дар ин олам, дар ин дунёи савдо,
Ба ин толеъи шудан шармсорам.
Асое баҳри бори тан наҷӯям,
Ба доми дардҳои бешуморам.
Сари шаб то саҳар бо қалби пурхун,
Бадии дӯстонро мешуморам.
Дилам бигрифт аз ҳамшаҳр будан,
Дигар суде надорад киштукорам.
Ба чашми аблаҳони бефаросат,
Намегӯям ман аз ашки қаторам.
Саводи ман казоӣ нест, афсӯс,
Ба назди олимон беэътиборам.
Ҷафою ҷаври ёронро нагӯям,
«Ки зӯри мардумозорӣ надорам»
@davlatobod1
Хаёли ин дили шайдо накардӣ, кош мекардӣ,
Нигаҳ боре ба сӯйи мо накардӣ, кош мекардӣ.
Бигустурдам ба хилватхонаи дил хони беҳамто,
Назар бар ҷому бар саҳбо накардӣ, кош мекардӣ.
Ба аҳволи мани озурда андар ҷода хандидӣ,
Ду чашми хешро дарё накардӣ, кош мекардӣ.
Дилам дар ҳасрати рӯйи ту аз ғамхона берун шуд,
Ҳамин ғамхонаро маъво накардӣ, кош мекардӣ.
Зарифӣ бо ҳама ранҷе, ки дидӣ дур аз рӯяш,
Нигори хешро пайдо накардӣ, кош мекардӣ.
@davlatobod1
Фасли Наврӯз омаду гулҳо намоён мешавад,
Ғунчаи гул дар даруни боғ хандон мешавад.
Донаи таҳти замин сар мебарорад аз замин,
Ҳайфи одам, дар даруни хок пинҳон мешавад.
@davlatobod1
Меҳмони туам, ай ҷон, зинҳор махусб имшаб,
Ай ҷону дили меҳмон, зинҳор махусб имшаб.
Рӯи ту чу бадр омад, имшаб шаби Қадр омад.
Ай шоҳи ҳама хубон, зинҳор махусб имшаб.
Ай сарви дусад бӯстон, ороми дили мастон,
Бурдӣ дилу ҷон бистон, зинҳор махусб имшаб.
Ай боғи хуши хандон, бе ту ду ҷаҳон зиндон,
Онӣ туву садчандон, зинҳор махусб имшаб.
@davlatobod1
Аз Ҳасани Басрӣ пурсиданд:
Оё Иблис ҳам хоб меравад?
Ӯ посух дод:
Агар ӯ мехобид, мо — ҳатто як нафас бошад ҳам — осуда мешудем.
@davlatobod1
Ҳамнишинӣ бо одамони солеҳ туро аз шаш ба шаш табдил медиҳад:
① Аз шакку шубҳа ба яқину итмиънону боварӣ.
② Аз риёкорӣ ба ихлос.
③ Аз ғафлат ба зикр.
④ Аз орзуи дунё ба орзуи охират.
⑤ Аз такаббурӣ ба хоксориву фурӯтанӣ.
⑥ Аз ниятҳои бад ба насиҳат.
Худоё, моро ба ҳамнишинии онҳо насиб кун ва моро аз зумраи онҳо бигардон ва моро бо онҳо ҳашр кун...
@davlatobod1
Бе тоату дин биҳишти Раҳмон маталаб,
Бе хотами Ҳақ мулки Сулаймон маталаб.
Чун оқибати кор аҷал хоҳаду буд,
Озори дили ҳеҷ мусалмон маталаб.
@davlatobod1
То фалак боло шаву аз худ марав.
Соҳиби дунё шаву аз худ марав.
Дил ба каф овар ки ганҷи зиндагист.
Дар дили мо ҷо шаву аз худ марав.
Халқ дида неку бадро бешумор.
Чингизи бадтолеъ чун Заҳҳоки мор.
Олимону шоирони бешумор.
Бӯали Сино шаву аз худ марав.
Мӯи пурчини думи морат базеб.
Хандаи лаъли гуҳарборат базеб.
Рӯи чун моҳи шаби торат базеб.
Марями Исо шаву аз худ марав.
Зиндагӣ асло намебахшад касе.
Мекунад садбарги атроф ин хасе.
Панди чун қанди Зафарзода шунав.
Гавҳару тилло шаву аз худ марав.
@davlatobod1
Дили девонае дорам, намедонам чӣ мехоҳад,
Ба дарди ӯ гирифторам намедонам чӣ мехоҳад.
Физояд ҳар нафас доғеву аз он доғ хушбахт аст,
На хуш хобам, на бедорам намедонам чӣ мехоҳад.
Ба ман ҳар лаҳза бистезад, зи қоби сина бигрезад,
На бигзорад, на бигзорам, намедонам чӣ мехоҳад.
Надорад як дам осоиш, зиҳӣ осоиши мутлақ!
Сабукборам, гаронборам, намедонам чӣ мехоҳад.
Миёни обу оташ монда, на ғарқам, на месӯзам,
На сармастам, на ҳушёрам намедонам чӣ мехоҳад.
@davlatobod1
Хоксориро зи хоки роҳи ёр омӯхтам,
Рӯз бурданро зи панди рӯзгор омӯхтам.
Дидани дунё маро омӯхт чашми офтоб,
Ман саховатро зи борони баҳор омӯхтам.
Аз баландиҳо париду гардани нафсам шикаст,
Куштани нафс аз лаби бози мазор омӯхтам.
Пок кардан хешро дар ҳар қадам бошад ҳунар,
Ин ҳунарҳоро зи рӯди обшор омӯхтам.
Дафтарамро пок шустам ман ба дарёи сукут,
Дарси ҳикматро аз ин омӯзгор омӯхтам.
Равшани Ҳамроҳ
@davlatobod1
Зи ҳушёронӣ олам ҳар киро дидам ғаме доранд,
Дило девона шав ,девонагӣ ҳам оламе дорад.
@davlatobod1
Ҳаваснок нестам зоҳид насиҳатро ту камтар кун.
Ҷамоли хубрӯёнро Худо ҳам дӯст медорад!
@davlatobod1
Бастаи зулфи парирӯён шудан аз ақл нест,
Лек ман девонаам, занҷир мебояд маро.
Ҳилолӣ
Вақт тиллост!
Лек агар тилло:
Гум шавад, боз мешавад пайдо.
Нест мумкин ба даст овардан,
Вақти аз даст рафтаро асло!
#Мирсаид_Миршакар
@davlatobod1
