uz
Feedback
БАШАНД КИТОБЕН

БАШАНД КИТОБЕН

Kanalga Telegram’da o‘tish

📈 Telegram kanali БАШАНД КИТОБЕН analitikasi

БАШАНД КИТОБЕН (@bashandkitoben) Rus til segmentidagi kanali faol ishtirokchi. Hozirda hamjamiyat 10 386 obunachidan iborat bo'lib, Kitoblar toifasida 3 675-o'rinni va Tojikiston mintaqasida 233-o'rinni egallagan.

📊 Auditoriya ko‘rsatkichlari va dinamika

невідомо sanasidan buyon loyiha tez o‘sib, 10 386 obunachiga ega bo‘ldi.

07 Iyul, 2026 dagi oxirgi ma’lumotlarga ko‘ra kanal barqaror faollikka ega. Oxirgi 30 kunda obunachilar soni 103 ga, so‘nggi 24 soatda esa -1 ga o‘zgardi va umumiy qamrov yuqori darajada qolmoqda.

  • Tasdiqlash holati: Tasdiqlanmagan
  • Jalb etish (ER): Auditoriya o‘rtacha 26.88% darajada jalb etiladi. Nashrdan keyingi dastlabki 24 soatda kontent odatda umumiy obunachilar sonining 8.97% ini tashkil etuvchi reaksiyalarni to‘playdi.
  • Post qamrovi: Har bir post o‘rtacha 2 791 marta ko‘riladi; birinchi sutkada odatda 931 ta ko‘rish yig‘iladi.
  • Reaksiyalar va o‘zaro ta’sir: Auditoriya faol: har bir postga o‘rtacha 12 ta reaksiya keladi.

📝 Tavsif va kontent siyosati

Muallif resursni shaxsiy fikrni ifoda etish maydoni sifatida ta’riflaydi:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст. Instagram:https://www.instagram.com/bashandkitoben?igsh=MW5zdXE4eGEydmZiaQ%3D%3D&utm_source=qr YouTube: https://youtube.com/@bashandkitoben?si=-CS3pTZA5q5OcCJE Facebook: https://www.facebook.com/share/g/1ArURQip1G/?mi...

Yuqori yangilanish chastotasi (oxirgi ma’lumot 08 Iyul, 2026 da olingan) sababli kanal doimo dolzarb va katta qamrovli bo‘lib qoladi. Analitika auditoriya kontent bilan faol hamkorlik qilishini, uni Kitoblar toifasidagi muhim ta’sir nuqtasiga aylantirishini ko‘rsatadi.

10 386
Obunachilar
-124 soatlar
+67 kunlar
+10330 kunlar
Postlar arxiv
Салом! Яхзиненат вродар! Ҳар рузи Пайшанбета дигарга ар гуруҳи Башанд Китобен фаромини Мавло дар шакли китоб тамард дастрас сен! Аммо фақат йи соатта веф лакамху вота веф тар па’ли кинам! Аз соати 18:00 то 19:00 Ба вақти Москва! Худованд тама нигаҳбон вавд! ————- Салом! Хыйыт врытви! Цымын трымнаг ар рузи Панҷшанбе ры груҳи Башанд Китобен Фармони мубораки Мавло савыр ды шакли китоб дастрас вост. Я Фармонви факат ры гуруҳ и соат рыцрын, баъд цанын яви тоза царын! Цы соати 18:00-ын то соати 19:00 сык Москва соат! Хыдойҷон савыр нигабон!

ШЕЪР БА УНВОНИ ТАШНАИ ДИДОРИ МАВЛО ———— https://www.facebook.com/108022797557749/posts/319369739756386/?d=n

ФАРОМИНИ МУБОРАК! Якборга тамард хоихъум ловдо, баъд аз йи соатта деф удалитам, вардъийет скачатет деф хурд! Соати 19:00-та деф тар пали кинам! Ху наздикенард мис деф бозет, кори савоб сод! Баракат врийет! Тавфиқи имондори тамард!

ФАРОМИНИ МУБОРАК! Якборга тамард хоихъум ловдо, баъд аз йи соатта деф удалитам, вардъийет скачатет деф хурд! Соати 19:00-та деф тар пали кинам! Ху наздикенард мис деф бозет, кори савоб сод! Баракат врийет! Тавфиқи имондори тамард!

Саломолек виродарат яхзинен! Ид ал-Фитр Муборак тамард. Худовандард беҳад шукрат сипосгузорамат дуруд бар Пайғамбар ва Авлоди поки Ви. Мавлои Замон ИншоОллоҳ саломатии ам руҳоният ам ҷисмони тамард дакихт, насиби диндорият фармонбардори ва сар асос саодати рӯҳони фукард бахих кихт. Фукаф маризен аз дарв халос кихтат шифои комил вевард насиб кихт. Якҷогии ҷамоатат имони комил машард фукафард насиб кихт. Хамеха дар амони Мавло виетат икдизга якдидлат якдастат якзабон виям фук вахт, Дасти Мубораки Имоми Давр ног фуквахт соябон машти вид тар ми ғарибе. Тансиҳатат Хонаобод виет ва фақат Ё Алӣ Мадад🤲

Салом! Айём муборак фукардаф! Нур вегата Фаромини Мавло дар шакли китоб ар мам гуруҳи Башанд Китобен тамард дастрас кинам! Баъд аз йи соатта во веф удалитам! Соати 18:00 ба вақти Москва! Соати 19:00-та удалить веф кинам!

НОМИ КИТОБ: ИСТОРИЯ ПАМИРА МУАЛЛИФИ КИТОБ: АКАДЕМИК БАҲОДУР ИСКАНДАРОВ

Фармони Мубораки Мавлоно Ҳозиримом Дарбори Ҷашни Алмосӣ, Бунӣ, Читрол, Покистон, 9-уми декабри соли 2017

Ман фикр мекунам, ки агар шумо тавони якҷоя кор карданро дошта бошед, хоҳед дарёфт, ки метавонед бо суръати бештар ояндаи қавитареро барои худ ва хонаводаҳоятон бисозед. Дар охири ин мулоқот, ман ба фарзандони рӯҳониам гармтарин ва муҳаббатомезтарин дуоҳои хайри худро медиҳам. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон. Ман ба шумо хушбахтӣ, иттиҳод дар хонавода ва болотар аз ҳама устуворӣ дар сирот-ал-мустақимро орзу мекунам, ман ба шумо саодати маънавӣ, саодати дунявӣ, хонаводаҳои муттаҳид ва фарзандони солимро орзу мекунам ва хоҳони онам, ки орзуҳои неки шумо бароварда шаванд. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон. Фармон ҳангоми худоҳофизӣ! Фарзандони рӯҳонии маҳбубам! Ҳамакнун, президент аз номи шумо назронаи олиеро тақдим намуд, ки ман онро аз ҷамоат мепазирам ва дуоҳои хайри худро ба ҳар як муриди ҷамоат, ки имрӯз дар ин ҷо ҳузур дорад, ба хонаводаҳои шумо ва ба ҷамоатҳои шумо медиҳам ва ман уммедворам, ки ин назрона сад баробар бештар, сад баробар бештар ба шумо баргардад. Ман, ҳамчунин, мехоҳам ба шумо бигӯям, ки аз ин ҳадяи таърихии дилпазир, ки ба ин муносибат омода намудаед ва ба ман аз таърихи ҷамоатамон дар саросари ҷаҳон ёдоварӣ мекунад, чӣ андоза сипосгузорам. Ман, ба мисли ин ки даст ба китфи ҳар яки шумо гузошта бошам, ба якояки шумо ба таври фардӣ гармтарин, муҳаббатомезтарин ва беҳтарин дуоҳои хайри худро медиҳам. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон. Ман ба шумо дуоҳои хайрамро барои умри дароз, барои иттиҳод дар хонаводаҳоятон, барои доштани фарзандони солим ва таҳсилкарда ва барои мушкилосон дар ҳамаи масоил медиҳам. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон. Фарзандони рӯҳонии маҳбубам! Ҳарчанд ман шуморо ҷисман тарк мекунам, ман ҳамеша бо ҷамоати худ ҳастам. Ҳар рӯз, ҳар дақиқа, ҳар сония, ман ҳамеша бо ҷамоати худ ҳастам. Бинобар ин, ман мехоҳам шумо инро ба ёд дошта бошед, зеро фарзандони ман ҳамеша бо ман ҳастанд, ҳамеша, рӯзу шаб, зимистон, тирамоҳ, тобистон, дар ҳар фасли сол ва дар ҳар ҷои ҷаҳон ҳамеша бо ман ҳастанд. Ман бори дигар ба якояки шумо беҳтарин, беҳтарин ва муҳаббатомезтарин дуоҳои хайри худро медиҳам. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон. Ва ман ба шумо дуоҳои бисёр, бисёр махсуси худро барои мушкилосон, барои зиндагии орому осуда, муваффақ ва солим, иттиҳод дар хонаводаҳо ва устуворӣ дар сирот-ал-мустақим медиҳам. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон.

Фармони Мубораки Мавлоно Ҳозиримом Дарбори Ҷашни Алмосӣ, Бунӣ, Читрол, Покистон, 9-уми декабри соли 2017 ————————— Фарзандони рӯҳонии маҳбубам, Дар ибтидои ин Фармон, ман ба ҳукумати Покистон ба хотири истиқболи гарму эҳтиромомез ва мурооташон аз ман изҳори сипос менамоям ва мутмаинам, ки шумо низ дар ин сипосгузорӣ бо ман шарик хоҳед шуд. Ман ба якояки шумо ба таври фардӣ, ба ҳар яки шумо ба таври фардӣ, ба хонаводаҳо ва ҷамоатҳоятон гармтарин, беҳтарин ва муҳаббатомезтарин дуоҳои хайри худро медиҳам. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон. Шумо бояд бидонед, ки ман аз будан бо ҷамоатам дар ин лаҳзаҳо чӣ андоза хушҳол ҳастам. Вақте ки ман ба оянда менигарам, аз худ мепурсам, ки Имом ба ҷамоаташ бояд чӣ ҳидоят диҳад, то тамоми наслҳое, ки дар назди ман ҳастанд ва наслҳое, ки баъдтар хоҳанд омад, ба як ояндаи хуб омода шаванд. Аввалан, ман ба фарзандони рӯҳониам мегӯям: дар чаҳорчӯби ахлоқи динатон зиндагӣ кунед, дар чаҳорчӯби ахлоқи динатон зиндагӣ кунед. Содиқ бошед. Бо маводи мухаддир сарукор надошта бошед. Хонаводаҳоятонро муттаҳид нигаҳ доред. Фарзандони худро соҳиби донишу маълумот гардонед. Барои наслҳои ояндаи хонаводаҳоятон сармоя захира кунед, то дар ояндаи солими хонаводаҳои худ саҳм дошта бошед ва қодир бошед, ки сифати зиндагии хонаводаҳои ҷамоатро насл ба насл беҳбуд бахшед. Ба ёд дошта бошед, ки таҳсил дигар танҳо масъалаи ба мактаб рафтан нест – таҳсил, имрӯз, як раванди давомдор дар саросари зиндагист. Бинобар ин, ҳар қадре ки дар зиндагӣ ба пеш ҳаракат мекунед, ба омӯзишатон идома диҳед, то қодир бошед, ки барои худ ва хонаводаҳои худ зарфиятҳои беҳтару беҳтареро эҷод кунед. Ман ба фарзандони рӯҳонии ҷавонам мегӯям: фурсати омӯзишро аз даст надиҳед. Бар пояи он чизҳое, ки меомӯзед, созандагӣ кунед, ба омӯзиши худ дар саросари зиндагиатон давом дода, аз ин тариқ ба созандагии худ дар тӯли умр идома диҳед. Имрӯз таҳсил масъалаи дар мактаб нишастан бо китоб, қалам, коғаз ва шояд мошини ҳисоб нест – ин чизе нест, ки шумо мехоҳед анҷом диҳед. Чизе, ки шумо мехоҳед анҷом диҳед, ба даст овардани дониш ва вусъат додани донишест, ки ба шумо ва ба хонаводаҳоятон аз насл ба насл хидмат хоҳад кард. Бинобар ин, аввалин асл ин аст, ки дар ҳар фаъолияте, ки анҷом медиҳед, шоиста ва моҳир буданро биёмӯзед. Дар хотир дошта бошед, ки шоистагӣ ва маҳорат бо гузашти замон тағйир хоҳад кард, зеро он ҳамеша чунин будааст. Бинобар ин, раванди таҳсилу омӯзиш чизе нест, ки имрӯз оғоз шавад ва фардо ба поён расад, он як раванди давомдор дар саросари зиндагии шумо мебошад. Ман барои ҷамоатам орзу дорам, ки шумо бояд хуб таҳсилкарда бошед ва бояд аз донишу маълумоти худ барои беҳбуди сифати зиндагиатон истифода кунед. Сониян, ман ба фарзандони рӯҳониам мегӯям: бо дигар ҷомеаҳо робитаҳои хуб барқарор кунед, бо дигар ҷомеаҳо робитаҳои хуб барқарор кунед. Бо онҳо кор кунед ва онҳоро ташвиқ намоед, ки бо шумо кор кунанд, то битавонед якҷоя бо мушкилоти зиндагӣ бархурд кунед ва иншоаллоҳ, бар мушкилот ғолиб биёед ва муҳити инсонии беҳтаре барои зиндагӣ кардан дошта бошед. Бинобар ин, ман имрӯз ба фарзандони рӯҳониам мегӯям: бо ҷомеаҳо ва ҷамоатҳое, ки дар миёнашон зиндагӣ мекунед, робитаҳои гарм барқарор намоед ва саъй кунед, ки фаъолиятҳое барои ҳамкорӣ ва мушорикат пайдо кунед, то битавонед якҷоя барои ояндаи худ созандагӣ кунед. Фарзандони рӯҳонии маҳбубам! Аз чизҳое, ки ба шумо ва хонаводаҳоятон зиён мерасонанд, худдорӣ кунед. Ва ман ба фарзандони рӯҳониам мегӯям, ки бо маводи мухаддир сарукор надошта бошанд. Ман намехоҳам, фарзандони рӯҳониам бо ҳеҷ роҳ ба истеъмол ва хариду фурӯши маводи мухаддир сарукор дошта бошанд, ман намехоҳам ҷамоатам дар ҳар навъ фаъолияте, ки бо маводи мухаддир иртибот дорад, даргир шавад. Бинобар ин, ман ба якояки шумо мегӯям: ба хостаҳои Имом дар ин масъала эҳтиром бигзоред, зеро ман яқин дорам, ки ин ба манфиати шумо хоҳад буд. Ман, ҳамчунин, ба фарзандони рӯҳониам мегӯям: агар шумо тавонед дар анҷом додани як фаъолияти хуб - як фаъолияти корӣ, як фаъолияти кишоварзӣ, як фаъолияти тиҷоратӣ ё як фаъолияти касбӣ ба мисли дарс додан гирди ҳам биёед - пас бо ҳам биёед ва якҷоя кор кунед.

ҚАСИДАХОНӢ ———————- https://www.instagram.com/tv/CLqu_BnAJ1J/?igshid=m7wju07ty2f3

НОМИ КИТОБ: Д И Д О Р (ДАР БОРАИ ДИДОРИ НАХУСТИН БО МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ) МУАЛЛИФИ КИТОБ: ҚОЗИДАВЛАТ ҚОИМДОД ИҚТИБОС АЗ СУХАНОНИ МУАЛЛИФ.САҲ.3 «ДАР ЗИНДАГӢ ЧУН ДИГАР ИНСОНҲО, МАҚСАДҲОВУ ОРЗҲОИ ЗИЁД ДОШТАМ, ВАЛЕ ОРЗУИ ДИДОР БО ВОЛОҲАЗРАТ ҲОЗИРИМОМ ШОҲКАРИМ-АЛ-ХУСАЙНӢ БАРОЯМ ДАСТНОРАС БУД. ЯЪНЕ ҶОМАИ АМАЛ ПУШИДАНИ ЧУНИН ОРЗУРО МАН ИМКОННОПАЗИР МЕДОНИСТАМ. ДАР ХОТИР ДОРАМ, ВАҚТЕ КИ ПЕШ АЗ САФАРИ ШВЕЙТСАРИЯ БАРОИ АЁДАТИ ЯКЕ МУЙСАФЕДОНИ ҚАДРШИНОСАМ-АМАКИ АЛИБАХШ РАФТА, МАҚСАДИ САФАРАМРО БАЁН КАРДАМ, Ӯ БО НИГОҲИ ҲАЙРАТЗАДА ЧУНИН ҶАВОБАМ ДОД:«ИН ҲЕҶ МУМКИН НЕСТ». БАЛЕ, МАН НИЗ ОН СОЛҲО ЧУНИН ФИКР МЕКАРДАМ, АММО ТАКДИР ЧУНИН ЛАҲЗАИ ФАРОМУШНАШАВАНДАРО НАСИБАМ ГАРДОНД, КИ МАН ИН ЛАҲЗАРО ГУВОРОТАРИН ВА МУАССИРТАРИН ЛАҲЗАИ ҲАЁТИ ХУДАМ МЕҲИСОБАМ.ЧУНИН ЛАҲЗА, ЯЪНЕ ДИДОРИ ПЕШВОИ ИСМОИЛИЁНИ ҶАҲОН ВОЛОҲАЗРАТ ОҒOХОНИ IV-РО ҲАР ФАРДИ ИСМОИЛЙ ОРЗУ ДОРАД. » Скачать книгу: https://t.me/bashandkitoben/695

НОМИ КИТОБ: Д И Д О Р (ДАР БОРАИ ДИДОРИ НАХУСТИН БО МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ) МУАЛЛИФИ КИТОБ: ҚОЗИДАВЛАТ ҚОИМДОД ИҚТИБОС АЗ СУХАНОНИ МУАЛЛИФ.САҲ.3 «ДАР ЗИНДАГӢ ЧУН ДИГАР ИНСОНҲО, МАҚСАДҲОВУ ОРЗҲОИ ЗИЁД ДОШТАМ, ВАЛЕ ОРЗУИ ДИДОР БО ВОЛОҲАЗРАТ ҲОЗИРИМОМ ШОҲКАРИМ-АЛ-ХУСАЙНӢ БАРОЯМ ДАСТНОРАС БУД. ЯЪНЕ ҶОМАИ АМАЛ ПУШИДАНИ ЧУНИН ОРЗУРО МАН ИМКОННОПАЗИР МЕДОНИСТАМ. ДАР ХОТИР ДОРАМ, ВАҚТЕ КИ ПЕШ АЗ САФАРИ ШВЕЙТСАРИЯ БАРОИ АЁДАТИ ЯКЕ МУЙСАФЕДОНИ ҚАДРШИНОСАМ-АМАКИ АЛИБАХШ РАФТА, МАҚСАДИ САФАРАМРО БАЁН КАРДАМ, Ӯ БО НИГОҲИ ҲАЙРАТЗАДА ЧУНИН ҶАВОБАМ ДОД: «ИН ҲЕҶ МУМКИН НЕСТ». БАЛЕ, МАН НИЗ ОН СОЛҲО ЧУНИН ФИКР МЕКАРДАМ, АММО ТАКДИР ЧУНИН ЛАҲЗАИ ФАРОМУШНАШАВАНДАРО НАСИБАМ ГАРДОНД, КИ МАН ИН ЛАҲЗАРО ГУВОРОТАРИН ВА МУАССИРТАРИН ЛАҲЗАИ ҲАЁТИ ХУДАМ МЕҲИСОБАМ. ЧУНИН ЛАҲЗА, ЯЪНЕ ДИДОРИ ПЕШВОИ ИСМОИЛИЁНИ ҶАҲОН ВОЛОҲАЗРАТ ОҒOХОНИ IV-РО ҲАР ФАРДИ ИСМОИЛЙ ОРЗУ ДОРАД. »

МУАЛЛИФИ ШЕЪР: УСТОД САШИ ЗАИФӢ Номи шеър: Оянда Манбаъ: https://youtube.com/c/SashiZaifi

НОМИ КИТОБ: ———————— ЗАРУРИЁТИ ДИНӢ-МАЗҲАБИИ ИСМОИЛИЁН Мураттиби китоб: ———————— ҚИММАТШОҲИ ҚАДАМШОҲ Икдум китоб дарунанд фукаф намуд дуо яст! Дуоен-аз таваллуд сар карда то марг! Дар ҳаққи гузаштагон.... умуман фукаф дуоен..! Лап муҳим китоб йид ! Умӣдъворамиди йид китобта фана ғановати руҳонӣ тамард вирт! Омин

ОХИРОН ВАХТЕН ЙИ МУХЪКИЛИ ҶАМОАТ ДАРУН ПЕДЪО ДАРАВ СИД! ТАР ФОТАХОНИ СЕН Ё ТАР ХУ ГУЗАШТАЕН ХОК ЗИЁРАТ СЕНХУ БАЪД ҲАТМАН ГУЁ ХАЛИФА ВЕФАРД ОЯТ ХЪОЙД! Аммо ид дисга нист! Халифаянден яст ви вазифаениди веф бояд фақат халифа иҷро кихът! Аммо тар фотахонӣ ё тар ху гузаштаен хок ҳар яки машанд ҳақ ястиди ҳам оят хъойд ам дуо хъойд! Диҷатам икдам йи оятат дам йи дуо арод патевд лак фукафард дадъ дастрас вийен! Дуоенат оятенен фана аммо, икдадъен нур рузанд маъмул байни ҷамоат ца, диҷатам икдеф патевд! ҚИРОАТИ ОЯТ ВА ХОНДАНИ ФАТИҲА ДАР ҲАҚҚИ ГУЗАШТАГОН

photo content

ХУ НАЗДИКЕН ВАРДЪИЙЕТ АЗ РУЙИ ИКДИ ССЫЛКА АР ГУРУҲИ БАШАНД КИТОБЕН ДАЪВАТ ЧӢДО: https://t.me/bashandkitoben

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАК ———————- «Дар хотир дошта бошед, ки ман доимо бо шумо ҳастам, ман доимо бо шумо ҳастам. Имоми шумо бо шумост. У дар корҳои хайре, ки шумо мекунед, бо мушкилоте, ки шумо ру ба ру мешавед, бо шумо ҳамроҳ аст - ман ҳамеша бо ҷамоатам ҳастам. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон.» ————- Қарочӣ, Покистон, 18-уми декабри соли 2017

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ ——————— «Ман дуоҳои хайри худро барои амалӣ шудани орзуҳоятон ва махсусан барои мушкилосон медиҳам. Бигзор, ҳамаи мушкилоте, ки бо онҳо рӯ ба рӯ мешавед, аз шумо дур шаванд, дур шаванд, дур шаванд. Мо онҳоро намехоҳем. Беҳтарин, беҳтарин дуоҳои хайри ман ҳамроҳи шумо ҳастанд.» ————— Исломобод, Покистон, 12-уми декабри соли 2017