Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Open in Telegram
978
Subscribers
-124 hours
No data7 days
+13830 days
Data loading in progress...
Similar Channels
Tags Cloud
No data
Any problems? Please refresh the page or contact our support manager.
Incoming and Outgoing Mentions
---
---
---
---
---
---
Attracting Subscribers
September '26
September '26
+5
in 0 channels
August '26
+163
in 3 channels
Get PRO
July '26
+45
in 2 channels
Get PRO
June '26
+19
in 1 channels
Get PRO
May '26
+10
in 2 channels
Get PRO
April '26
+9
in 1 channels
Get PRO
March '26
+7
in 3 channels
Get PRO
February '26
+28
in 16 channels
Get PRO
January '26
+11
in 1 channels
Get PRO
December '25
+8
in 0 channels
Get PRO
November '25
+48
in 5 channels
Get PRO
October '25
+79
in 3 channels
Get PRO
September '25
+10
in 0 channels
Get PRO
August '25
+11
in 0 channels
Get PRO
July '25
+19
in 0 channels
Get PRO
June '25
+14
in 0 channels
Get PRO
May '25
+44
in 2 channels
Get PRO
April '25
+23
in 1 channels
Get PRO
March '25
+49
in 1 channels
Get PRO
February '25
+61
in 4 channels
Get PRO
January '25
+45
in 0 channels
Get PRO
December '24
+29
in 2 channels
Get PRO
November '24
+36
in 0 channels
Get PRO
October '24
+48
in 0 channels
Get PRO
September '24
+52
in 0 channels
Get PRO
August '24
+47
in 0 channels
Get PRO
July '24
+49
in 0 channels
Get PRO
June '24
+31
in 0 channels
Get PRO
May '24
+63
in 0 channels
Get PRO
April '24
+71
in 0 channels
Get PRO
March '24
+57
in 0 channels
Get PRO
February '24
+101
in 0 channels
Get PRO
January '24
+203
in 0 channels
Get PRO
December '23
+359
in 0 channels
| Date | Subscriber Growth | Mentions | Channels | |
| 05 September | +1 | |||
| 04 September | 0 | |||
| 03 September | +1 | |||
| 02 September | +1 | |||
| 01 September | +2 |
Channel Posts
+4
Корманди соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар остонаи таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иштирок намуда, мукофотҳои давлатиро ба кормандони соҳа тақдим карданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Сафолзода, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг» ва Ислом Саидзода, сардори Хадамоти дастгирии чорабиниҳои давлатии ҶСК «Тоҷиктелеком», барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи алоқа бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуданд.
Зикр гардид, ки ин қадрдонӣ нишонаи арҷгузории давлат ба фаъолияти содиқона ва саҳми арзандаи кормандони соҳаи алоқа дар рушди инфрасохтори рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва таҳкими низоми муосири алоқаи кишвар мебошад.
| 2 | Дар доираи ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ» як қатор кормандони фаъолу пешқадами соҳа қадрдонӣ гардиданд.
Барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ба кормандон мукофотҳои соҳавӣ, Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Хадамоти алоқа, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуданд. | 293 |
| 3 | Дар оромгоҳи «Лучоб» ба хотираи фарзандони барҷастаи миллат арҷ гузошта шуд
Дар ҳошияи ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ», ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, роҳбарият ва кормандони Хадамоти алоқа ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ аз оромгоҳи «Лучоб» зиёрат намуданд.
Иштирокдорон бо гузоштани гулчанбар ба марқади Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин чеҳраи барҷастаи таърихию фарҳангии миллат Нисор Муҳаммад, ба хотираи фарзандони фарзонаи кишвар арҷ гузоштанд. | 292 |
| 4 | 🇷🇺 Душанбе станет площадкой для фестиваля искусственного интеллекта и цифровых технологий
5 сентября в столичном парке «Куруши Кабир» состоится открытый городской фестиваль искусственного интеллекта, инноваций и цифровых технологий — AI ALLEY («Аллея искусственного интеллекта»).
Фестиваль организован Агентством инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан и пройдет с 17:00 до 22:00.
В рамках мероприятия соберутся IT-компании, стартапы, университеты, IT-школы, разработчики и представители городской общественности. Участники смогут познакомиться с возможностями искусственного интеллекта посредством демонстраций, обучающих мероприятий, конкурсов и интерактивных программ, а также принять участие в конкурсах и выиграть призы.
На фестивале для участников будут организованы четыре основные зоны. На MAIN STAGE состоятся официальное открытие, практические выступления, демонстрации проектов, конкурсы, церемония награждения и финальная программа.
В EXHIBITION ZONE IT-компании, организации, стартапы и образовательные учреждения представят свои технологии и практические проекты. AI EDUCATION ZONE будет предназначена для проведения мастер-классов, мини-лекций, карьерных консультаций и практических занятий.
Также в AI DISCO ZONE будет представлена развлекательная программа с музыкой, цифровыми визуальными эффектами, роботом-DJ, играми и интерактивными танцевально-развлекательными программами.
Организаторы ставят целью с помощью этого фестиваля представить широкому кругу жителей возможности искусственного интеллекта и современных цифровых технологий, а также создать условия для знакомства, обучения и обмена опытом между специалистами, молодежью и широкой общественностью. | 378 |
| 5 | 🇹🇯 Душанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ мешавад
5 сентябр дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе фестивали кушодаи шаҳрии зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ — AI ALLEY («Хиёбони зеҳни сунъӣ») баргузор мешавад.
Фестивал аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, аз соати 17:00 то 22:00 идома меёбад.
Дар доираи чорабинӣ ширкатҳои IT, стартапҳо, донишгоҳҳо, мактабҳои IT, таҳиягарон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрӣ гирди ҳам меоянд. Иштирокчиён метавонанд тавассути намоишҳо, омӯзишҳо, озмунҳо ва барномаҳои интерактивӣ бо имкониятҳои зеҳни сунъӣ шинос шуда, дар озмунҳо иштирок ва соҳиби туҳфаҳо шаванд.
Дар фестивал барои иштирокчиён чаҳор минтақаи асосӣ ташкил карда мешавад. Дар MAIN STAGE маросими расмии ифтитоҳ, баромадҳои амалӣ, намоиши лоиҳаҳо, озмунҳо, маросими ҷоизасупорӣ ва барномаи ниҳоӣ баргузор мегардад.
Дар EXHIBITION ZONE ширкатҳои IT, ташкилотҳо, стартапҳо ва муассисаҳои таълимӣ технологияҳо ва лоиҳаҳои амалии худро муаррифӣ мекунанд. AI EDUCATION ZONE барои баргузории мастер-классҳо, лексияҳои кӯтоҳ, машваратҳои касбӣ ва машғулиятҳои амалӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар AI DISCO ZONE барномаи фароғатӣ бо мусиқӣ, эффектҳои визуалии рақамӣ, робот-DJ, бозиҳо ва барномаҳои интерактивии рақсию фароғатӣ пешниҳод мешавад.
Ташкилкунандагон ҳадаф доранд, ки тавассути ин фестивал имкониятҳои зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосири рақамиро ба доираи васеи сокинон муаррифӣ намуда, барои шиносоӣ, омӯзиш ва табодули таҷриба миёни мутахассисон, ҷавонон ва ҷомеа муҳити муносиб фароҳам оваранд.
----
🇷🇺 Душанбе станет площадкой для фестиваля искусственного интеллекта и цифровых технологий
5 сентября в столичном парке «Куруши Кабир» состоится открытый городской фестиваль искусственного интеллекта, инноваций и цифровых технологий — AI ALLEY («Аллея искусственного интеллекта»).
Фестиваль организован Агентством инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан и пройдет с 17:00 до 22:00.
В рамках мероприятия соберутся IT-компании, стартапы, университеты, IT-школы, разработчики и представители городской общественности. Участники смогут познакомиться с возможностями искусственного интеллекта посредством демонстраций, обучающих мероприятий, конкурсов и интерактивных программ, а также принять участие в конкурсах и выиграть призы.
На фестивале для участников будут организованы четыре основные зоны. На MAIN STAGE состоятся официальное открытие, практические выступления, демонстрации проектов, конкурсы, церемония награждения и финальная программа.
В EXHIBITION ZONE IT-компании, организации, стартапы и образовательные учреждения представят свои технологии и практические проекты. AI EDUCATION ZONE будет предназначена для проведения мастер-классов, мини-лекций, карьерных консультаций и практических занятий.
Также в AI DISCO ZONE будет представлена развлекательная программа с музыкой, цифровыми визуальными эффектами, роботом-DJ, играми и интерактивными танцевально-развлекательными программами.
Организаторы ставят целью с помощью этого фестиваля представить широкому кругу жителей возможности искусственного интеллекта и современных цифровых технологий, а также создать условия для знакомства, обучения и обмена опытом между специалистами, молодежью и широкой общественностью. | 335 |
| 6 | 31 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ
31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 ҳамасола 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъӣ таҷлил мегардад.
Қабули ин қатънома бозгӯи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти рушди технологияҳои рақамӣ ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ мебошад.
Интихоби 31 август низ рамзӣ аст. Маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1955, пешниҳоди лоиҳаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ ба миён гузошта шуд, ки яке аз марҳилаҳои муҳим дар ташаккули ин соҳа ба ҳисоб меравад.
Эълон гардидани Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъӣ барои таҳкими ҳамкории кишварҳо, табодули таҷриба, рушди технологияҳои нав ва истифодаи зеҳни сунъӣ ба манфиати ҷомеа заминаи муҳим фароҳам меорад. | 358 |
| 7 | 1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони “25 соли Созмони ҳамкории Шанхай: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи “Панҷгонаи Шанхай” ва Созмони ҳамкории Шанхай иштирокдори фаъол дар таҳаввули онҳо, бунёдгузории созмон ва таҳкими обурӯи байналмилалии он буду ҳаст.
1 сентября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон принял участие и выступил на заседании Совета глав государств - членов Шанхайской организации сотрудничества на тему «25 лет Шанхайской организации сотрудничества: укрепление стабильности, расширение сотрудничества во имя общего будущего».
Уважаемый Эмомали Рахмон отметил, что Таджикистан как одна из стран - учредителей «Шанхайской пятёрки» и Шанхайской организации сотрудничества был и остаётся активным участником их развития, создания организации и укрепления её международного авторитета.
On September 1, the President of the Republic of Tajikistan, Leader of the Nation, Honourable Emomali Rahmon, participated in and addressed the meeting of the Council of Heads of State of the Shanghai Cooperation Organisation (SCO) under the theme “25 Years of the Shanghai Cooperation Organisation: Strengthening Stability and Expanding Cooperation for a Common Future.”
Honourable Emomali Rahmon noted that Tajikistan, as one of the founding countries of the “Shanghai Five” and the Shanghai Cooperation Organisation, has been and remains an active participant in their development, the establishment of the Organisation, and the strengthening of its international standing.
@RustamEmomali | 405 |
| 8 | 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо аҳли маорифи кишвар мулоқот намуда, дар ҷамъомад ба муносибати рӯзи дониш суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки дар 9 соли охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе 55 муассисаи нави таълимӣ бо зиёда аз 95 ҳазор ҷойи нишаст ва 42 кӯдакистони замонавӣ барои 8 ҳазор кӯдак бунёд ва ба истифода дода шудааст. Танҳо соли равон ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти кишвар 7 муассисаи нави таълимӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва 8 муассисаи томактабии наву замонавӣ барои 1000 кӯдак ба фаъолият оғоз менамояд.
“Дар маҷмуъ, тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст”, изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджики | 572 |
| 9 | ⚠️ ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Дар Telegram файли зараровари APK таҳти номи барномаи DC NEXT паҳн шуда истодааст.
🚫 Файлҳоро аз шахсони ношинос зеркашӣ ва насб накунед. Онҳо метавонанд ба амнияти дастгоҳ ва маълумоти шахсии шумо таҳдид кунанд.
🛡️ Маълумотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ санҷед!
————————————
⚠️ БУДЬТЕ ОСТОРОЖНЫ!
В Telegram распространяется вредоносный APK-файл под видом приложения DC NEXT.
🚫 Не скачивайте и не устанавливайте файлы от неизвестных отправителей. Они могут представлять угрозу для вашего устройства и личных данных.
🛡️ Проверяйте информацию только через официальные источники
#РВКДДушанбе | 434 |
| 10 | Форуми байналмилалии «TAJ TECH – 2026» дар Душанбе баргузор мегардад
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 29–30 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «TAJ TECH – 2026»-ро баргузор менамояд.
Форум ҳамчун платформаи муҳими ҳамоиш барои коршиносон, соҳибкорон, сармоягузорон, намояндагони ширкатҳои технологӣ, стартапҳо, донишҷӯён ва ҳамаи дӯстдорони технологияҳои рақамӣ доир хоҳад шуд.
Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, аз ҷумла инфрасохтори рақамӣ, ҳукумати электронӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, маълумоти бузург, интернети ашё, амнияти киберӣ, рушди стартапҳо, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди сармояи инсонӣ баррасӣ мешаванд. | 683 |
| 11 | ❗️Шахсони номаълум файлҳои зараровари APK-ро зери ниқоби ҳуҷҷатҳои судӣ паҳн менамоянд.
Насби чунин файлҳо метавонад боиси дуздида шудани маълумоти шахсӣ, рамзҳои SMS ва маблағҳо гардад. Файлҳои шубҳанокро накушоед ва барномаҳоро танҳо аз манбаъҳои боэътимод насб намоед.
———————————————
❗️Злоумышленники распространяют вредоносные APK-файлы под видом судебных документов.
Их установка может привести к краже персональных данных, SMS-кодов и денежных средств. Не открывайте подозрительные файлы и не устанавливайте приложения из непроверенных источников.
#РВКДДушанбе | 596 |
| 12 | Лаҳзаҳо аз маросими тантанавии ба муомилот баровардани Маркаи ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ | 498 |
| 13 | Баргузори ҷаласаҳои 30-юми Комиссияи ИТА оид ба спектри радиобасомадҳо ва 59-уми Комиссияи ИТА
17–21 августи соли 2026 дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаҳои 30-юми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (ИТА) оид ба танзими истифодаи спектри радиобасомадҳо ва мадорҳои моҳвораӣ ва 59-уми Комиссияи ИТА оид ба ҳамоҳангсозии ҳамкории байналмилалӣ баргузор гардиданд.
Дар кори ҷаласаҳои мазкур намояндагони КВД «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи алоқа, таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, фаъолияти гурӯҳҳои кории ИТА ва омодагӣ ба чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ, аз ҷумла, масъалаҳои идоракунӣ ва истифодаи самараноки спектри радиобасомадҳо, рушди системаҳои заминӣ ва моҳвораии алоқа, истифодаи муштараки радиобасомадҳо аз ҷониби хизматрасониҳои гуногун ва ҳифзи системаҳои амалкунанда муҳокима гардиданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба омодасозии пешниҳодҳо ва мавқеъҳои муштараки кишварҳои узви ИТА барои иштирок дар Ассамблеяи радиобасомадҳо ва Конфронси умумиҷаҳонии радиобасомадҳо дар соли 2027 баррасӣ шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи иштироки фаъол дар чорабиниҳои мазкур намояндагони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи фахрии ИТА барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи алоқа сарфароз гардонида шуданд.
Дар доираи чорабиниҳо инчунин вохӯрии дуҷонибаи ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи алоқа, аз ҷумла лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамоҳангсозии таъйиноти радиобасомадҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти идоракунии спектри радиобасомадҳо ва таъмини истифодаи самараноки он дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир намуда, ба мувофиқа расиданд, ки корҳо ҷиҳати ҳарчи зудтар ба имзо расонидани Созишномаи мазкур идома дода шаванд.
Иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи алоқа, рушди механизмҳои самараноки идоракунии спектри радиобасомадҳо ва ҳифзи манфиатҳои кишвар дар самти истифодаи захираҳои радиобасомадӣ мусоидат менамояд. | 629 |
| 14 | 24 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бинои муҳташаму бошукӯҳи Театри миллиро мавриди истифода қарор доданд.
Театри миллии Тоҷикистон бо тарҳи нодир, меъмории муосир ва ороиши миллӣ дар маркази пойтахт қомат афрохта, ба яке аз бузургтарин ва зеботарин муассисаҳои театрии минтақа табдил ёфтааст. Андешаи меъморӣ ва ороиши ин кохи ҳунар бо пешниҳодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди сарчашма гирифтааст.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ТеатриМиллӣ #НациональныйТеатр #NationalTheatre
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube | 572 |
| 15 | Гузориши телевизионӣ аз таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа
Ҳисор. 22.08. 2026 | 342 |
| 16 | Шӯрои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа таъсис ёфт
21 августи соли 2026 дар гулгашти тобистонаи «Алмосӣ»-и шаҳри Ҳисор Шӯрои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа расман ифтитоҳ ёфт. Чорабинӣ ба татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бахшида шуд.
Дар маросим Холиқзода Ҳоким, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Шӯро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа, раисӣ карданд.
Дар чорабинӣ намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, роҳбарияти Намояндагии доимии Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон, Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Дафтари Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамчунин, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони корпуси дипломатӣ, аъзои Шӯро ва гурӯҳҳои кории он, филателистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар чорабинӣ ҳузур доштанд.
Дар доираи чорабинӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркаи ҷашнии почта ба муомилот бароварда шуд. Раисикунандагон ва меҳмонони фахрӣ мӯҳри рӯзи аввалро гузошта, Лифофаҳои рӯзи аввалро ба ҳозирин тақдим карданд.
Ифтитоҳи Шӯрои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа ҳамчун як қадами муҳим дар самти татбиқи ҳамоҳангшудаи Стратегияи рушди соҳаи алоқа то соли 2040 арзёбӣ гардид. Зимни маросим раиси Шӯро, раисон ва ҳамраисони гурӯҳҳои корӣ ва котиботи Шӯро ба аъзо ва шарикон расман муаррифӣ шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ Эъломияи Шӯро ба имзо расида, сана ва мавзӯи нахустин ҷаласаи кории он эълон карда шуд.
Шӯрои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа ҳамчун механизми ҳамоҳангсозии татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 таъсис ёфта, барои таҳкими ҳамкории сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар самти рушди рақамии соҳа замина фароҳам овард.
Чорабинӣ бо иштироки васеи намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи дипломатӣ баргузор доир шуда, бо дастуру супоришҳои мушаххас ҷамъбаст гардид. | 420 |
| 17 | Гузориши ТВ "Сафина" доир ба аҳамияти Стратегияи рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 | 421 |
| 18 | ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ СОҲАИ АЛОҚА
Хадамоти алоқа тибқи нақшаҳои корӣ ба татбиқ намудани ислоҳот дар соҳаи алоқа, ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузориҳои хусусӣ ба инфрасохтори рақамӣ ва таҳкими рақобат дар соҳаи телекоммуникатсия баҳри арзон, босифат ва саривақт амалӣ намудани хизматрасониҳои соҳаи алоқа, инчунин таҳвили маълумот, таъсиси шабакаҳои нақлиётии баландсуръати нахи нурӣ ва насби таҷҳизоти алоқа ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, дар соли 2026 насби 1850 адад истгоҳҳои базавӣ ба нақша гирифта шуда, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 1361 адад истгоҳҳои базавӣ насб карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (811 ададро ташкил медод) 67,8% зиёд мебошад. | 408 |
| 19 | Дар Хадамоти алоқа масъалаҳои рушди ҳамкорӣ бо SpaceX (Starlink) баррасӣ шуд
19 август, дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ бо ҳайати расмии ширкати SpaceX (Starlink) баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои калидии ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди хизматрасонии интернети моҳвораӣ дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷониби Хадамоти алоқа мулоқотро муовини якуми Сардори Хадамоти алоқа Парвиз Нориён роҳбарӣ намуда, дар он дигар кормандони масъули соҳа низ иштирок доштанд. Ҳайати SpaceX таҳти роҳбарии Ҷулия Грёблахер, директори рушди бозорҳо ва дастрасӣ ба бозорҳои минтақавӣ, бо иштироки Аҳмад Мустафо, мушовири калони ҳуқуқӣ ва Эдвард Хао, менеҷери харид ва таъминот дар вохӯрӣ ҳузур дошт.
Дар рафти музокирот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Starlink дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили ҳамкориҳои техникӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин бартараф намудани мушкилиҳои мавҷударо муҳокима карданд.
Ҷонибҳо барои муқоисаи мустақими маълумоти дашборди SpaceX бо низоми «Набз» ва ҷорӣ намудани методологияи ягонаи баҳисобгирӣ ва ҳисоббаробаркунӣ ба мувофиқа расиданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои таъмини фаъолияти бефосилаи каналҳои эҳтиётии нахи оптикӣ дар нуқтаи ҳузури шабака (PoP), баланд бардоштани устувории инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ва ҳамоҳангсозии корҳои техникӣ бо мутахассисони ҶСК «Тоҷиктелеком» баррасӣ шуданд.
Вохӯрии мазкур дар доираи сафари расмии ҳайати SpaceX ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 19–20 августи соли 2026 баргузор гардид, сурат гирифт. | 434 |
| 20 | 20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ, ба хусус бо рафти бунёди иншооти бузурги аср – неругоҳи Роғун, ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Роғун бинои нави Прокуратураро ифтитоҳ намуданд.
Дар бинои нав 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст, ошхона, толор барои варзиш ва дигар утоқҳои ёрирасон мавҷуд аст.
Дар баробари таъмини шароити корӣ, ҳамчунин, дар иншоот ҳуҷраҳои зист низ барои кормандон муҳайё гардидааст.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Роғун #Рогун #Roghun
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube | 453 |
