ch
Feedback
Умеди Нав

Умеди Нав

前往频道在 Telegram
1 104
订阅者
+124 小时
+27 天
+130 天
帖子存档
Асалому алейкум омад омади мохи шарифи рамазон ба хамаатон Муборак Ман ин амалро Хар пагох нависта истодаам алакай ба Ман одати доими шудаистодааст, хеле худамро савук хис карда истодаам натичаашро интизорам .Бадан бо шумо устоди Азиз миннатдориамро баён мекунам Бад аз дарсхои шумо дар вучудам оромишро хис кардам,бовар кунед устод Хар боре дар ранчишхоям суханони шумо ба ёдам меояд дилам таскин меёвад шуморо Дуо мекунам,хамеша рохнамои зиндагии рохгумзадагон бошеду тансихат бошед

Хело оддӣ ва фаҳмо аст. Агар инсони қарздор каме аз "ИЛМ" бохабар бошад Қарз барои ӯ на дард Балки роҳати ҳарду дунё ро ҳадя месозад. ИЛМ неъмати бебаҳо аст,ки зиққиҳо, ранҷишҳо, бехобиҳо ва роҳгумиҳоро аз инсон дур месозад. Ҳар як мушкилиҳое ки ба сари инсон меояд, ҳал шаванда аст. Вазифаи мо ИЛМ ро амал кардан. Вазифа; Барои инсонҳое ки мехоҳанд худро тағир диҳанд. 40 руз Ранҷиданро( норозигиро)аз худ дур созед. На аз ҳаёт,на аз аъзои оилаву атрофиён ва на аз мушкилоти ба сар омада. Дар ҳамма ҳолат ба Худованд таваккал карда ба душвориҳо тан дода ба пеш ҳаракат кардан. 40 руз ин вазифаро иҷро кардан оссон нест. Лекин! Барои инсони хоҳишдор оссон аст. Ин вазифа қалби инсонро пок ва равшан карда биноиши ҳақиқияш ба ҳаёт кушода мешавад. Решаи Худшиносӣ Дар зери ин вазифа аст. Агар хоҳед ки аз мушкилиҳои гуногун оссон озод шавед. Ба меҳри Худованд пайваст шавед Ва Ҳамеша шукргузорӣ Миннатдорӣ

Рости ҳеч нафаҳмидам ки карздори чигуна роҳати ҳарду оламро ҳадя мекардааст .

_______ ҚАРЗДОРИ ДАРДИ ВАЗНИН АСТ БАЪЗАН НАФАС КАШИ ҲАМ ДАРД МЕДИҲАД. ЛЕКИН АГАР ИНСОНИ ҚАРЗДОР ЗАРРАЕ АЗ ИЛМ БОХАБАР БОШАД. ҚАРЗ БАРОИ Ӯ НА ДАРД БАЛКИ РОҲАТИ ҲАР ДУ ОЛАМРО ҲАДЯ МЕСОЗАД!

АССАЛОМ АЛЕЙКУМ ДУСТОН ВА ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ! РУЗАТОН БА ХАЙРУ БОБАРАКАТ БОШАД. МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ВА АВВАЛИН РУЗИ БАҲОР БА ҲА
АССАЛОМ АЛЕЙКУМ ДУСТОН ВА ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ! РУЗАТОН БА ХАЙРУ БОБАРАКАТ БОШАД. МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ВА АВВАЛИН РУЗИ БАҲОР БА ҲАМАГОН МУБОРАК БОШАД! БА ҲАММАИ ШУМОЁН САЛОМАТӢ, ХОНАИ ОБОД, РИЗҚИ ФАРОВОН ВА БАРОРУ ПЕШРАВИ АЗ ХУДОИ МЕҲРУБОН МЕХОҲЕМ. ҲАМЕША САРБАЛАНД БОШЕД АЗИЗОН!

АССАЛОМ АЛЕЙКУМ ДУСТОН ВА ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ! МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ВА АВВАЛИН РУЗИ БАҲОР БА ҲАМАГОН МУБОРАК БОШАД! БА ҲАММАИ ШУМ
АССАЛОМ АЛЕЙКУМ ДУСТОН ВА ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ! МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ВА АВВАЛИН РУЗИ БАҲОР БА ҲАМАГОН МУБОРАК БОШАД! БА ҲАММАИ ШУМОЁН САЛОМАТӢ ХОНАОБОДӢ ВА РИЗҚИ ФАРОВОНУ БАРОРУ ПЕШРАВИ АЗ ХУДОИ МЕҲРУБОН МЕХОҲЕМ. ҲАМЕША САРБАЛАНД БОШЕД АЗИЗОН !

Ассалом Устод Рузимуродов ва аҳли гуруҳ. Раҳмат ба шумо Устод Ва шукри ин неъмати бебаҳои Худованд ки ин неъмат илм аст. Ба ҳаммаи шумоён тавсия медиҳам аввал қалби хотирҷамъиро омузид. Қалби хотирҷамъ инсони заифро тавоно, беморро сабр ва ноилоҷро роҳ нишон медиҳад. Ман баъди фаҳмиши асосии ин илмро гирифтан чашмонам ба ҳаёти асоси кушода шуд. Ба гуфтаи он бародаре ки "баъди дарси Устод ҳаминро фаҳмидам ки ман инсон будаам" Албатта Инсон будан ва инсонии худро фаҳмиш кардан хело мураккаб будааст. Ман фикр мекардам назди равоншинос фақат ғамзадаҳо, беморо ва ноилоҷу бечораҳо меоянд. Дар асл бо ин қадар молу мулк, хонаҳои дабдабаю мошинҳои замонави зиндагии аз ҳамма пеш дошта бошам, бечораи асоси ман худам будаам. Ман соҳиби қалби худро нашинохта ба кибру ғурур печида чашмони биноям инқадар сол пушида ҳаёт кардаам. Ҳамачи дорам Лекин Қалби ноором Ягон кас ва ягон чиз қалби маро равшан карда натавонист. Чи қадар дар зиндаги падару модарамро ҳамсару фарзандонамро озор медодаам,ҳатто ҳис карда наметавонистам. Фикр мекардам ман ҳақ ҳастам онҳо ноҳақ. Ҳақ ягона Парвардигор аст. Гарчанде мо рост мегуем. Хулосаи гап Инсон дар ҳақиқат ё аз касбаш ё аз даромади ба даст овардааш боло мерафтааст худ бехабар мемондааст. Устод Баъди хело суҳбат Ин сухани шумо ба Фикру қалби ман хело таъсири сахти худро гузошт. Ба ман гуфтед. Албатта ҳар як шахс рузи мурдан дорад. Мо набояд аз марг тарсем. Мисол Агар имруз рузи охирон ҳаёти шумо бошад Шумо аз ин қадар моликиятатон кадомашро бо худ бурданро интихоб мекунед? А Аз байн чанд дақиқа гузашт забонам фикр мекардам ба дарун мекашид, дар як лаҳза пешони ва тамоми вуҷудам арақ карда ларза гирифт. Чунки ман рузи маргамро тасавур ҳам накарда будам. Ҳамроҳам ҳеҷ чиз бурда наметавонам, албатта инро ҳамма медонем гуфтам. Гуфтед Пас ин кибр ғурур дилозори барои чи? Мову шумо барои ин моликият танҳо мисли чупон ҳастем. Доро шудан лозим. Бизнес кардан, пешрави кардан бо давлат шудан беҳтарин Лекин Барои хурсанди бо завқ зиндагиро пеш бурдан ба хайр будан. Атроф ба аҳли оила хурсанди дода тавонистан, соҳиби қалби худро шинохтан Инсон будани худро ҳис кардан лаззати дигар дорад! Баъди оромиши қалб, баъди шикастани қолаби кибр Чашмонам равшании ҳаётро ҳис кард. Ба тамоми мушкили роҳ вуҷуд дорад, агар мову шумо қалби орому хотири ҷамъ дошта бошем. Соҳиби қалби мо Худованд аст. Мо меҳрубон Офаридгор доштаем ки инқадар системаи ҳаёти моро бехато сохтааст. Шаб барои оромиш Руз барои осоиш, обу ҳаво, равшани, имкониятҳо. Афсус мо чашм пушида баъзан зиндаги дорем. Аввалан худро дар назар дорам. Шукри мо нест, ё тамоман кам аст. Баъдан фаҳмиш кардам равоншинос барои мо барин чашм пушида инсонҳо сабабгори калон будааст. Падару модар мо ҳамма дуогуи шумо ҳастем Устод Рузимуродов. Иқболи баланд ва пешравиатонро мехоҳем.

Салом рузотон ба хайру шоди бошад ман пештар гапхои устодро хуб гуш мекардаму бад аз дарс ба фикр фуру мерафтам саволе дода будамки писарам гапама гуш намекунад чи кор кунамки гапама гуш кунад бад гуфтанки 21 руз танхо бо равшанфикри ва хурсанди ва факат ба корхои хубаш минатдори корхои нохубашро диди сукут кун барои ман рости дар авал каме ранги шухи метофт ва ба хулосае омадамки харчи бодо бод баьд ман хамин гуфьагии устодро кардаму хар сахар хеста авал барои аз хоб сихату саломат хестани худам шукрона мекардаму баьдан назди хар сеи фарзандрнам мерафтаму худоро шукр мекардам то хол хаминхел мекунам инро ба худам одат кардам хозир писарам аз хобаш мехезад дарсакоша бе ягонгап худаш таёр мекунад ба мактаб мерад корои хоная бе ягон фармоиш бо маслихат худи фарзандом меккнан корхои вазнинамро партофтам бо рохои осон коре карда истодаам ки шукронаи Аллох хам одамон аз ман ризоянд хурсанданд хам ман аз одамон бенихоят аз устод Чамшед Рузимуродов миннатдорам бигзор боз хам аз ин дида саводашонро худованд зиёда гардонадки боз мо аз инхо илму хунар омузем

Алейкум бар салом Саволи беҳтарин ва хело мураккаб. Хиёнат Барои ҳар як зан сахттарин дард хиёнати шавҳар ва ё шунидани зани дигар гирифтани шавҳар аст. Занҳо ба тамоми ранҷу шиканҷаҳои ҳаёт тобовар ҳастанд. Лекин! Бисёрии занҳо ба хиёнат тоб оварда наметавонанд. Ё бемор мешаванд, ё сари қаҳр қарори ҷудошавиро интихоб мекунанд, ё роҳи қасдро. Агар занҳо дар ин мавзӯи ХИЁНАТро пешгири кардан, каме илм ё равшанфикрию дурандеши дошта бошанд. Ҳаёти худро ба тарафи хуби дигаргун карда метавонанд. Хулоса; Агар марди шумо дар роҳи хиёнат роҳгум зад. Шумо ҳеҷ гоҳ ин амалҳоро накунед! 1.Мард вақте ба хона омад, худро ғамгин ( пажмурда)гиряву зора ва ё қаҳри нишон надиҳед! 2.Насиҳат накунед!!! 3.Зуд - зуд ба телефонаш занг назанед! Ин ҳолатҳо мардро бадтар ба коми хиёнат мекашад. Агар мард аз саршавии ҳаёт бо нушидану бо бероҳаги ва дил озори машғул боша Метавонед фикри озоди аз ӯ ҷудо шудан карда. Агар марди хуб буд, яке ба роҳи хиёнат роҳгум зад, шумо онро бадтар насозед. Барои мард аввалин аз дар дарояд чеҳраи кушод лозим. Бо хушомад ва паст кардани худ не. Балки бо завқ ва хушнудӣ. Агар оддӣ карда фаҳмонем, зан дар ҳаёт мисли гул аст. Гули шукуфта ва гули пажмурда. Мард бо ки хиёнат мекунад? Бо ҳамон зан ё духтаре ки қалби мардро ба даст оварда метавонад. Бо нигоҳаш, бо меҳраш, бо суханҳои форамаш. Қариб 70% мардҳо соддадил ва зуд бовар мешаванд. Баъзан занҳо новобаста аз синну сол фарқият доранд. Занҳое ҳастанд синнашон ба пири расида бошад ҳам қалби равшан доранд, яъне қалби хурсанд, ки он хурсандии қалб ба атроф муҳити оила хурсанди бахшида меҳри қавӣ эъҷод мекунад. Ҳар қадар зан худро дуст дорад, фикрҳои зиққиро аз худ дур карда ҳаёту зиндагиро бо завқ пеш барад,дар қалбаш меҳри Худованд дошта бошад ва доим дар ҳаққи шавҳараш дуогу бошад, аз Худо ҳидоят кардани шавҳарашро доими оромона талаб созад, ҳар мард аз роҳи хиёнат оссон баргашта метавонад. Дар инҷо занҳо гунаҳкор нестанд. Лекин! Зан Метавонад ҳаётро бо меҳраш Бо муҳаббаташ бо амалҳои солеҳааш ширин сохта. Барои ҳар як кори хуб мақсади хуб асосан вақт ва сабр лозим. Хиёнат як умра нест! Худо ҳар як бандаашро дӯст медорад, ва роҳи дурустро нишон медиҳад.

Салом устод ман зан хастам хиëнати шавхарам ба ман хело тасир додааст чи кор кунам мегуфтед пешаки рахмат

_______ ҚАРЗДОРИ ДАРДИ ВАЗНИН АСТ БАЪЗАН НАФАС КАШИ ҲАМ ДАРД МЕДИҲАД. ЛЕКИН АГАР ИНСОНИ ҚАРЗДОР ЗАРРАЕ АЗ ИЛМ БОХАБАР БОШАД. ҚАРЗ БАРОИ Ӯ НА ДАРД БАЛКИ РОҲАТИ ҲАР ДУ ОЛАМРО ҲАДЯ МЕСОЗАД!

_______ ҚАРЗДОРИ ДАРДИ ВАЗНИН АСТ БАЪЗАН НАФАС КАШИ ҲАМ ДАРД МЕДИҲАД. ЛЕКИН АГАР ИНСОНИ ҚАРЗДОР ЗАРРАЕ АЗ ИЛМ БОХАБАР БОШАД. ҚАРЗ БАРОИ Ӯ НА ДАРД БАЛКИ РОҲАТИ ҲАР ДУ ОЛАМРО ҲАДЯ МЕСОЗАД!

ҚИССАИ ИБРАТОМЕЗ! __ ҚАРЗДОРӢ БАЛОИ ҶОН АСТ Ё РОҲ БА СӮИ МУВАФФАҚИЯТ? Марди сода дил ва ҳавасманд, ки дар оилаи пулдор ба воя расида буд. Фикри бизнеси шахси карданро мекунад. Роҳи оссонашро меҷуяд.Фикр карда ниҳоят ба хариду фуруши молҳо машғул мешавад. Корҳояш руз аз руз хуб пеш мерафт. Завқаш дучанд шуда хост бизнесашро боз ҳам калон созад ва даромади зиёд ба даст орад. Бо ҳамин хел фикрҳои хом аз як чанд дуру наздик қарз гирифта корашро ба дараҷаи аъло пеш мебурд. Рӯзе чи гуна дар дасти қаллобон бо дастони худ молҳо ро бовар карда доду, дигар онҳоро надид. Яъне фиреб хурд. Ба вазъияти вазнини қарзи калон дучор шуд. Қарздорҳо ҳар руз ба ҷону ҳолаш намегузоштанд. Аз саросемаги ва кутоҳандеши чизе дошт фурухт ба қарзҳояш дод, аммо қарзҳояш хело зиёд буд, озод нашуд. Роҳгум зад, чи кор карданашро намедонист. Фикраш аз зиққи дуруст кор намекард. Аз байн моҳҳо балки сол гузашт. Ҳолаташ бадтар мешуд. Қарздоронаш қасди куштанашро огоҳи медоданд. Аз ноилоҷи Рузе Ба наздиди донишманд рафт. Донишманд хомуш гуш мекард, мард саргузашти талх баён мекард. Ба ман роҳ нишон диҳед гуфт мард. Роҳ ро Худо нишон медиҳад. Вақти таввалуд ҳамроҳи шумо ин мушкилиҳо бо шумо ҳамроҳ омад? Ё Бовари доред ин мушкилиҳоятонро ҳамроҳ бо худ ба гур мебаред? Мард не Яъне чи хел? Гуфт. Мушкили бо инсон як умра нест! Як меояд Ё инсонро тарбия мекунад Ё Чизеро меомузад! Шумо аввал қалбатонро ором созед. Гуфт донишманд. Мард Чи гуна қалбам ором шавад? Маро мекушанд. Ман ягон ҳунар надорам, айни ҳол ягон роҳи даромад ҳам надорам... Донишманд Модомеки назди ман маслиҳат пурсидан омадед, ба гапҳоям гуш кунед! Агар Худо нахоҳад, ҳеҷ кас ба шумо зарар расонда наметавонад. 1. Аз тарс, саросемагӣ, зиққӣ,фикрҳои ноумедӣ худро озод мекунед! Яъне қалбатонро ором месозед. 2. Ба муҳаббати Худованд пайваст мешавед! Яъне бо оромиши қалб бисёр зикр мекунед. Ба ҷои норозигӣ ва нолидан Шукргузориро бисёр мекунед. Ваъдаи Худованд Шукр куни, неъматат афзун кунам. 3. Ба тавоноиятон назар карда хайр мекунед! Яъне ба муҳтоҷон ба ҳадди имкон дасти худро дароз мекунед! Мард бо ҳамин аз қарзҳоям озод мешавам? Донишманд Фикр ва қалб ором шавад, инсон имкониятро дида метавонад. Роҳе пайдо мешавад, ки сабаби аз қарз озод шудани шумо мешавад. Мард давоми як моҳ балки зиёдтар ба гуфтаҳои донишманд риоя мекунад, ҳеҷ натиҷа нест. Рузе дусташро вомехӯрад, ва ҳарду аёми суҳбат дусташ аз ҳолаш бохабар мешавад. Ба ту маслиҳат. Ҳар ду як кор мекунем. Дар ҳавлии ман як тандури одди аст. Нон карда ба фуруш мебарорем. Корҳоямон хуб шуд аввал қарзҳои туро озод мекунем. Аввал рози нашуд Бо нон фуруши? Каме хандааш гирифт. Лекин Дигар илоҷ надошт. Ба ҳоли худаш дарун дарун гиря мекард. Аз оилаи пулдор, ба чунин ҳолат аламовар... Хулоса; Мард дар муддати кутоҳ нонпазиро омухт. Ӯ мепухт Рафиқаш ба бозору мағозаҳо мерасонд. Корҳо хуб мешуд. Таърифи нон паҳн мешуд. Ба ғайр аз бозору мағозаҳо боз закасҳо мешуд. Мард ҳар боре нонҳоро мечаспонд, зикре ки донишманд барояш вазифа дода буд. Дар қалбаш сидқан такрор мекард. Ҳарду ба корҳо расидаги карда натавониста боз як ду коргар гирифтанд. Дар ин муддат мард ки бо тамоми меҳр ва завқ корашро мекард. Чи гуна аз қарз озод шуданашро ҳам надонист. Аз саршавии кор ду нонро бе пул ба ягон шахс медоданд. Ба корҳояшон баракат буд. Аз байн ду се сол гузашт, рузе ба хотири мард донишманд расид. Ба дидор бини рафт. Чи саргузаште буд ҳамаро нақл кард. Марди содадил гуфт. Устод Рӯзе буд аз ноилоҷи ба марги худ рози будам Имруз боз ҳаммаро дастрас карда балки зиёдашро дорам. Бар замми ин боз қалбам равшану хотирҷамъ Инсонҳое таҳдидам мекарданд, маро дида хиҷолат мекашанд. Сири ин ҳамма дар чист? Донишманд Худованд бар зиммаи ҳар мард ҳаққи худро мегузорад, то дасти ба хайр дошта бошем. Ҳар инсон доим дар қалбаш муҳаббати Худо ҳаст, Худованд ӯро роҳнамову мададгор аст. Мушкилиҳои гуногун бар сари ҳар як бандаи Худо ҳаст, ҳаёт чунин аст. Асос; Мушкилиро бо ороми қабул карда тан додан ва фикрҳои ноумедиро аз сар дур кардан аст.

Як мувақати як иҷора гирифта срочно ба хона расидам. Ҳамсарам дар хона буд, гуфтам дод мезанам бачат кати баро даруни мошин Шин. Баъди каме ман баромада шуморо ба ҷое мебарам. Дар нади модарам дод задам ҷанг кардам ҳозир баромада рав. Хулоса як моҳ ман ду зиндагиро сарсонаш будам. Лекин хурсанд ки як заифи паршикастаро ноумед накардам. Рузе модарам сахт бемор шуд На худро ва на зиндагиро пеш бурда метавонист. Аз кардаҳо пушаймон шуд, хост ҳамсари сеюмиро ёфта биёрам. Ман то ин муддат чанд маротиба бо устод дар маслиҳатам. Инсон печида аз кибри лаъин мешудааст Агар кибр инсонро идора созад, чашми пушида ҳаёт месозед. Вақте аз илм бохабар шудам баъзан аз худ хиҷолат мекашам. Кибр маро озод ғулом кардааст. Агар ба хотири мардон малол нарасад, ба ин савол бояд ҳар яки мо ҷавоб дошта бошем. Мо ки ҳастем? Мисли ҳамсарони ман чандин нафар бо маҷбуриш нима роҳ мондаанд. Ҳамсари аввалаам шавҳар кард. Духтарчаам қариб қадрас бениҳоят зебо. Баъзан гумонҳои шайтони маро торик месоза. Бо падарандар дар як ҷоя калон шуда истодааст. Ба ҳамсарам чанд маротиба навистам, духтарро ба ман деҳ бо модарам калон шавад бехайфтар аст. Ҷавоб. Надод. Маро дар охир заблок кард. Баъд аз ин илми ҳаёти чашмонам кушода шуд. Албатта ин як сабаб. Аст. Ташаккур Устоди азиз. Илматон аз ин ҳам равшан шавад. Шумо дар ҷомеъаи мо хело заруред. Ба падар ва модари шумо раҳмати Худо бошад.

Як мувақати як иҷора гирифта срочно ба хона расидам. Ҳамсарам дар хона буд, гуфтам дод мезанам бачат кати баро даруни мошин Шин. Баъди каме ман баромада шуморо ба ҷое мебарам. Дар нади модарам дод задам ҷанг кардам ҳозир баромада рав. Хулоса як моҳ ман ду зиндагиро сарсонаш будам. Лекин хурсанд ки як заифи паршикастаро ноумед накардам. Рузе модарам сахт бемор шуд На худро ва на зиндагиро пеш бурда метавонист. Аз кардаҳо пушаймон шуд, хост ҳамсари сеюмиро ёфта биёрам. Ман то ин муддат чанд маротиба бо устод дар маслиҳатам. Инсон печида аз кибри лаъин мешудааст Агар кибр инсонро идора созад, чашми пушида ҳаёт месозед. Вақте аз илм бохабар шудам баъзан аз худ хиҷолат мекашам. Кибр маро озод ғулом кардааст. Агар ба хотири мардон малол нарасад, ба ин савол бояд ҳар яки мо ҷавоб дошта бошем. Мо ки ҳастем? Мисли ҳамсарони ман чандин нафар бо маҷбуриш нима роҳ мондаанд. Ҳамсари аввалаам шавҳар кард. Духтарчаам қариб қадрас бениҳоят зебо. Баъзан гумонҳои шайтони маро торик месоза. Бо падарандар дар як ҷоя калон шуда истодааст. Ба ҳамсарам чанд маротиба навистам, духтарро ба ман деҳ бо модарам калон шавад бехайфтар аст. Ҷавоб. Надод. Маро дар охир заблок кард. Баъд аз ин илми ҳаёти чашмонам кушода шуд. Албатта ин як сабаб. Аст. Ташаккур Устоди азиз. Илматон аз ин ҳам равшан шавад. Шумо дар ҷомеъаи мо хело заруред. Ба падар ва модари шумо раҳмати Худо бошад.

Ассалом устоди азиз. Ва дар ин гурӯҳ будагон. Ман як марди се маротиба оиладор шудагиям. Чи хеле ки ҳамма хурду калон медонан падару модар азиз аст ва ҳеҷ кас ҷои онҳоро гирифта наметавона. Бо ҳамсари аввалинам хело хуб будем, зани солеҳа гуям ҳам хато намекунам. Соҳиби ду фарзанд шуда бошем ҳам гуё нав хонадор барин муҳаббат ва эҳтиром доштем. Ҳар вақте аз кор меомадам, димоғи модар сухта, аз ҳамсарам шикоят мекарданд. Баъзан дар ҷои кор занг мезадан.Рузе дар вақт ба хона баргаштам ҷанҷоли онҳо ҳаду канор надршт. Ҳамсарам одати гапгардони дил озори надошт. Лек Вақте даро кушодам овози ҳамсарамро шунидам ба модарам дод зада гуфт. Дар дилам зад Чаро мо ором зиндаги карда наметавонем. Гушҳоям бовар накард. Модарам хост ҷавобашро диҳам. Ман ҳам ягон фикр накарда ҷавобашро додам. Вақте аз даҳонам калима баромад, вуҷудам ларза гирифт, гуё нафас нарасида истодааст. Аз байн чанд муддат гузашт боз хонадор шудам ба духтари хона. Он ҳам фикр мекунам тарбия дида зиндагиро хуб пеш мебурд. Чанд сол зиндаги кардем фарзанд нашуд, рози будам фарзанд нашавад ҳам боке нест. Бо ҳам мемонем.Боз ба модарам рузҳои охир маъқул намешуд. Рузе хостан срочно биё. Чи гап боша, омадам хостанд ҷавобашро диҳам. Ин суханро шунида аъзои танам ба дард даромад. Бо тамоми ҳастиям баромада рав гуфтам Лек Ҷавобашро дода натавонистам. Забонам гуё шах шуд. Ҳамсари дуюмам рафт чанд маротиба суроғаш рафтам аммо падараш нахост. Гуфт Модарат Кӯча хандон хона ғичон. Роҳи ҳаётатро аз дигар дар ёб бачам.мо туро дуст медорем Лек Бори сеюм фикри хонадории маро мекарданд. Духтар мекобиданд. Ба ман дигар духтар лозим нест. Бо тамоми орзу дасти маро дошта ба остонаи ман меояд. Нима роҳ мекунам. Ман мард нестам, ман як разилам гуфта баромада, шаб хона на омадам. Мо чанд сол пеш оилави дар хориҷа омада бдем. То ҳол макони асосии мо бизнеси мо дар хориҷа аст. Шабе ба мағоза даромада хостам об гирам. Чашмам ба як духтари фарош фаромад. Зебо вале хело паршикаста ғамгин дар назар мерасид. Чанд маротиба ончо рафта омадам, ҳаракат мекардам як назар созад сухан гирам. Нашуд. Ҷои кор строги бд. Хулоса роҳашро поидам Мо ҳамсуҳбат шудем, як маротиба оиладор шудааст. Як моҳ ҳаёт накарда шавҳараш бо касе хиёнат карда ва тарафи духтар маҷбураш карданд. Агар бо ӯ оиладор нашави мо бо дигар роҳ мефаҳмонем. Шоми шум Ҳамон бегоҳ хуроки манту карда шавҳарро ждат доштам, бо ороиши арусона. Модар арус маро ба оғуш гирифту гиря кард, ҳамара гуфт ва чизу чораи маро бор карда ба хонаи падар оварданд. Баъди як ҳафта шавҳарам он қадар туи бо. Даб даба кард ки чанд маротиба мурда зиндам шудам. Хонаи шавҳарам ки дар наздикии хонаи мо буд ҳар боре медидам месухтам. Модар надорам. Тағоям маро ба Руссия ба кор даъват кард. Тақдири талхи ӯ маро таккон дод. Рози шудам бо ҳам хонадор шавем. Мо хонадор шудем. Арус бе чизу чора ками ба худ муносиб овард. Ба модарам аз рузи аввал нафорид. Ҳар чиз мегуфтанд. Зарина худро ба нофаҳми мезад. Мо кудакдор шудем. Аз байн чанд муддат гузашт. Ҳамсарам аз корҳои хона он қадар хаста шуда бо кудаки хурд ба хона барои хобондани кудак даромада хоби худ ҳам бурдааст. Вақте бо коргар каме муомилаамон боло рафтори буд, ба телефонам як чанд акс омад. Саросема аксҳоро дидам ҳамсарам як намуд дар хоб аст, бовариам наомад. Аксҳои хона Руяш бетартибие ки аз либоси ҳамсар ба забон оварда намешавад. Модар хост Срочно хона оям. Ин бе фаросат баракати хонаи маро мебара. Мор газида аз ресмони ало метарсад. Гуфтам то як соат меравам. Ман як одате доштам психологро он қадар бад бедидам. Фикр мекардам ҳамма доно анд.ба хотирам яке устод омад. Ба алоқа баромадам, хостам маслиҳат гирам менеджер гуфт баъди як руз. Ба ман як қадар роҳ сарам кор накарда истодааст. Боз паси ҳам занг задан гирифтам, срочно. Хуло Худо худаш мададрасон. Мо дар алоқа баромадем. Устод маслиҳати беҳтарин дод.

Хазор рахмат Устод Худованд илматона бозхам зиёда гардонад Шумо сабабгор мешавед Мо аз дилшикастаги аз парешона баромада истодаем .Минатдорам аз Шумо Устоди гиромикадр

Хело мамнун бародар. МО аз шумо розием Аллоҳ аз шумо рози бошад🤝

Худо аз шумо Рози бошад устоди Азиз Шумо бисëр барои мо хубихо дастгирихо хизматхо мекунед Ман аз шумо бисëрчизхоро омухтаам Дар холатхои рухафтодагиямхам шуморо гушмекунам ва хама парешонихо аз ман бартараф мешаванд Маслихату дархои шумо барои мо куватту неруи нав мебахшад Хамеша сарбаланду тансихат бошед Устоди Азиз Ташаккур ба шумо