cookie

نحن نستخدم ملفات تعريف الارتباط لتحسين تجربة التصفح الخاصة بك. بالنقر على "قبول الكل"، أنت توافق على استخدام ملفات تعريف الارتباط.

avatar

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/officialntc.tj/ https://www.facebook.com/officialntc.tj

إظهار المزيد
مشاركات الإعلانات
5 506
المشتركون
-724 ساعات
-427 أيام
-8230 أيام

جاري تحميل البيانات...

معدل نمو المشترك

جاري تحميل البيانات...

МАРҲИЛАИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДУРАХШАНДАГОН” 20-уми майи соли 2024 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур марҳилаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” доир гардид. Дар ифтитоҳи озмун Сафарзода Анвар, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Абдулхолиқзода Лутфия, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаъфарзода Сабзалӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони ин Марказ ва Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд. Нахуст Сафарзода Анвар суханронӣ намуда, зикр кард, ки тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аз ҷумлаи самтҳои афзалиятдори сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин аст, ки дар асоси Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” довталабон дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон таҳсил намуда, дар рушду ободии кишварамон – Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд. Озмуни дарёфти стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду марҳала иборат аст. Марҳилаи аввали онро барои дараҷаи бакалавр ва мутахассис Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли тест ва марҳилаи баъдиро аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ дар шакли суҳбат баргузор мекунанд. Имсол тибқи маълумоти пешниҳодкардаи Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” барои иштирок дар озмуни мазкур 247 нафар вобаста ба 4 гурӯҳи ихтисосҳо – 1-ум (табиӣ ва техникӣ), 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 5-ум (тиб, биология ва варзиш) ҳуҷҷат супорида буданд. Аз ин шумора зиёда аз 220 нафарашон дар марҳилаи якуми озмун ширкат карданд. Довталабоне, ки дар марҳалаи якум ва дуюми озмуни Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” муваффақ мегарданд, аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсили худро идома медиҳанд.
إظهار الكل...
إظهار الكل...
МАРҲИЛАИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  “ДУРАХШАНДАГОН” 

МАРҲИЛАИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  “ДУРАХШАНДАГОН” 20-уми майи соли 2024 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур марҳилаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” доир гардид. Дар ифтитоҳи озмун Сафарзода Анвар, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Абдулхолиқзода Лутфия, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Photo unavailableShow in Telegram
📸 Суратгузориш аз мусобиқаи Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 🏃
إظهار الكل...
ОЗМОИШИ АБЗОРИ АРЗЁБИИ ДАСТОВАРДҲОИ ТАЪЛИМИИ ХОНАНДАГОН ВА АНДОЗАГИРИИ САЛОҲИЯТҲОИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА КОММУНИКАТСИОНӢ Гурӯҳи кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои яке аз вазифаҳои оинномавии худ – иштирок дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон ва ташкили мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба рушди маориф (CICED)-и Федератсияи Росия рӯзҳои 16-ум ва 17-уми моҳи майи соли 2024-ум дар байни хонандагони синфи 4-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе озмоиши “Абзори мониторинги дастовардҳои таълимии хонандагон” (SAM)-ро аз фанҳои математика, забони русӣ, малакаҳои асри ХХI ва дар байни хонандагони синфҳои 8, 9 ва 10-ум озмоиши абзори андозагирии салоҳиятҳои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро (ба таври бархат – онлайн) гузаронд. Мақсади асосии он муайян кардани боэътимодии абзор дар ташхиси сатҳи донишҳои математикӣ ва забонии хатмкунандагони синфҳои ибтидоӣ, дараҷаи азхудкунии мазмуни фан, маҳорати кор бо маълумот, аз ҷумла дарку фаҳмиш ва дурусту дақиқ кофтану ёфтани маълумот, арзёбии арзиши он, қобилияти мушаххас муайян кардани сабабу натиҷаҳои амалҳо ва омилҳои ба натиҷаҳои таҳсилот таъсиркунанда мебошад. Натиҷаҳои тест ҳам барои таҳиягарони абзори арзёбӣ ва ҳам барои омӯзгорону хонандагоне, ки дар озмоиши тестӣ ширкат намуданд, басо муҳим аст. Ҳамзамон, ҳадафи озмоиши абзори мазкур мусоидат барои ташаккули низоми миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд ворид шудан ба низоми байналмилалии арзёбии сифати таҳсилот ва иштирок дар пажӯҳишҳои байналмилалӣ, ба монанди TIMSS, PIRLS, PISA ва ғ. аст.
إظهار الكل...
Гурӯҳи кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои яке аз вазифаҳои оинномавии худ – иштирок дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон ва ташкили мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба рушди маориф (CICED)-и Федератсияи Росия рӯзҳои 16-ум ва 17-уми моҳи майи соли 2024-ум дар байни хонандагони синфи 4-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе озмоиши “Абзори мониторинги дастовардҳои таълимии хонандагон” (SAM)-ро аз фанҳои математика, забони русӣ, малакаҳои асри ХХI ва дар байни хонандагони синфҳои 8, 9 ва 10-ум озмоиши абзори андозагирии салоҳиятҳои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро (ба таври бархат – онлайн) гузаронд. Мақсади асосии он муайян кардани боэътимодии абзор дар ташхиси сатҳи донишҳои математикӣ ва забонии хатмкунандагони синфҳои ибтидоӣ, дараҷаи азхудкунии мазмуни фан, маҳорати кор бо маълумот, аз ҷумла дарку фаҳмиш ва дурусту дақиқ кофтану ёфтани маълумот, арзёбии арзиши он, қобилияти мушаххас муайян кардани сабабу натиҷаҳои амалҳо ва омилҳои ба натиҷаҳои таҳсилот таъсиркунанда мебошад. Натиҷаҳои тест ҳам барои таҳиягарони абзори арзёбӣ ва ҳам барои омӯзгорону хонандагоне, ки дар озмоиши тестӣ ширкат намуданд, басо муҳим аст. Ҳамзамон, ҳадафи озмоиши абзори мазкур мусоидат барои ташаккули низоми миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд ворид шудан ба низоми байналмилалии арзёбии сифати таҳсилот ва иштирок дар пажӯҳишҳои байналмилалӣ, ба монанди TIMSS, PIRLS, PISA ва ғ. аст. 
إظهار الكل...