3 539
订阅者
+124 小时
+77 天
+130 天
帖子存档
Repost from ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱
Тақдири насли миллат бар зиммаи ту бор аст,
З-ин бештар ба дунё дигар чӣ эътибор аст?
Омӯзгор он гаҳ мамнуну бахтёр аст,
Шогирди бовафояш бар халқ ифтихор аст.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Боқӣ РАҲИМЗОДА
https://t.me/Xirad
Repost from ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱
Дар гиру дори ҳастӣ, гуфтӣ, ки боҳунар шав,
Бар авҷ сар кашидӣ, аз қаър бохабар шав,
Аз дониши замонат пайваста баҳравар шав,
Дар ҳифзи халқу кишвар фарзанди номвар шав.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
https://t.me/Xirad
Repost from ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱
Омӯхта бароям одоби гуфтугӯро,
Во карда пеши чашмам дунёи орзуро,
Суде барои мардум бахшанда бин Амуро,
Дар роҳи бахтёбӣ маънои ҷустуҷӯро.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
https://t.me/Xirad
Repost from ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱
Ҳарфе дуруст хондам, аз шавқ медамидӣ,
Ноқис, ки менавиштам, бар хеш метапидӣ,
То сарбаланд бошам, бисёр сар хамидӣ,
Бори гарони меҳнат бар дӯши худ кашидӣ.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
https://t.me/Xirad
Repost from ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱
МУАЛЛИМ
Шеъре ба номи некат, омӯзгор дорам,
Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам,
Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам,
Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
З-ин рӯ, бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
https://t.me/Xirad
ХУШХАБАР
Ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳури Ӯзбекистон ду нафар омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷики мактабҳои ноҳияи Самарқанд Шаҳноза Бозорова (мактаби 30) ва Мушарраф Ҳотамова (мактаби 37) бо медари "35-солагии Истиқлолият" барои хизматҳои шоиста ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи маориф бо медал сарфароз гардидаанд.
Касби устодӣ яке аз шарафмандтарин ва масъулиятноктарин касбҳо дар ҷомеа ба шумор меравад.
Сазовор гардидани ду нафар аз устодони дилсӯз ба мукофоти давлатӣ — медал ба муносибати Рӯзи Истиқлолият нишони алоҳидаи эътирофи заҳматҳои шабонарузӣ ва садоқати онҳо ба касби муқаддаси хеш мебошад.
Ба устодони азиз дар роҳи муқаддаси маърифатафзоӣ тансиҳатӣ, сарбаландӣ, хотири ҷамъ ва дар фаъолияти минбаъдаи омӯзгориашон муваффақиятҳои нав ба нав орзумандем. Бигзор донишу таҷрибаи шумо ҳамеша машъали роҳи шогирдон ва боиси ифтихори Ватани азизамон бошад!
ЭЪТИРОФ МУБОРАКУ ДАВОМДОР БОШАД, УСТОДОНИ АРҶМАНД!

То ҷаҳон буд аз сари Одам фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Рози донишро бо ҳар гуна забон.
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст…
Абӯабдуллоҳи РӮДАКӢ
https://t.me/Xirad
Ҳаёти одамӣ чун дар шитоб аст,
Мисоли ҳар саҳифаи китоб аст.
Намегардад ба пас хондӣ, ки он боб,
Ки умри зиндагӣ пур печутоб аст.
Гаҳе ғам медаҳад хурсандӣ аз пас,
Баланду пасту пурсишу ҷавоб аст.
Намегардад фароҳам шодмонӣ,
Даме осуда доим, вақти хоб аст.
Муҳити тозаи кӯҳсор сафобахш,
Канори чашмасору сои об аст.
Ҷавонӣ бигзарад пирӣ ҳукмрон,
Ки дар пирӣ зи дард узвҳо хароб аст.
Ҳаёт чун саҳнаи филми ҳақиқӣ,
Намояд дар назар, ки инқилоб аст.
Аҷаб дунё, аҷоиб олами даҳр,
Гаҳе маълуми кас гаҳ беҷавоб аст.
"Нафаҳми зиндагиро хубу зебост",
Агар фаҳмидаи донӣ, азоб аст.
Аёну ноаёни байти дил гуфт,
Зи илҳоми Худодод назми боб аст.
Зи ҳар ҳарфи забон хоҳад ҷавоб дод,
Ба рӯзи вопасин ҳарфу ҳисоб аст.
✍ Далер Мансуров.
ҚОИДАҲОИ КИТОБХОНӢ
Ихлосмандони «Шукуфаҳои Сабзманиш»!
Китоб дӯсти беҳтарини инсон, ганҷинаи дониш ва калиди дарҳои маърифат аст. Кӯдаке, ки аз хурдӣ ба китобхонӣ одат мекунад, ҷаҳонро беҳтар мешиносад, андешаи солим пайдо мекунад ва захираи луғавию ҷаҳонбиниашро васеъ месозад.
Аммо китобхонӣ низ фарҳанг ва қоидаҳои худро дорад. Барои он ки мутолиаи мо самаранок, шавқовар ва фоидаовар бошад, ба чанд қоидаи муҳим бояд риоя кунем:
1. Китоби мувофиқ интихоб кунед.
Китоберо интихоб намоед, ки ба синну сол, завқ ва сатҳи дониши шумо мувофиқ бошад. Китоби хуб метавонад ба шумо дӯстӣ, меҳрубонӣ, ватандӯстӣ, ростқавлӣ ва дигар арзишҳои инсонӣ омӯзонад.
2. Ҳар рӯз барои китоб вақт ҷудо кунед.
Ҳатто агар ҳар рӯз 15–20 дақиқа китоб хонед ҳам, бо гузашти вақт соҳиби донишҳои зиёде хоҳед шуд. Муҳимаш пайваста мутолиа кардан аст.
3. Дар ҷои муносиб китоб хонед.
Кӯшиш кунед дар ҷои ором ва равшан мутолиа намоед. Ҳангоми хондан дуруст нишинед ва китобро ба чашм хеле наздик накунед.
4. Китобро эҳтиёт кунед.
Китобро бо дастони тоза бигиред. Саҳифаҳоро надаронед, қат накунед ва рӯйи китоб чизе нанависед. Китоб ганҷинаи дониш аст ва бояд солим ба дасти дигарон низ бирасад.
5. Бо диққат хонед ва маъниро дарк кунед.
Китобхонӣ танҳо аз паси ҳам хондани калимаҳо нест. Кӯшиш кунед маънои ҷумлаҳо ва андешаи муаллифро фаҳмед. Агар калимаи ношиносе вохӯрдед, маънояшро ҷустуҷӯ кунед.
6. Пас аз мутолиа андеша кунед.
Аз худ пурсед: «Ман аз ин китоб чӣ омӯхтам?», «Кадом қаҳрамон ба ман писанд омад?», «Кадом воқеа маро бештар ба андеша водошт?» Ин саволҳо ба рушди тафаккури шумо кӯмак мекунанд.
7. Китоби хондаатонро ба дигарон муаррифӣ кунед.
Агар китобе ба шумо писанд омад, дар бораи он ба дӯстону ҳамсинфонатон нақл кунед. Шояд бо тавсияи шумо як кӯдаки дигар низ ба китобхонӣ шавқманд шавад.
8. Китоб хонданро ба одати зебо табдил диҳед.
Кӯдаки китобхон дар оянда инсони донишманд, бофарҳанг ва соҳибандеша мешавад. Ҳар саҳифаи хондашуда як қадам ба сӯи дониш ва маърифат аст.
🌱 Биёед, бештар китоб бихонем!
Ихлосмандони азизи «Шукуфаҳои Сабзманиш», биёед китобро дӯст дорем, онро эҳтиёт кунем ва аз ҳар китоб як ҷаҳон дониш бигирем. Бигзор китоб ҳамсафари ҳамешагии кӯдакии мо бошад ва роҳи моро ба сӯи маърифат, эҷодкорӣ ва ояндаи дурахшон равшан созад.
«Китоб бихон — дониш биомӯз,
дониш биомӯз — ҷаҳонро бишнос!»
📚🌱 «Шукуфаҳои Сабзманиш» — макони кӯдакони китобдӯст, эҷодкор ва боистеъдод!
Ёрӣ ба омӯзгорон
Намунаи тақдимоти дарс дар мавзӯи "Такягоҳам - Ватан!" бахшида ба 35-ум солгарди Истиқлолияти Ҷумҳури Ӯзбекистон, таҳти шиори "Як Ватан, як халқ шуда, ҳаёт ва ояндаи навро меофарем!"
Таҳияи Наргис Нарзуллоева, омӯзгори мактаби миёнаи таълими умумии рақами 37-уми ноҳияи Самарқанд
https://t.me/Xirad
Ёрӣ ба омӯзгорон
Намунаи тақдимоти дарс дар мавзӯи "Такягоҳам - Ватан!" бахшида ба 35-ум солгарди Истиқлолияти Ҷумҳури Ӯзбекистон, таҳти шиори "Як Ватан, як халқ шуда, ҳаёт ва ояндаи навро меофарем!"
Таҳияи Н.Нарзуллоева, омӯзгори мактаби миёнаи таълими умумии рақами 37-уми ноҳияи Самарқанд
https://t.me/Xirad
БА ШУМО ДАР ИН ҲАФТАИ НАВ КОМЁБӢ, НЕРӮ ВА БАРОРИ КОР ХОҲОНЕМ! СИҲАТМАНДУ САРБАЛАНД БОШЕД!
https://t.me/Xirad
ШУДГОР
Як рӯз деҳқони пире писарашро ба саҳро бурд, то ба ӯ тарзи шудгор кардани заминро омӯзад. Писар ба замин ва дашти бепаҳно нигоҳ карда, оҳе кашид ва гуфт: «Падарҷон, ин замин хеле калон аст. Чӣ тавр мо метавонем ҳамаи онро шудгор кунем? Ман аз дидани ин ҳама кор аллакай хаста шудам».
Падар табассум карду як каф хокро аз замин бардошта ба писараш нишон дод ва гуфт: «Фарзандам, ба тамоми ин саҳро якбора нигоҳ накун. Танҳо ба ҳамин як қадаме, ки ҳоло мегузорӣ ва ҳамин як порча замине, ки ҳоло шудгор мекунӣ, фикр кун. Вақте ҳар рӯз як қисми хурди онро бо дили пур ва ҳавсала анҷом диҳӣ, пас аз чанд вақт тамоми саҳро сабзу хуррам хоҳад шуд».
Писар суханони падарро ба гӯши ҳуш шунида, ба кор сар кард. Ӯ дигар ба охири роҳ не, танҳо ба ҳар як ваҷаб замине, ки мекофт, диққат медод. Ҳафта ба охир нарасида, тамоми саҳро шудгор ва кишт карда шуд.
Дарси қисса:
Ҳафтаи нав низ амсоли ҳамон саҳрои калон аст. Агар ба ҳамаи корҳо ва мушкилоти пешироҳ якбора нигоҳ кунем, шояд хастагӣ ва тарсу дилсардӣ моро фаро гирад. Аммо агар ҳар рӯзро бо умед, сабр ва қадамҳои хурду мустаҳкам оғоз кунем, дар охири ҳафта натиҷаи баланд ва дилхоҳро хоҳем дид.
https://t.me/Xirad