ПАНДХОИ БУЗУРГОН.
Open in Telegram
ДАР ИН САҲИФА ПАНДУ НАСИҲАТҲОИ БУЗУРГОН, АЗ ҲАДИСҲО ВА ДУЪОҲОИ МУБОРАК ГУЗОШТА МЕШАВАД!!! "ҲАР КӢ Н-ОМӮХТ АЗ ГУЗАШТИ РӮЗГОР, НИЗ Н-ОМӮЗАД ЗИ ҲЕҶ ОМӮЗГОР!!!". БА МО БОШЕД ВА ДӮСТОНАТОНРО ҲАМ БА ИН САҲИФА ТАКЛИФ НАМОЕД!!! https://t.me/boost
Show more1 124
Subscribers
No data24 hours
+17 days
-830 days
Data loading in progress...
Similar Channels
Tags Cloud
No data
Any problems? Please refresh the page or contact our support manager.
Incoming and Outgoing Mentions
---
---
---
---
---
---
Attracting Subscribers
September '26
September '26
+10
in 1 channels
August '26
+59
in 2 channels
Get PRO
July '26
+79
in 1 channels
Get PRO
June '26
+82
in 2 channels
Get PRO
May '26
+77
in 4 channels
Get PRO
April '26
+70
in 5 channels
Get PRO
March '26
+161
in 1 channels
Get PRO
February '26
+174
in 0 channels
Get PRO
January '26
+153
in 1 channels
Get PRO
December '25
+141
in 2 channels
Get PRO
November '25
+106
in 1 channels
Get PRO
October '25
+91
in 0 channels
Get PRO
September '25
+102
in 2 channels
Get PRO
August '25
+136
in 1 channels
Get PRO
July '25
+124
in 0 channels
Get PRO
June '25
+66
in 2 channels
Get PRO
May '250
in 0 channels
Get PRO
April '25
+45
in 0 channels
Get PRO
March '25
+265
in 2 channels
Get PRO
February '25
+64
in 0 channels
Get PRO
January '25
+113
in 0 channels
Get PRO
December '24
+218
in 1 channels
Get PRO
November '24
+231
in 2 channels
Get PRO
October '24
+173
in 0 channels
Get PRO
September '24
+93
in 2 channels
Get PRO
August '24
+337
in 0 channels
| Date | Subscriber Growth | Mentions | Channels | |
| 06 September | +2 | |||
| 05 September | +1 | |||
| 04 September | +3 | |||
| 03 September | +2 | |||
| 02 September | 0 | |||
| 01 September | +2 |
Channel Posts
| 2 | https://t.me/+Tdg7apRcb-82YzRi | 68 |
| 3 | Суханҳои тиллоӣ | 94 |
| 4 | No text... | 153 |
| 5 | Духтараки оқила
Дар як деҳаи хурду зебо духтараке бо номи Меҳринисо зиндагӣ мекард. Ӯ духтари ором, меҳрубон ва оқила буд. Ҳар саҳар пеш аз ҳама ба модараш ёрӣ мерасонд, баъд ба корҳои рӯзаш машғул мешуд.
Як рӯз дар роҳ ӯ ҳамёни пур аз пулро пайдо кард. Дӯсти ӯ гуфт:
— Ин қадар пул ёфтӣ, касе намедонад. Биё, барои худ чизе мехарем.
Меҳринисо сар ҷунбонда гуфт:
— Агар чизе аз они мо набошад, гирифтанаш моро хушбахт намекунад. Беҳтараш соҳибашро пайдо кунем.
Онҳо ҳамёнро ба калонсолони деҳа нишон доданд. Дере нагузашта соҳибаш пайдо шуд. Марди пир бо чашмони пур аз ашк гуфт:
— Духтарам, ту на танҳо ҳамёни маро, балки боварии маро ба одамони нек баргардондӣ.
Меҳринисо табассум кард ва гуфт:
— Пули зиёд инсонро бузург намекунад, инсони хуб будан инсонро бузург мекунад. | 151 |
| 6 | Духтараки оқила — мисли гули баҳор, Бо хандаи ширинаш пурнури рӯзгор. Ҳушёриву меҳраш зебу зинати ӯст, Дар ҳар қадамаш бошад файзу нури ор. | 132 |
| 7 | No text... | 156 |
| 8 | No text... | 130 |
| 9 | ПАНД АЗ ЗАБОНИ ОЛИМИ АҲЛИ АМАЛ ХУШ АСТ...
Масҷид, ки ҳаст, майкада ҷойи намоз нест,
Ҷое ки об ҳаст, таяммум маҷоз нест.
Панд аз забони олими аҳли амал хуш аст,
Изҳори фазли ин ҳама фозил ниёз нест.
Ғофил зи хеш дар пайи айби касон мабош!
К-ин қисса ҷуз ҳикояти сиру пиёз нест.
Аз бонги иддаои ту гӯши фалак кар аст,
Табли миёнтиҳӣ, ки дигар ҷузви соз нест.
Навкисаҳои тоза ба даврон расидаро,
Сармояе ба ҷуз ҳаваси кибру оз нест.
Ҳар кас ба нархи рӯз хӯрад нони худ, яқин
Номарду хоин аст, ки мардумнавоз нест.
Дасти замона мушти туро боз мекунад,
Шодам - чаро? Ки умри хиёнат дароз нест.
Беҳуда нест, тавбаи ҳар гург марги ӯст,
Гӯянд: "Вақти марг дари тавба боз нест..."
(СОНОЗ РАУФ) | 127 |
| 10 | Панҷ фиреби шайтон:
1. Ҳанӯз ҷавони хуш бигузарон!
2. Зиндаги тулони аст; пас лаззат бибар!
3. Ҳангоми асабоният ором набош!
4. Ҳама ин корро мекунанд; пас туҳам бикун!
5. Хело гунаҳкори, дигар одами хубе намешави, пас ба гуноҳ идома бидеҳ!
Худоё Худовандо моро аз шарри шайтон наҷот бидеҳ, ва ба роҳи рост ҳидоят намо. | 115 |
| 11 | Гар ба аҳли дил дар ин ҷо заррае кин мекунӣ,
Синаи худро сипар бар тири ботин мекунӣ.
Авлиёи Ҳақ ривоҷу равнақи дин мекунанд,
Ту чаро карда хусумат рахнаи дин мекунӣ.
Зулмати ғафлат дилат печон ба сад абри сиёҳ,
Эй сияҳрӯ, таъна чун бар Моҳу Парвин мекунӣ.
Бандаро бояд, ки хун гиряд зи хавфи бандагӣ,
Шикваи шабзиндадорӣ рӯйи болин мекунӣ.
Синаи оиндилон аз сайқали зикр аст соф,
Дилхушони васли бечунро чи ғамгин мекунӣ.
Орифон чун шамс тобонанд аз анвори дил,
Аз ҳасад чун хок дар чашми ҷаҳонбин мекунӣ.
Ҳомиёни дини пайғамбар бувад Оли Расул,
Чун хавориҷ душманӣ бар Оли Ёсин мекунӣ.
Аҳли шайтонро барои фисқ карда халқҳо,
Сӯйи аҳли Ҳақ чаро абрӯйи худ чин мекунӣ?
Эй Ҷунун, аз завқҳои ҳусни ширини нигор,
Хуш суханҳои шакаромезу ширин мекунӣ.
Мавлавӣ Ҷунунӣ. | 107 |
| 12 | Динат аз парҳез комил мешавад,
Неъматат аз шукр шомил мешавад.
Бе хирад дониш вубол аст, эй писар,
Илм мурғу ақл бол аст, эй писар.
Илмро бе ақл натвон кор баст,
Пеши беақлон намебояд нишаст!
ФАРИДУДДИНИ АТТОР
🌸 🌱 💮 🌿 🏵 🌺 🍂 🍃 🌷 🌱 🌸
https://t.me/+Tdg7apRcb-82YzRi | 103 |
| 13 | ДОНӢ, КИ ЧАРО ХУДО ТУРО ДОДА ДУ ДАСТ,
ДОНАМ, КИ ДАР ИН МӮЪҶИЗА АСРОРЕ ҲАСТ.
ЯК ДАСТ БА КОРИ ХЕШТАН ПАРДОЗӢ,
БО ДАСТИ ДИГАР, ЗИ ДИГАРОН ГИРӢ ДАСТ. | 121 |
| 14 | ПЕШ АЗ ҲАР КОРЕ АВВАЛ АНДЕША БОЯД...
Рӯзе ҷавоне аз марди донишманд пурсид:
- Устод, чӣ гуна худро аз кори баду манманӣ ва пушаймонӣ нигоҳ дорам?
Донишманд гуфт:
- Пеш аз ҳар кор андеша кун. Душмани хурдро ночиз машумор, зеро пашша ҳам метавонад тинҷии инсонро бигирад. Сирри дилатро ба ҳар кас нагӯй, ҳатто дӯст метавонад онро ба дигаре расонад.
Сипас гуфт:
- Пеш аз сухан гуфтан, бовар кардан ва қадам гузоштан аввал оқибаташро фикр кун. Зеро аксари пушаймониҳо аз беандешагӣ оғоз мешаванд.
Ҳикмат: андеша пеш аз амал - беҳтарин сипари инсон аст. | 115 |
| 15 | МЕХОҲЕД ЗЕБОТАРИН ШАХСРО БУБИНЕД ?
ПАС БА ЧЕҲРАИ МОДАРАТОН НАЗАР АНДОЗЕД. | 107 |
| 16 | Ба ҳасрат ғунчаам, яъне ба дилтангӣ ватан дорам,
Хаёле дар нафас хун мекунам тарҳи чаман дорам.
Писанди ман ба навмедӣ қаноат кард аз ин маҳфил,
Ту аз ман чеҳра меафрӯзу ман ҳам сӯхтан дорам.
Кафи хокистарам бишкофу доғи дил тамошо кун,
Чароғи лолае дар раҳни маҳтоби саман дорам.
Видоъ омада шав гар завқи истиқболи ман дорӣ,
Ки ман чун барқ в-аз худ рафтане дар омадан дорам.
Намедонам чи найрангаст афсуни муҳаббатро,
Ки худро ҳам ту мепиндораму бо худ сухан дорам.
Кӣ дорад фикри бесомонии вазъи ҳубоби ман?
Ба ранге гаштаам урён, ки гӯё пираҳан дорам.
Дар ин саҳро зи бас фаршаст аҷзои шаҳиди ман,
Ғуборе ҳам гар аз худ чашм пӯшидам кафан дорам.
Гар огоҳам в-агар ғофил нагардад ҳайратам зоил,
Ту бар оина марҳам неҳ, ки ман доғи куҳан дорам.
Ба ҳар афсурдагӣ Бедил, мабош аз нолаам ғофил,
Ки ман барқе ба ҷони олами оташфикан дорам.
МИРЗО АБУЛҚОДИР БЕДИЛ
https://t.me/+Tdg7apRcb-82YzRi | 130 |
| 17 | Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёдаст,
Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дарозаст.
Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест,
Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Ҳар марди шутурдор Увайси Қаранӣ нест,
Ҳар шишаи гулранг ақиқи Яманӣ нест.
Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,
Ҳар Аҳмаду Маҳмуд расули маданӣ нест.
Бар мурдадилон панд мадеҳ, хеш маёзор,
Зеро ки Абу-Ҷаҳл мусалмон шуданӣ нест.
Бо марди Худо панҷа маяфкан чу Намруд,
Ин ҷисми Халил аст, ки оташ заданӣ нест.
Хушнуд машав, душман агар кард муҳаббат,
Хандидани Ҷаллод зи ширинсуханӣ нест.
Ҷое ки бародар ба бародар накунад раҳм,
Бегона барои ту бародар шуданӣ нест.
Сад бор агар доя ба тифли ту диҳад шир,
Ғофил машав эй дуст, ки модар шуданӣ нест. | 396 |
| 18 | No text... | 182 |
| 19 | Ассалому алайкум, субҳ ба хайр, азизони дил
Бигзор ин субҳи зебо оғози рӯзи пур аз шодӣ, баракат ва оромии дил бошад.
Хонадонашон обод, дилҳояшон пур аз меҳр ва қадамҳояшон ҳамеша ба сӯи хушбахтӣ бошад.
Рӯзатон пур аз некӣ ва табассуми самимӣ бод | 245 |
| 20 | Субҳи рӯзи истироҳат марҳабо,
Хуш биё бар хонаи дӯстони мо.
Даста даста шодиву хушҳолиро,
Ҳадя овар ту зи даргоҳи Худо. | 281 |
