cookie

Мы используем файлы cookie для улучшения сервиса. Нажав кнопку «Принять все», вы соглашаетесь с использованием cookies.

avatar

Файзи Ғелон

"Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек" Барои муроҷиат: @anis_sc ёки @Anis_sc Рузибойи Курбониён +998955060124

Больше
Рекламные посты
394
Подписчики
Нет данных24 часа
+47 дней
+1130 дней

Загрузка данных...

Прирост подписчиков

Загрузка данных...

Фото недоступноПоказать в Telegram
Эй бурда дилам ба ғамза, ҷон низ бубар, Бурдӣ дилу ҷон, ному нишон низ бубар. Гар ҳеҷ асар бимонад аз ман ба ҷаҳон, Таъхир раво мадор, он низ бубар. * * * Ишқи ту амир аст кунун бар ҷонам, Бечора шуда мунтазири фармонам. Дар қабзаи қудратат асирам акнун. Чун нест падид, эй писар, дармонам. * * * Рӯзе ду-се, к-андар ин ҷаҳонам зинда, Шармам бодо, агар ба ҷонам зинда. Он лаҳза шавам зинда, ки пешат мирам, В-он дам мирам, ки бе ту монам зинда. Айнулқузот
Показать все...
Фото недоступноПоказать в Telegram
Дар ахбор омада, ки имом Шофеъӣ ва имом Муҳаммад пеши ҳарами Каъба нишаста буданд. Марде аз дари масҷид даромад. Имом Шофеъӣ, раҳимаҳУллоҳ, фармуд, ки ин мард дурудгар менамояд. Имом Муҳаммад гуфт: Оҳангар ба назари ман меояд. Бас, ӯро талабиданду аз ҳирфаи ӯ пурсиданд. Гуфт: Ман қабл аз ин оҳангарӣ мекардам ва ҳоло дурудгарӣ мекунам. Аз ин ҷо сиҳҳати фаросати он ду бузург маълум мешавад. Байт: Ҳар дил, ки манзари назари кибриё бувад, Пайваста ҷилвагоҳи камоли фаросат аст . Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Показать все...
"САЪДИНОМА" Ё ХУД "БӮСТОН". ДАРСИ 176 ва 177 (МАТНИ ТАЪЛИМӢ) БО ИЛОВАИ ТАРҶИМАИ МУХТАСАРИ ӮЗБЕКӢ به دَستِ خودَت چشم و ابرو نِگاشت که مَحرَم به اَغیار نتوان گذاشت تَوانا که او نازَنین پَروَرَد به اَلوانِ نِعمَت چُنین پرورد به جان گفت باید نفس بر نفس که شکرش نه کارِ زبان است و بَس خدایا، دلم خون شد و دیده ریش که می بینم اِنعامَت از گفت بیش نگویم دَد و دام و مور و سَمَک که فوجِ مَلایک بر اَوجِ فَلَک هَنوزَت سِپاس اندکی گفته اند ز بیوَر هزاران یکی گفته اند * * * Ба дасти худат чашму абрӯ нигошт, Ки маҳрам ба ағёрр натвон гузошт. Тавоно, ки ӯ нозанин парварад, Ба алвони неъмат чунин парварад. Ба ҷон гуфт бояд нафас бар нафас, Ки шукраш на кори забон асту бас! Худоё! Дилам хун шуду дида реш, Ки мебинам инъомат аз гуфт беш. Нагӯям даду дому мӯру самак, Ки фавҷи малоик бар авҷи фалак Ҳанӯзат сипос андаке гуфтаанд, Зи бевар ҳазорон яке гуфтаанд.
Показать все...
САЪДИНОМА - Дарси 176 ва 177.doc1.68 MB
САЪДИНОМА - Дарси 176 ва 177.pdf2.08 KB
ФАРОСАТ ЧИСТ? Фаросат нурест, ки Ҳақ, субҳонаҳу ва таъоло, ба бандаи мӯъмин ато фармуда. Чунончи, мазмуни ин ҳадис, ки: “Иттақӯ фиросат-ал-мӯ’мини фа-иннаҳу йанзуру бинур-Иллоҳи” бар ин маънӣ далолат мекунад ва маънии ҳадис он аст, ки “Битарсед аз фаросати мӯъмин, ки ӯ ба нури худоӣ дар ҳар чизе нигарад. Бас, ҳеч чиз бар ӯ пӯшида намонад. Ва муфассирон дар оят, ки: “Инна фӣ золика лаойотин лил мутавассимин” -ро бар тафаррус фуруд овардаанд. Ва фаросат ду навъ аст: фаросати ҳукмӣ ва фаросати шаръӣ. Аммо фаросати шаръӣ иборат аз он аст, ки ба воситаи тазкияи нафс ва тасфияи қалб ҳиҷоби ғафлат аз айни басират муртафаъ шавад, то мӯъмин ба нури яқин бино гардад ва дар ҳар ки нигарад, ба фаросати ҳақиқӣ бар аҳволи ӯ иттилоъ ёбад. Байт: Балки гар аз дур номат бишнаванд, Бар ҳама ҳолоти ту воқиф шаванд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Показать все...
ҲИКОЯТ: Дар хабар омада, ки ду заифа ба маҳкамаи ҳазрати Сулаймон, ъало набиййино ва ъалайҳис-салоту ва-с-салом, рафтанд ва бар кӯдаке даъво мекарданд. Ҳар як мегуфт: Ин аз они ман аст. Ва ҳар ду аз исбот оҷиз буданд. Ҳазрати Сулаймон, ъалайҳи-с-салом, фармуданд, то тифлро ба шамшер ду нима кунанду ҳар заифаро як нима диҳанд. Чун шамшер баркашиданд, яке аз он ду заифа беқарор шуд ва бигиристу гуфт: Ман аз ҳаққи худ даргузаштам, ӯро макушед! Ва дар он заифаи дигар ҳеч асар падид наёмад. Сулаймон, ъалайҳи-с-салом, фармуд, то тифлро бад-он зан доданд, ки ба куштани он тифл розӣ нашуд. Чи фаросат иқтизои он мекунад, ки он зан модари ӯ буда бошад, ба ҷиҳати шафқате, ки аз ӯ бар ӯ зоҳир шуд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Показать все...
Фото недоступноПоказать в Telegram
Рӯзи Шумо пур аз шодиву нишот ва моломоли меҳру муҳаббати Илоҳӣ бошад, азизон!
Показать все...
Фото недоступноПоказать в Telegram
Фото недоступноПоказать в Telegram
Выберите другой тариф

Ваш текущий тарифный план позволяет посмотреть аналитику только 5 каналов. Чтобы получить больше, выберите другой план.