uz
Feedback
ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱

Kanalga Telegram’da o‘tish
3 550
Obunachilar
+124 soatlar
+157 kunlar
+1230 kunlar
Postlar arxiv
НАВИД! Дар остонаи ҷашни истиқлолияти кишвари азизамон, боз як навиди хуш расид. Ҷавони хушном, омӯзгори варзидаи деҳаи Эҷ ҲИ
+3
НАВИД! Дар остонаи ҷашни истиқлолияти кишвари азизамон, боз як навиди хуш расид. Ҷавони хушном, омӯзгори варзидаи деҳаи Эҷ ҲИЛОЛИ ЭЛМУРОД ба муносибати ин ҷашни бузург бо нишони "35-солагии истиқлолияти Республикаи Ӯзбекистон" сазовор гардидааст. Нишони ифтихориро ҳокими ноҳия ба Ҳилол супорид. Ба Ҳилолҷон дар оянда муваффақиятҳои бештару бештар металабем. https://t.me/Nasimekuhestan

Рӯзи шумо пур аз баракат, оромӣ, меҳрубонӣ ва ниятҳои нек бошад! https://t.me/Xirad

РӮЗИ МЕҲРУБОНӢ Мегӯянд, пирамарде ҳар рӯзи ҷумъа ба бозор мерафт. Ӯ ҳамеша як қисми маблағашро барои харидани нон ба як оилаи ниёзманд ҷудо мекард. Рӯзе писараш пурсид: — Падар, чаро маҳз рӯзи ҷумъа ин корро мекунед? Пирамард табассум карда гуфт: — Писарам, рӯзи ҷумъа барои ман танҳо рӯзи истироҳат нест. Ин рӯзест, ки инсон бояд бештар ба некӣ, меҳрубонӣ ва ёрии дигарон фикр кунад. Агар дастат ба кӯмак мерасад, онро ба сӯи ниёзманд дароз кунӣ. Писар суханони падарро дар дил нигоҳ дошт. Аз ҳамон рӯз ӯ низ ҳар ҷумъа кӯшиш мекард ба касе некӣ кунад. Рӯзи ҷумъаро бо нияти нек оғоз намо; шояд як амали хурди ту рӯзи дигареро равшан созад. https://t.me/Xirad

АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ Бигзор энергияи субҳона ба Шумо кӯмак кунад, ки тамоми корҳои мушкилро ба осонӣ ҳал кунед. Рӯзи кории пурсамар ва хайрхоҳ дошта бошед! СУБҲИ НАКӮ БА ХАЙР БОДО! https://t.me/Xirad

ШОДБОШӢ Нависандаи хушбаён, узви Иттиҳодияҳои нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Чоршанбеи Деҳнавӣ (Бойбӯсинов) бо нишони ҷашнии "Ӯзбекистон Республикаси Мустақиллигининг 35 йиллиги" ("35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон") қадр гардид. Ин нишони хотиравӣ дирӯз дар ҷамъомади бошукӯҳе, ки дар толори ҳокимияти ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё баргузор гардид, аз ҷониби ҳокими ноҳия Анвар Нормаҳмадов ба ӯ супурда шуд. Ёдовар мешавем, Чоршанбеи Деҳнавӣ, ки ҳоло 78 сол дорад, аз насрнависони боистеъдоди адабиёти муосир буда ба ду забон -- тоҷикӣ ва ӯзбекӣ асарҳо эҷод мекунад. Ӯ худ хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда солҳои зиёд дар яке аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Деҳнав ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик фаъолияти пурсамар бурдааст. Пайваста бо кори пурзаҳмати омӯзгорӣ ҳанӯз аз солҳои ҳафтодуми қарни гузашта то имрӯз ба эҷоди қиссаву ҳикоя ва новеллаҳо шуғл меварзад. Таи солҳои гузашта чаҳор маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳояш ба забони ӯзбекӣ ва ва чаҳор маҷмӯаи дигари ӯ, аз ҷумла "Баҳор дар пеш", "Чашмасор", "Шабе, ки осмон фурӯ рафт", "Талоши зиндагӣ" ба забони тоҷикӣ ба табъ расидаанд. Як романи номатбуъ дорад дар бораи Хоҷа Самандари Тирмизӣ. Асарҳои ӯ аз ҷониби мунаққидон баҳои хуб гирифта намунаҳое аз онҳо дар китобҳои дарсии адабиёт барои мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон низ ҷой гирифтаанд. Адиби пуртаҷриба ва инсони шариф, дӯсти бузургвори худ устод Чоршанбеи Деҳнавиро бо мукофоти арзанда шодбош гуфта барояшон тандурустиву хушбахтӣ ва комёбиҳои пайвастаро орзумандам.