ru
Feedback
БАШАНД КИТОБЕН

БАШАНД КИТОБЕН

Открыть в Telegram

📈 Аналитический обзор Telegram-канала БАШАНД КИТОБЕН

Канал БАШАНД КИТОБЕН (@bashandkitoben) языкового сегмента Русский является активным участником. Сейчас сообщество объединяет 12 028 подписчиков, занимая 3 149 место в категории Книги и 187 место в регионе Таджикистан.

📊 Показатели аудитории и динамика

С момента создания невідомо проект демонстрирует стремительный рост, собрав аудиторию из 12 028 подписчиков.

Согласно последним данным от 15 сентября, 2026, канал показывает стабильную активность. За последние 30 дней изменение числа участников составило 613, а за последние 24 часа — 7, при этом общий охват остаётся высоким.

  • Статус верификации: Не верифицирован
  • Уровень вовлечённости (ER): Средний показатель вовлечённости аудитории составляет 28.36%. В первые 24 часа после публикации контент обычно набирает N/A% реакций от общего числа подписчиков.
  • Охват публикаций: В среднем каждый пост получает 0 просмотров. В течение первых суток публикация набирает 0 просмотров.
  • Реакции и взаимодействия: Аудитория активно поддерживает контент: среднее количество реакций на один пост — 0.

📝 Описание и контентная политика

Автор описывает ресурс как площадку для выражения субъективного мнения:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст. Instagram:https://www.instagram.com/bashandkitoben?igsh=MW5zdXE4eGEydmZiaQ%3D%3D&utm_source=qr YouTube: https://youtube.com/@bashandkitoben?si=-CS3pTZA5q5OcCJE Facebook: https://www.facebook.com/share/g/1ArURQip1G/?mi...

Благодаря высокой частоте обновлений (последние данные получены 16 сентября, 2026) канал поддерживает актуальность и высокий уровень охвата публикаций. Аналитика показывает, что аудитория активно взаимодействует с контентом, что делает его важной точкой влияния в категории Книги.

12 028
Подписчики
+724 часа
+1237 дней
+61330 дней
Архив постов
Муборак Рӯзи батахтнишинии 50-умин Имоми мусулмононони шиъаи исмоилӣ, Мавлоно Ҳозиримом Шоҳ Раҳим-ал-Ҳусайнӣ Оғохони V, ба та
Муборак Рӯзи батахтнишинии 50-умин Имоми мусулмононони шиъаи исмоилӣ, Мавлоно Ҳозиримом Шоҳ Раҳим-ал-Ҳусайнӣ Оғохони V, ба тамоми бародарон ва хоҳарони исмоилӣ муборак бод! https://t.me/bashandkitoben

Аз суханони мубораки Мавлоно Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ, Оғохони IV Ман ба шумо хушбахтӣ, иттиҳод дар хонавода ва болотар аз ҳама ус
Аз суханони мубораки Мавлоно Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ, Оғохони IV Ман ба шумо хушбахтӣ, иттиҳод дар хонавода ва болотар аз ҳама устуворӣ дар сирот-ал-мустақимро орзу мекунам, ман ба шумо саодати маънавӣ, саодати дунявӣ, хонаводаҳои муттаҳид ва фарзандони солимро орзу мекунам ва хоҳони онам, ки орзуҳои неки шумо бароварда шаванд. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон. 9.12.2017 Покистон
https://t.me/bashandkitoben

НОМИ КИТОБ: Баёзи меҳр МУРАТТИБ ВА МУҲАРРИР: Ато Мирхоҷа
«Бори нахуст дар таърихи мусалмонони шиаи Исмоъилии Осиёи Миёна чунин баёзе саршор аз муҳаббату садоқат ба Имоми Замон армуғон бурда мешавад. Дар маҷмӯъа розу ниёзҳои рӯҳонии муридони точикистонӣ ба Мавлоно Ҳозиримом Шоҳкарим-ал-Ҳусайнӣ дар иртибот ба панҷоҳумин солгарди бар тахти Имомат нишастанашон рӯйи сафҳа омадаанд.» с.2008
Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3880

НОМИ МАҶАЛЛА: Бадахшон (июл.1997)
«Нашри махсус ба 40-солагии ба тахти Имомат нишастани Мавлоно Ҳозиримом Шоҳкарим-ал-Ҳусайнӣ Оғохони IV бахшида мешавад.» июл 1997
Журнал можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3879

НОМИ КИТОБ: Дидор МУАЛЛИФИ КИТОБ: Қозидавлат Қоимдод
«Дар зиндагӣ чун дигар инсонҳо, мақсадҳову орзуҳои зиёд доштам, вале орзуи дидор бо Ҳозиримом волоҳазрат Шоҳкарим-ал-Ҳусайнӣ бароям дастнорас буд. Яъне ҷомаи амал пӯшидани чунин орзуро ман имконнопазир медонистам. Дар хотир дорам, вақте ки пеш аз сафари Швейтсария барои аёдати яке аз мӯйсафедони қадршиносам амаки Алибахш рафта, мақсади сафарамро баён кардам, ў бо нигоҳи ҳайратзада чунин ҷавобам дод: «Ин ҳеҷ мумкин нест». Бале, ман низ он солҳо чунин фикр мекардам, аммо тақдир чунин лаҳзаи фаромӯшнашавандаро насибам гардонд, ки ман ин лаҳзаро гуворотарин ва муассир тарин лаҳзаи ҳаёти худам меҳисобам.»
Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3878

Маҷаллаи Бадахшон 1997.pdf11.21 MB

Баёзи меҳр.pdf9.07 MB

КИТОБИ САВТӢ (аудиокнига) НОМИ КИТОБ: Сафарнома МУАЛЛИФ: Носири Хусрав https://t.me/bashandkitoben/3875

КИТОБИ САВТӢ:
НОМИ КИТОБ: Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ МУАЛЛИФ: Расул Ҳодизода Қисми 1

НОМИ КИТОБ: Афсонаҳои халқи тоҷик
«Ин китоб дар асоси «Афсонаҳои халқи тоҷик» (нашри соли 1957) ва дигар маҷмӯъаи афсонаҳо, ки дар тӯли чил соли охир чоп шудаанд, таҳия шудааст. Гулчини афсонаҳо асосан ба кӯдакону наврасон, ҳамчунин барои кулли дӯстдорони қиссаҳои мардумӣ манзур мешавад.»
Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3873

КАНАЛ БАРОИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ 👉👉https://t.me/TasmimEnglishAcademy
КАНАЛ БАРОИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ 👉👉https://t.me/TasmimEnglishAcademy

Китоби савтӣ(аудиокнига) Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ. 👉 https://www.instagram.com/reel/DFhlInWAyDY/?igsh=aWtmaDVyd3VzeDhk
Китоби савтӣ(аудиокнига) Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ. 👉 https://www.instagram.com/reel/DFhlInWAyDY/?igsh=aWtmaDVyd3VzeDhk

Китоби савтӣ (аудиокнига) дар instagram Достони «Ҷони ширин» Муаллиф: Мирзо Турсунзода 👉https://www.instagram.com/tv/CLtqmv9
Китоби савтӣ (аудиокнига) дар instagram Достони «Ҷони ширин» Муаллиф: Мирзо Турсунзода 👉https://www.instagram.com/tv/CLtqmv9g13F/?igsh=MW01anE5dGk4YWNxdg==

МАРКАЗИ_МИЛЛӢ_ВА_ФАРҲАНГИИ_ТОҶИКОНИ_ӮЗБЕКИСТОН_АБДУҶАББОР_УМАРОВ.pdf2.89 MB

КАНАЛ БАРОИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ 👉👉https://t.me/TasmimEnglishAcademy
КАНАЛ БАРОИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ 👉👉https://t.me/TasmimEnglishAcademy

КИТОБ: Сада ҷашни гармию нур МУАЛЛИФ: Дилшод Раҳимӣ
«Сада дар қатори Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои бошукӯҳу шаҳомати мардумони эронитабор ба шумор меравад, ки аз даврони қадим то ба имрӯз ҳамроҳ бо як силсила расму ойинҳо, одобу суннат ва бовару эътиқодҳо омада расидааст. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, гулхани фурӯзони оташ рамзи асосии ин ҷашн мебошад.»

МУСОҲИБА БО АКАДЕМИК МУҲАММАД ОСИМӢ:
«Саҳми устод Мухаммад Осимӣ дар таҷлили ҷашни ҳазораи Сино дар қаламрави ИҶШС, нашри осори ин мутафаккири бузурги тоҷик бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, пажӯҳиши осори тиббӣ ва фалсафаи ӯ ва ба хусус, гузоштани ҳайкали ин нобиғаи нотакрори ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе хеле назаррас аст. Ба хотири огаҳии бештар бо кӯшишу пайкорҳои академик Муҳаммад Осимӣ баҳри гиромидошти ному осори Ибни Сино мусохибаи эшонро бо хабарнигор А.Тохириён, ки замони барҳаёт будани устод сурат гирифта, ба бисёр нуктаҳои норӯшани ин масъала рӯшанӣ меандозад, пешниҳоди хонандагон мегардад.»

НОМИ МАҚОЛА: Пайи даъвои Сино сиришти синоӣ мебояд. (Таърихи турк сохтани Сино дар 150 соли охир) МУАЛЛИФ: Валӣ Самад
«Соли 1937 дар Туркия ба муносибати нӯҳсадсолагии реҳлати Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 1037-и мелодӣ рӯй додааст, маросиме барпо намуданд ва дар он рӯзҳо китобе ба нашр расид, таҳти унвони «Пажӯҳиш дар бораи зиндагӣ ва осори файласуф ва устоди бузурги тибби турк Ибни Сино». Бо чопи ин китоб гуфтан мумкин аст, ки марҳалаи нави синошиносӣ дар ҷаҳон сар шуд. Аз аҳли илму адаби тоҷик он замон касе ба ин асар ҷавоб нагуфт ва гуфта ҳам наметавонист, зеро террори хунини он солҳо беҳтарин фарзандони донишманди миллатро дар Сибириёи дур ба коми марг кашида буд ва касоне ҳам ки аз ин бало халос шуда, зинда монда буданд, ба ҷавоб гуфтан чуръат накарданд. Танҳо соли 1939 устод Айнӣ китобе ба унвони «Шайхурраис Абӯалӣ Сино» навишта, ба хатти лотинӣ ба чоп расонид ва як навъ пардапӯшона ба муаллифи турк ҷавоб гуфт»

АВТОР: Сунатулло Джонбобоев КНИГА: Эпистемология Ибн Сины: о движении мысли от иллюзии к истине
«Предмет рассмотрения данной работы - философско-эпистемологическое и логическое учение мыслителя в целом и особенно на базе анализа содержании 7-го тома «Сочинений» Авиценны, определение их значения для философии, методологии, теории познания и, развития общества как в прошлом, так и в наше время.»