3 560
Subscribers
+1224 hours
+327 days
+2930 days
Posts Archive
ЎЗБЕКИСТОН, ЎЗБЕКИСТОН
Ҳеч шак бар ин сухан нест,
Тифли инсон беватан нест.
Баҳри ҳамчун ман ҳабибат,
Ҳубби ту панд аст, фан нест.
Ўзбекистон, Ўзбекистон,
Ҳафт пуштамро Ватан!
Сарзамини саргузаштам,
Сарнавиштамро Ватан!
Силкиву марҷони тустам,
Дидаӣ, мижгони тустам.
То ҷаҳон боқист ин сон
Ҷони ҷони ҷони тустам.
Ўзбекистон, Ӯзбекистон,
Ҳафт пуштамро Ватан!
Сарзамини саргузаштам,
Сарнавиштамро Ватан!
Қисматам бо туст пайванд,
Дар ту бо сад решаам банд.
Муттакои муддаоям,
Кай тавонам аз ту дил канд?!
Ўзбекистон, Ӯзбекистон,
Ҳафт пуштамро Ватан!
Сарзамини саргузаштам,
Сарнавиштамро Ватан!
ПАЙМОН
https://t.me/Xirad
+1
СУЛҲ БОДО ДАР ВАТАН
То ҷаҳон поянда бошад, сулҳ бодо дар Ватан,
Шамс то рахшанда бошад, сулҳ бодо дар Ватан.
То зи осмони мусаффо медурахшад ахтаре,
То қамар тобанда бошад, сулҳ бодо дар Ватан.
Сарзамине, ки макони халқи сулҳоин бувад,
Сулҳро зебанда бошад, сулҳ бодо дар Ватан.
Дар лабу дар қалби ин халқи азизам доимо
Хуррамию ханда бошад, сулҳ бодо дар Ватан.
Ҳофии бечора ҳар дам бо умеди беҳисоб
Ин дуо гӯянда бошад: Сулҳ бодо дар Ватан!
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
https://t.me/Xirad
Истиқлолияти кишвар низ ҳамин аст:
Решаҳои мустақил: Кишвари мустақил таърих, фарҳанг ва забони худро дорад ва ба аъмоқи замини аҷдодӣ пайваст аст.
Озодии камол: Кишвар ва мардуми он метавонанд ояндаи худро худашон бисозанд, бе он ки ба фармони дигарон муҳтоҷ бошанд.
Масъулият: Чун дарахт мустақил шуд, худаш бояд дар баробари туфонҳо ва шамолҳои сахт истодагарӣ кунад.
Бобо ба чашмони наберааш нигоҳ карда гуфт:
— Писарам, истиқлолият танҳо як калима ё як рӯзи ҷашн нест. Ин озодӣ ва тавоноии нигоҳ доштани хонаи худ аст. Аммо фаромӯш накун: дарахти истиқлолро танҳо бо меҳнат, дониш ва иштироки фаъоли ҳар як фарди миллат метавон сабзу хуррам нигоҳ дошт. Агар решаҳоро нигоҳубин накунем, ҳатто бузургтарин дарахтҳо низ хушк мешаванд.
Писарбача ба ниҳоли ҷавон нигоҳ кард ва фаҳмид, ки истиқлолият неъматест, ки онро бояд дӯст дошт, ҳифз кард ва барои шукуфоии он саҳм гузошт.
Истиқлолият танҳо як шароити сиёсӣ нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд (хусусан ҷавонон) аст, ки бо донишомӯзӣ, меҳнат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ онро устувор нигоҳ доранд.
https://t.me/Xirad
ИСТИҚЛОЛ АСЛАН ЧИСТ?
Рӯзе писарбачае аз бобояш пурсид:
— Бобоҷон, ҳама аз «Истиқлолият» сухан мегӯянд ва онро азиз медоранд. Истиқлолият аслан чист ва чаро он ин қадар муҳим аст?
Бобокалон табассум кард, писаракро ба боғ бурд ва дар пеши як дарахти калони чормағз истод. Сипас, аз ҷайбаш як дона чормағз бароварда ба дасти ӯ дод ва гуфт:
— Ин чормағзро дар ёд дорӣ? Соли гузашта яктои дигарашро ба замин кошта будӣ ва парвариш кардӣ. Ҳоло бубин, ки он ба як ниҳоли ҷавону мустақил табдил ёфтааст.
Бобо давом дод:
— Истиқлолият мисли ҳамин дарахт аст. Соле пеш ин чормағз вобастаи дасти ту буд. Агар ту ба он об намедодӣ ё аз шамоли сард ҳимояаш намекардӣ, мепусид ва мемурд. Аммо ҳоло решаҳои он ба аъмоқи замин рафтаанд. Он акнун барои афзоиши худ аз ҳеҷ кас иҷозат намепурсад, озодона месабзад ва мева медиҳад.
Умри дароз хоҳам, чун кӯҳҳои баланд,
Бахти соф хоҳам, чун оби зулол.
Дар ин рӯзи саъду муборак,
Ҳамроҳат бод ҳамеша иқболу камол!
ЗОДРӮЗ ҲУҶАСТА БОД!
https://t.me/Xirad
Баҳори умри ту пайваста сабз бод,
Дили бекинаат аз ғаму ғубор пок бод.
Дар ин рӯзи нишот, эй дӯсти ҷонӣ,
Ҳама орзуҳои покат мустаҷоб бод!
ЗОДРӮЗ МУБОРАК БОШАД!
https://t.me/Xirad
Хоҳем мисли Саъдӣ, сад сол умр бубинӣ,
Аз домани умедат, гулдастаҳо бичинӣ.
Туро орзу дорем давлату ганҷ,
Бубинӣ сад сол умр, бе дарду бе ранҷ.
https://t.me/Xirad
Илоҳӣ, то ҷаҳон бошад, ба шодӣ дар ҷаҳон бошӣ,
Илоҳӣ, аз балоҳои замона дар амон бошӣ.
Муроду матлабатро ман намедонам, Худо донад,
Илоҳӣ, соҳиби зеботаринҳо дар ҷаҳон бошӣ!
ХОҲАРИ АЗИЗ, ЗОДРӮЗ МУБОРАК БОШАД!
https://t.me/Xirad
