Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Open in Telegram
980
Subscribers
+124 hours
+47 days
+14430 days
Posts Archive
+1
«Таджиктелеком» подключился к одной из крупнейших в мире платформ обмена интернет-трафиком
АО «Таджиктелеком» подключилось к крупнейшей мировой платформе обмена интернет-трафиком DE-CIX, расположенной во Франкфурте-на-Майне (Германия).
Согласно информации компании, данный проект реализован при сотрудничестве с международными партнёрами и с использованием транзитной инфраструктуры. В результате международные интернет-маршруты DE-CIX через сеть «Таджиктелеком» стали доступны операторам и интернет-провайдерам Таджикистана, являющимся участниками национальной точки обмена интернет-трафиком TJ-IX.
Подключение к DE-CIX позволит улучшить доступ к международным платформам и онлайн-сервисам, а также обеспечить передачу интернет-трафика до центров обработки данных в Европе с меньшей задержкой. Это будет способствовать повышению скорости и стабильности интернет-соединения.
Одновременно создаётся дополнительный маршрут для прохождения интернет-трафика, который в случае возникновения сбоев в международных сетях может использоваться в качестве резервного канала.
По словам специалистов, реализация данного проекта имеет важное значение и для развития цифровой экономики и онлайн-сервисов в Таджикистане. Банки, государственные информационные системы, центры обработки данных и другие цифровые сервисы смогут более стабильно и оперативно взаимодействовать с международными платформами.
Для рядовых пользователей интернета подключение также может способствовать повышению качества видеоконференций, дистанционного обучения, онлайн-сервисов, платформ потокового видео и других интернет-услуг.
Подключение АО «Таджиктелеком» к DE-CIX также будет способствовать диверсификации международных интернет-маршрутов Таджикистана и укреплению цифровой инфраструктуры страны.
Барномаи «SOS» барои баланд бардоштани омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода
Дар Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода барномаи мобилии «SOS» таҳия шудааст. Барнома аз ҷониби мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ширкати миллии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ омода гардидааст.
«SOS» ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки маълумоти заруриро оид ба қоидаҳои бехатарӣ ва тарзи дурусти рафтор ҳангоми ҳолатҳои гуногуни фавқулода зуд дастрас намоянд. Дар он маводи омӯзишӣ, тавсияҳои мутахассисон ва дастурҳои амалӣ оид ба рафтор ҳангоми заминларза, сел, обхезӣ, ярч, тарма, сӯхтор, садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳолатҳои хатарнок ҷой дода шудаанд.
Яке аз имкониятҳои муҳими барнома пешниҳоди огоҳиҳои саривақтӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии обу ҳаво мебошад. Ин имконият метавонад ба шаҳрвандон барои сари вақт огоҳ шудан аз хатар ва андешидани тадбирҳои зарурӣ мусоидат кунад.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор ба як қатор офатҳои табиӣ, аз ҷумла заминларза, сел, ярч ва тарма осебпазир мебошад. Аз ин рӯ, донистани қоидаҳои бехатарӣ ва омодагӣ ба чунин ҳолатҳо аҳамияти махсус дорад.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода бояд пеш аз рух додани онҳо оғоз шавад. Дар ин замина, барномаи «SOS» метавонад ҳамчун манбаи дастрас барои омӯзиши қоидаҳои бехатарӣ ва гирифтани маълумоти зарурӣ ба шаҳрвандон хизмат намояд.
Repost from Рустам Эмомалӣ 🇹🇯
+5
Суратгузориш аз оғози рӯзи аввали дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе.
Фоторепортаж с начала первого дня второго Чемпионата мира по гуштингири в городе Душанбе.
Photo report from the opening of the first day of the second World Championship in Gushtingiri in the city of Dushanbe.
@RustamEmomali
VoWiFi от «Вавилон-Мобайл» — новый способ оставаться на связи
В рамках Стратегии развития сферы связи Республики Таджикистан на период до 2040 года в Таджикистане впервые внедрена технология VoWiFi (Звонки через Wi-Fi). Эту инициативу реализовало ЗАО «Вавилон-Мобайл».
Новая услуга VoWiFi в настоящее время находится в режиме тестовой эксплуатации и будет способствовать расширению возможностей современной мобильной связи в стране.
Технология VoWiFi позволяет совершать и принимать голосовые вызовы через сеть Wi-Fi без использования мобильной сети для передачи голосового трафика. Для работы услуги достаточно наличия подключения к сети Wi-Fi и совместимого устройства.
Важным преимуществом технологии является возможность использования VoWiFi не только на территории Республики Таджикистан, но и за рубежом при наличии доступа к сети Wi-Fi. Это расширяет возможности пользователей по совершению и получению голосовых вызовов в различных условиях подключения к интернету.
На первом этапе услуга предоставляется в тестовом режиме, а количество подключений ограничено. В ходе тестирования специалисты компании оценивают работу технологии и пользовательский опыт с целью дальнейшего совершенствования услуги.
Для настройки и использования VoWiFi разработана специальная инструкция, размещенная на официальном сайте компании «Вавилон-Мобайл»: https://babilon-m.tj/ru/vowifi/
Дополнительную информацию о запуске и условиях предоставления услуги можно получить по номеру 2012.
📍 45 мавзеи таърихии Душанбе акнун бо QR-роҳнамо
Дар Душанбе раванди насби QR-роҳнамо дар 45 мавзеъи таърихию фарҳангии пойтахт оғоз гардид.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ шуда, ҳадафи он осон намудани дастрасии сокинон ва меҳмонони пойтахт ба маълумоти муфассал дар бораи мавзеъҳои таърихӣ мебошад.
📲 Бо скан кардани QR-рамз, ки дар назди ҳар як мавзеъ ҷойгир карда шудааст, корбар метавонад маълумоти заруриро ба се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас намояд. Маълумот инчунин дар шакли матн ва маводи аудиоӣ пешниҳод мешавад.
Дар марҳилаи аввал QR-роҳнамоҳо дар 45 мавзеъ насб гардидаанд. Дар марҳилаҳои минбаъда шумораи мавзеъҳо ва забонҳои дастрас васеъ карда мешаванд.
Ин иқдом як қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори сайёҳӣ, рақамикунонии маълумоти фарҳангӣ ва муаррифии таъриху мероси Душанбе ба сокинон ва сайёҳони хориҷӣ мебошад.
Repost from Рустам Эмомалӣ 🇹🇯
+7
14 август дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони вилояти Суғд шинос шуданд.
Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки ҳамзамон дар дигар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт баргузор мегарданд, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни умумимиллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шудаанд.
14 августа в Парке культуры и отдыха имени Абулкасыма Фирдавси Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали ознакомился с выставкой сельскохозяйственной и промышленной продукции, изделий народных промыслов и национальных блюд жителей Согдийской области.
Выставки сельскохозяйственной и промышленной продукции, изделий народных промыслов и национальных блюд жителей городов и районов страны, которые одновременно проходят и в других парках культуры и отдыха столицы, организованы во исполнение поручений и указаний Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона в связи с общенациональным празднованием 35-летия Государственной независимости.
On August 14, at the Abulqosim Firdavsi Park of Culture and Recreation, Chairman of the Majlisi milli of the Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, Chairman of the city of Dushanbe, Honourable Rustam Emomali, visited an exhibition showcasing agricultural and industrial products, handicrafts, and traditional national dishes presented by the residents of Sughd Region.
Exhibitions of agricultural and industrial products, handicrafts, and traditional national dishes from the cities and districts of the country are being held simultaneously in other parks of culture and recreation in the capital. The exhibitions have been organized pursuant to the instructions and directives of the Leader of the Nation, Honourable Emomali Rahmon, in connection with the nationwide celebration of the 35th anniversary of State Independence.
@RustamEmomali
+6
Баргузории хониши идоравӣ доир ба саноатикунонии босуръати кишвар
Дар Хадамоти алоқа бо иштироки кормандони Хадамот хониши идоравӣ дар мавзӯи «Татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар» баргузор гардид.
Мушовири вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобокалонзода Қурбон Хол зимни маърӯза оид ба ҳадафҳои саноатикунонии кишвар, нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва автоматикунонии хизматрасониҳо дар рушди иқтисод сухан гуфт.
Таъкид гардид, ки то соли 2030 саҳми саноат дар ММД бояд ба беш аз 22 фоиз расонида шавад.
Дар фарҷом оид ба масъалаҳои баррасишуда миёни иштирокчиён муколамаи озод сурат гирифт.
+9
Боздиди назоратӣ-машваратии Сардори Хадамоти алоқа аз ширкати Tcell
Имрӯз Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Саъдулло бо мақсади анҷом додани боздиди назоратӣ-машваратӣ ва баррасии фаъолияти ширкати «Tcell» аз ин ширкат дидан намуд.
Дар доираи ин боздид, Сардори Хадамот бо шароити кори кормандони ширкат шинос шуда, утоқҳои корӣ ва техникии муассисаро аз назар гузаронд. Ӯ ба раванди фаъолияти воҳидҳои гуногуни ширкат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо низом ва усулҳои кори ҳайати кормандони «Tcell» шинос гардид.
Дар идомаи боздид, вохӯрии корӣ бо роҳбарияти ширкат баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ натиҷаҳои фаъолияти ширкат мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои марбут ба риояи қонунгузории соҳаи алоқа, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба муштариён ва самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ муҳокима шуданд.Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои рушди минбаъдаи соҳаи алоқа ва таҳкими ҳамкории самарабахш миёни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ аҳамияти муҳим дорад
ОГОҲИНОМА
оид ба худдорӣ намудан аз насби худсаронаи репитерҳои алоқаи мобилӣ
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки насб ва истифодаи худсаронаи репитерҳо (тақвиятдиҳандаҳои сигнали алоқаи мобилӣ), махсусан таҷҳизоти ғайристандартӣ ва нодуруст танзимшуда, метавонад ба фаъолияти муътадили шабакаҳои алоқаи мобилӣ халали ҷиддӣ расонад.
Репитери нодуруст насбшуда метавонад дар басомадҳои истифодашавандаи операторони мобилӣ интерференсия ба вуҷуд оварда, боиси паст гардидани сифати зангҳои телефонӣ, сустшавии суръати интернет, қатъшавии пайвастшавӣ ва бад гардидани хизматрасонӣ барои дигар муштариёни минтақа гардад.
Натиҷаи санҷишҳо нишон медиҳад, ки дар моҳҳои ахир истифода нодуруст ва ғайриқонунии ин дастгоҳ афзоиш ёфтааст. Танҳо дар шашмоҳаи аввали соли соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони Хадамоти алоқа дар 123 адад истгоҳи базавии сайтҳо радиохалалҳо бартараф шуданд.
Боиси зикр аст, ки истифодаи таҷҳизоти ғайристандартӣ метавонад ба фаъолияти истгоҳҳои базавии операторони мобилӣ таъсири манфӣ расонида, сатҳи халалҳои радиоиро баланд намояд. Дар баъзе ҳолатҳо чунин халалҳо метавонанд ба фаъолияти дигар воситаҳо ва системаҳои радиоэлектронӣ низ таъсир расонанд.
Бояд қайд намуд, ки истифодаи спектри радиобасомад тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа ба танзим дароварда мешавад. Аз ин рӯ, насб ва истифодаи таҷҳизоти радиоэлектронӣ бояд бо риояи талаботи муқарраргардидаи техникӣ ва ҳуқуқӣ анҷом дода шавад.
Дар ҳолати ба вуҷуд омадани халалҳои радиоӣ, мутахассисони соҳаи радиомониторинг маҷбур мешаванд барои муайян намудани манбаи халал ченкуниҳои махсус гузаронида, ҷиҳати бартараф намудани он чораҳои зарурӣ андешанд.
Бинобар ин, Хадамоти алоқа аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки аз харидорӣ, насб ва истифодаи худсаронаи репитерҳои номаълум, ғайристандартӣ ва бе танзими касбӣ худдорӣ намоянд.
Дар сурати паст будани сатҳу сифати алоқаи мобилӣ ё интернет тавсия дода мешавад, ки шаҳрвандон пеш аз ҳама ба оператори мобилии хизматрасон муроҷиат намуда, масъалаи мазкурро бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ ҳал намоянд.
Истифодаи репитер танҳо дар ҳолате бояд анҷом дода шавад, ки таҷҳизот ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ буда, насб ва танзими он тибқи тартиби муқарраргардида ва бо ҷалби мутахассисони соҳибихтисос амалӣ карда шавад.
Ҳамзамон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ менамояд, ки фурӯш, насб ва истифодаи репитерҳо (тақвиятдиҳандаҳои сигнали алоқаи мобилӣ), ки ба талаботи муқарраргардидаи техникӣ ҷавобгӯ набуда, бе ҳуҷҷатҳои дахлдор ва ё боиси ба вуҷуд омадани халалҳои радиоӣ мегарданд, метавонад боиси татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ гардад.
Дар сурати ошкор гардидани ҳолатҳои фурӯш ё насби чунин таҷҳизот, нисбат ба шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба фурӯш, насб ё истифодаи ғайриқонунии репитерҳо роҳ додаанд, тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдори маъмурӣ меандешад.
+2
Баргузории корҳои муштараки ченкунии техникӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Дар доираи татбиқи сиёсати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз як қадами муҳим гузошта шуд.
📡 Аз 27 то 30 июли соли 2026 мутахассисони ду кишвар дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон корҳои муштараки ченкунии техникӣ анҷом доданд.
✅ 21 пойгоҳи базавии алоқаи мобилӣ санҷида шуда, зиёда аз 500 км санҷишҳои саҳроӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷа, халалрасонӣ ба фаъолияти 16 пойгоҳи базавӣ ошкор ва бо иваз намудани канали телевизионӣ пурра бартараф гардид.
Ҳамчунин, санҷишҳо нишон доданд, ки шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба талаботи техникӣ мутобиқ буда, халалрасонии зараровар байни онҳо вуҷуд надорад.
Ин чорабиниҳо ба истифодаи самараноки спектри басомадҳои радио ва беҳтар шудани сифати хизматрасониҳои алоқа барои сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ҳар ду кишвар мусоидат менамоянд.
+1
Дар бораи "Школа 21" савол доред? Бевосита пурсед!
7 август, соати 16:00 бо намояндаи "Школа 21" Фирӯза Сафарова дар шабакаи иҷтимоии Instagram пахши мустақим баргузор мегардад.
Саволҳои худро дар шарҳҳо нависед ё пешакӣ фиристед — дар пахши мустақим ба саволҳо посух дода мешавад.
7 август | 16:00
Пахши мустақим аз тариқи саҳифаи расмии "Школа 21" гузаронида мешавад.
Пайванд: https://www.instagram.com/school21.tj/
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шурӯъ аз 6 августи соли 2026, қабули дархостҳои сокинонро тавассути барномаи мобилии «Шаҳрванди фаъол» - платформаи ягонаи рақамӣ барои иртибот байни шаҳрвандон ва сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокомияти давлатии шаҳри Душанбе оғоз мекунад.
Барномаи мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ таҳия гардида, бо воситаи он сокинон метавонанд дархосту пешниҳоди худро бо суроға, макони ҷуғрофӣ ва аксҳо ирсол намоянд.
Барномаи "Шаҳрванди фаъол"-ро аз App Store ва Google Play ройгон метавонед зеркашӣ намоед.
https://apps.apple.com/ru/app/активный-гражданин-г-душанбе/id6759590661?l=en-GB
https://play.google.com/store/apps/details?id=com.active.citizen.jsuimobile&fbclid=IwY2xjawThCVVwZG9mAWV4dG4DYWVtAjEwAGJyaWQRMXRsczNlM0NISXZCVTJXWUtzcnRjBmFwcF9pZBAyMjIwMzkxNzg4MjAwODkyAAEerRHntopZpcL0oCJJCy1ftC7QeevECMSKFNODB5gMtJDByn-1T8we5Bgg7ZM_aem_bcg8QLNhmZxfwaZ6umy7pQ
Манбаъ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили бошукуҳи “Рӯзи соҳибкорон” (14-уми октябр) Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол-2026»-ро баргузор менамояд.
Ҳадафи озмун муайян ва қадрдонии соҳибкороне мебошад, ки дар рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, рушди содирот ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Иштирокчиён:
Субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд .
Номинатсияҳо:
- Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи истеҳсолот;
- Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи инфрасохтори нақлиёт;
- Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи технологияҳои иттилоотию-коммуникатсонӣ;
- Беҳтарин соҳибкор дар самти содирот;
- Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ;
- Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи саноати хӯрокворӣ;
- Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи кишоварзӣ;
- Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи истихроҷ;
- Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи нассоҷӣ;
- Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи энергетика;
- Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи фарҳанг ва сайёҳӣ;
- Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ;
- Беҳтарин соҳибкор дар самти рақамикунонӣ;
- Беҳтарин соҳибкор дар самти инноватсия;
- Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи сохтмон;
- Беҳтарин соҳибкори эҳсонкор;
- Беҳтарин соҳибкорзан;
- Беҳтарин соҳибкори ҷавон (стартап);
- Соҳибкори пешсафи сол (прорыв года);
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро зеркашӣ намоед:
👉Ариза барои иштирок;
👉Варақаи иттилоотии довталаб;
👉Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро дар шакли электронӣ ба суроғаи электронии: sohibkori.sol@gmail.com ё шакли коғазӣ ба Котиби комиссияи баргузории озмун воқеъ дар ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 40 (бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) пешниҳод намоянд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 15 сентябри 2026.
Рақамҳои тамос барои маълумоти иловагӣ: 221-01-21, 221-26-20, 221-15-07
Ба таваҷҷуҳи довталабони “Школа 21”
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи ҳамаи шаҳрвандоне, ки хоҳиши таҳсил дар мактаби ройгони технологияҳои рақамии “Школа 21”-ро доранд, мерасонад, ки қабул ба мактаб танҳо тавассути сабти номи онлайнӣ аз тариқи сомонаи расмии лоиҳа — www.21-school.tj амалӣ карда мешавад.
Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд бо ворид шудан ба сомонаи мазкур дар бораи тартиби бақайдгирӣ, марҳилаҳои интихоб, шартҳои қабул, муҳлати таҳсил ва дигар маълумоти зарурӣ шинос шаванд. Сомона бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фаъол буда, барои истифодаи қулайи довталабон тамоми маълумоти заруриро пешниҳод мекунад.
“Школа 21” як мактаби муосири технологияҳои рақамӣ мебошад, ки омӯзиш дар он комилан ройгон сурат мегирад. Раванди таълим ба усулҳои амалии омӯзиш асос ёфта, ба омода намудани мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва рушди малакаҳои рақамӣ равона шудааст. Дар ин мактаб довталабон метавонанд аз рӯи барномаҳои муосир барномасозӣ, таҳияи маҳсулоти рақамӣ ва дигар самтҳои серталаби соҳаи IT-ро аз худ намоянд.
Муҳлати таҳсил вобаста ба барномаи интихобшуда ва суръати азхудкунии дониш аз ҷониби донишҷӯ метавонад аз 6 моҳ то 2 сол идома ёбад.
Хотиррасон менамоем, ки ба таҳсил танҳо шахсоне қабул карда мешаванд, ки синнашон ба 18 расида бошад. Аз ин рӯ, хоҳишмандонро даъват менамоем, ки барои иштирок дар интихоби довталабон танҳо тавассути сомонаи расмии www.21-school.tj сабти ном намуда, аз маълумоти расмӣ истифода баранд.
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон
30 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
30 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.
30 июля Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон отбыл в город Чолпон-Ата Кыргызской Республики для участия в неформальной Консультативной встрече глав государств Центральной Азии и Азербайджана.
On July 30, the President of the Republic of Tajikistan, Leader of the Nation, Honourable Emomali Rahmon, departed for Cholpon-Ata in the Kyrgyz Republic to participate in the Informal Consultative Meeting of the Heads of State of Central Asia and Azerbaijan.
@RustamEmomali
+6
Ба таваҷҷуҳи довталабони “Школа 21”
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи ҳамаи шаҳрвандоне, ки хоҳиши таҳсил дар мактаби ройгони технологияҳои рақамии “Школа 21”-ро доранд, мерасонад, ки қабул ба мактаб танҳо тавассути сабти номи онлайнӣ аз тариқи сомонаи расмии лоиҳа — www.21-school.tj амалӣ карда мешавад.
Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд бо ворид шудан ба сомонаи мазкур дар бораи тартиби бақайдгирӣ, марҳилаҳои интихоб, шартҳои қабул, муҳлати таҳсил ва дигар маълумоти зарурӣ шинос шаванд. Сомона бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фаъол буда, барои истифодаи қулайи довталабон тамоми маълумоти заруриро пешниҳод мекунад.
“Школа 21” як мактаби муосири технологияҳои рақамӣ мебошад, ки омӯзиш дар он комилан ройгон сурат мегирад. Раванди таълим ба усулҳои амалии омӯзиш асос ёфта, ба омода намудани мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва рушди малакаҳои рақамӣ равона шудааст. Дар ин мактаб довталабон метавонанд аз рӯи барномаҳои муосир барномасозӣ, таҳияи маҳсулоти рақамӣ ва дигар самтҳои серталаби соҳаи IT-ро аз худ намоянд.
Муҳлати таҳсил вобаста ба барномаи интихобшуда ва суръати азхудкунии дониш аз ҷониби донишҷӯ метавонад аз 6 моҳ то 2 сол идома ёбад.
Хотиррасон менамоем, ки ба таҳсил танҳо шахсоне қабул карда мешаванд, ки синнашон ба 18 расида бошад. Аз ин рӯ, хоҳишмандонро даъват менамоем, ки барои иштирок дар интихоби довталабон танҳо тавассути сомонаи расмии www.21-school.tj сабти ном намуда, аз маълумоти расмӣ истифода баранд.
29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии «Бозиҳои оянда-2026» вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
—
29 июля Президент Республики Таджикистан, Лидер нации, уважаемый Эмомали Рахмон, прибыл в город Астана Республики Казахстан для участия в церемонии открытия международных соревнований «Игры будущего – 2026».
В международном аэропорту города Астаны Президента Республики Таджикистан, уважаемого Эмомали Рахмона, тепло встретили Премьер-министр Республики Казахстан Олжас Бектенов и другие официальные лица.
—
On July 29, the President of the Republic of Tajikistan, Leader of the Nation, Honourable Emomali Rahmon, arrived in Astana, Republic of Kazakhstan, to participate in the opening ceremony of the international «Games of the Future 2026».
At Astana International Airport, the President of the Republic of Tajikistan, Honourable Emomali Rahmon, was warmly welcomed by the Prime Minister of the Republic of Kazakhstan, Olzhas Bektenov, and other senior officials.
