Китобхон - کتابخوان
Open in Telegram
🇹🇯 Китобхон - таблиғгари китоб, илм, маърифат ва андешаи солим. 🇮🇷🇦🇫 کتابخوان - تبلیغگر کتاب، علم، معرفت و اندیشه سالم.
Show more1 636
Subscribers
+124 hours
+17 days
No data30 days
Posts Archive
1 636
📌 ПАНТУРКИЗМ ВА ХАТАРИ ОН
Пантуркизм як идеологияи харобкор аст, ки на танҳо ҷуғрофия, балки рӯҳ ва ҳуввияти миллии тоҷиконро нишон гирифта аст.
Ҳадафи асосии он бешахсият ва бетаърих кардани миллати мо буд, то тоҷик асл ва забони худро фаромӯш кунад ва дар тӯфони қавмҳои дигар маҳв шавад.
Аммо бузургтарин устувории тоҷикон дар ҳифзи забони форсии тоҷикӣ буд, ки ба мисли сипари пулодӣ миллатро аз маҳв шудан наҷот дод.
✏️ Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ
📚Манбаъ китоби “Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон”
1 636
Ҳалолхӯрӣ, адолатхоҳӣ ва эҳтироми Амир Исмоил ба мардумаш Сомониёнро қудратманд кард
Андешаи профессор Сайфуллоҳ Муллоҷон
1 636
Баррасии филму филмофарӣ, таъсири ҳушвора (ҳуши маснуӣ) ба синамо ва пайвандии китобу филм дар суҳбат бо Некрӯз Ҷалилиён, коргардони ҷавони тоҷик
https://www.youtube.com/watch?v=Qb1UhdGjajc
1 636
📌 Ӯ ЧУНИН АНДЕША ДОШТ
Озодии андеша ва баён барои ҷомеа мисли ҳаво зарур аст. Мо набояд аз фикри дигаре, ки ба назари мо мувофиқ нест, битарсем ва ё онро саркӯб кунем. Танҳо дар баҳси озод ва муколамаи солим ҳақиқат ва роҳи дурусти рушди миллат пайдо мешавад. Сиёсат ҷои ҷанҷолу хусумат нест, ҷои фарҳанг ва хирад аст.
ПРОФЕССОР ТОҲИРИ АБДУҶАББОР
Манбаъ: Суханрониҳо дар Порлумон (Шӯрои Олии Тоҷикистон, соли 1990)
1 636
📌 ҲАДИС
"Талаби илм барои ҳар фарди мусалмон фарз аст".📚 "Сунани Ибни Моҷа" ва "Муснади Шаҳоб"
1 636
Оғози сабти барномаи нави “Китобхон” бо Некрӯз Ҷалилиён, коргардони ҷавони тоҷик
Мавзуъҳои филму филмофарӣ, таъсири ҳуши маснуӣ ба синамо ва пайвандии китобу синамо аз ҷумлаи мавзуъҳое ҳастанд, ки қарор аст дар ин барнома баррасӣ шаванд.
1 636
⚡️Бахтиёр Раҳимов, аз мардумитарин ҳаҷвнигорони кишвар ва марде, ки умре лабханди бериё ба лаби одамон овард, бидуни ҳеҷ унвони расмӣ аз миёни мо рафт.
Ин собит мекунад, ки мақоми воқеиро мардум медиҳад, на унвонҳои расмӣ.
Мо аз Худоем ва бозгаштамон ба сӯйи Ӯст.
1 636
📌 “Бихон ба номи Парвардигорат, ки офаридгор (-и тамоми мавҷудот) аст. Парвардигоре, ки инсонро аз алақ (хуни баста) офарид. Он ки таълим дод (ба инсон) ба воситаи қалам. Омӯхт бар инсон он чизеро, ки ӯ намедонист”.
📖 Қуръони Карим, сураи “Алақ”, ояҳои 1-5.
📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram 📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед
1 636
📌ЯК ДАРСИ МАРДӢ
«Оё ҳамин холо аз марг метарсам? Ба яқин на ба Худованд на!
Ба шаҳодати худ воқеъан хурсандам. Ва имони комил дорам, ки Худованд ба ваъдаи худ вафо мекунад ва аз гуноҳони каму зиёдам ҳам хоҳад гузашт. Ва ҳаёти ҷовидону роҳати ҷовидониро насибам хоҳад намуд.
Фақат камтар ташвиш дорам, ки баъди марги ман бародарони ҳамсангарам чӣ тавр хоҳанд кард? Ин ташвиш ҳам бароям чандон ранҷовар нест. Чӣ мардум Худойе доранд ва ӯ боқудрат аст ва аз ҳама карда дилсӯзтар. Агар як даре баста гардад, сад дари дигаре боз кунад.
Воқеъан аз зинда дастгир шудан метарсам.
Ин ки каммунистҳо маро бигиранд. Тавҳин ва таҳқир кунанд, азобам бидиҳанд ва ман зери фишори онҳо муқовимат карда натавонам ва бародаронеро, ки дар байни душман фаъолият доранд, ифшо кунам.
Худовандо хайр ба дасти туст. Сад бор Шаҳодатро қабул дорам, магар асир шуданро на!
Худоё манро асири дасти душман насозӣ. Ту холиқӣ. Ба ту ниёз мекунам, ки маро асири дасти душман насози»
19.05.1984. дарраи Хейлоб. (Пойгоҳи мо дар шимоли Афғонистон), ки ҳоло номи ӯро гузаргоҳи”Нур”гузоштанд.
АҲМАДШОҲ МАСЪУД
📚АЗ КИТОБИ: “МАСЪУД ВА ОЗОДӢ“
✍️Муаллиф: РЕГИСТОНӢ
1 636
1 636
📌 Дар бораи забони илм будани форсӣ дар ҳазор соли охир
Танҳо, пас аз инқилоб, ки мо аз асли худ канда шудему пайванди наслҳо аз байн рафт ва насли нави олимону донишмандони тоҷик дар муассисаҳои таълимии забонашон русӣ тибқи барномаи таълимии Шӯравӣ дарс гирифтанд, на танҳо забони илмии гузаштагонамонро аз даст додем, балки дониши бештар аз ҳазор соли ҷамънамудаи онҳо фаромӯш шуд.
Бештар дар матлаби зерин хонед:
1 636
📌 РУШАНФИКРӢ
Рӯшанфикри ҳақиқӣ касест, ки виҷдони бедори миллат аст. Ӯ набояд мутеи сояҳо ва тарсҳо бошад. Вазифаи рӯшанфикр гуфтани ҳақиқат аст, ҳатто агар ин ҳақиқат барояш гарон афтад. Зиёие, ки ба хотири манфиати шахсӣ хомӯширо ихтиёр мекунад, хиёнат ба ояндаи миллат мекунад.
✏️: МУҲАММАДҶОН ШАКУРИИ БУХОРОӢ
📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram 📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед
1 636
📚 Китоби нави Хуршед Атовулло, рӯзноманигори тоҷик бо номи “Блогер” ба чоп расид.
Дар ин асар дӯстдорони асарҳои корогоҳӣ (детективӣ) бо қаҳрамонҳои номошнои муаллиф дар китобҳои “Марги журналист” ва “Хунро бо хун мешӯянд” рӯ ба рӯ мешаванд.
Ин китоб бо таҳрири профессор Иброҳим Усмонов, рӯзноманигори тоҷик таҳия шудааст.
“Блогер” дар нашриёти “Ирфон” ба табъ расида, аз 318 саҳифа иборат аст.
1 636
+2
📌БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ!
بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریم!
ДАРСИ ПАНҶУМ
Омӯзиши хатти порсӣ
درس پنجم
آموزش خط پارسی
Ҳарфҳои
' ط то ظ зо
ع ъайн غ ғайн
Ин чор ҳарфи алифбои форсӣ аз ҳар ду тараф метавонанд часпон навишта шаванд. Аммо ҳарфҳои ع ва غ се шакли навишт (дар аввал, байн ва дар охир (алоҳидагӣ)) доранду ط ва ظ як шакли навишторӣ:
Дар ҳолати ҷудо ва дар охири вожа:
ط ва ـط то ظ ва ـظ зо
ع ва ـع ъайн غ ва ـغ ғайн
Дар аввал ва мобайн:
طـ ва ـطـ то ظـ ва ـظـ зо
عـ ва ـعـ ъайн غـ ва ـغـ ғайн
Дар ин ҷо тазаккуре бояд диҳем, ин хатчаро " ـ " , ки дар қисмати пеш ва ё паси ин ҳарфҳо мебинед, дар асл ҷузви ҳарфҳои қаблӣ ва ё баъдие ҳастанд, ки бо ин чаҳор ҳарф аз як сӯ ва ё ҳарду пайваст мешаванд:
` ط ـ ← طـ ё ـ ط ـ ← ـطـ
` ظ ـ ← ظـ ё ـ ظ ـ ← ـظـ
Тамоми вожаҳое, ки решаи форсӣ доранд ва дар онҳо овози ҳамсадо (сомит)-и Т мавҷуд аст, танҳо ва фақат бо ҳарфи Те ت навишта мешавд, ҷуз чанд истиснои маҳдуд, ба монанди вожаи Теҳрон, ки дар гузашта ба шакли طهران навишта мешуд, вале ҳоло бо Те ت تهران навишта мешавад.
Ҳарфи то ط , зо ظ ва ъайн ع дар вомвожаҳое навишта мешаванд, ки решаи арабӣ доранд.
Дар забони форсӣ бархилофи забони арабӣ фарқе дар талаффузи ҳарфҳои Те ت ، То ط нест. Форсизабонон ин ду ҳарфро ҳамчун овои Т дар ҳарфи Те ت талаффуз мекунанд.
Дар забони форсӣ ҳарфҳои Зе ز , Зол ذ , Зод ض ва Зо ظ бар хилофи забони арабӣ ҳамаашон яксон ва чун ҳарфи Зе ز талаффуз мешаванд.
Дар гуфтори аксарияти форсизабонон овози ҳарфи ъайн, яъне Ъ пурра талаффуз намешавад.
Ҳарфи Ғайн غ ҳам дар вожаҳои решаашон форсӣ ва ҳам дар вожаҳои арабӣ навишта мешавад.
Мисолҳо бо ҳарфи То ط:
طاس тос طَب таб طِب тибб طبابت табобат طبار табор طراز тароз طبخ табх طباخ таббох طرح тарҳ طراح тарроҳ طرار таррор طرب тараб طرد тард رابِط робит سرطان саратон خطا хато خاطِر хотир خطر хатар خط хат شرط шарт
Мисолҳо бо ҳарфи Зо ظ:
ظاهِر зоҳир ظُهر зуҳр ظَرف зарф ظرافت зарофат ناظِر нозир نظر назар اِنتظار интизор تَظاهُرات тазоҳурот
(Дар ин мисолҳо аз ҳарфҳои Нун ن , Фе ف ва Ҳе-ҳавваз ه кор бурдем, ки дар дарсҳои баъдӣ бо онҳо ошно мешавем)
Мисолҳо бо ҳарфи Ъайн ع:
عطا ато عطر атр عصا асо عباس аббос دعا дуо بعد баъд رعد раъд عزت иззат عرب араб اَعراب аъроб اِعراب эъроб شعر шеър شاعر шоир ربع рубъ اِختِراع ихтироъ طاعت тоат عِبادت ибодат عابِد обид عاج оҷ عار ор عاجِز оҷиз عادت одат عارَض ораз طبع табъ طرز тарз طشت ташт عدد адад عجب аҷаб اعداد аъдод عتاب итоб عطار аттор عباد ибод عبارت иборат عبث абас عبرت ибрат عشرت ишрат اعصاب аъсоб اعصار аъсор عزادار азодор عرض арз عذاب азоб عذر узр عصر аср عطارد аторид عطش аташ
Мисолҳо бо ҳарфи Ғайн غ:
غژ ғаж آغاز оғоз غرب ғарб باغ боғ غبار ғубор جغد ҷуғд چغذ чуғз بغداد бағдод زاغ зоғ چراغ чароғ داغ доғ غبغب ғабғаб غذا ғизо غدار ғаддор غرش ғурриш غضب ғазаб غصب ғасб غاصب ғосиб غش ғаш ارغشت арғушт غار ғор غارت ғорат غربت ғурбат طابع тобеъ غرض ғараз
Маънои бархе аз вожаҳо:
طراد навъи куштӣ
طرار айёр кисабур
طرد рондан дур кардан
غرش харош чангол
غژ хазидан, гавак кашида
роҳ рафтан
عطشАташ-ташнагӣ
عصر аср , охири рӯз
✏️: Ҷамшед Орифиён
📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram 📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед
1 636
Ба май саҷҷода рангин кун, гарат пири муғон гӯяд,
Ки солик бехабар набвад зи роҳу расми манзилҳо.
✍️: ҲОФИЗ
1 636
📌 НАВОРҲОИ "КИТОБХОН" НА ТАНҲО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА СОМОНАҲОИ ФОРСИЗАБОН НАШРУ ПАҲН МЕШАВАНД, ШАБАКАҲОИ МАЪРУФИ РУСЗАБОНИ МИНТАҚА НИЗ БА МУҲТАВОИ "КИТОБХОН" ТАВАҶҶУҲ МЕКУНАНД.
1 636
📌 ҲИКОЯТ
Бӯалии Даққоқ рӯзе ба наздики Абӯалӣ Илёс, ки сипаҳсолор ва волии Хуросон буд, омад. Ин Абӯалӣ бо ҳама ҷалолат шахси фозил будӣ. Бӯалии Даққоқ дар пеши ӯ бинишаст ба ду зону.
Бӯали Илёс гуфт:
– Маро панде бидеҳ.
Гуфт:
– Ё амир, як масъала мепурсам аз ту, бенифоқ ҷавобам диҳӣ?
Гуфт:
– Диҳам!
Гуфт:
– Маро бигӯй, ки ту зар дӯст дорӣ ё хасм?
Гуфт:
– Зар.
Гуфт:
– Пас чӣ гуна аст, ки он чӣ дӯсттар дорӣ, ин ҷо раҳо мекунӣ ва он чӣ дӯст надорӣ, бо хеш бад-он ҷаҳон мебарӣ?
Бӯалӣ Илёсро об дар чашм бигашту гуфт:
– Некӯ панде додӣ маро, ҷумлаи фоида андар ин бувад ва маро аз хоби ғафлат бедор кардӣ.
📚Аз “Сиёсатнома”-и Низомулмулк
📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram 📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед
