uk
Feedback
БӮСТОНИ ОРИФОН

БӮСТОНИ ОРИФОН

Відкрити в Telegram
512
Підписники
Немає даних24 години
Немає даних7 днів
+630 днів
Архів дописів
Бишнав сухани маро, ки панд аст, Панди падар аст, судманд аст. Сармояи умр бас азиз аст, Дарёб, ки ин нафас азиз аст... Умре, ки баҳо бувад гаронаш, Бо ҳар баду нек магзаронаш. Дар коргаҳе чунин дилафрӯз, Коре куну пешае биёмӯз... Бояд зи дари талаб дарой, Аз раҳгузари адаб дарой... Дар илм ба нияти амал кӯш, То заҳри ту з-ин амал шавад нӯш. Илме, ки дар он амал набошад, Ҷуз арбадаву ҷадал набошад. Илмат ба амал чу ёр гардад, Кадри ту яке ҳазор гардад... Айб аст, ки дар ҳунар накӯши, Сад айб ба як ҳунар напӯши. Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст, Дар дидаи мардумон азиз аст. @davlatobod1

Ҷаҳонро сар ба сар дидам, ҷаҳони ҳайратангез аст, Яке бо косаи холӣ, дигар бо ҷоми лабрез аст. Якеро чеҳрааш зард асту рангаш
Ҷаҳонро сар ба сар дидам, ҷаҳони ҳайратангез аст, Яке бо косаи холӣ, дигар бо ҷоми лабрез аст. Якеро чеҳрааш зард асту рангаш заъфарон доим, Дигар дар айшу ишрат барқи ҳуснаш шӯълаомез аст. Ҳазорон дидаам аз фоқагӣ дар нор месӯзад, Дигар дар курсии қудрат ба пушти дафтару миз аст. Яке дар тахти шоҳӣ бо ғурури хеш биншаста, Дигар девона дар бозор, ҳамчун шамси лабрез аст. Яке бо чеҳраи мискин, дигар бо сурати зебо, Фидои номи покашро, ки Ӯ Холиқу рангрез аст.

▪️Шаб дароз аст, пас онро бо хобат кутоҳ макун (балки ибодат ва мутолиа кун) ▫️ва руз покиза аст, онро бо гуноҳонат олуда масоз ✍️Яҳё ибни Муоз (раҳимаҳуллоҳ) @davlatobod1

Шайтон 2 вазифа дорад! Қабл аз гуноҳ ва баъд аз гуноҳ: Қабл аз гуноҳ: Гуноҳро дар назарат кӯчак ҷилва медиҳад Ва раҳмати Парвардигорро бузург ҷилва медиҳад Баъд аз гуноҳ: Гуноҳро дар назарат бузург ҷилва медиҳад Ва раҳмати Парвардигорро кӯчак ҷилва медиҳад. @davlatobod1

ДАРАҶАҲОИ ТАВБА: • Мардуми омӣ аз куфр, бидъат, аз гуноҳҳои кабира ва сағира ва ҳамчунин аз корҳои хурд тавба мекунанд. • Хосон аз корҳои ночиз, корҳои макруҳ ва ибодатҳое, ки бо нияти нек анҷом дода нашудаанд, тавба мекунанд. • Орифон бошанд, барои ҳар як нафасе, ки дар ғафлат аз Худованд гузаштааст, тавба мекунанд. @davlatobod1

Ҳайфи он умр, ки дар ғафлату исён гузарад, Ҳайфи он рӯз, ки бе лаззати имон гузарад. Ҳар ки ҳам ҷону ҳам амвол ба  дунё бифурӯхт, Охир аз олами серӯза пушаймон гузарад. @davlatobod1

Тори ман ҳаргиз нашуд бо нағмаи афлок ҷӯр, Довари бинмуд моро гаҳ кару гаҳ гунгу кӯр Гаҳ қазоват мекунанд аҳволи моро бе далел, Гоҳ обам медиҳанд ин ҷоҳилон аз баҳри шӯр Ҳар ду рӯйи ростиро кардаанд охир сияҳ, Ҳар дурӯғи хешро хонанд пайғоме зи нур. Аз Худо хоҳам, ки рӯзе довариро сар кунад Бохабар созад касифонро зи ранҷу сӯзи гӯр; Сард, Ҷайҳунӣ, макун қалбат зи аҳволи ҷаҳон. То тавонӣ гир худро аз бари бадхулқ дур. @davlatobod1

Ҳар ки афзуда гашт симу зараш, Зар наборида з-осмон ба сараш. Аз куҷо ҷамъ карда сарвату мол? Ё худаш дузд буда ё падараш. Лоҳутӣ @davlatobod1

Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ, боз о, Гар кофиру габру бутпарастӣ, боз о. Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест Сад бор агар тав
Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ, боз о, Гар кофиру габру бутпарастӣ, боз о. Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о. Абӯсаид Абулхайр. @davlatobod1

Агар ақл дори ай банда Ба инсонҳо макун ханда Бикун бо дасти худ хайре Бигардӣ шахси арзанда Хиёнатро макун пеша Шави рӯзе ту шарманда Ба ҳар ҷо тухми некӣ кор Машав дар фитна парканда Ҳамеша боши ту ҳақгӯй Миёни халқ тобанда Сахи бошию хайрандеш Маханд бар ҳоли талбанда Мадад аз Ҳақ Таолоҳ хоҳ, Чу ҳасти бар Худо банда     ✍Қаҳрамон Ғафуров @davlatobod1

Чу тан дорию бахту ҳар ду ҷавон, Бияндўз номи накў дар ҷаҳон. Ҷавони накўном воло бувад, Аз он номи некў ба бало равад. Бувад зиштномӣ ба ҳар ҷой зишт, Ба зиштӣ набинанд рўи биҳишт. Шунидам, ки Нўшинравон чун бимурд, Зи гетӣ ба ҷуз номи некў набурд. @davlatobod1

Бо душмани ман чу дўст бисёр нишаст, Бо дўст набоядам дигар бор нишаст. Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт, Бигрез аз он магас, ки бо мор нишаст. @davlatobod1

Муаллим гуфт: «Тавоно бувад ҳар ки...?» Тавоно бувад ҳар ки доро буд, Зи сарват дили пир барно бувад. Тиҳидаст ба ҷое нахоҳад расид, Агар чӣ шабу рӯз кушо бувад. Надонист Фирдавсии покзод, Ки шеъраш дар ин мулк беҷо бувад. Гар ӯро хабар буд, аз ин рӯзгор, Ки зар бар ҳама чиз воло бувад. Намегуфт он шеъри маъруфро: «Тавоно бувад ҳар ки доно бувад!»

Ғазали Исмоил Зарифӣ Умри ширин чун насими даргузар бигзашту рафт, Дар набарди зиндагонӣ безафар бигзашту рафт. Табъи мавзуну сухансанҷе нашуд ҳосил маро, Ёри ман аз пеши рӯям пурҳазар бигзашту рафт. Чорасозе ҷустаму ҳаргиз нагаштам чорасоз, Аз сарири мулки армон чорагар бигзашту рафт. Пушти мо хам гашт аз бори фузуни рӯзгор, Аз бари ғафлатпаноҳон додгар бигзашту рафт. Ношунида панди кас шатранҷи ҳастӣ бохтем, Чун нафас аз пеши рӯ аҳли назар бигзашту рафт. Асли худ нашнохтему хешро гум сохтем, Ҳасрато, айёми мо андар ҳадар бигзашту рафт. Эй Зарифӣ, дуриҳо ҷустем аз аҳли ҳунар, Беҳунар мондем, чун аҳли ҳунар бигзашту рафт. @davlatobod1