1 104
Подписчики
+124 часа
+27 дней
+130 дней
Архив постов
1 104
БО ҲАММА ДӮСТ БОШУ
АЗ ЯКЕ ДУРИ БИҶӮ❗️
__
Дар илми психология омадааст, ки қалб маконест ҷои меҳр ва муҳаббат!
Қалб қавитарин узви инсон аст ки тавоноии меҳри бузургро дорад.
Лекин
Баракс 99% инсонҳо аз ин ҳолат дар ғафлат ҳастанд.
Ба қалби худ ба ҷои меҳр муҳаббат, оромиш
Ранҷидан, нафрат, нороҳати ва зиққиҳои бесабаб ро ҷой мекунанд.
Баъзан инсонҳо худро фаромуш мекунанд.
Фикру хаёлашон ба дигарон банд аст.
Ба пешравии дигарон, ба андоза кардани дигарон ба паст задани онҳо, яъне ҳасади даруна.
Аз ҳамма дарди вазнин фикр ба худ неву, ба самти дигарон бо бади фаъол кор кардан аст.
Чунин одат, аз қалб меҳр ва муҳаббатро нест мекунад, ки инсон тавоноии худро аз даст медиҳад.
Ягон шахсро ҳато наздикон ва пайвандони худро сидқан дӯст дошта наметавонад.
Чунки фикри ӯ ба дигарон аст.
Хурдан, пушидан, машғули корҳои касбию шахси ин қонуни зиндаги аст. Иҷро кардан вазиҷаи асосӣ аст.
Лекин!
Фикрҳои худро ба самти
"худ" ва ба самти "хуб" баргардондан душвор аст.
Аз болои худ кор кардан беҳтарин вазифаи инсони аст
ки инсон ба кадом самт будани худро фаҳмиш мекунад.
Ҳар инсоне ки метавонад,дар қалби худ фикран нури Иллоҳиро ҷой карда бо мушкилот ба оромиш ғалаба мекунад ва дар қалбаш аз меҳри бузурги Худованд то кӯчактарин наздиконашро дорад, ӯ на танҳо дар охират балки дар ҳамин ҳаёт ҳам зиндагии биҳиштмонандро лоиқ аст ва дастрас шуда метавонад!
____
АЗ КИ БОЯД ДУРИ КАРД?
Баъзан инсонҳое ҳастанд ки
фурсати бадиро ба худ ғанимат медонанд.
Онҳое ки дар вақти пешравият дар вақти хурсандиҳоят ба ту халал ворид мекунанд.
Масалан;
Аз гузаштаҳоят ягон воқеъаро ё ягон хатогиҳоятро масхараомез дар вақти ҳамсуҳбат шудан ба фикри ту ҷой мекунанд ва чунин гузаштаат боис мешавад, ки ту дарунан хиҷолат мекаши ё руҳафтода мешави ва ӯ дарунану берунан лаззат мебарад...
Аз чунин инсонҳо худро дур гир!
Худро дур гирифтан
қаҳр, ногапи ё ӯро ба сатҳи поён дидан не!
Ҳамсуҳбатии тулониро ба худ иҷозат надеҳ!
Чунин инсонҳо қувва ва завқи инсонро ба оссони мебаранд.
Хатогии як шахсро гуфтан ба вақти муносиб ё роҳе нишон додан, ки сабабгори хушбахтии он мешавад, нишонаи дӯсти ҳақиқӣ аст!
1 104
Салом субхатон ба хайру шоди бошад устод хеле хуб кайд карданд бо хондаги инхел пандхо мо худамонро рохат хис мекунем рахмат устодчон ман аз хамин дарс хаминхел фахмидамки мо барои ибодат омадем ибодат гуфта танхо намозро не ибодат ин будастки мо бояд хамчун рузаи мохи шарифи рамазон аз хурдан ва нушидан худори мекунем танхо ин кифоят набудаст барои инсон боядки аз бадихо , аз кибр аз хасад , аз зики , аз ноороми хам худори кунему факат ба худ ва ба дигарон хубиро бисёртар кунем ин пандхо Моро халоват мебахшад миннатдорам .
1 104
НЕКИ БИМОНАД
ҶОВИДОН!
___
Психология
ва равшанфикрӣ.
Ҳар як инсон дар ин дунё софдил ва беғараз тавлид мешавад.
Яъне дар дунё
Одами бад нест
Одати бад зиёд аст.
Одатҳои бад бе сабаб ба инсон пайдо намешавад.
Баъзе одатҳои бад аз давраи кудаки пайдо мешавад. Аввалин аз оила ва аз муҳити кӯча бо ёру рафиқон,ё бо дугонаҳо ки бо якдигар аз ҷиҳати тарзи зиндагӣ пушидан ва ё надоштани асбобчаҳои бози кунанда худро аз ёру рафиқ кам дидан ё дар оила таҳқир ҳои дилсардкунанда дар қалби инсон ғараз пайдо мекунад.
Баъзан баръакс аз зиёдтар ва хубтар будан дар байни ёру рафиқон кибр пайдо мешавад.
Барои калонсолон одатҳои бад аз мушкилот ба оссони баромада натавонистан ва ё тавоноии меҳри худро ҳис карда натавониста, ба одатҳои бад дучор шудан аст.
Инсон ҳар қадар ба одатҳои бад гирифтор шавад, ҳамонқадар зиққи ва ғараз қалби ӯро
( нафрат ва норизогӣ) торик месозад.
Ягона роҳе ки аз одатҳои бад озод шудан, неки ва хайр карда тавонистан аст.
Неки кардан ба гуфтан оссон аст, лекин дар амал оссон нест.
Баъзан дар психология чунин дарсҳо ҳам ҳаст, ки қадри худатро дар ҷои аввал бидон.
Ё дар ҷое ки суханат арзиш надорад, ба худ хомӯш буданро боло бин.
Мисли чунин дарсҳо бисёр аст.
Лекин ҳамеша бо фикри равшан будан аз қалби инсон ғаразро дур мекунад.
Инсонро баъзан номаш шинос карда наметавонад. Касб ва ё
Одатҳояш ки буданашро шинос мекунад.
Бадтарин одат нафс ва ҳасад аст, ки инсонро аз инсоният ба оссони мебарорад.
Ин ҳар ду одат инсонро ба тамоми роҳ далолат карда метавонад, ки дар зери ин одатҳо манфиат ба худ ҷой
гирифтааст.
Ҳар инсон танҳо манфиати худро фикр мекунад, аз ӯ хайре нест.
Ягон инсон дар ин дунё 100% аз одатҳои бад озод шуда наметавонад.
Лекин
Худро каму беш идора карда фаҳмиши равшан карда метавонад.
Аз ҳар як инсон дар дунё ду нишон мемонад, ки баъзан солҳо ва асрҳо ба вирди забонҳо мегардад.
Ин ҳам одати бад ки будани инсонро баҳо медиҳад.
Мисли одатҳои неки ҳазрати Юсуф ва одатҳои бади бародарон чи гуна аст.
Одатҳои бад инсонро ба чиқадар пасти дучор мекунад.
Ва одатҳои нек инсонро чи гуна ривоҷ медиҳад.
Бисёрии мо неки гуфта ба ягон шахс кумак кардан ро дар назар дорем.
Ин дуруст аст.
Некии асоси ин барои худ аст.
Ки будани худро шинохтан ва ба ин дунё бокадом сабаб офарида шудан фаҳмиш карда тавонистан илми бузургест ки беохир!
1 104
Ассалом
Устод. Рузимуродов.
Ва аҳли гурӯҳ.
Устоди азиз Худоро шукр, аз мушкилии қарзи ва депресия озод шудани ман сабабгор шумо ҳастед.
Ман 7 зиёд қариб 8 сол мешавад аз мушкилоти қарз набаромада ба депресия дучор шуда ки будани худро қариб фаромуш мекардам, на роҳати хобро ҳис мекардам ва на маънои зиндагиро.
7 мо пеш тариқи ютуб бо шумо шинос шудам ва ба дарсҳои шумо тариқи онлайн иштирок кардам.
Ба озмуни Телеграм иштирок карда, консультатция бурд кардам.
Ва бо шумо консультатцияи ман хуб гузашт.
Ман бовари надоштам ки Рузе меояд ман ҳам инсони беқарз ва бароҳат мешавам.
Вақте ки ташнаи илм будам, ба сайти шумо навистам. админи шумо гуфт.
Илмро мегиред,ва ҳамонруз аз қарз озод намешавед.
Лекин аз қарз оҳиста оҳиста озод мешавед.
Кадом вақте худ нофаҳмида мемонед.
Ин ҷавоби админ хело сари маро гаранг карда буд.
Боз аз дарс гирифтан худдори намудам.
Мақсади ман аз қарз озод шудан буд.
Ҳамон вақт ман танҳо ҳамин хел фикр доштам.
Дигар чизе на мехостам.
Якуним моҳ ман дарс нагирифта доим аз ютуб маълумотҳо гуш мекардам. Психологияҳои эрони ва руси узбеки ҳамаша гуш мекардам.
Қалбам каме равшан мешуд боз зиққию руҳафтодагии қарздори маро ноором месохт.
Хулоса дарс ро бо як азоби душвор харидори кардам.
Ба худ
Ана гап дар куҷо будааст гуфтам.
Фарқият маълумот шунидан дигар будаасту навистан ва амал кардан дигар будааст.
Аввалин аз ин дарсеки ман ба худ гирифтам оромии қалбамро хурсандии ноаёни қалбамро ҳис кардам.
Вақте аз хоб бедор мешави, фикр мекуни сарат гуё мекафад. Ҳоло ба ягон кор шурӯъ нокарда тамоми руз хаста ҳасти.
Ман чи қадар менавистам ҳамон қадар қалбам сабук мешуд.
Устод як сол пеш дар наворҳояшон доим аз навистан сухан меронданд.
Боре ман ба каментарияи Устод навистам.
Агар бо навистан кор ҳал мешуд, дипломҳо бекор хоб намерафт.
Маънои навистан ро ман дер фаҳмиш кардам.
Навистан то он вақте ки ту фаҳмиши асосиро дастрас мешавӣ.
Шукри Худо ман давоми 7 моҳа дарунаш аз қарзҳоям озод шуда боз савдои худро аз 0 сар карда истодаам.
Акнун фаҳмиш карда истодаам ки ҳар як инсонро ба сараш мушкили ва саргардониҳо будааст.
Мо худ мушкилиҳоро аз нофаҳми аз саросемаги ва аз ба дигарон баробар кардан боз мушкилтар мекардаем.
Ҳар як мушкили ҳал шаванда будааст. Агар қалби мо ором бошад ва некбин бошем.
Баъд аз омухтани қалби ором вуҷуди ман роҳатро ҳис кард.
Раҳмат
Ва миннатдорам
Устоди азиз
Рузимуродов.
Яке аз шогирди шумо аз шаҳри Панҷакент Б. Бобоев.
1 104
Салом! хеле шод астем аз пандеки имруз ба мо додед худованд илматона аз ин хам зиёда гардонад устодчон ман хар як паду андарзеки да ин гурупа мегузоред 10 маротибаги мехонам то он дамеки ором гирам хазор Рахмат умратонро худованд дароз гардонад танатонро сихату саломат нигох дорад ман хеле миннатдорам ки на танхо ман балки ба чи кадар оилахо ва моборин илмхохо бахра мебарем ташакур!
1 104
Салом
Ба Устод Рузимуродов
Ва ҳама
Ман ба ягон хел курс ва ё тренингҳо иштирок накардаам.
Як сол мешавад ин каналро дастрас карда аз руи баъзе дарсҳои Устод амал мекунам.
Бисёр одатҳои бад доштам
Аз ҳамма бадтараш доим асабонӣ будам.
Суҳбати ҳамсуҳбатамро ё корафтодагонро то ба охир гуш карда наметавонистам.
Имруз бо бовари гуфта метавонам.
Давоми як сол ман хело тағирот ба худ дидам.
Дар ҳаёти худ тағиротҳо беҳтарин шуда истодааст.
Мақсад
Фикри мо зиққию норизогиро бисёр ба худ ҷазб мекардааст.
Аз ҳаёти равшану беҳтарини худ ғофил мемондаем.
Аҳсан
Ба Устод.
Дарсҳои содда ва оссон
Ҳар руз бо худ МЕДИТАТЦИЯ мекунам.
Ороми беҳтарин неъмат аст.
Ғазаб асабоният аз ман 90 працент рафта истодааст.
Муносибати волидон ва оила
Тарзи муомила бо ҳамкорон ва ...
Гуфтаниҳо ва натиҷаҳо хело бисёр.
Амал кардан як қадам ба пеш !
Шукри Худо сафи чунин олимон дар ҷамъияти мо зиёд шавад.
Вазифаи ман дар инҷо гуфта намешавад.
Назорати...
Ҳар як инсон аввал аз болои худ кор кунад.
Ҳам ҳаёти худ ва ҳам ҳаёти ҷомеъа хуб ва беҳтар мешавад.
Дар вақти гӯш кардани наворҳои Устод қалби инсон ороми мегирад.
Хоҳиш
Наворҳо бисёр тар шавад
Устод.
Вақтҳои охир наворҳоятон хело кам аст.
Саломат бошед!
1 104
Ассалому алейкум
Устоди азиз.
Ва ҳамаи дӯстон.
Мушкилии ман дар оила ва бизнес бд.
Гуфтани қиссаи ман каме сахту душвор ва аламовар.
Оиладор шдам соҳиби ду фарзанд.
Дар хона оромиш нест.
Ҳар руз нотинҷи ки ногуфтанист.Модарм мехоҳад ҳамеша мо бо гуфтаи ӯ итоат кнем.
Албатта доим тарафи модар мегрифтм.
Алама аз ҳамсарм.
Мо мардҳо як | шиор | дорем.
Куҷое мерави брав
Сари ҳар як қадамм дхтарҳо пр
Бфорат исту зиндаги кн.
Нафорадат ҳейна дар!!!
Зиндагира ҳичи мегуфтем.
Хулоса ҳамсарам ду бачама гирфт рафт.
Чанд маротиба бари овардан рафтм
Оташ надод.
Баъди каме ҳамсарма як марди бе фарзанд ба зани гирифт.
Бо ду бачам.
Дарунам аланга мезад.
Месухтам.
Боз марде ки шиносои дорем.
Гуфтанш дардовар аст.
Дубора оила дор шдам.
Худро ҳеҷ хушбахт ҳис намекардм.
Наметавонистам ба тақдирам тан дода.
Бизнесам руз аз руз ба сатҳи поён мерафт.
Тарзи зиндагии мо фикран ҳам он хел бдаст.
Ҳамсари дуюмам ҳам фикри рафтан мекард.
Дарунам тарс дошт, и ҳам рава ...
Берунан худро бепарво месохтм.
Рузе як шиноси наздик ба ма Устодро тавсия дод.
Чор моҳ пеш дарси кутоҳмуддат гирифтам.
Дар зиндаги чашмонам кушода шуд.
Худамро хатоҳои худамро дида тавонистам.
Мумкин ин суханони ма ба дили чанд нафар мардҳо сахт раса, лекин ҳақиқат ҳам ин аст.
Устодҷон дар хотир доред
Дуюм рузи дарс ба ман савол додед
Вақти оиладор шави никоҳ доштед?
Ма бо сари баланд бале гуфтам, ҳам қонуни ҳам исломи ҷавоб додам.
Шумо каме фикр карда боз савол додед.
Вақти никоҳ ба пурсидагон ва шоҳидон чи ваъдаи марди додед?
Ё ба қонуни ( ЗАКС)
Вақте шумо ин саволи душворро додед.
Дар пароканда шудани зиндагии шумо ки гунаҳкор?
Модар?
Ҳамсар?
Ё худди шумо?
Ма ҷавоб дода натавонистам.
Дар ҳаминҷо чашмони ман кушода шуд. Устодҷон.
Мо мардҳо (ҳамара дар назар надорам, танҳо мисли хдам мардҳое ки маънои никоҳро намедонанд)
Никоҳ чи буданашро сарфаҳм намеравем.
Фикр мекунем никоҳ як намуд қоидаи исломи аст. Ки ҳалол буданро ба мо иҷозат медиҳад.
Дар асл маънои никоҳро дар вақти илм гирифтан аз шумо фаҳмидам Устодҷон.
Никоҳ бисёр маънои калон доштан ва асос Масъулиятро ба гардан гирифтан бдааст.
Яъне дар тамоми ҳолати пастию баланди мушкилии ҳаёт дар барат ҳастам
Маъно доштааст.
Устоди беҳтаринам.
Худоро шукр
Шумо сабабгор ҳастед барои маънои ҳаётро фаҳмидан барои баъзан инсонҳои мисли мо илмхоҳ.
Вақте ма ба шумо гуфтам.
Агар тарафи ҳамсарамро гирам модарам шояд хафа мешаванд ё аз ма меранҷид.
Ҷавоби шуморо мехоҳам
Ба ҳамма расонам, ки ин ҷавоб маро таккон дод ва чашмонамро кушод.
Шояд ба баъзеи шумоён ҳам сабаб шава.
Худованд мардро тавоно офарид.
Марди тавоно ҷой ва қадри модари худро аз ҳамма боло медонад.
Ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ ҷои модарро гирифта наметавона
Ва
Масъулияти шавҳариро сари вақт иҷро мекунад.
Дар ҳаёти ҳар як бандаи Худо мушкилӣ, пастию баландӣ, ҳастию нестӣ ҳаст.
Марди тавоно дар вақти душвортарин ҳолат ҳам муҳаббати худро ки муҳаббатро бо пул харидан нест, аз модар, волидон ва ҳамсару фарзандон дареғ намедора!!!
Чор моҳ аст ҳаёту зиндагӣ ва корҳои тиҷоратии ма бо мадади Худованд равшану бо муҳаббати якдигарфаҳми хушу бобаракат пеш рафтестаст.
Устодҷон ба шумо сидқан раҳмат ва миннатдории худро мерасонам.
Мардеки масъулиятро медонад мард аст.
Мардеки масъулиятро сарфаҳм намерава мисли ҳаёти пештараи ма ба ном марду дар асл заиф аст.
Ба ҳаммаи шумоён бародарони азиз қувату тавоноии марди ҳақиқиро аз Худои бузург мехоҳам.
Ба хоҳарону апаҳои дар ин гурӯҳ бда хушбахтиро мехоҳам.
Устодҷон
Хдованд илми шумора боз ҳам зиёд созад.
Дуогуятон ҳастем.
Исмоил. ш. Душанбе
1 104
Дар дохили ҳар яки мо як қудрати бузурге( тавоноӣ)ҳаст, ки моро ба сӯи орзуҳо ва ҳадафҳоямон мебарад!
Бояд гуфт, ки дар ин роҳ чӣ мушкилоту монеаҳо пеш меоянд
Муҳим аст ки ба худ бовар кунем!
Ва бо боварӣ ва некбинона ба пеш ҳаракат кунем!
Фаромӯш накунем
ки мо аз он ҳам ба зиёдтар аш қодирем
Ва дар дохили ҳар яки мо як тавоноии ҳақиқӣ ҳаст!
1 104
ҲАҚИҚАТ
____
Ҳақиқат эй бародар чун дарахт аст
Ки бар ҳар шохи ӯ бахт асту тахт аст
Агар хоҳи ки онҷо ту нишинӣ
Зи файзи ин ҳақиқат мева чини
Аввал бояд ту бишноси Худатро
Дувум сидқан бишносӣ
Худоро
Бикӯшу аз илм бохабар бош
Ки равшании илмро,дастрас бош
Ду чашми гафлататро илм кушояд
Ба суи Ҳақ туро илм раҳ намояд
Ҳақиқат мебарад касро ба боло
Ба суи даргаҳи Парвардигоро
Зи файзи ӯ дилат масрур гардад
Каломат дар даҳан чун нур гардад
Ҳақиқат ақлу ҳушат меафзояд
Ба роҳи рост ҳидоят менамояд
Ҷавонмардо
Ҳақиқат кун ту пеша
Ба роҳи рост бирав
Ту ҳамеша!
1 104
Аввалин рӯзи зимистон: оғози тозаи умедҳо
Якуми декабр фаро расид ва бо он фасли зимистон — фасли оромӣ, саодат ва омодагӣ барои оянда. Ҳар қатраи борон ва барфи сафеде, ки ба замин меафтад, ба мо як паём меорад: “Тоза шурӯъ кун!” Ин лаҳзаи муносибест, ки гузаштаро сипосгузорона пушти сар гузошта, бо дилу нияти тоза ба пеш қадам гузорем.
Зимистон на танҳо вақти хунукӣ, балки замоне барои оромӣ ва андеша аст. Ҳар гуна дарахт, ки имрӯз бараҳна ва хомӯш менамояд, дар ботинаш нияти сабзидан ва шукуфтанро нигоҳ медорад. Ҳамин гуна, мо низ метавонем дар ин рӯзҳо тухми орзуҳо ва ҳадафҳои худро кошта, онҳоро барои шукуфоӣ дар фасли баҳор омода созем.
Бигузор, ки хунукии зимистон моро ба худшиносӣ ва дарёфти қувваи дохилӣ барад. Биёед, ин фаслро на ҳамчун монеа, балки ҳамчун имконияти нав барои рушд, мутобиқшавӣ ва пурқувват шудан бубинем.
Имрӯз вақти он аст, ки худро гарм нигоҳ дорем, на танҳо бо либос, балки бо меҳру муҳаббат, бо орзуву ҳавасҳои баланд ва бо умеди он, ки ҳар рӯзи зимистон ба мо наздикшавии рӯшании навро меорад.
Зимистон на танҳо охири сол, балки оғози илҳоми тоза аст. Пас, қадами худро устувор гузор ва боварӣ дошта бош, ки ҳар як рӯзе, ки мегузарад, туро ба орзуҳои нав ба нав наздиктар мекунад.
1 104
Асаломуалекум
Устоди азиз
Рузимуродов.
Ва ҳама иштирокчиёни ин гуруҳи ъилму маърифат.
Худоро шукр ба чунин ъилми беҳтаринаш.
Раҳмат ба шумо Устод.
Ман зани 57 сола
Модар хушдоман ҳастам.
Чанд сол боз аз надоштани ъилм хонаи мо бениҳоят ҷанҷол худбини туполонг.
Ман Ҳақу ту ноҳақ зиндаги доштим.
Бачаи калоним як сол шудак аз ин Устод дарс гирифт.
Худаш аз хурди бачаи хуб буд, баъди соҳибилм шудан боз беҳтар шуд.
Устод шумо дуруст қайд кардед
Ҳеҷ кас хатоги худашро дида наметавонад.
Яке аз қатори онҳо ман ҳам хатогии худамро дида наметонистам. Агар шавҳарам ё бачиконам хатогиҳоямро ба ман гуянд ҳамон руз ман аз асабоният тенҷии оиларо мегирифтам.
Фарзанди калоним хона вайрон шуд, бори дуюм хонадор кардим.
Дар оила гапи ман қонун буд.
Келини дуюмим ҳам хуб набаромад.
Якташа бад гуфтиму бачама баҷону ҳолаш намондам. Дуюмиш аз он 10 баробар гуед бад будак.
Як сол пеш қариб дуюм фарзандамам хонавайрон мешуд.
Шавҳарам аз хона хаста шуд, саҳар қати чоя нимкола хурак берун мерафт, шаб карда хона меомад.
Як руз бачам маро ба дарси Устод Рузимуродов даъват кард. Онқадар ғазаб кардам
Фикр кардам бачаи ман психикаи маро вайрон ӯй карда бошадми.
Лекин илоҷ набуд.
Пардохти дарсро дода буд.
Ман дарс гирифтам.
Якум руз чизе буд чизе набуд
Ман ҳаммаро бад гуфтам, ман модари бетақдир, манро ҳеҷ кас намефаҳмад,ман Ҳақ ҳастам.
Рузи дуюм
Устод ба ман ду савол доданд.
Вақте келин кунанда будид, то ҳамон духтарро дастрас шудан чи фикр ва чи ҳиссиёт доштед?
Ҷавобашро пагоҳ нависта биёред!
Шумо аз ин дунё аз ҳаёти худ ва атрофиёнатон чи мехоҳед?
Вақте хостам ҷавоби ин саволро нависам
Ҳар чанд кӯшиш мекунам нависта наметом.
Ду соат гузашт се соат гузашт ман нависта натавонистам.
Фикр кардам аз сарам оби хунук мерехт.
Дар ҳақиқат ман аз ин ҳаёт чи хоста истодаам ?
Чаро ман дар оилаи худам муҳаббатро не
Айбҷӯиро ҷанҷолро сар мекунам?
Ин қадар гиряи бесабаб омасод, худамро хатогиҳоямро кушоду равшан дидсодиям.
Дар ҳолати танҳо будан аз худам шарм дори.
Ҳамон шаб чи ҳолат бо ман руй дод забон гуфта наметод.
Пагоҳ ба дарс рафтан шарм кардам.
Ҳар чанд на хостам
Бачам маҷбур кард.
Очаҷон тайёрам барои шумо ҷонма тиям.
Аз баҳри ин ҳамсартам гузар гуед мегзарам.
Лекин шумо ҳатман ин дарси ҳаётиро гирид.
Мо хушвақтии шуморо мехоҳим.
Рузи сеюм ба дарс иштирок кардам.
Устоди азиз Худо умратона ба ширини диҳад.
Як дарси ҳаёти ором ва оддӣ додак ки дигар худро идора карда натонистам.
Он қадар гиря аз қаъри дил омад. Бачам ҳайрон шуд. Чунки ман дар ҳаёт доим симои асаби доштам.
Устод гуфт
Зиқ нашавед қалби модар аз ғафлат бедор шуда истодааст.
Хело дарси беҳтарин буд таъсирбахш.
Давоми ҳафтруз ман тағироти бузург ба худам дидам.
Он пештара симо аз ман рафт.
Фикр кардам нав ба дунё омадам, фикрҳои тоза қалби пур меҳру ором. Хонаи манба гуё нур даромад.
Ҳамма хушвақт
Як чиз ба бовар кардам зиндаги хурсанди бошад баракат пайдо мешудаст.
Се бачам машғули савдо буд.
Корҳояшон хуб лекин баракат набуд праблема руи праблема.
Қариб як сол мешавад. Ҳаётро мазмунашро шириниашро ҳис кардосиям.
Бо муҳабати Худо бо сабаби Устоди азиз.
Инсон агар хоҳад тенҷию хушвақтиро зарае аз илм бохавар бошад будас.
Илм дар ҳақиқат неъмати бебаҳо будак.
Оилаи ман ҳамма аз ин канал дарс мехонем.
Раҳмат ва минатдории худама ба Устод Рузимуродов мерасонам.
Сабаби тенҷии оилаи мо шуданд.
Мартабаи аз ин ҳам ъоли ба расид. Худоро шукр
Раҳмат.
1 104
ОДАТҲО ИНСОНРО ИДОРА МЕКУНАД
Ё
ИНСОН ОДАТҲОРО ❓
___
Инсонҳоро ду одат ( характер)
роҳбарӣ мекунад.
Одати хуб
ва
Одати бад
___
Яъне одати бад инсонро идора мекунад
Ва
Инсон одати хубро
Инсонҳое ки одати хуб доранд, ҳамеша барои худ фикр мекунанд.
Яъне фикри ҳаёту зиндагии худ
Фикри чи гуна ягон роҳи даромади доими сохтан.
Фикрҳои чи гуна ба мақсад расидан.
Чунин инсонҳое ки одати хуб доранд, нисбати дигарон эътибор додан, ҳасуд хӯрдан, ранҷондан фикр надоранд.
Чунин фикр ҳам карда наметавонанд.
Инсонҳое ки одати бад онро роҳбари мекунад.
Аввалин хатогии онҳо
Ҳамеша дар ҳамма ҳолат худро Ҳақ меҳисобанд.
Фикр мекунанд тамоми атрофашон буда инсонҳо нодон, паст, беақл ва хатокор аст.
Инсоне ки бо одати бад пӯшида шудааст, дарунан алам дорад аз ҳаёт ё аз шахсони намехостааш.
Мисли ниқобдор ба назар мерасад.
Рӯи аслии ӯро на ҳар кас дида метавонад.
Чунин инсонҳо лаззати ширинии умри худро ҳис карда наметавонанд.
Вақти қиммати худро бо фикру хаёлҳои дигарон беарзиш мегузаронанд.
Айбҷӯи, ҳасуд, зарар кардан, зиққи барои пешравии дигарон,танқид, бесабаб ранҷондан, андоза кардани ину он вақтро мегузаронанд.
Зоҳиран роҳат мекунанд. Ботинан ноором, оташи ноаён дар қалбашон аланга мезанад.
Одати бад саломатии инсонро
заиф месозад.
_
ИЛМ НЕЪМАТИ БЕБАҲО
Раванди ин ҳаёт ба ҳамма кушоду равшан маълум аст.
Яъне дар ин дунё бе хато ё бе айб( нуқсон) одам нест.
Ҳар як инсон ошкор ё ниҳон як нуқс дорад.
Ягона Офаридгор бе айбу нуқсон аст.
Илм барои инсон
махсус аз ҷониби Худованди меҳрубон фиристода шудааст.
То илмро дастрас шуда
худро аз одатҳои бад нигоҳ дорем.
Решаи тамоми ИЛМи рӯи дунё як аст.
Танҳо тарзи фаҳмидан ва фаҳмонидан гуногун аст.
Илм бо амалаш зебост.
Илм қалбро аз ғафлат
бедор месозад.
Инсоне ки маънои ИЛМ ро сарфаҳм меравад, аз одатҳои бад оссон худдорӣ карда метавонад.
Пайдоиши аввалин зоти инсон,Одам а.с. бо як хатогие ки медонистанду надониста фирефта шуданд ва бо як хатои хурд мо фикр мекунем, лекин бузургтарин хато аст, ки зоти Одамро аз Ҷаннат берун овард.
Бо фиристодаи ИЛМи Худованд ва омӯхтану амал кардан Худро шинохта хатогии худро дида тавонистанд.
Дар ин дунё на ҳар кас
хатогии худро дида метавонад.
Агар дида тавонад ҳам, тан гирифта наметавонад.
Танҳо ҳамон инсонҳое ки хатогии худро дида метавонад, инсонҳои Худшинос ҳастанд.
Онҳо худро ва одатҳои худро идора карда метавонанд.
Инсонҳое ки қалбашон аз ғафлат бедор аст, ягон монеъа сари роҳи онҳо нест.
Барои пешрави ва муваффақият ҳамеша роҳҳо барояшон равшан аст.
Дар ҳаёти ҳар як инсон пастию баландӣ, талхию ширинӣ мушкилиҳои сахту вазнин вуҷуд дорад.
ИЛМ ягона неъмат аст, ки дар душвортарин вазъият
ҚАЛБИ инсонро қавӣ
ва тавоно месозад.
ИЛМ пайвастаи хурсандӣ ва равшани аст.
ИЛМ ба инсон "Умеди нав"
мебахшад!
1 104
Саломи пур аз лутф барояатон дорам устоди азизу дилу чонам.Шумо чикадар одами бузург бо илму маьрифат астед якчахон сипоси бепоени худамро ба шумо мерасонам чунки аз дарсои дар телеграм будаги ва дар ютуб доштаатро ман харуз дар мулки мусофири ба худ як китоби зиндаги кардаам ва мекунам чунки зан модар бояад доно ва кави бошад хазор рахмат барои суханони пандомезат барои мо барин одамони аз бахтшикаста чикадар ноумедио дар ман буд факат бо як калимаи таввакал ба Худованд зиндаги мекардаму оби дида дар руйяам шашкатор буд .хозир бошад барои тамоми хаети зиндагиам аз Аллохи пок шукргузори шабу руз дорам ва мекардаму мекунам беоби дида.Ташаккур бароят устоди азиз чикадар дили чанд одамои шикастаро бо суханони пур аз шахду шакар гарми мебахши ва умед бар хаету зиндагии нав мебахшед барои мо барин инсонхо хазорон бор сипосгузорам аз шумо ва аз Аллохи пок ки чунин одами бо илму аз дуне бохабарро дар байни мо офаридааст Эй Аллохи пок аз Шумо хохиш ва илтичо дорам ки ин хел Инсонхоро тани солим акли расо умри дароз ва боз хам илми равшан ато фармо Омин Е Раббил оламин. То ки дар байни мо хамеша бошед ва монед .Ин ман як зан модари чавон 33сол дорам аз Вилояти Бадахшон н Ишкошим Шомукимова София астам устоди азиз минатдории маро кабул намо Устоди азиз ва иншоалох боз хамсубат мешавем бо хости Аллохи пок ва бо як мехру мухаббати Инсоният .Боки дар панохи Яздони пок бошед Устоди гиромикадрам Чамшедчон🙏🏻🙏🏻
1 104
Саломи пур аз лутф барояатон дорам устоди азизу дилу чонам.Шумо чикадар одами бузург бо илму маьрифат астед якчахон сипоси бепоени худамро ба шумо мерасонам чунки аз дарсои дар телеграм будаги ва дар ютуб доштаатро ман харуз дар мулки мусофири ба худ як китоби зиндаги кардаам ва мекунам чунки зан модар бояад доно ва кави бошад хазор рахмат барои суханони пандомезат барои мо барин одамони аз бахтшикаста чикадар ноумедио дар ман буд факат бо як калимаи таввакал ба Худованд зиндаги мекардаму оби дида дар руйяам шашкатор буд .хозир бошад барои тамоми хаети зиндагиам аз Аллохи пок шукргузори шабу руз дорам ва мекардаму мекунам беоби дида.Ташаккур бароят устоди азиз чикадар дили чанд одамои шикастаро бо суханони пур аз шахду шакар гарми мебахши ва умед бар хаету зиндагии нав мебахшед барои мо барин инсонхо хазорон бор сипосгузорам аз шумо ва аз Аллохи пок ки чунин одами бо илму аз дуне бохабарро дар байни мо офаридааст Эй Аллохи пок аз Шумо хохиш ва илтичо дорам ки ин хел Инсонхоро тани солим акли расо умри дароз ва боз хам илми равшан ато фармо Омин Е Раббил оламин. То ки дар байни мо хамеша бошед ва монед .Ин ман як зан модари чавон 33сол дорам аз Вилояти Бадахшон н Ишкошим Шомукимова София астам устоди азиз минатдории маро кабул намо Устоди азиз ва иншоалох боз хамсубат мешавем бо хости Аллохи пок ва бо як мехру мухаббати Инсоният .Боки дар панохи Яздони пок бошед Устоди гиромикадрам Чамшедчон🙏🏻🙏🏻
