1 122
Подписчики
+124 часа
Нет данных7 дней
-1430 день
Архив постов
1 122
Ассалом устоди азиз.
Ва дар ин гурӯҳ будагон.
Ман як марди се маротиба оиладор шудагиям.
Чи хеле ки ҳамма хурду калон медонан падару модар азиз аст ва ҳеҷ кас ҷои онҳоро гирифта наметавона.
Бо ҳамсари аввалинам хело хуб будем, зани солеҳа гуям ҳам хато намекунам. Соҳиби ду фарзанд шуда бошем ҳам гуё нав хонадор барин муҳаббат ва эҳтиром доштем.
Ҳар вақте аз кор меомадам, димоғи модар сухта, аз ҳамсарам шикоят мекарданд. Баъзан дар ҷои кор занг мезадан.Рузе дар вақт ба хона баргаштам ҷанҷоли онҳо ҳаду канор надршт.
Ҳамсарам одати гапгардони дил озори надошт.
Лек
Вақте даро кушодам овози ҳамсарамро шунидам ба модарам дод зада гуфт. Дар дилам зад Чаро мо ором зиндаги карда наметавонем.
Гушҳоям бовар накард.
Модарам хост ҷавобашро диҳам. Ман ҳам ягон фикр накарда ҷавобашро додам.
Вақте аз даҳонам калима баромад, вуҷудам ларза гирифт, гуё нафас нарасида истодааст.
Аз байн чанд муддат гузашт боз хонадор шудам ба духтари хона. Он ҳам фикр мекунам тарбия дида зиндагиро хуб пеш мебурд.
Чанд сол зиндаги кардем фарзанд нашуд, рози будам фарзанд нашавад ҳам боке нест. Бо ҳам мемонем.Боз ба модарам рузҳои охир маъқул намешуд.
Рузе хостан срочно биё.
Чи гап боша, омадам хостанд ҷавобашро диҳам. Ин суханро шунида аъзои танам ба дард даромад.
Бо тамоми ҳастиям баромада рав гуфтам
Лек
Ҷавобашро дода натавонистам. Забонам гуё шах шуд.
Ҳамсари дуюмам рафт чанд маротиба суроғаш рафтам аммо падараш нахост.
Гуфт
Модарат
Кӯча хандон хона ғичон.
Роҳи ҳаётатро аз дигар дар ёб бачам.мо туро дуст медорем
Лек
Бори сеюм фикри хонадории маро мекарданд. Духтар мекобиданд.
Ба ман дигар духтар лозим нест.
Бо тамоми орзу дасти маро дошта ба остонаи ман меояд. Нима роҳ мекунам.
Ман мард нестам, ман як разилам гуфта баромада, шаб хона на омадам.
Мо чанд сол пеш оилави дар хориҷа омада бдем.
То ҳол макони асосии мо бизнеси мо дар хориҷа аст.
Шабе ба мағоза даромада хостам об гирам. Чашмам ба як духтари фарош фаромад. Зебо вале хело паршикаста ғамгин дар назар мерасид. Чанд маротиба ончо рафта омадам, ҳаракат мекардам як назар созад сухан гирам. Нашуд.
Ҷои кор строги бд.
Хулоса роҳашро поидам
Мо ҳамсуҳбат шудем, як маротиба оиладор шудааст. Як моҳ ҳаёт накарда шавҳараш бо касе хиёнат карда ва тарафи духтар маҷбураш карданд. Агар бо ӯ оиладор нашави мо бо дигар роҳ мефаҳмонем.
Шоми шум
Ҳамон бегоҳ хуроки манту карда шавҳарро ждат доштам, бо ороиши арусона. Модар арус маро ба оғуш гирифту гиря кард, ҳамара гуфт ва чизу чораи маро бор карда ба хонаи падар оварданд. Баъди як ҳафта шавҳарам он қадар туи бо. Даб даба кард ки чанд маротиба мурда зиндам шудам. Хонаи шавҳарам ки дар наздикии хонаи мо буд ҳар боре медидам месухтам.
Модар надорам. Тағоям маро ба Руссия ба кор даъват кард.
Тақдири талхи ӯ маро таккон дод. Рози шудам бо ҳам хонадор шавем.
Мо хонадор шудем.
Арус бе чизу чора ками ба худ муносиб овард.
Ба модарам аз рузи аввал нафорид. Ҳар чиз мегуфтанд. Зарина худро ба нофаҳми мезад. Мо кудакдор шудем.
Аз байн чанд муддат гузашт. Ҳамсарам аз корҳои хона он қадар хаста шуда бо кудаки хурд ба хона барои хобондани кудак даромада хоби худ ҳам бурдааст.
Вақте бо коргар каме муомилаамон боло рафтори буд, ба телефонам як чанд акс омад. Саросема аксҳоро дидам ҳамсарам як намуд дар хоб аст, бовариам наомад.
Аксҳои хона
Руяш бетартибие ки аз либоси ҳамсар ба забон оварда намешавад.
Модар хост
Срочно хона оям.
Ин бе фаросат баракати хонаи маро мебара.
Мор газида аз ресмони ало метарсад.
Гуфтам то як соат меравам.
Ман як одате доштам психологро он қадар бад бедидам.
Фикр мекардам ҳамма доно анд.ба хотирам яке устод омад. Ба алоқа баромадам, хостам маслиҳат гирам менеджер гуфт баъди як руз.
Ба ман як қадар роҳ сарам кор накарда истодааст.
Боз паси ҳам занг задан гирифтам, срочно. Хуло Худо худаш мададрасон. Мо дар алоқа баромадем. Устод маслиҳати беҳтарин дод.
1 122
Хазор рахмат Устод Худованд илматона бозхам зиёда гардонад Шумо сабабгор мешавед Мо аз дилшикастаги аз парешона баромада истодаем .Минатдорам аз Шумо Устоди гиромикадр
1 122
Худо аз шумо Рози бошад устоди Азиз
Шумо бисëр барои мо хубихо дастгирихо хизматхо мекунед Ман аз шумо бисëрчизхоро омухтаам
Дар холатхои рухафтодагиямхам шуморо гушмекунам ва хама парешонихо аз ман бартараф мешаванд
Маслихату дархои шумо барои мо куватту неруи нав мебахшад
Хамеша сарбаланду тансихат бошед Устоди Азиз
Ташаккур ба шумо
1 122
БО ҲАММА ДӮСТ БОШУ
АЗ ЯКЕ ДУРИ БИҶӮ❗️
__
Дар илми психология омадааст, ки қалб маконест ҷои меҳр ва муҳаббат!
Қалб қавитарин узви инсон аст ки тавоноии меҳри бузургро дорад.
Лекин
Баракс 99% инсонҳо аз ин ҳолат дар ғафлат ҳастанд.
Ба қалби худ ба ҷои меҳр муҳаббат, оромиш
Ранҷидан, нафрат, нороҳати ва зиққиҳои бесабаб ро ҷой мекунанд.
Баъзан инсонҳо худро фаромуш мекунанд.
Фикру хаёлашон ба дигарон банд аст.
Ба пешравии дигарон, ба андоза кардани дигарон ба паст задани онҳо, яъне ҳасади даруна.
Аз ҳамма дарди вазнин фикр ба худ неву, ба самти дигарон бо бади фаъол кор кардан аст.
Чунин одат, аз қалб меҳр ва муҳаббатро нест мекунад, ки инсон тавоноии худро аз даст медиҳад.
Ягон шахсро ҳато наздикон ва пайвандони худро сидқан дӯст дошта наметавонад.
Чунки фикри ӯ ба дигарон аст.
Хурдан, пушидан, машғули корҳои касбию шахси ин қонуни зиндаги аст. Иҷро кардан вазиҷаи асосӣ аст.
Лекин!
Фикрҳои худро ба самти
"худ" ва ба самти "хуб" баргардондан душвор аст.
Аз болои худ кор кардан беҳтарин вазифаи инсони аст
ки инсон ба кадом самт будани худро фаҳмиш мекунад.
Ҳар инсоне ки метавонад,дар қалби худ фикран нури Иллоҳиро ҷой карда бо мушкилот ба оромиш ғалаба мекунад ва дар қалбаш аз меҳри бузурги Худованд то кӯчактарин наздиконашро дорад, ӯ на танҳо дар охират балки дар ҳамин ҳаёт ҳам зиндагии биҳиштмонандро лоиқ аст ва дастрас шуда метавонад!
____
АЗ КИ БОЯД ДУРИ КАРД?
Баъзан инсонҳое ҳастанд ки
фурсати бадиро ба худ ғанимат медонанд.
Онҳое ки дар вақти пешравият дар вақти хурсандиҳоят ба ту халал ворид мекунанд.
Масалан;
Аз гузаштаҳоят ягон воқеъаро ё ягон хатогиҳоятро масхараомез дар вақти ҳамсуҳбат шудан ба фикри ту ҷой мекунанд ва чунин гузаштаат боис мешавад, ки ту дарунан хиҷолат мекаши ё руҳафтода мешави ва ӯ дарунану берунан лаззат мебарад...
Аз чунин инсонҳо худро дур гир!
Худро дур гирифтан
қаҳр, ногапи ё ӯро ба сатҳи поён дидан не!
Ҳамсуҳбатии тулониро ба худ иҷозат надеҳ!
Чунин инсонҳо қувва ва завқи инсонро ба оссони мебаранд.
Хатогии як шахсро гуфтан ба вақти муносиб ё роҳе нишон додан, ки сабабгори хушбахтии он мешавад, нишонаи дӯсти ҳақиқӣ аст!
1 122
Салом субхатон ба хайру шоди бошад устод хеле хуб кайд карданд бо хондаги инхел пандхо мо худамонро рохат хис мекунем рахмат устодчон ман аз хамин дарс хаминхел фахмидамки мо барои ибодат омадем ибодат гуфта танхо намозро не ибодат ин будастки мо бояд хамчун рузаи мохи шарифи рамазон аз хурдан ва нушидан худори мекунем танхо ин кифоят набудаст барои инсон боядки аз бадихо , аз кибр аз хасад , аз зики , аз ноороми хам худори кунему факат ба худ ва ба дигарон хубиро бисёртар кунем ин пандхо Моро халоват мебахшад миннатдорам .
1 122
НЕКИ БИМОНАД
ҶОВИДОН!
___
Психология
ва равшанфикрӣ.
Ҳар як инсон дар ин дунё софдил ва беғараз тавлид мешавад.
Яъне дар дунё
Одами бад нест
Одати бад зиёд аст.
Одатҳои бад бе сабаб ба инсон пайдо намешавад.
Баъзе одатҳои бад аз давраи кудаки пайдо мешавад. Аввалин аз оила ва аз муҳити кӯча бо ёру рафиқон,ё бо дугонаҳо ки бо якдигар аз ҷиҳати тарзи зиндагӣ пушидан ва ё надоштани асбобчаҳои бози кунанда худро аз ёру рафиқ кам дидан ё дар оила таҳқир ҳои дилсардкунанда дар қалби инсон ғараз пайдо мекунад.
Баъзан баръакс аз зиёдтар ва хубтар будан дар байни ёру рафиқон кибр пайдо мешавад.
Барои калонсолон одатҳои бад аз мушкилот ба оссони баромада натавонистан ва ё тавоноии меҳри худро ҳис карда натавониста, ба одатҳои бад дучор шудан аст.
Инсон ҳар қадар ба одатҳои бад гирифтор шавад, ҳамонқадар зиққи ва ғараз қалби ӯро
( нафрат ва норизогӣ) торик месозад.
Ягона роҳе ки аз одатҳои бад озод шудан, неки ва хайр карда тавонистан аст.
Неки кардан ба гуфтан оссон аст, лекин дар амал оссон нест.
Баъзан дар психология чунин дарсҳо ҳам ҳаст, ки қадри худатро дар ҷои аввал бидон.
Ё дар ҷое ки суханат арзиш надорад, ба худ хомӯш буданро боло бин.
Мисли чунин дарсҳо бисёр аст.
Лекин ҳамеша бо фикри равшан будан аз қалби инсон ғаразро дур мекунад.
Инсонро баъзан номаш шинос карда наметавонад. Касб ва ё
Одатҳояш ки буданашро шинос мекунад.
Бадтарин одат нафс ва ҳасад аст, ки инсонро аз инсоният ба оссони мебарорад.
Ин ҳар ду одат инсонро ба тамоми роҳ далолат карда метавонад, ки дар зери ин одатҳо манфиат ба худ ҷой
гирифтааст.
Ҳар инсон танҳо манфиати худро фикр мекунад, аз ӯ хайре нест.
Ягон инсон дар ин дунё 100% аз одатҳои бад озод шуда наметавонад.
Лекин
Худро каму беш идора карда фаҳмиши равшан карда метавонад.
Аз ҳар як инсон дар дунё ду нишон мемонад, ки баъзан солҳо ва асрҳо ба вирди забонҳо мегардад.
Ин ҳам одати бад ки будани инсонро баҳо медиҳад.
Мисли одатҳои неки ҳазрати Юсуф ва одатҳои бади бародарон чи гуна аст.
Одатҳои бад инсонро ба чиқадар пасти дучор мекунад.
Ва одатҳои нек инсонро чи гуна ривоҷ медиҳад.
Бисёрии мо неки гуфта ба ягон шахс кумак кардан ро дар назар дорем.
Ин дуруст аст.
Некии асоси ин барои худ аст.
Ки будани худро шинохтан ва ба ин дунё бокадом сабаб офарида шудан фаҳмиш карда тавонистан илми бузургест ки беохир!
1 122
Ассалом
Устод. Рузимуродов.
Ва аҳли гурӯҳ.
Устоди азиз Худоро шукр, аз мушкилии қарзи ва депресия озод шудани ман сабабгор шумо ҳастед.
Ман 7 зиёд қариб 8 сол мешавад аз мушкилоти қарз набаромада ба депресия дучор шуда ки будани худро қариб фаромуш мекардам, на роҳати хобро ҳис мекардам ва на маънои зиндагиро.
7 мо пеш тариқи ютуб бо шумо шинос шудам ва ба дарсҳои шумо тариқи онлайн иштирок кардам.
Ба озмуни Телеграм иштирок карда, консультатция бурд кардам.
Ва бо шумо консультатцияи ман хуб гузашт.
Ман бовари надоштам ки Рузе меояд ман ҳам инсони беқарз ва бароҳат мешавам.
Вақте ки ташнаи илм будам, ба сайти шумо навистам. админи шумо гуфт.
Илмро мегиред,ва ҳамонруз аз қарз озод намешавед.
Лекин аз қарз оҳиста оҳиста озод мешавед.
Кадом вақте худ нофаҳмида мемонед.
Ин ҷавоби админ хело сари маро гаранг карда буд.
Боз аз дарс гирифтан худдори намудам.
Мақсади ман аз қарз озод шудан буд.
Ҳамон вақт ман танҳо ҳамин хел фикр доштам.
Дигар чизе на мехостам.
Якуним моҳ ман дарс нагирифта доим аз ютуб маълумотҳо гуш мекардам. Психологияҳои эрони ва руси узбеки ҳамаша гуш мекардам.
Қалбам каме равшан мешуд боз зиққию руҳафтодагии қарздори маро ноором месохт.
Хулоса дарс ро бо як азоби душвор харидори кардам.
Ба худ
Ана гап дар куҷо будааст гуфтам.
Фарқият маълумот шунидан дигар будаасту навистан ва амал кардан дигар будааст.
Аввалин аз ин дарсеки ман ба худ гирифтам оромии қалбамро хурсандии ноаёни қалбамро ҳис кардам.
Вақте аз хоб бедор мешави, фикр мекуни сарат гуё мекафад. Ҳоло ба ягон кор шурӯъ нокарда тамоми руз хаста ҳасти.
Ман чи қадар менавистам ҳамон қадар қалбам сабук мешуд.
Устод як сол пеш дар наворҳояшон доим аз навистан сухан меронданд.
Боре ман ба каментарияи Устод навистам.
Агар бо навистан кор ҳал мешуд, дипломҳо бекор хоб намерафт.
Маънои навистан ро ман дер фаҳмиш кардам.
Навистан то он вақте ки ту фаҳмиши асосиро дастрас мешавӣ.
Шукри Худо ман давоми 7 моҳа дарунаш аз қарзҳоям озод шуда боз савдои худро аз 0 сар карда истодаам.
Акнун фаҳмиш карда истодаам ки ҳар як инсонро ба сараш мушкили ва саргардониҳо будааст.
Мо худ мушкилиҳоро аз нофаҳми аз саросемаги ва аз ба дигарон баробар кардан боз мушкилтар мекардаем.
Ҳар як мушкили ҳал шаванда будааст. Агар қалби мо ором бошад ва некбин бошем.
Баъд аз омухтани қалби ором вуҷуди ман роҳатро ҳис кард.
Раҳмат
Ва миннатдорам
Устоди азиз
Рузимуродов.
Яке аз шогирди шумо аз шаҳри Панҷакент Б. Бобоев.
1 122
Салом! хеле шод астем аз пандеки имруз ба мо додед худованд илматона аз ин хам зиёда гардонад устодчон ман хар як паду андарзеки да ин гурупа мегузоред 10 маротибаги мехонам то он дамеки ором гирам хазор Рахмат умратонро худованд дароз гардонад танатонро сихату саломат нигох дорад ман хеле миннатдорам ки на танхо ман балки ба чи кадар оилахо ва моборин илмхохо бахра мебарем ташакур!
1 122
Салом
Ба Устод Рузимуродов
Ва ҳама
Ман ба ягон хел курс ва ё тренингҳо иштирок накардаам.
Як сол мешавад ин каналро дастрас карда аз руи баъзе дарсҳои Устод амал мекунам.
Бисёр одатҳои бад доштам
Аз ҳамма бадтараш доим асабонӣ будам.
Суҳбати ҳамсуҳбатамро ё корафтодагонро то ба охир гуш карда наметавонистам.
Имруз бо бовари гуфта метавонам.
Давоми як сол ман хело тағирот ба худ дидам.
Дар ҳаёти худ тағиротҳо беҳтарин шуда истодааст.
Мақсад
Фикри мо зиққию норизогиро бисёр ба худ ҷазб мекардааст.
Аз ҳаёти равшану беҳтарини худ ғофил мемондаем.
Аҳсан
Ба Устод.
Дарсҳои содда ва оссон
Ҳар руз бо худ МЕДИТАТЦИЯ мекунам.
Ороми беҳтарин неъмат аст.
Ғазаб асабоният аз ман 90 працент рафта истодааст.
Муносибати волидон ва оила
Тарзи муомила бо ҳамкорон ва ...
Гуфтаниҳо ва натиҷаҳо хело бисёр.
Амал кардан як қадам ба пеш !
Шукри Худо сафи чунин олимон дар ҷамъияти мо зиёд шавад.
Вазифаи ман дар инҷо гуфта намешавад.
Назорати...
Ҳар як инсон аввал аз болои худ кор кунад.
Ҳам ҳаёти худ ва ҳам ҳаёти ҷомеъа хуб ва беҳтар мешавад.
Дар вақти гӯш кардани наворҳои Устод қалби инсон ороми мегирад.
Хоҳиш
Наворҳо бисёр тар шавад
Устод.
Вақтҳои охир наворҳоятон хело кам аст.
Саломат бошед!
1 122
Ассалому алейкум
Устоди азиз.
Ва ҳамаи дӯстон.
Мушкилии ман дар оила ва бизнес бд.
Гуфтани қиссаи ман каме сахту душвор ва аламовар.
Оиладор шдам соҳиби ду фарзанд.
Дар хона оромиш нест.
Ҳар руз нотинҷи ки ногуфтанист.Модарм мехоҳад ҳамеша мо бо гуфтаи ӯ итоат кнем.
Албатта доим тарафи модар мегрифтм.
Алама аз ҳамсарм.
Мо мардҳо як | шиор | дорем.
Куҷое мерави брав
Сари ҳар як қадамм дхтарҳо пр
Бфорат исту зиндаги кн.
Нафорадат ҳейна дар!!!
Зиндагира ҳичи мегуфтем.
Хулоса ҳамсарам ду бачама гирфт рафт.
Чанд маротиба бари овардан рафтм
Оташ надод.
Баъди каме ҳамсарма як марди бе фарзанд ба зани гирифт.
Бо ду бачам.
Дарунам аланга мезад.
Месухтам.
Боз марде ки шиносои дорем.
Гуфтанш дардовар аст.
Дубора оила дор шдам.
Худро ҳеҷ хушбахт ҳис намекардм.
Наметавонистам ба тақдирам тан дода.
Бизнесам руз аз руз ба сатҳи поён мерафт.
Тарзи зиндагии мо фикран ҳам он хел бдаст.
Ҳамсари дуюмам ҳам фикри рафтан мекард.
Дарунам тарс дошт, и ҳам рава ...
Берунан худро бепарво месохтм.
Рузе як шиноси наздик ба ма Устодро тавсия дод.
Чор моҳ пеш дарси кутоҳмуддат гирифтам.
Дар зиндаги чашмонам кушода шуд.
Худамро хатоҳои худамро дида тавонистам.
Мумкин ин суханони ма ба дили чанд нафар мардҳо сахт раса, лекин ҳақиқат ҳам ин аст.
Устодҷон дар хотир доред
Дуюм рузи дарс ба ман савол додед
Вақти оиладор шави никоҳ доштед?
Ма бо сари баланд бале гуфтам, ҳам қонуни ҳам исломи ҷавоб додам.
Шумо каме фикр карда боз савол додед.
Вақти никоҳ ба пурсидагон ва шоҳидон чи ваъдаи марди додед?
Ё ба қонуни ( ЗАКС)
Вақте шумо ин саволи душворро додед.
Дар пароканда шудани зиндагии шумо ки гунаҳкор?
Модар?
Ҳамсар?
Ё худди шумо?
Ма ҷавоб дода натавонистам.
Дар ҳаминҷо чашмони ман кушода шуд. Устодҷон.
Мо мардҳо (ҳамара дар назар надорам, танҳо мисли хдам мардҳое ки маънои никоҳро намедонанд)
Никоҳ чи буданашро сарфаҳм намеравем.
Фикр мекунем никоҳ як намуд қоидаи исломи аст. Ки ҳалол буданро ба мо иҷозат медиҳад.
Дар асл маънои никоҳро дар вақти илм гирифтан аз шумо фаҳмидам Устодҷон.
Никоҳ бисёр маънои калон доштан ва асос Масъулиятро ба гардан гирифтан бдааст.
Яъне дар тамоми ҳолати пастию баланди мушкилии ҳаёт дар барат ҳастам
Маъно доштааст.
Устоди беҳтаринам.
Худоро шукр
Шумо сабабгор ҳастед барои маънои ҳаётро фаҳмидан барои баъзан инсонҳои мисли мо илмхоҳ.
Вақте ма ба шумо гуфтам.
Агар тарафи ҳамсарамро гирам модарам шояд хафа мешаванд ё аз ма меранҷид.
Ҷавоби шуморо мехоҳам
Ба ҳамма расонам, ки ин ҷавоб маро таккон дод ва чашмонамро кушод.
Шояд ба баъзеи шумоён ҳам сабаб шава.
Худованд мардро тавоно офарид.
Марди тавоно ҷой ва қадри модари худро аз ҳамма боло медонад.
Ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ ҷои модарро гирифта наметавона
Ва
Масъулияти шавҳариро сари вақт иҷро мекунад.
Дар ҳаёти ҳар як бандаи Худо мушкилӣ, пастию баландӣ, ҳастию нестӣ ҳаст.
Марди тавоно дар вақти душвортарин ҳолат ҳам муҳаббати худро ки муҳаббатро бо пул харидан нест, аз модар, волидон ва ҳамсару фарзандон дареғ намедора!!!
Чор моҳ аст ҳаёту зиндагӣ ва корҳои тиҷоратии ма бо мадади Худованд равшану бо муҳаббати якдигарфаҳми хушу бобаракат пеш рафтестаст.
Устодҷон ба шумо сидқан раҳмат ва миннатдории худро мерасонам.
Мардеки масъулиятро медонад мард аст.
Мардеки масъулиятро сарфаҳм намерава мисли ҳаёти пештараи ма ба ном марду дар асл заиф аст.
Ба ҳаммаи шумоён бародарони азиз қувату тавоноии марди ҳақиқиро аз Худои бузург мехоҳам.
Ба хоҳарону апаҳои дар ин гурӯҳ бда хушбахтиро мехоҳам.
Устодҷон
Хдованд илми шумора боз ҳам зиёд созад.
Дуогуятон ҳастем.
Исмоил. ш. Душанбе
1 122
Дар дохили ҳар яки мо як қудрати бузурге( тавоноӣ)ҳаст, ки моро ба сӯи орзуҳо ва ҳадафҳоямон мебарад!
Бояд гуфт, ки дар ин роҳ чӣ мушкилоту монеаҳо пеш меоянд
Муҳим аст ки ба худ бовар кунем!
Ва бо боварӣ ва некбинона ба пеш ҳаракат кунем!
Фаромӯш накунем
ки мо аз он ҳам ба зиёдтар аш қодирем
Ва дар дохили ҳар яки мо як тавоноии ҳақиқӣ ҳаст!
1 122
ҲАҚИҚАТ
____
Ҳақиқат эй бародар чун дарахт аст
Ки бар ҳар шохи ӯ бахт асту тахт аст
Агар хоҳи ки онҷо ту нишинӣ
Зи файзи ин ҳақиқат мева чини
Аввал бояд ту бишноси Худатро
Дувум сидқан бишносӣ
Худоро
Бикӯшу аз илм бохабар бош
Ки равшании илмро,дастрас бош
Ду чашми гафлататро илм кушояд
Ба суи Ҳақ туро илм раҳ намояд
Ҳақиқат мебарад касро ба боло
Ба суи даргаҳи Парвардигоро
Зи файзи ӯ дилат масрур гардад
Каломат дар даҳан чун нур гардад
Ҳақиқат ақлу ҳушат меафзояд
Ба роҳи рост ҳидоят менамояд
Ҷавонмардо
Ҳақиқат кун ту пеша
Ба роҳи рост бирав
Ту ҳамеша!
1 122
Аввалин рӯзи зимистон: оғози тозаи умедҳо
Якуми декабр фаро расид ва бо он фасли зимистон — фасли оромӣ, саодат ва омодагӣ барои оянда. Ҳар қатраи борон ва барфи сафеде, ки ба замин меафтад, ба мо як паём меорад: “Тоза шурӯъ кун!” Ин лаҳзаи муносибест, ки гузаштаро сипосгузорона пушти сар гузошта, бо дилу нияти тоза ба пеш қадам гузорем.
Зимистон на танҳо вақти хунукӣ, балки замоне барои оромӣ ва андеша аст. Ҳар гуна дарахт, ки имрӯз бараҳна ва хомӯш менамояд, дар ботинаш нияти сабзидан ва шукуфтанро нигоҳ медорад. Ҳамин гуна, мо низ метавонем дар ин рӯзҳо тухми орзуҳо ва ҳадафҳои худро кошта, онҳоро барои шукуфоӣ дар фасли баҳор омода созем.
Бигузор, ки хунукии зимистон моро ба худшиносӣ ва дарёфти қувваи дохилӣ барад. Биёед, ин фаслро на ҳамчун монеа, балки ҳамчун имконияти нав барои рушд, мутобиқшавӣ ва пурқувват шудан бубинем.
Имрӯз вақти он аст, ки худро гарм нигоҳ дорем, на танҳо бо либос, балки бо меҳру муҳаббат, бо орзуву ҳавасҳои баланд ва бо умеди он, ки ҳар рӯзи зимистон ба мо наздикшавии рӯшании навро меорад.
Зимистон на танҳо охири сол, балки оғози илҳоми тоза аст. Пас, қадами худро устувор гузор ва боварӣ дошта бош, ки ҳар як рӯзе, ки мегузарад, туро ба орзуҳои нав ба нав наздиктар мекунад.
Уже доступно! Исследование Telegram 2025 — ключевые инсайты года 
