cookie

We use cookies to improve your browsing experience. By clicking «Accept all», you agree to the use of cookies.

avatar

dushanbepolice

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Show more
Advertising posts
12 366
Subscribers
+8424 hours
+1717 days
-1830 days

Data loading in progress...

Subscriber growth rate

Data loading in progress...

Photo unavailableShow in Telegram
👏 33👍 15
Монеагӣ ба якдигар, сабабгори содиршавии ҷинояти авбошӣ Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ду нафар ронанда дастгир карда шуд.  Зимни санҷиш муайян гардид, ки санаи 21-июни соли ҷорӣ, тахминан соати 14:00, ронандаи «Опел-Зефира», рақами қайди давлатиаш 7481СТ01, шаҳрванд  Ахмедов Рустам Туйчиевич, санаи таваллудаш 04.01.1995, ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи С.Айнӣ бо шаҳрванд Ҳамроев Алишер Содиқович, санаи таваллудаш 3.04.1988, ронандаи автомашинаи «BYD», рақами қайди давлатиаш 7266TT09, аз сабаби барои аз роҳ гузаштан ба ҳамдигар роҳ надодан, номбурдагон бо якдигар муноқиша кардаанд. Чуноне аз навори дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашргардида дида мешавад, дастгиршуда Ахмедов Рустам бо лагат Ҳамроев Алишерро лату кӯб мекунад, ки дар натиҷа ӯ ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.  Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Show all...
👏 19👍 8🤔 1
Photo unavailableShow in Telegram
Пахши роҳрӯб аз ҷониби ронандаи «Старекс» Санаи 22-юми июни соли ҷорӣ, тахминан соати 23:30 дақиқа дар кӯчаи Р.Набиеви ноҳияи Сино садамаи нақлиётӣ рух дод. Ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи "Хундай Старекс", рақамҳои қайди давлатиаш 1253CN01, Сафаров Фарҳод Ашуралиевич, санаи таваллудаш 17.05.1993, сокини шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдуллоева Қурбонгул Акрамовна, санаи таваллудаш 15.07.1985, сокини шаҳри Душанбе, ки ҳамчун роҳрӯб дар Муасиссаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино фаъолият мекард, пахш намудааст. Мутаассифона дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ пиёдагард Абдуллоева Қ., бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда - Сафаров Фарҳод, тибқи талаботи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Show all...
😢 32👍 14🥰 1👌 1
Дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон: огоҳӣ барои паҳнсозии аксу наворҳои нимурёну ғайриахлоқӣ Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт, дар асоси муроҷиатҳои зиёди шаҳрвандон, барои нашру паҳнсозии аксу наворҳои нимурёну ғайриахлоқӣ, шаҳрванд Ҷӯраева Мукаррамахон Беҳзодовна, санаи таваллудаш 15.07.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас намуданд. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда низ муддатест дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм саҳифаи худро таъсис дода, мунтазам расм ва наворҳои нимурён ва берун аз одобу ахлоқ, ки ба шаъну шарафи зан-модари тоҷик иснод меоварад, паҳн кардааст. Чунин кирдорҳои номбурда боиси эроду вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардида, аз мақомоти милитсия дархост намуданд, ки ба амалҳои ӯ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Зимни сӯҳбат ва баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ Ҷӯраева Мукаррамахон аз амалҳои содирнамудаи худ сидқан изҳори пушаймонӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати минбаъд ба чунин кирдор даст назадан, қатъиян огоҳонида шуд. Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандонро огоҳ месозад, ки зимни истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ аз доираи одобу ахлоқ ва талаботи қонунҳои амалкунанда берун нараванд, зеро ҳар амалу рафтори ношоиста дар баробари ҷавобгарӣ дар назди қонун, ҳамзамон ба ахлоқ ва тафаккуру андешаи наврасон бетаъсир намемонад.! Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Show all...
👍 93👏 14😁 13 6😢 1
👍 35😁 15 3
Риояи одобу ахлоқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳатмист! Шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба таври маҷозӣ ҳамчун макони ҷамъиятӣ шинохта мешаванд, доираи талабот ва одобу ахлоқи худро дошта, ҳар як нафар истифодабарандаи онро мебояд чунин талаботро ба таври ҳатмӣ риоя намояд. Дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаҳрванд Муҳаммадиева Ҳусноро Шуҳратовна, санаи таваллудаш 06.08.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм саҳифаи шахсии худро таъсис дода, бо мақсади зиёд намудани шумораи обуначиёни худ мунтазам расм ва наворҳои нимурёну гайриахлоқии худро нашр намудааст. Воқеан чунин амали ношоиста, ки берун аз одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва дур аз оини миллист, ба зеҳну ахлоқи наврасон таъсири манфии худро мерасонад. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Муҳаммадиева Ҳусноро маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба Суд ирсол карда шуд. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Show all...
👍 93👏 16 10😁 10🔥 2🤔 1🤯 1
Photo unavailableShow in Telegram
👍 15😁 13 3🤔 2👏 1
Photo unavailableShow in Telegram
00:57
Video unavailableShow in Telegram
Эҳтиёт бошед!!! Аз оббозӣ дар маконҳои хатарнок ва обҳои ифлосу пур аз хошок худдорӣ намоед!!!
Show all...
23.54 MB
👍 15 2
Ошкорсозии ду ҳолати пурра сиёҳ намудани оинаи пеши воситаи нақлиёт Яклухт бо плёнкаи сиёҳ рӯйпуш намудани оинаи пеши воситаи нақлиёт, хилофи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба шумор рафта, нисбати чунин ронандагони қонуншикан ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шабонарӯзи гузашта ду ҳолати чунин қоидавайронкунӣ ошкор карда шуд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи "GMC", рақамҳои қайди давлатиаш 1111NN01, Қурбонзода Муҳаммадрасул Саъдуллоевич ва ронандаи автомошина тамғаи "Хундай Элантра", Ҷалолов Мусо ки бо рақамҳои қайди давлатии бегона 003DO01 воситаи нақлиётро идора мекард, аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуданд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки ҳар ду ронанда оинаи пеши воситаи нақлиёташонро пурра сиёҳ намудаанд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Қурбонзода Муҳаммадрасул ва Ҷалолов Мусо тибқи талаботи қисми дуюми моддаи 330 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаҳои нақлиёт дар ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шудаанд. Қобили зикр аст, ки тибқи талаботи моддаи мазкур нисбати ҳар кадоме аз номбурдагон ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 9-ҳазор сомонӣ таъин карда мешаванд. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Show all...
👍 31 8👌 2
Choose a Different Plan

Your current plan allows analytics for only 5 channels. To get more, please choose a different plan.