Китобхон - کتابخوان
Відкрити в Telegram
🇹🇯 Китобхон - таблиғгари китоб, илм, маърифат ва андешаи солим. 🇮🇷🇦🇫 کتابخوان - تبلیغگر کتاب، علم، معرفت و اندیشه سالم.
Показати більше1 623
Підписники
-124 години
+37 днів
-930 день
Архів дописів
1 623
ЧАШМОНИ НИГАРОН
Яке аз мулуки Хуросон Маҳмуди Сабуктегинро ба хоб чунон дид, ки ҷумла вуҷуди ӯ рехта буд ва хок шуда, магар чашмони ӯ, ки ҳамчунон дар чашмхона ҳамегардид ва назар ҳамекард. Соири ҳукамо аз таъвили ин фурӯ монданд, магар дарвеше, ки хидмат ба ҷой овард ва гуфт:
– Ҳанӯз нигарон аст, ки мулкаш бо дигарон аст.
Бас номвар ба зери замин дафн кардаанд, К-аз ҳастияш ба рӯйи замин бар нишон намонд. В-он пирлошаро, ки супурданд зери хок, Хокаш чунон бихӯрд, к-аз ӯ устухон намонд. Зинд(а)аст номи фаррухи Нӯшинравон ба хайр, Гарчи басе гузашт, ки Нӯшинравон намонд. Хайре кун, эй фалону ғанимат шумор умр З-он пештар, ки бонг барояд: Фалон намонд!✏️ Аз “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ
1 623
ФИРЕБИ ЗАМОН
Бузургтарин иштибоҳи инсон ин аст, ки фикр мекунад вақт дорад.
Замон бераҳмтарин дороии туст, ки дар ҳоли сӯхтан аст.
Бедорӣ дард дорад, аммо дар хоб мондан фоҷиа ба бор меоварад.
Мо ин ҷо ҷамъ шудаем, то қабл аз ин ки тозиёнаи рӯзгор бедорамон кунад, худамон чашмҳоямонро боз кунем.
Ҳазор нафар ё як нафар, ҳақиқат тағйир намекунад. Аммо хуш ба ҳоли касе, ки қабл аз ғуруби хуршед роҳашро пайдо кард.
Фёдор Достоевский
بزرگترین اشتباه انسان این است که فکر میکند وقت
دارد.
زمان بیرحمترین دارایی توست که در حال سوختن
است.
بیداری درد دارد، اما در خواب ماندن فاجعه به بار میآورد.
ما اینجا جمع شدهایم، تا قبل از این که تازیانهٔ روزگار
بیدارمان کند، خودمان چشمهایمان را باز کنیم.
هزار نفر یا یک نفر، حقیقت تغییر نمیکند. اما خوش به حال کسی که قبل از غروب خورشید راهش را پیدا کرد.
فیودور داستایوسکی
1 623
Гунаи электронии китоби "Нони шарикӣ"-и Мирзонасриддин Саидзода бори аввал дар сомонаи kitobkhon.net нашр шуд.
Метавонед аз линки зер китобро дар формати pdf ва epub боргирӣ кунед.
https://kitobkhon.net/book/noni-shariki
1 623
ЯК ДАРС
Таъриху фарҳанг барои миллат мисли хотира барои инсон аст. Инсони бехотира намедонад кист, аз куҷо омадааст ва ба куҷо меравад. Миллати бетаърих ва бефарҳанг низ маҳкум ба гумроҳӣ ва маҳв шудан аст. Худшиносии миллӣ танҳо бо ифтихори хушку холӣ аз гузаштагон ба даст намеояд, балки он масъулияти имрӯзу фардои ватанро ба дӯш гирифтан аст.📝: Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ 📚: Аз китоби “Хуросон аст инҷо” 📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram 📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед
1 623
+2
📚 Сомонаи KITOBKHON.NET комилан нав шуд!
Дӯстони азиз! Китобхонаи электронии "Китобхон" аз сифр аз нав сохта шуд ва акнун бо намуди тоза ва имкониятҳои фаровон фаъолиятро давом медиҳад.
❓ Чӣ навгониҳо шуд?
✨ Тарҳи муосир - сомонаро зебо, сабук ва пурра ба телефонҳои мобилӣ мувофиқ кардем;
🔍 Ҷустуҷӯи ҳушманд — номи китобро чӣ гунае ки нависед, сомона онро меёбад: бо ҳарфҳои лотинӣ («Shohnoma»), бе ҳарфҳои махсуси тоҷикӣ («Точикистон» ба ҷои «Тоҷикистон») ва ҳатто бо хатои имлоӣ;
🗂 Полоишҳои васеъ — китобҳоро аз рӯйи муаллиф, бахш, барчасп, забон, нашриёт ва соли чоп ҷудо карда метавонед. Чанд полоишро ҳам якҷоя мешавад истифода бурд.
↕️ Мураттабсозӣ — натиҷаҳои ҷустуҷӯро аз рӯйи нав будан, ном, соли нашр ё аз рӯйи китобҳои бештар боргиришуда тартиб диҳед.
👤 Саҳифаи муаллифон — ҳар муаллиф акнун саҳифаи худро дорад: сурат, тарҷумаи ҳол ва ҳамаи китобҳояш дар як ҷо; дар феҳристи муаллифон ҷустуҷӯ низ ҳаст
📖 Саҳифаи китоб — дар зери ҳар китоб акнун бахшҳои «Асарҳои дигари муаллиф» ва «Дигар китобҳо» ҳастанд — китобҳои ба шумо ҷолиб дар ин бахшҳо хоҳанд буд.
🤖 Боти "Telegram" — t.me/kitobkhon_net_bot: номи китоб ё муаллифро нависед ва файли PDF-ро бевосита дар "Telegram гиред", ба сомона даромадан ҳам лозим нест!
⚡️ Суръати баланд — саҳифаҳо тезтар кушода мешаванд.
📊 Ҳоло дар китобхона 868 китоб аз 624 муаллиф ҷамъ шудааст ва ин рақам афзоиш хоҳад ёфт. Чун қисми мудирияти сомона (админ панел) ҳам бо сифати беҳтар сохта ва илова кардани китобҳо барои мудирон осонтар шуд.
🖇 Мисли пештара ҳамаи китобҳо ройгон боргирӣ мешаванд, ҳамаи пайвандҳои пешина низ кор мекунанд.
Моро дастгирӣ ва сомонаро ба дӯстонатон мубодила кунед! 🙏
👉 https://kitobkhon.net
1 623
📌НА ДОМ АСТ, НА ЗАНҶИР, ҲАМА БАСТА ЧАРОЕМ!
Ин ғазали маъруфи Мавлоно, ки дар филми ҳунарии "ДОВ" қисман иҷро шуда буд, акнун дар шакли комил пешниҳод мешавад.
1 623
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики худованд бадӣ нест фаромушт.
Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,
Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт.
Исо ба раҳе дид, яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигирфт ба дандон сари ангушт,
Гуфто, ки «киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?
То боз кӣ ӯро бикушад, он ки туро кушт?»
Ангушт накун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То касс нукунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.
چون تیغ به دست آری مردم نتوان کشت
نزدیک خداوند بدی نیست فرامشت
این تیغ نه از بهر ستمگاران کردند
انگور نه از بهر نبید است به چرخشت
عیسی به رهی دید یکی کشته فتاده
حیران شد و بگرفت به دندان سر انگشت
گفتا که «کرا کشتی تا کشته شدی زار؟
تا باز که او را بکشد آنکه تو را کشت!»
انگشت مکن رنجه به در کوفتن کس
تا کس نکند رنجه به در کوفتنت مشت
Абуабдуллоҳ РӮДАКӢ
1 623
📌 Ҳаёти муъмин бояд рангоранг бошад. Яксониву якрангии хастакун дар маромаш набошад.
Дар ҳадисе ҳазрати Расул (с) муъминонро тавсия кардааст, ки дар як ҳолат зиёд набошанд ва худро ҳолгардон кунанд, то малулу ҳолзада нашаванд. Яъне, агар каме тоату ибодат карданд, ками дигар тафреҳ кунанд.
Саъдии Шерозӣ ин ҳадисро ба риштаи назм кашида, тавсия медиҳад, ки агар каме дарс хондеду баҳси Қуръон кардед, ками дигар ба шеъру шатранҷу ҳикоя машғул шавед. Ба бовари Саъдӣ, дарси Қуръон муъминро ба сӯйи камол мебарад ва шеъру шатранҷ хастагиро дур мекунад. Намудҳои истироҳате, ки Саъдӣ пешниҳод мекунад, тафреҳҳои зеҳнӣ мебошанд. Зоҳиран ин насиҳатгари бузург истироҳатҳои худашро милок қарор дода, бештар ба толибилмону донишмандон тавсияи шеъру шатранҷбозӣ кардааст.
Шояд ҳазрати Саъдӣ зиёд аҳли варзишҳои баданӣ набудааст. Ӯ шатранҷро хуб медонистаст ва дар ашъораш аз истилоҳҳо ва ҳаракати донаҳои он ёд кардааст. Шайхи Шероз бар аҳамияти ҳолгардонӣ барои одамон таъкид карда, мегӯяд, танҳо Худост, ки аз ҳоле ба ҳоле намегардад:
Замоне, дарси илму баҳси Танзил,
Ки бошад нафси инсонро камоле.
Замоне, шеъру шатранҷу ҳикоят,
Ки хотирро бувад дафъи малоле.
Худой аст он ки зоти бе назираш,
Нагардад ҳаргиз аз ҳоле ба ҳоле.
📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram 📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед
1 623
Аз Ашт то Қошғар: рӯзгори сарлашкари тоҷик Эшонхон ибни Муҳаммадризо.
Таърихи миллати тоҷик пур аз шахсиятҳое мебошад, ки бо шуҷоат, хирад, илму маърифат ва хизматҳои арзандаи худ дар сарнавишти мардумони Осиёи Марказӣ нақши муҳим гузоштаанд. Бо вуҷуди ин, номи бархе аз ин фарзандони фарзона бо гузашти замон камтар мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Яке аз чунин чеҳраҳои таърихӣ Эшонхон ибни Муҳаммадризо мебошад сарлашкар, сайёҳ, дипломати тоҷик ва ҳамсафари содиқи Ёқуббеки Бодавлат, ки дар рӯйдодҳои муҳими сиёсию низомии нимаи дуюми асри XIX нақши назаррас доштааст.
Эшонхон ибни Муҳаммадризо дар нимаи аввали асри XIX дар Ашт ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас барои идомаи таҳсил ба мадрасаҳои машҳури Бухоро ва Хӯқанд рафта, улуми динӣ, адабӣ ва фанҳои замонашро фаро гирифтааст. Илму дониши амиқ, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати ӯ сабаб гардид, ки ба муҳити ҳарбии Хонигарии Хӯқанд ворид шуда, дар хизмати давлатӣ ва низомӣ фаъолият намояд.
Дар солҳои баъдӣ Эшонхон дар ҷангҳои футуҳотии хонигарии Хӯқанд, дар низоъҳои байни аморати Бухоро ва хонигарии Хӯқанд ва ҳамчунин дар муҳорибаҳои байни Русияи подшоҳӣ ва Хӯқанд иштирок намуда, ҳамчун фармондеҳи далер ва кордон шуҳрат пайдо кард.
Моҳи октябри соли 1864 ӯ ҳамроҳи Ёқуббеки Бодавлат ба Қошғар сафар намуд. Дар он айём мардуми Туркистони Шарқӣ бар зидди ҳукмронии сулолаи Тсин мубориза мебурданд. Эшонхон дар ин ҷангҳо фаъолона ширкат варзида, дар ташкили нерӯҳои ҳарбӣ ва пирӯзиҳои аввалин саҳми арзанда гузошт.
Бо таъсиси Давлати Ҳафтшаҳр, Эшонхон ба яке аз сарлашкарони боэътимоди Ёқуббеки Бодавлат табдил ёфт. Соли 1870 ӯ дар амалиёти муҳими забти Урумчӣ иштирок намуда, роҳбарии бахше аз лашкарро бар уҳда дошт. Ин пирӯзӣ мавқеи Давлати Ҳафтшаҳрро дар минтақа таҳким бахшид.
Соли 1875 бо супориши Ёқуббеки Бодавлат Эшонхон ҳамчун сафири давлатӣ ба Пекин фиристода шуд. Ин сафорат яке аз муҳимтарин рисолатҳои дипломатии давлати Ҳафтшаҳр ба ҳисоб мерафт. Интихоби ӯ ба чунин вазифаи пурмасъулият далели эътимоди баланди Ёқуббек ба дониш, таҷриба ва маҳорати дипломатии Эшонхон буд.
Ёқуббеки Бодавлат аз чеҳраҳои маъруфи таърихи Туркистони Шарқӣ маҳсуб мешавад. Ӯ солҳои 1865-1877 шаҳрҳои Қошғар, Ёрканд, Хотан, Ақсу, Кӯча ва дигар минтақаҳоро муттаҳид намуда, Давлати Ҳафтшаҳр-ро бунёд гузошт. Ин давлат бо империяи Усмонӣ, Британияи Кабир ва Русия робитаҳои сиёсӣ барқарор намуда буд. Аммо солҳои 1877-1878 нерӯҳои сулолаи Тсин Туркистони Шарқиро дубора ишғол карда, ба мавҷудияти Давлати Ҳафтшаҳр хотима бахшиданд.
Пас аз суқути Давлати Ҳафтшаҳр соли 1878 Эшонхон ба зодгоҳи худ Ашт баргашт. Ӯ ба ҳайси қозии волости Ашт фаъолият намуда, то охири умри худ бо адолат ва дониш ба мардум хизмат кард.
Эшонхон ибни Муҳаммадризо соли 1924 дар Ашт аз олам даргузашт. Аз ӯ китобхонаи нодир ва гаронбаҳои илмӣ боқӣ мондааст, ки то имрӯз дар дасти пайвандонаш нигоҳдорӣ мешавад. Ин китобхона мероси пурқимати илмиву фарҳангӣ буда, метавонад барои омӯзиши таърихи Ашт, Хӯқанд ва Туркистони Шарқӣ сарчашмаи муҳим гардад.
Рӯзгори Эшонхон ибни Муҳаммадризо аз Ашт то Қошғар роҳи пуршарафи як фарзанди тоҷикро таҷассум мекунад, ки бо шамшер аз адолат ҳимоят намуд, бо хирад дар арсаи дипломатия хизмат кард ва бо китобу дониш мероси гаронбаҳо аз худ боқӣ гузошт.
Ӯ аз ҷумлаи шахсиятҳои камшинохтаи таърихи тоҷикон аст, ки хизматҳояш дар таҳкими давлатдорӣ, ҳарб ва дипломатияи минтақа сазовори омӯзиши амиқ ва арҷгузории бештар мебошад.
Зиндагиномаи ӯ на танҳо бахше аз таърихи Ашт, балки саҳифаи муҳими таърихи тоҷикон ва тамоми Осиёи Марказӣ аст.
Бахтовар Темирзода,
муаррихи ҷавон
1 623
Ҳалолхӯрӣ, адолатхоҳӣ ва эҳтироми Амир Исмоил ба мардумаш Сомониёнро қудратманд кард
Андешаи профессор Сайфуллоҳ Муллоҷон
1 623
📌 ПАНТУРКИЗМ ВА ХАТАРИ ОН
Пантуркизм як идеологияи харобкор аст, ки на танҳо ҷуғрофия, балки рӯҳ ва ҳуввияти миллии тоҷиконро нишон гирифта аст.
Ҳадафи асосии он бешахсият ва бетаърих кардани миллати мо буд, то тоҷик асл ва забони худро фаромӯш кунад ва дар тӯфони қавмҳои дигар маҳв шавад.
Аммо бузургтарин устувории тоҷикон дар ҳифзи забони форсии тоҷикӣ буд, ки ба мисли сипари пулодӣ миллатро аз маҳв шудан наҷот дод.
✏️ Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ
📚Манбаъ китоби “Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон”
1 623
Ҳалолхӯрӣ, адолатхоҳӣ ва эҳтироми Амир Исмоил ба мардумаш Сомониёнро қудратманд кард
Андешаи профессор Сайфуллоҳ Муллоҷон
1 623
Баррасии филму филмофарӣ, таъсири ҳушвора (ҳуши маснуӣ) ба синамо ва пайвандии китобу филм дар суҳбат бо Некрӯз Ҷалилиён, коргардони ҷавони тоҷик
https://www.youtube.com/watch?v=Qb1UhdGjajc
1 623
📌 Ӯ ЧУНИН АНДЕША ДОШТ
Озодии андеша ва баён барои ҷомеа мисли ҳаво зарур аст. Мо набояд аз фикри дигаре, ки ба назари мо мувофиқ нест, битарсем ва ё онро саркӯб кунем. Танҳо дар баҳси озод ва муколамаи солим ҳақиқат ва роҳи дурусти рушди миллат пайдо мешавад. Сиёсат ҷои ҷанҷолу хусумат нест, ҷои фарҳанг ва хирад аст.
ПРОФЕССОР ТОҲИРИ АБДУҶАББОР
Манбаъ: Суханрониҳо дар Порлумон (Шӯрои Олии Тоҷикистон, соли 1990)
1 623
📌 ҲАДИС
"Талаби илм барои ҳар фарди мусалмон фарз аст".📚 "Сунани Ибни Моҷа" ва "Муснади Шаҳоб"
1 623
Оғози сабти барномаи нави “Китобхон” бо Некрӯз Ҷалилиён, коргардони ҷавони тоҷик
Мавзуъҳои филму филмофарӣ, таъсири ҳуши маснуӣ ба синамо ва пайвандии китобу синамо аз ҷумлаи мавзуъҳое ҳастанд, ки қарор аст дар ин барнома баррасӣ шаванд.
