en
Feedback
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Open in Telegram

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Show more
982
Subscribers
-124 hours
+27 days
+14530 days
Posts Archive
❗️Шахсони номаълум файлҳои зараровари APK-ро зери ниқоби ҳуҷҷатҳои судӣ паҳн менамоянд. Насби чунин файлҳо метавонад боиси ду
+4
❗️Шахсони номаълум файлҳои зараровари APK-ро зери ниқоби ҳуҷҷатҳои судӣ паҳн менамоянд. Насби чунин файлҳо метавонад боиси дуздида шудани маълумоти шахсӣ, рамзҳои SMS ва маблағҳо гардад. Файлҳои шубҳанокро накушоед ва барномаҳоро танҳо аз манбаъҳои боэътимод насб намоед. ——————————————— ❗️Злоумышленники распространяют вредоносные APK-файлы под видом судебных документов. Их установка может привести к краже персональных данных, SMS-кодов и денежных средств. Не открывайте подозрительные файлы и не устанавливайте приложения из непроверенных источников. #РВКДДушанбе

Лаҳзаҳо аз маросими тантанавии ба муомилот баровардани Маркаи ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Баргузори ҷаласаҳои 30-юми Комиссияи ИТА оид ба спектри радиобасомадҳо ва 59-уми Комиссияи ИТА 17–21 августи соли 2026 дар ша
+3
Баргузори ҷаласаҳои 30-юми Комиссияи ИТА оид ба спектри радиобасомадҳо ва 59-уми Комиссияи ИТА 17–21 августи соли 2026 дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаҳои 30-юми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (ИТА) оид ба танзими истифодаи спектри радиобасомадҳо ва мадорҳои моҳвораӣ ва 59-уми Комиссияи ИТА оид ба ҳамоҳангсозии ҳамкории байналмилалӣ баргузор гардиданд. Дар кори ҷаласаҳои мазкур намояндагони КВД «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи алоқа, таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, фаъолияти гурӯҳҳои кории ИТА ва омодагӣ ба чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар доираи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ, аз ҷумла, масъалаҳои идоракунӣ ва истифодаи самараноки спектри радиобасомадҳо, рушди системаҳои заминӣ ва моҳвораии алоқа, истифодаи муштараки радиобасомадҳо аз ҷониби хизматрасониҳои гуногун ва ҳифзи системаҳои амалкунанда муҳокима гардиданд. Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба омодасозии пешниҳодҳо ва мавқеъҳои муштараки кишварҳои узви ИТА барои иштирок дар Ассамблеяи радиобасомадҳо ва Конфронси умумиҷаҳонии радиобасомадҳо дар соли 2027 баррасӣ шуданд. Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи иштироки фаъол дар чорабиниҳои мазкур намояндагони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи фахрии ИТА барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи алоқа сарфароз гардонида шуданд. Дар доираи чорабиниҳо инчунин вохӯрии дуҷонибаи ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи алоқа, аз ҷумла лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамоҳангсозии таъйиноти радиобасомадҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти идоракунии спектри радиобасомадҳо ва таъмини истифодаи самараноки он дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир намуда, ба мувофиқа расиданд, ки корҳо ҷиҳати ҳарчи зудтар ба имзо расонидани Созишномаи мазкур идома дода шаванд. Иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи алоқа, рушди механизмҳои самараноки идоракунии спектри радиобасомадҳо ва ҳифзи манфиатҳои кишвар дар самти истифодаи захираҳои радиобасомадӣ мусоидат менамояд.

24 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
+9
24 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бинои муҳташаму бошукӯҳи Театри миллиро мавриди истифода қарор доданд.
Театри миллии Тоҷикистон бо тарҳи нодир, меъмории муосир ва ороиши миллӣ дар маркази пойтахт қомат афрохта, ба яке аз бузургтарин ва зеботарин муассисаҳои театрии минтақа табдил ёфтааст. Андешаи меъморӣ ва ороиши ин кохи ҳунар бо пешниҳодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди сарчашма гирифтааст.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan  #Президент #President #Тоҷикон #Таджики  #ТеатриМиллӣ #НациональныйТеатр #NationalTheatre President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Гузориши телевизионӣ аз таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа Ҳисор. 22.08. 2026

Шӯрои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа таъсис ёфт 21 августи соли 2026 дар гулгашти тобистонаи «Алмосӣ»-и шаҳри Ҳисор Шӯр
+9
Шӯрои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа таъсис ёфт 21 августи соли 2026 дар гулгашти тобистонаи «Алмосӣ»-и шаҳри Ҳисор Шӯрои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа расман ифтитоҳ ёфт. Чорабинӣ ба татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бахшида шуд. Дар маросим Холиқзода Ҳоким, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Шӯро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа, раисӣ карданд. Дар чорабинӣ намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, роҳбарияти Намояндагии доимии Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон, Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Дафтари Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҳамчунин, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони корпуси дипломатӣ, аъзои Шӯро ва гурӯҳҳои кории он, филателистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар чорабинӣ ҳузур доштанд. Дар доираи чорабинӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркаи ҷашнии почта ба муомилот бароварда шуд. Раисикунандагон ва меҳмонони фахрӣ мӯҳри рӯзи аввалро гузошта, Лифофаҳои рӯзи аввалро ба ҳозирин тақдим карданд. Ифтитоҳи Шӯрои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа ҳамчун як қадами муҳим дар самти татбиқи ҳамоҳангшудаи Стратегияи рушди соҳаи алоқа то соли 2040 арзёбӣ гардид. Зимни маросим раиси Шӯро, раисон ва ҳамраисони гурӯҳҳои корӣ ва котиботи Шӯро ба аъзо ва шарикон расман муаррифӣ шуданд. Дар идомаи чорабинӣ Эъломияи Шӯро ба имзо расида, сана ва мавзӯи нахустин ҷаласаи кории он эълон карда шуд. Шӯрои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа ҳамчун механизми ҳамоҳангсозии татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 таъсис ёфта, барои таҳкими ҳамкории сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар самти рушди рақамии соҳа замина фароҳам овард. Чорабинӣ бо иштироки васеи намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи дипломатӣ баргузор доир шуда, бо дастуру супоришҳои мушаххас ҷамъбаст гардид.

Гузориши ТВ "Сафина" доир ба аҳамияти Стратегияи рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040

ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ СОҲАИ АЛОҚА Хадамоти алоқа тибқи нақшаҳои корӣ ба татбиқ намудани ислоҳот дар соҳаи алоқа, ҷиҳати ҷалби беш
+1
ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ СОҲАИ АЛОҚА
Хадамоти алоқа тибқи нақшаҳои корӣ ба татбиқ намудани ислоҳот дар соҳаи алоқа, ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузориҳои хусусӣ ба инфрасохтори рақамӣ ва таҳкими рақобат дар соҳаи телекоммуникатсия баҳри арзон, босифат ва саривақт амалӣ намудани хизматрасониҳои соҳаи алоқа, инчунин таҳвили маълумот, таъсиси шабакаҳои нақлиётии баландсуръати нахи нурӣ ва насби таҷҳизоти алоқа ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, дар соли 2026 насби 1850 адад истгоҳҳои базавӣ ба нақша гирифта шуда, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 1361 адад истгоҳҳои базавӣ насб карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (811 ададро ташкил медод) 67,8% зиёд мебошад.

Дар Хадамоти алоқа масъалаҳои рушди ҳамкорӣ бо SpaceX (Starlink) баррасӣ шуд 19 август, дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷу
Дар Хадамоти алоқа масъалаҳои рушди ҳамкорӣ бо SpaceX (Starlink) баррасӣ шуд   19 август, дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ бо ҳайати расмии ширкати SpaceX (Starlink) баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои калидии ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди хизматрасонии интернети моҳвораӣ дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Аз ҷониби Хадамоти алоқа мулоқотро муовини якуми Сардори Хадамоти алоқа Парвиз Нориён роҳбарӣ намуда, дар он дигар кормандони масъули соҳа низ иштирок доштанд. Ҳайати SpaceX таҳти роҳбарии Ҷулия Грёблахер, директори рушди бозорҳо ва дастрасӣ ба бозорҳои минтақавӣ, бо иштироки Аҳмад Мустафо, мушовири калони ҳуқуқӣ ва Эдвард Хао, менеҷери харид ва таъминот дар вохӯрӣ ҳузур дошт.   Дар рафти музокирот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Starlink дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили ҳамкориҳои техникӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин бартараф намудани мушкилиҳои мавҷударо муҳокима карданд.   Ҷонибҳо барои муқоисаи мустақими маълумоти дашборди SpaceX бо низоми «Набз» ва ҷорӣ намудани методологияи ягонаи баҳисобгирӣ ва ҳисоббаробаркунӣ ба мувофиқа расиданд.   Ҳамчунин, масъалаҳои таъмини фаъолияти бефосилаи каналҳои эҳтиётии нахи оптикӣ дар нуқтаи ҳузури шабака (PoP), баланд бардоштани устувории инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ва ҳамоҳангсозии корҳои техникӣ бо мутахассисони ҶСК «Тоҷиктелеком» баррасӣ шуданд.   Вохӯрии мазкур дар доираи сафари расмии ҳайати SpaceX ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 19–20 августи соли 2026 баргузор гардид, сурат гирифт.

20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, м
+7
20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ, ба хусус бо рафти бунёди иншооти бузурги аср – неругоҳи Роғун, ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Роғун бинои нави Прокуратураро ифтитоҳ намуданд. Дар бинои нав 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст, ошхона, толор барои варзиш ва дигар утоқҳои ёрирасон мавҷуд аст. Дар баробари таъмини шароити корӣ, ҳамчунин, дар иншоот ҳуҷраҳои зист низ барои кормандон муҳайё гардидааст.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan  #Президент #President #Тоҷикон #Таджики  #Роғун #Рогун #Roghun President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Алоқаи босифат — заминаи рушди иқтисоди рақамӣ Дар доираи вазифаҳои муайяншуда ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷ
Алоқаи босифат — заминаи рушди иқтисоди рақамӣ    
Дар доираи вазифаҳои муайяншуда ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои муҳим вобаста ба рушди минбаъдаи соҳаи алоқа ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои густариши иқтисоди рақамӣ дода шуданд. Аз ҷумла, Хадамоти алоқа якҷо бо мақомоти дахлдор вазифадор гардид, ки иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи рушди соҳаи алоқаро таъмин намояд. Диққати асосӣ бояд ба баланд бардоштани сифати интернет ва васеъ намудани фарогирии он, махсусан дар минтақаҳои дурдасти кишвар, равона карда шавад.

Таҳти раёсати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Шурои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иқтисоди рақ
+9
Таҳти раёсати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Шурои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иқтисоди рақамӣ баргузор гардид    
Таъкид гардид, ки Хадамоти алоқа якҷо бо мақомоти дахлдор бояд иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи рушди соҳаи алоқаро таъмин намуда, диққати асосиро ба баланд бардоштани сифат ва фарогирии интернет, махсусан дар минтақаҳои дурдаст, равона созад.

18 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табибону кормандон ва собиқадорони соҳаи танд
18 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табибону кормандон ва собиқадорони соҳаи тандурустиро бо ҷашни касбӣ самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, хушбахтӣ ва дар иҷрои рисолати пуршарафашон барору муваффақият орзу намуданд. 18 августа Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон поздравил врачей, работников и ветеранов сферы здравоохранения с профессиональным праздником и пожелал им крепкого здоровья, счастья, а также успехов и достижений в выполнении их благородной миссии.

«Тоҷиктелеком» ба яке аз бузургтарин нуқтаҳои мубодилаи интернети ҷаҳон пайваст шуд ҶСК «Тоҷиктелеком» ба платформаи бузурги
+1
«Тоҷиктелеком» ба яке аз бузургтарин нуқтаҳои мубодилаи интернети ҷаҳон пайваст шуд   ҶСК «Тоҷиктелеком» ба платформаи бузурги ҷаҳонии мубодилаи трафики интернет DE-CIX, воқеъ дар шаҳри Франкфурти Олмон, пайваст шуд. Тибқи иттилои ширкат, ин лоиҳа бо ҳамкории шарикони байналмилалӣ ва истифода аз инфрасохтори транзитӣ амалӣ гардидааст. Дар натиҷа, масирҳои байналмилалии интернетии DE-CIX тавассути «Тоҷиктелеком» ба операторон ва провайдерҳои Тоҷикистон, ки иштирокчиёни нуқтаи миллии мубодилаи трафики TJ-IX мебошанд, дастрас мешаванд.   Пайвастшавӣ ба DE-CIX имкон медиҳад, ки дастрасӣ ба платформаҳо ва хизматрасониҳои ҷаҳонӣ беҳтар шуда, интернет то марказҳои иттилоотии Аврупо бо таъхири камтар интиқол меёбад. Ин ба баланд шудани суръат ва устувории пайвастшавӣ мусоидат мекунад.   Ҳамзамон, барои гузариши трафики интернетӣ масири иловагӣ ба вуҷуд меояд, ки дар сурати рух додани мушкилот дар шабакаҳои байналмилалӣ метавонад ҳамчун роҳи эҳтиётӣ истифода шавад.   Ба гуфтаи мутахассисон, лоиҳа барои рушди иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои онлайн дар Тоҷикистон низ аҳамияти муҳим дорад. Бонкҳо, системаҳои давлатии иттилоотӣ, марказҳои коркарди маълумот ва дигар хизматрасониҳои рақамӣ метавонанд бо платформаҳои байналмилалӣ устувортар ва босуръаттар кор кунанд.   Барои истифодабарандагони одии интернет низ ин пайвастшавӣ метавонад ба беҳтар шудани сифати видеоконфронсҳо, таҳсилоти фосилавӣ, хизматрасониҳои онлайн, платформаҳои пахши видео ва дигар хизматрасониҳои интернетӣ мусоидат намояд.   Пайвастшавии «Тоҷиктелеком» ба DE-CIX ҳамчунин ба гуногунсозии роҳҳои байналмилалии интернетии Тоҷикистон ва таҳкими иинфрасохтори рақамии кишвар мусоидат мекунад.

«Таджиктелеком» подключился к одной из крупнейших в мире платформ обмена интернет-трафиком АО «Таджиктелеком» подключилось к
+1
«Таджиктелеком» подключился к одной из крупнейших в мире платформ обмена интернет-трафиком АО «Таджиктелеком» подключилось к крупнейшей мировой платформе обмена интернет-трафиком DE-CIX, расположенной во Франкфурте-на-Майне (Германия). Согласно информации компании, данный проект реализован при сотрудничестве с международными партнёрами и с использованием транзитной инфраструктуры. В результате международные интернет-маршруты DE-CIX через сеть «Таджиктелеком» стали доступны операторам и интернет-провайдерам Таджикистана, являющимся участниками национальной точки обмена интернет-трафиком TJ-IX. Подключение к DE-CIX позволит улучшить доступ к международным платформам и онлайн-сервисам, а также обеспечить передачу интернет-трафика до центров обработки данных в Европе с меньшей задержкой. Это будет способствовать повышению скорости и стабильности интернет-соединения. Одновременно создаётся дополнительный маршрут для прохождения интернет-трафика, который в случае возникновения сбоев в международных сетях может использоваться в качестве резервного канала. По словам специалистов, реализация данного проекта имеет важное значение и для развития цифровой экономики и онлайн-сервисов в Таджикистане. Банки, государственные информационные системы, центры обработки данных и другие цифровые сервисы смогут более стабильно и оперативно взаимодействовать с международными платформами. Для рядовых пользователей интернета подключение также может способствовать повышению качества видеоконференций, дистанционного обучения, онлайн-сервисов, платформ потокового видео и других интернет-услуг. Подключение АО «Таджиктелеком» к DE-CIX также будет способствовать диверсификации международных интернет-маршрутов Таджикистана и укреплению цифровой инфраструктуры страны.

Барномаи «SOS» барои баланд бардоштани омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода Дар Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи
Барномаи «SOS» барои баланд бардоштани омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода Дар Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода барномаи мобилии «SOS» таҳия шудааст. Барнома аз ҷониби мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ширкати миллии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ омода гардидааст. «SOS» ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки маълумоти заруриро оид ба қоидаҳои бехатарӣ ва тарзи дурусти рафтор ҳангоми ҳолатҳои гуногуни фавқулода зуд дастрас намоянд. Дар он маводи омӯзишӣ, тавсияҳои мутахассисон ва дастурҳои амалӣ оид ба рафтор ҳангоми заминларза, сел, обхезӣ, ярч, тарма, сӯхтор, садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳолатҳои хатарнок ҷой дода шудаанд. Яке аз имкониятҳои муҳими барнома пешниҳоди огоҳиҳои саривақтӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии обу ҳаво мебошад. Ин имконият метавонад ба шаҳрвандон барои сари вақт огоҳ шудан аз хатар ва андешидани тадбирҳои зарурӣ мусоидат кунад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор ба як қатор офатҳои табиӣ, аз ҷумла заминларза, сел, ярч ва тарма осебпазир мебошад. Аз ин рӯ, донистани қоидаҳои бехатарӣ ва омодагӣ ба чунин ҳолатҳо аҳамияти махсус дорад. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода бояд пеш аз рух додани онҳо оғоз шавад. Дар ин замина, барномаи «SOS» метавонад ҳамчун манбаи дастрас барои омӯзиши қоидаҳои бехатарӣ ва гирифтани маълумоти зарурӣ ба шаҳрвандон хизмат намояд.

Суратгузориш аз оғози рӯзи аввали дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе. Фоторепортаж с начала первого
+5
Суратгузориш аз оғози рӯзи аввали дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе. Фоторепортаж с начала первого дня второго Чемпионата мира по гуштингири в городе Душанбе. Photo report from the opening of the first day of the second World Championship in Gushtingiri in the city of Dushanbe. @RustamEmomali

VoWiFi от «Вавилон-Мобайл» — новый способ оставаться на связи В рамках Стратегии развития сферы связи Республики Таджикистан
VoWiFi от «Вавилон-Мобайл» — новый способ оставаться на связи В рамках Стратегии развития сферы связи Республики Таджикистан на период до 2040 года в Таджикистане впервые внедрена технология VoWiFi (Звонки через Wi-Fi). Эту инициативу реализовало ЗАО «Вавилон-Мобайл». Новая услуга VoWiFi в настоящее время находится в режиме тестовой эксплуатации и будет способствовать расширению возможностей современной мобильной связи в стране. Технология VoWiFi позволяет совершать и принимать голосовые вызовы через сеть Wi-Fi без использования мобильной сети для передачи голосового трафика. Для работы услуги достаточно наличия подключения к сети Wi-Fi и совместимого устройства. Важным преимуществом технологии является возможность использования VoWiFi не только на территории Республики Таджикистан, но и за рубежом при наличии доступа к сети Wi-Fi. Это расширяет возможности пользователей по совершению и получению голосовых вызовов в различных условиях подключения к интернету. На первом этапе услуга предоставляется в тестовом режиме, а количество подключений ограничено. В ходе тестирования специалисты компании оценивают работу технологии и пользовательский опыт с целью дальнейшего совершенствования услуги. Для настройки и использования VoWiFi разработана специальная инструкция, размещенная на официальном сайте компании «Вавилон-Мобайл»: https://babilon-m.tj/ru/vowifi/ Дополнительную информацию о запуске и условиях предоставления услуги можно получить по номеру 2012.

📍 45 мавзеи таърихии Душанбе акнун бо QR-роҳнамо Дар Душанбе раванди насби QR-роҳнамо дар 45 мавзеъи таърихию фарҳангии пойт
📍 45 мавзеи таърихии Душанбе акнун бо QR-роҳнамо Дар Душанбе раванди насби QR-роҳнамо дар 45 мавзеъи таърихию фарҳангии пойтахт оғоз гардид. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ шуда, ҳадафи он осон намудани дастрасии сокинон ва меҳмонони пойтахт ба маълумоти муфассал дар бораи мавзеъҳои таърихӣ мебошад. 📲 Бо скан кардани QR-рамз, ки дар назди ҳар як мавзеъ ҷойгир карда шудааст, корбар метавонад маълумоти заруриро ба се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас намояд. Маълумот инчунин дар шакли матн ва маводи аудиоӣ пешниҳод мешавад. Дар марҳилаи аввал QR-роҳнамоҳо дар 45 мавзеъ насб гардидаанд. Дар марҳилаҳои минбаъда шумораи мавзеъҳо ва забонҳои дастрас васеъ карда мешаванд. Ин иқдом як қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори сайёҳӣ, рақамикунонии маълумоти фарҳангӣ ва муаррифии таъриху мероси Душанбе ба сокинон ва сайёҳони хориҷӣ мебошад.

14 август дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раис
+7
14 август дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони вилояти Суғд шинос шуданд. Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки ҳамзамон дар дигар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт баргузор мегарданд, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни умумимиллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шудаанд. 14 августа в Парке культуры и отдыха имени Абулкасыма Фирдавси Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали ознакомился с выставкой сельскохозяйственной и промышленной продукции, изделий народных промыслов и национальных блюд жителей Согдийской области. Выставки сельскохозяйственной и промышленной продукции, изделий народных промыслов и национальных блюд жителей городов и районов страны, которые одновременно проходят и в других парках культуры и отдыха столицы, организованы во исполнение поручений и указаний Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона в связи с общенациональным празднованием 35-летия Государственной независимости. On August 14, at the Abulqosim Firdavsi Park of Culture and Recreation, Chairman of the Majlisi milli of the Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, Chairman of the city of Dushanbe, Honourable Rustam Emomali, visited an exhibition showcasing agricultural and industrial products, handicrafts, and traditional national dishes presented by the residents of Sughd Region. Exhibitions of agricultural and industrial products, handicrafts, and traditional national dishes from the cities and districts of the country are being held simultaneously in other parks of culture and recreation in the capital. The exhibitions have been organized pursuant to the instructions and directives of the Leader of the Nation, Honourable Emomali Rahmon, in connection with the nationwide celebration of the 35th anniversary of State Independence. @RustamEmomali