en
Feedback
ПАНДХОИ БУЗУРГОН.

ПАНДХОИ БУЗУРГОН.

Open in Telegram

ДАР ИН САҲИФА ПАНДУ НАСИҲАТҲОИ БУЗУРГОН, АЗ ҲАДИСҲО ВА ДУЪОҲОИ МУБОРАК ГУЗОШТА МЕШАВАД!!! "ҲАР КӢ Н-ОМӮХТ АЗ ГУЗАШТИ РӮЗГОР, НИЗ Н-ОМӮЗАД ЗИ ҲЕҶ ОМӮЗГОР!!!". БА МО БОШЕД ВА ДӮСТОНАТОНРО ҲАМ БА ИН САҲИФА ТАКЛИФ НАМОЕД!!! https://t.me/boost

Show more
1 124
Subscribers
+224 hours
-47 days
-530 days
Posts Archive
Рӯ ба рӯ оинасон дар рӯ бигӯ, Айби касро аз пасу аз кӯ маҷӯ. Мард бош, мардона бо мардигарӣ, Лафзи мардӣ дар забону гуфтугӯ.
Рӯ ба рӯ оинасон дар рӯ бигӯ, Айби касро аз пасу аз кӯ маҷӯ. Мард бош, мардона бо мардигарӣ, Лафзи мардӣ дар забону гуфтугӯ. Ҳосили гуфтори нек боғи накӯст, Мегузорӣ дохили қалби накӯ. Омади корро фақат Оллоҳ диҳад, Меҳнати ҳақу ҳалоли даст биҷӯ. Бо дуои волидон, пешрафти кор, Гир дуои дасти эшон, шукр бигӯ. ✍ Далер Оромович.

Чу мушти обу гил ёдам кунӣ, бас. Чу ишқат ҷонгусил ёдам кунӣ, бас. Ба сад дил дӯстат медоштам ман, Агар бо ними дил ёдам кунӣ, бас. Устод Лоиқ Шералӣ

Рӯ ба рӯ оинасон дар рӯ бигӯ, Айби касро аз пасу аз кӯ маҷӯ. Мард бош, мардона бо мардигарӣ, Лафзи мардӣ дар забону гуфтугӯ.
Рӯ ба рӯ оинасон дар рӯ бигӯ, Айби касро аз пасу аз кӯ маҷӯ. Мард бош, мардона бо мардигарӣ, Лафзи мардӣ дар забону гуфтугӯ. Ҳосили гуфтори нек боғи накӯст, Мегузорӣ дохили қалби накӯ. Омади корро фақат Оллоҳ диҳад, Меҳнати ҳақу ҳалоли даст биҷӯ. Бо дуо волидон, пешрафти кор, Гир дуои дасти эшон, шукр бигӯ. ✍ Далер Оромович.

Шукри ҳар як неъматат Парвардигор, Меҳрубонӣ аз ту дидам бешумор . То даме, ки дар бадан ҷон метапад, Ҳар нафас бар зикри ту бодо нисор. Алишерхон Маруфӣ

Чун Худоят ҳаст танҳоям магӯ, Меҳрубонӣ ғайри ҳақ аз кас маҷӯ. Бо Худои хеш ҳамроҳ бошу бас, Меҳрубонӣ аз Худо кун ҷустуҷӯ. Алишерхон Маруфӣ

Субҳ ба хайр, азизони дил Бигзор субҳи имрӯзатон бо нури умед оғоз гардад, дилҳоятон пур аз меҳру муҳаббат бошад, рӯзатон обо
Субҳ ба хайр, азизони дил Бигзор субҳи имрӯзатон бо нури умед оғоз гардад, дилҳоятон пур аз меҳру муҳаббат бошад, рӯзатон ободу осуда ва ҳар қадаматон пур аз баракат бошад.

*Субҳи зебоятон ба хайру шодӣ бошад, дӯстони азиз* ! 🌹☀️ Ассалому алейкум ва рахматуллохи ва баракатух 🕊️🕊️🕊️ Бигзор ҳар
*Субҳи зебоятон ба хайру шодӣ бошад, дӯстони азиз* ! 🌹☀️ Ассалому алейкум ва рахматуллохи ва баракатух 🕊️🕊️🕊️ Бигзор ҳар субҳ ба мо дарси нави зиндагӣ, умеди тоза ва сабаби шукргузорӣ оварад. 🤲 Он чизеро, ки дирӯз ба даст наовардем, имрӯз бо сабру дуо ҷустуҷӯ кунем. Дилро аз кина пок, забонро аз сухани бад нигоҳ дорем ва ба ҳар касе, ки дучор меоем, як зарра меҳрубонӣ бахшем. ❤️ Худованд дари ризқро боз, қалбҳоро ором, қадамҳоро устувор ва рӯзгоратонро пур аз баракат гардонад. 🤲🌷 *Субҳатон нуронӣ, қалбатон ором ва рӯзатон пур аз хушиҳо бошад* ! 🌿✨

АССАЛОМУ АЛАЙКУМ СУБҲИ ЗЕБОИ ИМРӮЗИ СЕШАНБЕЯТОН ПУР АЗ МЕҲРУ МУҲАББАТ ПУР АЗ ФАЙЗУ БАРАКАТ БОШАД БИГЗОР СУБҲИ НАВИ НАСИБГАШТА БА ШУМО ХАБАРИ ХУШ, БАХТУ ШОДӢ, КОМЁБИЮ ПИРӮЗӢ, ТИНҶИВУ ХОНАОБОДИҲО ОВАРАД. ДАР ДАВОМИ РӮЗ ДАР ПАНОҲИ ХУДОВАНДИ МЕҲРУБОН БОШЕД. СУБҲАТОН БА ХАЙРУ ШОДӢ БОШАД.

🌿 *Панди рӯз* 🌿 Одамро бо сарват не, бо *ахлоқаш* мешиносанд; бо сухан не, бо *рафтораш* месанҷанд. Ҳар касе, ки ба дигарон некӣ мекунад, номи худро дар дилҳо бо ҳарфҳои нек менависад. 🤍 **Накӯӣ куну ба касе озор марасон* , *зеро зиндагӣ мисли оина аст** — *ҳар чӣ диҳӣ, ҳамонро мебинӣ* . 🌸

🌿 *Панди рӯз* : Баъзан Худованд чизеро аз мо мегирад, на барои он ки моро маҳрум кунад, балки барои он ки моро аз роҳи нодуруст дур созад. Ба ҳар рафтан ғам махӯр ва ба ҳар мондан бовар накун. *Сабр кун — баъзе ҷавобҳои зиндагӣ танҳо бо гузашти вақт маънояшонро нишон медиҳанд* . 🤲🏻🌸

🌸Салом 🌸Субҳи зебоятон бахайр 🌸Илоҳо сешанбеятон 🌸Пур аз оромиш 🌸муваффақият 🌸ва ғарқ дар хушбахтиву 🌸саодат бошад❤️‍🔥❤️‍🔥 https://t.me/ishq_95

Як қадам аз остон берун ниҳем бехонаем, Нону чой бо ҳам хӯрем ҳам ношинос, мастонаем. Дар намакдони касе ахлоти худро мениҳем
Як қадам аз остон берун ниҳем бехонаем, Нону чой бо ҳам хӯрем ҳам ношинос, мастонаем. Дар намакдони касе ахлоти худро мениҳем, Одамизодем, ки оё ҳамчу як девонаем. Рӯякӣ меҳру муҳаббат, сохтакорӣ аз чӣ чист? Вонамуд чун мегузорем гӯиё, мардонаем. Ҳасрати дунё ба дил танҳо чу моро мушкилист, Менамоем чун шикоят дар ҳаёт, дармондаем. Молу мулки мардумонро мекунем ҳисоб-китоб, Бо ду чашмони ҳасудем аз ҳавас бегонаем. Тарҳу ҷамъ моҳонаи мардум ҳисобот медиҳем, Бехабарем аз худамон ношукр афсонаем. Дар ҳаёт ҳастем чунин шахсони нопоку разил, Мекунем аз кас шикоят дарди сар пинҳонаем. ✍ Далер Оромович. Барои баъзе чунин инсононе, ки дар ҳаёт вуҷуд доранд.

ПАРҲЕЗ АЗ ОН ШАКАР, КИ БО ЗАҲР ОМЕХТ !... Беҳтарин инсон шахсест, ки ихтилофоти байни инсонҳоро ислоҳ мекунад, яъне ду қаҳриро ба ҳам оштӣ медиҳад. Зишттарин (бадтарин) башара он касест, ки ду нафарро тавассути суханҳои дурӯғу буҳтонҳо ба ҳам душман мегардонад. Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо тоифаи дуюм (одамони риёкор) кам нестанд. Рӯзе шахсе ба наздам омад ва аз мушкилии басарашомада нақл карду аз нафаре шикоят кард ва аз ман ёрӣ пурсид. Гӯё ки он нафар ӯро фиреб карда, бо таҳдид аз ӯ миқдори зиёди пулеро ситонида бошад. Ман бошам, ба он шахси аз ман ёрипурсида раҳмам омаду хостам, ки дар ситонидани пулаш ба ӯ ёрӣ диҳам. Аммо дар асл ҳодиса ранги дигар доштааст... Аз тафсилоти он ҳодиса худдорӣ мекунам, вале ҳаминашро мегӯям, ки он нобакор дар асл бечора ва ҷабрдида набудааст, балки дурӯяву ноҳақ будааст. Маро ба нафари дигар рӯхунук карду худашро гирифта гурехт. Маълум мешавад, ки ба ҳар кӣ ҳам раҳм кардан дуруст набудааст. Ин ба ман дарс шуд. Шоир беҳуда нагуфтааст: Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст, Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст. Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт, Бигрез аз он магас, ки бо мор нишаст ! Расулбек Аҳмадзод

Азизони дил, муъҷиза танҳо дар оғоз кардан аст. Вақте ба ҳаракат медароӣ, тоза метавонӣ роҳро бубинӣ, мушкилиҳояшро бишносӣ ва он қадар дар он қадам занӣ, ки оҳиста-оҳиста бароят ба як одат табдил ёбад ва беҳтару беҳтар шавӣ. ♥️ Роҳи миёнбуре нест. Ҳамин ҳоло кафшҳоятро бипӯш ва қадами аввалро бардор. Беҳтарин нусхааат интизори туст.

Шоҳӣ талабӣ, бирав гадои ҳама бош, Бегона зи хешу ошнои ҳама бош. Хоҳӣ, ки туро чу тоҷ бар сар доранд, Дасти ҳама бигиру хоки
Шоҳӣ талабӣ, бирав гадои ҳама бош, Бегона зи хешу ошнои ҳама бош. Хоҳӣ, ки туро чу тоҷ бар сар доранд, Дасти ҳама бигиру хоки пои ҳама бош! АБӮСАИДИ АБУЛХАЙР 🌸 🌿 💮 🍂 🍃 🌹🌻 🌼 🍁🌷🥀 🌺 🏵️ https://t.me/+Tdg7apRcb-82YzRi

Дило назди касе биншин, ки ў аз дил хабар дорад, Ба зери он дарахте рав, ки ў гулҳои тар дорад. Дар ин бозори атторон, марав
Дило назди касе биншин, ки ў аз дил хабар дорад, Ба зери он дарахте рав, ки ў гулҳои тар дорад.  Дар ин бозори атторон, марав ҳар сў чу бекорон,  Ба дукони касе биншин, ки дар дукон шакар дорад.  Ба ҳар деге, ки меҷўшад маёвар косаву маншин,  Ки ҳар деге, ки меҷўшад, дарун чизи дигар дорад.  Бинол, эй булбули дастон, ба зери нолаи мастон,  Миёни сахраву хоро асар дорад, асар дорад.  Чароғ аст ин дили бедор, ба зери доманаш медор,  Аз ин боду ҳаво бигзар, ҳавояш шўру шар дорад.  Чу ту аз бод бигзаштӣ, муқими чашмае гаштӣ,  Ҳарифи ҳамдаме гаштӣ, ки обе бар ҷигар дорад.  Чу обат бар ҷигар бошад, дарахти сабзро монӣ,  Ки мева нав диҳад доим, даруни дил сафар дорад. ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ https://t.me/Xirad