374
مشترکین
اطلاعاتی وجود ندارد24 ساعت
-37 روز
-1030 روز
در حال بارگیری داده...
کانالهای مشابه
ابر برچسبها
هیچ دادهای
مشکلی وجود دارد؟ لطفاً صفحه را تازه کنید یا با مدیر پشتیبانی ما تماس بگیرید.
اشارات ورودی و خروجی
---
---
---
---
---
---
جذب مشترکین
سپتامبر '26
سپتامبر '26
+2
در 0 کانالها
اوت '26
+10
در 1 کانالها
Get PRO
ژوئیه '26
+5
در 0 کانالها
Get PRO
ژوئن '26
+6
در 1 کانالها
Get PRO
مه '26
+74
در 1 کانالها
Get PRO
آوریل '26
+5
در 1 کانالها
Get PRO
مارس '26
+9
در 5 کانالها
Get PRO
فوریه '26
+13
در 2 کانالها
Get PRO
ژانویه '26
+17
در 1 کانالها
Get PRO
دسامبر '25
+13
در 1 کانالها
Get PRO
نوامبر '25
+14
در 1 کانالها
Get PRO
اکتبر '25
+14
در 2 کانالها
Get PRO
سپتامبر '25
+12
در 1 کانالها
Get PRO
اوت '25
+17
در 3 کانالها
Get PRO
ژوئیه '25
+16
در 4 کانالها
Get PRO
ژوئن '25
+5
در 4 کانالها
Get PRO
مه '25
+18
در 3 کانالها
Get PRO
آوریل '25
+15
در 2 کانالها
Get PRO
مارس '25
+23
در 5 کانالها
Get PRO
فوریه '25
+25
در 3 کانالها
Get PRO
ژانویه '25
+31
در 5 کانالها
Get PRO
دسامبر '24
+20
در 4 کانالها
Get PRO
نوامبر '24
+12
در 0 کانالها
Get PRO
اکتبر '24
+27
در 5 کانالها
Get PRO
سپتامبر '24
+9
در 1 کانالها
Get PRO
اوت '24
+12
در 5 کانالها
Get PRO
ژوئیه '24
+16
در 1 کانالها
Get PRO
ژوئن '24
+25
در 6 کانالها
Get PRO
مه '24
+26
در 7 کانالها
Get PRO
آوریل '24
+30
در 8 کانالها
Get PRO
مارس '24
+45
در 8 کانالها
Get PRO
فوریه '24
+57
در 10 کانالها
Get PRO
ژانویه '24
+41
در 8 کانالها
Get PRO
دسامبر '23
+30
در 8 کانالها
Get PRO
نوامبر '23
+24
در 5 کانالها
Get PRO
اکتبر '23
+23
در 7 کانالها
Get PRO
سپتامبر '23
+67
در 0 کانالها
Get PRO
اوت '23
+37
در 0 کانالها
Get PRO
ژوئیه '23
+20
در 0 کانالها
Get PRO
ژوئن '23
+13
در 0 کانالها
Get PRO
مه '23
+23
در 0 کانالها
Get PRO
آوریل '23
+65
در 0 کانالها
Get PRO
مارس '23
+18
در 0 کانالها
Get PRO
فوریه '23
+20
در 0 کانالها
Get PRO
ژانویه '23
+25
در 0 کانالها
Get PRO
دسامبر '22
+47
در 0 کانالها
Get PRO
نوامبر '22
+12
در 0 کانالها
Get PRO
اکتبر '22
+26
در 0 کانالها
Get PRO
سپتامبر '22
+11
در 0 کانالها
Get PRO
اوت '22
+8
در 0 کانالها
Get PRO
ژوئیه '22
+10
در 0 کانالها
Get PRO
ژوئن '22
+11
در 0 کانالها
Get PRO
مه '22
+37
در 0 کانالها
Get PRO
آوریل '22
+24
در 0 کانالها
Get PRO
مارس '22
+14
در 0 کانالها
Get PRO
فوریه '22
+16
در 0 کانالها
Get PRO
ژانویه '22
+28
در 0 کانالها
Get PRO
دسامبر '21
+31
در 0 کانالها
Get PRO
نوامبر '210
در 0 کانالها
Get PRO
اکتبر '210
در 0 کانالها
Get PRO
سپتامبر '210
در 0 کانالها
Get PRO
اوت '210
در 0 کانالها
Get PRO
ژوئیه '210
در 0 کانالها
Get PRO
ژوئن '210
در 0 کانالها
Get PRO
مه '21
+209
در 0 کانالها
| تاریخ | رشد مشترکین | اشارات | کانالها | |
| 05 سپتامبر | +2 | |||
| 04 سپتامبر | 0 | |||
| 03 سپتامبر | 0 | |||
| 02 سپتامبر | 0 | |||
| 01 سپتامبر | 0 |
پستهای کانال
Аз остон то осмон дору надори ман Ватан,
Дар пастиҳои зиндагӣ авҷу барори ман Ватан.
Азбаски дар ин сарзамин сидқу сафо бишнохтам,
Пайванди қалбу ҷону руҳ, оинадори ман Ватан.
Андар машоми ҷони ман бӯи замин бахшидаӣ
Сарманзили гулҳои тар, доимбаҳори ман Ватан.
Ҷисми маро шому саҳар парварди дар домони худ,
Аз ин сабаб чун модари шабзиндадори ман Ватан.
Ҷонам фидои хоки ту, хоки азизу поки ту,
Бӯсидани ҳар заррааш ҳар лаҳза кори ман Ватан.
Гулҳои умедам кунун бишкуфт дар тарфи чаман,
Дар сина маъво медиҳад паҳнои гулзори Ватан.
Андар вафо медорамаш хоки бузургонро азиз,
Некуст аз гулбори ғайр моро сари хори Ватан.
Мардум саросар ин замон дасти рафоқат сӯи дӯст,
Файзи Худованд мечакад ҳар ҷо зи девори Ватан.
Бодо муҳаббат пойдор андар фазои зиндагӣ,
Ҳарфу ҳиҷои сарварам нақди шакарбори Ватан.
Килки дурахшонро бубин, нақши каёнӣ мекашад,
Аз лутфу эхсони қавӣ авлост озори Ватан
Аз ҳастиат гаштам басе мисли Саодат бошараф,
Чун ифтихори ман туӣ, номусу ори ман Ватан.
| 2 | БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ДОНИШ
МАКТАБ
Эй монда қадам ба роҳи МАКТАБ,
Олист мақому ҷоҳи МАКТАБ.
МАКТАБ сабаби ҳаёт бошад,
МАКТАБ сабаби наҷот бошад.
МАКТАБ ба ту ақлу ҳуш бахшад,
МАКТАБ ба ту шаҳду нӯш бахшад.
МАКТАБ ба ту дод илму одоб,
МАКТАБ ба ту дод дурри ноёб…
Бархезу гузор хоби худро,
Баргир ба каф китоби худро.
Рав аз ҳама пештар ба мактаб,
Шавқ аст туро агар ба мактаб.
Саъйе бинамову илму одоб
Беҳтар зи шарики хеш дарёб,
То дар ду ҷаҳон азиз бошӣ,
Бо донишу ботамиз бошӣ."
Устод Садриддин Айнӣ | 66 |
| 3 | БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ДОНИШ:
Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ
МАКТАБНОМА
Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,
Чун гул ба чаман ҳавола будӣ.
Акнун, ки ба чордаҳ расидӣ,
Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ,
Ғофил манишин, на вақти бозист,
Вақти ҳунар асту сарфарозист...
(Низомии Ганҷавӣ)
Эй ҷони ҷаҳону нури дида,
Аз гулшани меҳри мо дамида!
Эй чашмаи поки ҷони бобо,
Дар даҳри куҳан нишони бобо!
Эй дода нишот баҳру барро,
Бахшида умеди нав падарро!
Эй руста гул аз баҳори модар,
В-эй боиси ифтихори модар!
Бигзашт шабу сапеда омад,
Аз шарқ шафақ дамида омад.
Хуршеди муҳаббатофари даҳр,
Тобид ба рустову ҳам шаҳр.
Бишкан қафасоти хоби ширин,
Бикшой ду дидаи ҷаҳонбин.
Ин субҳ ба номи эзади пок,
Бархез зи ҷой чусту чолок.
Варзиш бикуну чунон ба чустӣ,
Тасмим бигир бар дурустӣ,
К-имрӯз ту пештоз бошӣ,
Меҳровару дилнавоз бошӣ.
Набвад ба ту чира сояи тарс,
Посух бидиҳӣ ба ҳар яке дарс.
То бар ту шавад насиб, эй авлод,
Бишнидани офарини устод.
Аз ҳар табақи сабақ ба шодӣ,
Нӯше бичашӣ ба босаводӣ...
Бо чеҳраи шод, пас, сари хон,
Биншин ба канори модари ҷон.
Субҳона бихӯр, нӯши ҷонат,
То сахт бигардад устухонат.
То мағзи сарат фаъол гардад,
Қутат сабаби камол гардад.
Пас, бо дили шоду майли даҳчанд,
Бо ҳамсабақони худ бипайванд.
Биштоб ба ҷониби дабистон,
Бар кишвари илм – матлабистон.
Биштоб ба сӯйи мактаби худ,
Яъне, ба саройи бахшишу ҷуд.
Мактаб сабаби камол бошад,
Сарчашмаи рушди ҳол бошад.
“Мактаб сабаби ҳаёт бошад,
Мактаб сабаби наҷот бошад”.
Мактаб сабаби тараққиёт аст,
Шаҳпояи мактаби ҳаёт аст.
Мо толибу мактаб аст матлуб,
Мо роғибу мактаб аст марғуб.
Чун лоф занӣ надида мактаб,
Бар аҳли замонаи мураккаб?
Мактаб наравӣ, равад зи ту бахт,
Рӯзе бирасад, туро шавад сахт.
Рӯзе бирасад, Худо накарда,
Нодон шавию ба банда барда.
З-ин рӯй ту дил ба мактабат банд,
Мактаб бидиҳад наҷотат аз банд.
Бояд, ки ба мактабат гароӣ,
То зинаи охирин бароӣ.
З-устод ба шавқ дониш андӯз,
То ном ниҳанд: донишомӯз.
Устод надида чун диҳӣ ёд,
Як рӯз ба дигарон чу устод?
Бикшо гиреҳ аз ҷабини устод,
Ояд зи лаб офарини устод.
Тилфон чӣ диҳад? Китоб мехон!
Бар пурсиши худ ҷавоб мехон!
Дониш шуда дар китоб мактуб,
Маҳфуз бувад ба шакли матлуб.
Алқисса, ки мактабу маъориф,
Маъруф кунад туро чу ориф.
Дар назди муаллимони комил,
Мақсуд шавад зи илм ҳосил.
Фархунда бувад туро, ҷигарбанд,
Бо мактабу илму ҳилм пайванд. | 55 |
| 4 | Забони суғдиён, ки гузаштагони тоҷиконанд, ба шохаи шарқии эронии гурўҳии забонҳои ҳиндуэронӣ тааллуқ дорад, асосан дар водиҳои Зарафшону Қашқадарё паҳн шуда буд. Аҳолии Истаравшан, нисфи аҳолии водии Фарғона ва Чоч (Тошкенти имрўза) низ ба забони суғдӣ гап мезаданд. Ба сабаби дар муносибатҳои савдои байни Осиёи Миёна ва Хитой роли бузург доштани суғдиён Забони суғдӣ ибтидои асри эраи мо дар территорияи калоне паҳн мешавад.
Забони суғдӣ дар асрҳои 4-10 эраи мо ба шеваю лахҷаҳои бисьёре тақсим шуда буд, ки муҳимтаринаш шеваи Самарқанд ба шумор мерафт. Ин шева асоси забони хаттии суғдиро ташкил дода, асрҳои зиёде дар Осиёи Миёна ва Марказӣ ҳамчун забони адабиёт, илм, дин ва савдои байналхалқӣ хизмат кард.
Қадимтарин ёдгориҳои хати суғдӣ — навиштаҷоти тангаҳо — ба а. 2 эраи мо мансубанд. Ёдгориҳои «Номаҳои бостон”-и аз Туркистони Шарқӣ ёфтшуда шаҳодат медиҳанд, ки аввали а. 4 эраи мо нормаҳои асосип хати суғдӣ шакл гирифта, тақрибан то а. 10 маҳфуз мондааст... | 57 |
| 5 | 🇺🇿Мустақиллик байрами муборак бўлсин! 🎉
Азиз юртдошлар! Сизларни Ўзбекистон Республикаси Мустақиллигининг 35 йиллиги билан чин қалбимдан муборакбод этаман!
Юртимиз тинч, осмонимиз мусаффо, халқимиз фаровон бўлсин. Ҳар бир хонадонга файз-у барака, бахт ва қувонч кириб келсин!
🇺🇿 Янги Ўзбекистонимиз доимо гуллаб-яшнасин!
🎊 Мустақиллик байрами муборак бўлсин! | 199 |
| 6 | ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ӮЗБЕКИСТОН БАР ҲАМАГОН МУБОРАК!
МУСТАҚИЛЛИК БАЙРАМИ БИЛАН, АЗИЗ ВАТАНДОШЛАР!
Имрӯз навбаҳори Ватан сабзу хуррам аст,
Пиру ҷавони кишварам хушбахти олам аст.
Сад шукр, осмони Ватан софу беғубор,
Ин бахти мову тақдири пири муаззам аст.
Бар қуллаҳои норасида гом мезанем,
Дар дил шиори дӯстӣ доим муқаддам аст.
Дилҳои тираро Ватан осуда мекунад,
Ҳар кӣ бирафт аз Ватан, як умр сархам аст.
Дар сояи Ватан будан ин бахти бебаҳост,
Не, не, ба қалби маҷрўҳ як умр марҳам аст.
Ҳамду сано ба сарвари доною бебаҳо,
Бо меҳр дар дили ҳама умре мукаррам аст.
Паймонаи шаҳонаи Ҷамшедӣ боядам,
Ин мулки ман муносиби фардои хуррам аст.
Аёнӣ | 49 |
| 7 | ЧАШМАЕ АЗ ДАРЁИ ЗӮҲД
Иброҳими Адҳам розияллоҳу ъанҳу мегӯянд:
" Се чиз қалбамонро парда кардааст:
1.Бо чизи мавҷуд буда хушҳол шудан;
2. Аз чизи гумшуда хафа шудан;
3. Ба таҳсину Сано хурсанд шудан.
То вақте, ки инҳо аз қалб бардошта нашавад, барои банда яқинро дидан кушода намешавад. Агар ба чизи мавҷуд буда хушҳол шавӣ, ҳирсат зиёд мешавад. Ҳирси зиёд бошад боиси маҳрумист. Агар ба чизи аз даст додаат ғамгин шавӣ, ту норозӣ ҳастӣ. Норозигӣ боиси азобу уқубат аст. Агар ба таҳсину офарин хурсанд шавӣ, ту аз худ розӣ шуда ҳисобида мешавӣ. Ин бошад кибру манманист. Кибр амалҳоро нест мекунад".
Қаноат низ як даре аз зӯҳд мебошад. Бо андак розӣ шудан як ҳолати зӯҳд аст. Дар ҳар чиз худро маҳдуд кардан калиди зӯҳд аст.
Аввали зӯҳд ғами охират дар қалб даромадан мебошад. Баъдан дар муомилаи Аллоҳ Таъоло лаззат ёфтан аст. Ғами охират бошад ба қалб намедарояд то ин ки, ғами дунё аз қалб набарояд.
Оне, ки аз гуноҳе тавба карда, аммо лаззати тоатро наёфта бошад, хавф дорад, ки боз ба гуноҳ даст бизанад. Оне, ки дунёро тарк карда, аммо лаззати зӯҳдро наёбад, чунин кас боз ба дунё рағбат мекунад. Ҳолати поки зӯҳд ин аст, ки аз қалб чизи мавҷуд берун карда шавад. Сониян чизи аз қалб берун карда аз даст низ берун мешавад. Ин кор бо ноарзиш, хору ҳақир шумурдани чизи мавҷуд ба вуҷуд меояд. Зеро ки дунё дар чашми вай беарзиш ва нописанд шуда мемонад. Дар ин ҳолат зӯҳд комил мешавад. Баъди ин чунин кас зӯҳди худро низ фаромӯш мекунад. Яъне, зӯҳд карданашро низ аз ёд мебарорад ва дар зӯҳдаш низ зоҳид мешавад. Чунки мақсади вай танҳо зӯҳд нест балки ба Аллоҳ қурбат ҳосил кардан аст. Дар чунин васф зӯҳд ба комилӣ мерасад.
Ин мағз ва ҳақиқати зӯҳд буда, дар байни мақомоти яқинӣ аз нодиртарин ҳолатҳо мебошад. Ин барои нафс нест балки зӯҳдест,ки аз нафс гузашта шудааст. Ин ҳолати сиддиқон ва зӯҳди муқаррабонест,ки ба ҳақоиқи яқинӣ расидаанд.
Вараъ низ аз зӯҳд аст. Зӯҳд бошад аз имон аст. Ҳаёву имон бошад ба мисоли ду решаест, ки дар як боғ баромадааст.
@ilyas_tavhiyd | 183 |
| 8 | Ориф биллааҳ, шайхи мураббӣ Абдулқодир Исо Диёб розияллоҳу ъанҳу дар китоби худ "Ҳақоиқу ъанит тасаввуф" овардаанд, ки:
"Абубакр Каттонӣ роҳимаҳуллоҳу таъоло мегӯяд:
"Дар мавсум( маҳали ҳаҷ) дар мавзӯъи муҳаббат ба Аллоҳ таъоло суолу ҷавоб карда шуд. Машоихҳо дар бораи он гуфтугӯ карданд. Ҷунайд дар байни онҳо хурдсолтарин кас буд.
Ба вай гуфтанд:
" Ҳой Ироқӣ! Ту дар ин бора чи медонӣ?".
Вай сарашро хам кард. Аз ду чашмонаш оби чашм равон шуд. Сипас гуфт:
" Он бандаи (Аллоҳро дӯст дошта), ки аз нафси худ дур шудааст. Пайваста аст ба зикри Парвардигори худ. Қоим аст ба адои ҳуқуқҳои Ӯ. Ба қалби худ назораткунанда аст. Қалби онро нур иҳота кардааст. Вай аз пиёлаи пур аз муҳаббати Аллоҳ менӯшад.
Агар вай ҳарф занад, аз номи Аллоҳ ҳарф мезанад. Агар нутқ кунад, танҳо аз Аллоҳ нутқ мекунад. Агар ҳаракат кунад, пас ба амри Аллоҳ ҳаракат мекунад. Агар сукут пеша гирад, ҳамроҳи Аллоҳ сукут мекунад. Вай ҳамаҷониба барои Аллоҳ аст. Вай бо Аллоҳ аст ва бо Вай ҳаракат мекунад".
Баъди шунидани инҳо онҳо гиря карда гуфтанд:
"Ба ин дигар чизе барои изофа кардан боқӣ намонд. Аллоҳ туро подош бидеҳад эй тоҷи орифон!".
Аз Абу Ҳурайра розияллоҳу ъанҳу ривоят шудааст, ки:
"Пайғамбар соллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуданд:
«Се вижагианд, ки агар дар ҳар кас бошанд, ширинии имонро ёфтааст: Аллоҳ ва расули Ӯ аз ҳар кас дар наздаш маҳбубтар бошанд, дӯстии ӯ бо ҳар кас фақат ба хотири Аллоҳ бошад ва бозгашт ба куфр барои ӯ баъд аз он, ки Аллоҳ ӯро аз он наҷот дод, ба монанди суқут ва фурӯ рафтан дар оташ, сахт ва ногувор бошад».
Ривоят аз Бухорӣ, Муслим ва Насоӣ
Тафсили асбобе, ки сабаби муҳаббати Худованд мешавад, ба шарҳи зер аст:
1- Қироати бо тадаббури Қуръон ва фаҳми маъонӣ ва мафоҳими он. Ҳар кас ба китоби Худованд пардохт ва ба он амал намуд, дилаш ба муҳаббати Худованд обод мешавад.
2– Тақарруб ҷӯстан ба Худованд ба василаи навофил баъд аз анҷоми фароиз:
«Ҳамеша бандаи ман бо навофил ба ман тақарруб меҷӯяд, то ин, ки ӯро дӯст мегирам ва онгоҳ, ки ӯро дӯст гирифтам, ман гӯши ӯ мешавам, ки бо он мешунавад ва чашми ӯ мешавам, бо он мебинад ва дасти ӯ мешавам, ки бо он кор мекунад ва пои ӯ мешавам, ки бо он роҳ меравад. Агар чизе аз ман бихоҳад, ба ӯ медиҳам ва агар аз ман паноҳ биталабад, ӯро паноҳ медиҳам».(Ҳадиси қудсӣ, Бухорӣ ривоят кардааст).
3- Мудовамат кардан ба ёд ва зикри Аллоҳ дар ҳар ҳол, чӣ бо забон ва дил ва чӣ бо ҳол ва дар ҳар кор ва амале, ки анҷом медиҳад.
4- Муқаддам шумурдани он чӣ Аллоҳ дӯст медорад, бар хоҳишот ва майлҳои нафси одамӣ.
{Онҳоро дӯст медорад ва (онҳо низ) Ӯро дӯст медоранд}.
[Сураи Моида, ояти 54]
5- Мутолиаи амиқи Асмо ва Сифоти Аллоҳи мутаол ва шинохти онҳо.
6- Мушоҳидаи некӣ ва эҳсону неъматҳои зоҳирӣ ва ботинии Ӯ.
7- Фурутании куллии дил дар баробари Аллоҳи мутаол ва бо азамат.
8– Хилват гӯзидан бо Аллоҳи мутаол дар як саввуми охири шаб, онгоҳ, ки Парвардигор ба осмони дунё фуруд меояд, бо Худованд хилват гӯзида ва бо Ӯ муноҷот карда ва китоби ӯро бихонад ва муаддабона дар баробари Ӯ ба намоз бипардозад ва онро бо тавба ва истиғфор поён диҳад.
9- Ҳамнишинӣ бо дӯстони содиқи Аллоҳ ва истифода аз самараҳои суханони поку накӯи онон ва сухан нагуфтан магар ҳангоме, ки маслиҳати он ғолиб буда ва барояш ошкор шуд, ки манфиати он бештар ва барои дигарон сӯдманд аст.
10- Дӯрӣ аз ҳар чизе, ки сабаби дӯрии ӯ аз Аллоҳи мутаол мешавад.
Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:
«Аллоҳи мутаол мефармояд: Ман назди гумони бандаам ба ман ҳастам, ҳаргоҳ маро ёд кард, бо ӯ ҳастам, агар маро дар танҳоӣ ёд кард, ӯро назди худам ёд мекунам ва агар маро дар назди ҷамъе аз мардум ёд кард, ман ӯро дар ҷамъи беҳтаре аз он ёд мекунам ва агар як ваҷаб ба ман наздик шавад, ман ду ваҷаб ба ӯ наздик мешавам ва агар ним метр ба ман наздик шавад, ман як метр ба ӯ наздик мешавам ва агар ӯ ором ором ба сӯи ман биёяд, ман давон давон ба сӯи ӯ меравам».
Имом Бухорӣ ривоят кардаанд.
@ilyas_tavhiyd | 146 |
| 9 | Шарти тавба ин аст, ки инсони тавба кунанда бояд аввал бо гуноҳкорон алоқаашро қатъ карда, баъдан бо нафси осӣ шудааш миёнаро бикшояд ва ба вай танҳо чизҳои лозимиро бидиҳад. Баъди ин муомила ба гуноҳ нагаштан азму қарор мекунад. Ёрдами мардумонро интизор намешавад. Чизҳои зарароварро тарк мекунад ва аз хоҳишоти нафсони пайравӣ накарда, бо роҳи салафҳо роҳ меравад.
Ба хурд будани ҳадя назар макун, балки онро ба ки дода истодаи назар бикун. Ба хурд будани хато назар макун, балки дар баробари ки гуноҳ карда истодаи назар бикун. Зеро ки калон шудани гуноҳ бо сабаби муқобил будани банда ба Аллоҳ Таъоло мебошад. Оне, ки бузургии Аллоҳ Таъолоро дар қалби хеш идрок кунад, гуноҳи хурдтарин низ дар назараш калон дида мешавад.
Дар бораи гуноҳро дар ёд доштан ё ин ки, фаромӯш кардан инсонҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:
1. Тавбаи аҳли хавфу раҷо;
2. Тавбаи аҳли маърифат.
Тавбаи аслӣ гуноҳи кардаро доимӣ дар пеши ду чашм овардан аст. Ин тавбаи ононест, ки Аллоҳ Таъолоро ирода карда аз Он метарсанд. Онҳо гуноҳро ба ёд оварда, бо ғами доимӣ ва хавфи доимӣ зиндагӣ мекунанд.
Инҳо аҳли хавфу раҷо ҳастанд.
Дар ҳақиқати тавба гуноҳро бояд фаромӯш кард. Гуноҳро фаромӯш кардан ин роҳи орифонест, ки бо зикрҳо, амалҳои солеҳ ва бо қурби илоҳӣ банд шуда, Аллоҳ Таъолоро ашаддӣ дӯст доштаанд. Нигоҳи онон дар шаҳодати ягонагӣ мебошад. Ин мақомест дар ҳолати маърифат.
Аз китоби " Қутул қулууб..."-и шайхул ислом, ориф биллоҳ Абу Толиби Маккӣ.
@ilyas_tavhiyd | 146 |
| 10 | Бидон, ки дар ҳақиқати гуноҳи аслӣ 10 ҷиҳат ҳаст. Барои тавба ҳисоб шудан, дӯст доштани Аллоҳ ва барои адои тавбаи насуҳ бояд дар ҳар як гуноҳ бо даҳ намуд тавба ҷавоб дода шавад:
1. Гуноҳро дигар такрор накардан;
2. Дар бораи он сухан нагуфтан;
3. Он сабабҳоеро, ки ба он гуноҳ мебарад,тарк кардан;
4. Дур шудан аз ҳаракати монанди он гуноҳро кардан;
5. Тавба кардан аз назаре, ки ба гуноҳ вобаста аст;
6. Тавба кардан аз гӯш додан ба ононе, ки дар бораи гуноҳ гуфтугӯ мекунанд.
7. Тавба кардан аз нияти гуноҳро анҷом додан;
8. Тавба кардан аз сустӣ ва танбалӣ дар тавба кардан;
9. Тавба кардан аз тавбае, ки номаълум бошад, ки оё аз гуноҳи карда барои Аллоҳ тавба кардааст ё на.
10. Тавба кардан аз тавбае, ки ба он тавба такя карда,зи он таскин пайдо карда шуда бошад.
Саҳл роҳимаҳуллоҳ чунин гуфтаанд:
" Банда дар ҳар ҳолат ба Парвардигораш эҳтиёҷманд аст. Ҳолати зеботаринаш ин аст, ки дар ҳар кораш ба Аллоҳ боз мегардад. Агар гуноҳ анҷом диҳад, мегӯяд:
" Парвардигоро! Маро парда бикун (боздор)!".
Вақти аз гуноҳ фориғ шудан мегӯяд:
" Парвардигоро! Бар ман тавбаро насиб гардон!".
Баъд аз тавба кардан мегӯяд:
" Парвардигоро! Маро ҳифз бикун!".
Ҳангоми амал кардан мегӯяд:
" Парвардигоро! Қабул бифармо!".
Баъд аз гуноҳ ва тавбаву исрор ҳашт чиз ҳаст, ки амали некӯтарин гуфта,умид карда мешавад. Чаҳортои он ба аъзоҳо ва чаҳортои он ба қалб вобаста аст.
Он чаҳоре, ки ба аъзоҳо вобаста аст:
1. Ду ракъат намоз хондан;
2. Ҳафтод маротиба истиғфор гуфтан;
3. Сад маротиба " Субҳааналлоҳил ъазийми ва биҳамдиҳи" гуфтан;
4. Садақа додан ва як рӯз рӯза гирифтан.
Ва он чаҳоре, ки ба қалб вобаста аст:
1. Ба қабули тавба эътиқод доштан.
2. Тарк кардани гуноҳро дӯст доштан;
3. Тарс аз азоб;
4. Умид ба мағфират кардан.
Инсонҳо аз гуноҳҳои хеш тавба мекунанд ва хосҳо аз амалҳои савоби хеш тавба мекунанд.
Тавба аз беҳтарин амалҳост. Зеро ки амалҳои дигар бе тавба дуруст намешавад. Худи тавба бошад, бо тарки чизҳои ҳалоли бисёр дуруст мешавад. Зеро ки бо тарки он одам ба ҳаром наздик намешавад.
Дар дунё Аллоҳ Таъоло гуноҳи бандаеро пинҳон карда бошад, он гуноҳро дар охират мебахшад. Аллоҳ Таъоло бо саховаташ чизи дар дунё пинҳон кардаашро дар охират намекушояд. Аммо гуноҳҳое, ки дар дунё ошкор карда шудааст, ин ҷазои охирати банда аст. Аллоҳ Таъоло барои бандааш ду бор ҷазо намедиҳад.
Аввали истиғфор иҷобат, баъд иноба ва баъд тавба. Иҷобат амали аъзоҳост. Иноба амали қалб аст. Тавба бошад ба сӯи Аллоҳ Таъоло рӯй гардонида, аз халқ рӯй гардонидани банда мебошад.
Оне, ки аз наваду нӯҳ гуноҳ тавба карда, аз яке он тавба накарда бошад, дар назди аҳли хирад он банда тавба кунанда ҳисобида намешавад.
Барои банда тавба чизи зарурист. Мусибати вазнинтар бошад аз илми тавба бехабар мондан аст. Мардумон илми тавбаро намедонанд. Оне, ки тавба воҷиб нест мегӯяд, он кофир аст. Касе, ки ин гапро маъқул бидонад,ӯ низ кофир аст. Тавба кунанда онест, ки дар ҳар як нафас ва дар ҳар як лаҳза аз ғафлат ба сӯи Аллоҳ бозгашт кардааст.
Оне, ки нобино шудааст,зикрро фаромӯш мекунад ва аз қафои тахмин роҳ меравад ва тавба накарда, талаби мағфират мехоҳад.
Аз тавба кардан маҳрум шудан, аз мағфират маҳрум шудан хавфноктар аст.
Барои дуруст ва ҳақиқӣ шудани тавбаи мурид бояд, ки фариштаи китфи чап дар давоми бист сол барояш ягон гуноҳеро нанависад.
Нишонаи тавбаи аслӣ ин аст, ки бояд ширинии шаҳват бо ширинии ибодат иваз карда шавад. Хурсандии гуноҳ бо пушаймонӣ ва надомату афсус иваз шавад.
Барои муриди ибтидои мақоми нахуст тавба аст. Ҳаракатҳои зиштро ба ҳаракатҳои накӯ иваз кардан тавба мебошад. Дар ин роҳ инсон хешро ба ҳаловат ва сукунат меомӯзонад. Барои дуруст шудани тавба бояд ҳалол бихӯрад. Ҳалол хӯрдан бошад дуруст намешавад то ин, ки маҷбурияту одобҳои бандагӣ дар пеши Аллоҳ Таъоло ва ҳаққи дар болои нафсаш буда адо карда нашавад. Ғайр аз Аллоҳ Таъоло дигар ба ҳеҷ кас такя накарда, дар ҳар як ҳаракат ва сукунат танҳо ба Аллоҳ Таъоло такя кардан боиси ин ҳолат мешавад. | 179 |
| 11 | МОҶАРОИ ҚОРӢ ИСМАТ БО ҲАМСАРАШ
Қорӣ Исмат, доимо аз дарди сар шикоят дошт ва занаш сарашро масҳ мекард.
Як рӯз ҳангоми масҳ кардан зан аз Қориамак пурсид:
- Қорибобо, пеш аз маро гирифтан вақте ки сарат ба дард меомад, ки масҳ мекард?
Қориишкамба, дар ҷавоб:
-Ҳеч кас...
Зан:
-Чи хел.?
Қорӣ:
-Дарди сарам баъди туро ба занӣ гирифтани пайдо шуд…
Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед | 112 |
| 12 | Қашанг аст
Ба касе кина нагиред,
Дили бе кина қашанг аст.
Ба ҳама меҳр биварзед,
Ба Худо меҳр қашанг аст.
Дасти ҳар раҳгузареро бифишоред ба гармӣ
Бӯса ҳам ҳисси қашанг аст,
Бӯса бар дасти падар,
Бӯса бар гунаи модар,
Лаҳзаи ҳодисаи бӯса қашанг аст.
Бифишоред ба оғӯш азизон,
Падару модару фарзанд,
Ба Худо гармии оғӯш қашанг аст.
Назанед санг ба гунҷишк,
Пари гунчишк қашанг аст.
Пари парвона бибусед,
Пари парвона қашанг аст.
Настаранро бишиносед,
Ёсро ламс кунед,
Ба Худо лола қашанг аст.
Ҳама ҷо маст бихандед,
Ҳама ҷо ишқ биварзед,
Сина бо ишқ қашанг аст.
Бишиносед Худоро,
Ҳар куҷо ёди Худо ҳаст,
Сақфи он хона қашанг аст.
✍️ Фаридун Муширӣ
@gazaltjk | 77 |
| 13 | Одам аз бебасарӣ бандагӣ бар одам кард,
Гавҳаре дошт, вале назри Қубоду Ҷам кард,
Яъне аз хӯйи ғуломӣ зи сагон хортар аст,
Ман надидам ки саге пеши саге сар хам кард!
© Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
#шоҳбайт
@donish_su | 69 |
| 14 | ***
Нашъаи файзе зи субҳи рӯзгори Бедилам,
Қатраи ашке зи чашми интизори Бедилам.
Пой то сар з-оташи дил, аз таби шавқам гудохт,
Ҳамчу шамъи ашкрезон бар мазори Бедилам.
Бе мурувват магзар аз мо, рутбаи аҷзам шинос,
Гарчи товоне надорам, хоксори Бедилам.
Аз гарониҳо сарамро тоқати зону намонд,
Оламе савдо ба сар, девонавори Бедилам.
Донаи дил зери гардун файзи сарсабзӣ надид,
Солҳо дар хоксорӣ хаставори Бедилам.
Корвони мо куҷо бар манзили мақсад расад?
Нақшипоафтодае дар раҳгузори Бедилам.
Хотири мо, Ҳоҷӣ, бар асбоби ҷамъият насохт
В-арна ман ҳам софтабъе аз шумори Бедилам.
Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ
Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед | 79 |
| 15 | Ассалому алайкум Ватандошим! Сизни энг улуғ, энг азиз айём — Ўзбекистон Республикаси Давлат мустақиллигининг 35 йиллик қутлуғ байрами билан чин қалбимдан муборакбод этаман! Жонажон Ватанимиз тинчлиги бардавом, халқимиз фаровонлиги янада зиёда бўлсин. Янги Ўзбекистоннинг истиқболли йўлида олиб борилаётган бунёдкорлик ишларида барчага куч-ғайрат ва муваффақиятлар тилайман. Мустақиллигимиз абадий бўлсин! Ҳурмат билан Имомназар Турсунов | 54 |
| 16 | بدون متن... | 2 152 |
| 17 | ҲУМОЮН.
Ҷавони ӯзбек. Мактаби миёна ва факултаи торихи Донишгоҳи Давлатии Қарширо бо забони ӯзбеки хатм кардааст. Вале ба тамаддун, забон, торих, одатҳо ва адабу фарҳанги тоҷикон шавқи било ниҳоя дорад. Бо забони тоҷикӣ хеле адабӣ ва таҳти таъсири тоҷикони кӯҳистони Кешрӯд ҳарф мезанад. Илова бар ин аз эҷоди ҳофизони тоҷику афғон ва русу эронӣ сурудаҳоро тараннум менамояд. Соле як-ду бор ба зиёрати банда низ меояд.
Бурдборӣ ва комёбиҳо дар ин ҷодаҳо ёрат бод, Ҳумоюн! | 106 |
| 18 | Шумораи навбатии 65-уми "ОВОЗИ ТОҶИК" аз 15 августи соли 2026 барои мутолиа пешкаш мегардад.
Шакли PDF-ро таҳририят пешниҳод намудааст.
Аз тариқи веб-сайти интернетии рӯзнома ovozitojik.uz низ метавонед аз навгониҳо хабардор гардед.
Telegram | Facebook | Шабака | YouTube | Барои муроҷиат | 93 |
| 19 | Шумораи навбатии 66-уми "ОВОЗИ ТОҶИК" аз 19 августи соли 2026 барои мутолиа пешкаш мегардад.
Шакли PDF-ро таҳририят пешниҳод намудааст.
Аз тариқи веб-сайти интернетии рӯзнома ovozitojik.uz низ метавонед аз навгониҳо хабардор гардед.
Telegram | Facebook | Шабака | YouTube | Барои муроҷиат | 76 |
| 20 | ШУМОРАИ НАВБАТИИ 33-ЮМИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД"-РО БАРОИ МУТОЛИА ПЕШКАШ МЕКУНЕМ.
🧾 ШАКЛИ PDF
👉 http://ovozi.uz/wp-content/uploads/2021/04/Gazeta-2026-33.pdf
ДАР ШУМОРАИ НАВБАТӢ:
📰 ЭЪТИБОР ВА ЭЪТИРОФИ СОҲИБКОРОН
👉 https://ovozi.uz/67194/
📰 МЕҲНАТИ СОДИҚОНА ЭЪТИРОФ ШУД
👉 https://ovozi.uz/67217/
📰 ҲАМКОРӢ БО ГУРҶИСТОН ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ
👉 https://ovozi.uz/67191/
📰 САМАРҚАНД — МАРКАЗИ САЙЁҲӢ
👉 https://ovozi.uz/67220/
ин мақолаҳо ва матолиби дигари рӯзноманигоронро мутолиа намоед.
🌐 Сайт http://ovozi.uz/
МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ:
Telegram | YouTube | Facebook | 75 |
