cookie

We use cookies to improve your browsing experience. By clicking «Accept all», you agree to the use of cookies.

avatar

dushanbepolice

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Show more
Advertising posts
12 204
Subscribers
+1924 hours
+347 days
-17930 days
Posting time distributions

Data loading in progress...

Find out who reads your channel

This graph will show you who besides your subscribers reads your channel and learn about other sources of traffic.
Views Sources
Publication analysis
PostsViews
Shares
Views dynamics
01
Вокуниш: гумонбарони ҷинояти авбошӣ дар ҳабси пешакӣ қарор доранд Як нафар сокини шаҳри Душанбе тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат намуд, ки гӯё ҷинояти авбошии гурӯҳии ноболиғон, ки дар натиҷаи он як нафар ба ҳалокат расидааст, дар сатҳи зарурӣ мавриди тафтиш қарор дода нашудааст. Муроҷиати мазкур бе восита аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дода шуд. Вобаста ба ин расман ба иттилои шаҳрвандон расонида мешавад, ки ҳодисаи мазкур ҳамчун ҷиноят ба қайд гирифта шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Қобили зикр аст, ки санаи 9-уми майи соли ҷорӣ, тахминан соати 20:40 дақиқа, дар кӯчаи Беҳзоди ноҳияи Шоҳмансур, аз сабаби нофаҳмиҳои қаблан вуҷуддошта ду гурӯҳ ноболиғон, дар ҷойи ҷамъиятӣ бо истифода аз олоти халандаю бурранда ҳамдигарро мавриди латукӯб қарор додаанд. Дар натиҷаи ин муноқиша ва бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ, ноболиғ Хушбахтов Р. дар беморхона ба ҳалокат расид. Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур шаҳрвандон: Шарипов Беҳрӯз Меҳроҷович, санаи таваллудаш 06.07.2007, сокини ш.Душанбе, к.Рӯдакӣ; Раҷабзода Умар Холмаҳмад, санаи таваллудаш 22.06.2007, сокини ш. Душанбе, маҳаллаи Қаротегин; Самадов Абдураҳмон Қаҳрамонович, санаи таваллудаш 01.10.2006, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Саҳбо; Мадхолов Идрис Тоҷиддинович, санаи таваллудаш 29.11.2008, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ ва Яъқубов Муҳаммад Баҳриддинович, санаи таваллудаш 09.06.2008, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев дастгир карда шудаанд. Дар робита ба ҷинояти мазкур нисбати 5-нафар гумонбарон тибқи талаботи моддаҳои 237 ва 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Раёсати ВКД дар ш.Душанбе
3 9628Loading...
02
Media files
3 8196Loading...
03
Диққат! Ба ҳар гуна зангҳои афроди ношинос ва хабарҳои бардурӯғи онҳо бовар накунед!!!
5 25613Loading...
04
Диққат! Ба ҳар гуна зангҳои афроди ношинос ва хабарҳои бардурӯғи онҳо бовар накунед!!! Давоми чанд рӯзи охир, як қатор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мардумфиребии афроди ношинос, ба мақомоти милитсия муроҷиат намудаанд, ки аз рӯйи шаклу усули содиршавӣ, ҳамаи онҳо яксон мебошанд.  Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи амалисозии як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян намуданд, ки аз хориҷи кишвар як гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ, ба ин кор машғуланд, ки се нафар ҳаммаслакони онҳо дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд. Ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, бо истифода аз имкониятҳои технологияи навин рақамҳои телефони мобилии шаҳрвандонро дастрас намуда, бо шаҳрвандон дар тамос шуда, дар бораи ба садама ва дигар фоҷиа гирифтор шудани фарзандонашон хабарҳои бардурӯғ мерасонидаанд. Бо истифода аз таъсиррасонии равонӣ ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо гӯё барои табобати фарзандонашон мабағҳои калони пулӣ талаб кардаанд. Чуноне зимни пешбурди коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ошкор карда шуд, ин гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ, барои амалигардонии мақсадҳои ҷиноятиашон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нафарони алоҳидаро ба худ ҷалб намуда, барои интиқол додани маблағҳои пулӣ онҳоро вазифадор намудаанд. Аз ҷумла, шаҳрвандон Мамараимов Фарҳод Ҳасанович, санаи таваллудаш 21.03.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Лоҳутӣ ва Шарофиддинов Рустам Маруфович, санаи таваллудаш 21.04.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Наврӯз, дастгир карда шуданд, ки онҳо тавассути саҳифаи иҷтимоии Телеграмм бо ин гурӯҳи ҷиноятӣ дар тамос шуда, ба ҳайси интиқолдиҳанда ба истилоҳ курер ба онҳо ёрӣ расонидаанд. Номбурдагон аз се шаҳрванд беш аз 40-ҳазор долларро қабул намуда, тавассути ҳамёни электронӣ ба хориҷи кишвар интиқол додаанд. Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони милитсия Акобирова Амина Изатшоевна, санаи таваллудаш 30.11.2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қабодиён дастгир карда шуд. Ӯ низ дар се ҳолат аз ҷабрдидагон дар умум зиёда аз 22 ҳазор долларро гирифта, тавассути хизматрасониҳои бонкӣ маблағҳоро ба хориҷи кишвар фиристодааст. Бо назардошти ҳолатҳои мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандонро огоҳ месозад, ки ба ҳар гуна зангҳои афроди ношинос ва хабарҳои бардурӯғи онҳо бовар накунанд. Агар бо чунин шакл мавриди фиреби ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ қарор гирифтаанд, ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
5 76235Loading...
05
Media files
5 74634Loading...
06
Бо дастури бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҷиҳати гузариш ба иқтисоди сабз ва консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ то давраи соли 2026, дар пойтахти мамлакат боз як ширкати кироякаш “Эко таксӣ” ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар расми рӯнамоии  400 электромобилҳои ширкат, муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс, роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Эко таксӣ” ва Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ иштирок доштанд.
5 03610Loading...
07
Иди Қурбон муборак ҳамватанони азиз!!!
6 6577Loading...
08
Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати иди Қурбон Ҳамватанони азиз! Сокинони Душанбешаҳр! Мову Шумо дар арафаи таҷлили иди саиди Қурбон, ки яке аз суннатҳои мубораки дини мубини ислом ба ҳисоб меравад, қарор дорем. Дар робита ба ин тамоми сокинони шарафманди кишвари соҳибистиқлоламонро сидқан табрику таҳният мегӯям. Муҳимтарини анъанаи неки ин иди муқаддас тарғиби андешаҳои наҷиби сулҳу дӯстӣ ва инсонпарварӣ, таҷассуми иттиҳоду ҳамбастагии мусулмонон тавассути кумак ба ҳамдигар ва гирифтани дасти эҳтиёҷмандону ятимон ва барҷомондагон аст. Боварӣ дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони пойтахти кишвар дар баробари адои ойинҳои муборак ва маросими маънавӣ, дар роҳи тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон, анҷом додани амалҳои хайру савоб ва корҳои созандагиву ободонӣ, ки анъанаҳои неки мардуми мо ба ҳисоб мераванд, беш аз пеш саъю талош менамоянд. Бори дигар ҳамаи шуморо бо иди Қурбон самимона муборакбод намуда, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва иқболу хушбахтӣ таманно дорам.    Иди саиди Қурбон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
7 2801Loading...
09
Media files
6 2172Loading...
10
Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон зери назорати роҳбарияти милитсияи пойтахт қарор дорад! Тамоми муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон бе восита таҳти назорати роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиши саривақтӣ, холисона ва ҳамаҷониба қарор дода мешаванд. Вобаста ба ин, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки бо мушоҳидаи ҳама гуна амалу кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ тавассути суроғаҳои электронӣ ба унвонии роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.  Аз ҷумла, дар асоси муроҷиати электронии як нафар истифодабарандаи шабакаи иҷтимоии «Фейсбук», аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ронандаи востаи нақлиёти тамғаи «Лексус», рақамҳои қайди давлатиаш 1101ZW01, шаҳрванд Қодиров Аҳтамҷон Одинаевич, санаи таваллудаш 03.02.1976, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе боздошт карда шуд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар ҳақиқат санаи 13-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 19:40 дақиқа ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи Рӯдакӣ бар хилофи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда, зимни убури роҳ ба пиёдагардон монеагӣ эҷод намудааст. Айни замон, воситаи нақлиёти мазкур дар ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шуда, нисбати ронанда-Қодиров Аҳтамҷон тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Зимнан, роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба он нафароне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирии қонуншиканӣ худро бе тараф нагирифта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия саҳми худро мегузоранд, изҳори сипос менамоянд. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
6 5822Loading...
11
Media files
5 9453Loading...
12
Мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Турсунзода   Дар мулоқоти навбатӣ, ки бо сокинону фаъолони шаҳри Турсунзода баргузор гардид, муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Ғафурзода Аҳлиддин ва намояндагони дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ширкат намуданд.   Зимни мулоқот оид ба як қатор масъалаҳои мубрами ҷомеа, махсусан пешгирии содиршавии амалу кирдорҳои номатлубу ҷиноятӣ, тарғиби ғояҳои ватандорию инсондӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва ба андухтани илму дониш равона сохтани наврасон, аз ҷониби ширкаткунандагони чорабинӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво сурат гирифт.   Ҳамзамон як қатор сокинони фаъоли шаҳри Турсунзода низ бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар ҳамбастагӣ барои пешрафту тараққиёти Ватани азизамон-Тоҷикистон саҳми худро мегузоранд.  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
6 5331Loading...
13
Media files
6 4540Loading...
14
Media files
7 2320Loading...
15
7-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ: Оқибати муносибати носолими оиладорӣ Ҳамдигарфаҳмию эҳтиром ва риояи одобу ахлоқи оиладорӣ асоси бунёди оилаи солим ба шумор мераванд. Вале дар аксар маврид вуҷуд надоштани чунин омилҳо боиси парокандашавии оилаҳо ва сар занади ҳодисаю воқеаҳои фалокатбор мегардад. Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, муроҷиати электронии шаҳрванд Рухшона Раҳматуллоева, ки аз шиканҷаву бадрафтории шавҳараш шикоят намуд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар натиҷаи санҷиши муроҷиати мазкур, шавҳари номбурда, шаҳрванд Раҳматуллоев Умед Ахмедович, санаи таваллудаш 10.03.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ дастгир карда шуд. Зимни санҷиши холисонаву ҳамаҷониба, пурсиши гумонбару ҷабрдида ва шоҳидони ҳодиса муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат муддатест дар муносибатҳои оиладории номбурдагон нофаҳмӣ ҷой доштааст. Вобаста ба ин, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт нисбати шаҳрванд Раҳматуллев Умед протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Шоҳмансур нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шуд. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
5 43615Loading...
16
Media files
5 13816Loading...
17
Иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”
5 6340Loading...
18
Ҷаласаи Шӯрои занони милитсияи пойтахт Занон дар мақомоти милитсия ҷойгоҳи хоссаи худро дошта, ба фаъолияти самараноки онҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мегардад. Ин аст, ки дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ корманд-занон дар вазифаҳои гуногуну пурмасъулият пайи иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ фаъолияти пурсамар доранд. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, дастгириҳои иҷтимоӣ ва бартарафсозии мушкилоту норасоии фаъолияти корӣ, ҷаласаи Шӯрои занони милитсияи пойтахт баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Маҳмашарифзода Дилрабо Маҳмашариф, муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Ҳабиб Сайфулло Абдулло ва ҳамаи корманд-занони милитсияи пойтахт ширкат намуданд. Зикр гардид, ки корманд-занони милитсияи пойтахт бо талошу фаъолияти касбӣ, дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, нигоҳдории волоияти қонун ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми арзишманди худро мегузоранд. Бо назардошти фаъолияти пурсамар, одобу рафтори намунавӣ ва малакаи баланди хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт як қатор корманд-занони милитсия бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
9 2181Loading...
19
Media files
8 0312Loading...
Вокуниш: гумонбарони ҷинояти авбошӣ дар ҳабси пешакӣ қарор доранд Як нафар сокини шаҳри Душанбе тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат намуд, ки гӯё ҷинояти авбошии гурӯҳии ноболиғон, ки дар натиҷаи он як нафар ба ҳалокат расидааст, дар сатҳи зарурӣ мавриди тафтиш қарор дода нашудааст. Муроҷиати мазкур бе восита аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дода шуд. Вобаста ба ин расман ба иттилои шаҳрвандон расонида мешавад, ки ҳодисаи мазкур ҳамчун ҷиноят ба қайд гирифта шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Қобили зикр аст, ки санаи 9-уми майи соли ҷорӣ, тахминан соати 20:40 дақиқа, дар кӯчаи Беҳзоди ноҳияи Шоҳмансур, аз сабаби нофаҳмиҳои қаблан вуҷуддошта ду гурӯҳ ноболиғон, дар ҷойи ҷамъиятӣ бо истифода аз олоти халандаю бурранда ҳамдигарро мавриди латукӯб қарор додаанд. Дар натиҷаи ин муноқиша ва бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ, ноболиғ Хушбахтов Р. дар беморхона ба ҳалокат расид. Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур шаҳрвандон: Шарипов Беҳрӯз Меҳроҷович, санаи таваллудаш 06.07.2007, сокини ш.Душанбе, к.Рӯдакӣ; Раҷабзода Умар Холмаҳмад, санаи таваллудаш 22.06.2007, сокини ш. Душанбе, маҳаллаи Қаротегин; Самадов Абдураҳмон Қаҳрамонович, санаи таваллудаш 01.10.2006, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Саҳбо; Мадхолов Идрис Тоҷиддинович, санаи таваллудаш 29.11.2008, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ ва Яъқубов Муҳаммад Баҳриддинович, санаи таваллудаш 09.06.2008, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев дастгир карда шудаанд. Дар робита ба ҷинояти мазкур нисбати 5-нафар гумонбарон тибқи талаботи моддаҳои 237 ва 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Раёсати ВКД дар ш.Душанбе
Show all...
👍 40👏 6😢 6 1🔥 1
Photo unavailableShow in Telegram
👍 4 2🤔 1
04:49
Video unavailableShow in Telegram
Диққат! Ба ҳар гуна зангҳои афроди ношинос ва хабарҳои бардурӯғи онҳо бовар накунед!!!
Show all...
119.05 MB
👍 17
Диққат! Ба ҳар гуна зангҳои афроди ношинос ва хабарҳои бардурӯғи онҳо бовар накунед!!! Давоми чанд рӯзи охир, як қатор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мардумфиребии афроди ношинос, ба мақомоти милитсия муроҷиат намудаанд, ки аз рӯйи шаклу усули содиршавӣ, ҳамаи онҳо яксон мебошанд.  Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи амалисозии як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян намуданд, ки аз хориҷи кишвар як гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ, ба ин кор машғуланд, ки се нафар ҳаммаслакони онҳо дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд. Ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, бо истифода аз имкониятҳои технологияи навин рақамҳои телефони мобилии шаҳрвандонро дастрас намуда, бо шаҳрвандон дар тамос шуда, дар бораи ба садама ва дигар фоҷиа гирифтор шудани фарзандонашон хабарҳои бардурӯғ мерасонидаанд. Бо истифода аз таъсиррасонии равонӣ ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо гӯё барои табобати фарзандонашон мабағҳои калони пулӣ талаб кардаанд. Чуноне зимни пешбурди коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ошкор карда шуд, ин гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ, барои амалигардонии мақсадҳои ҷиноятиашон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нафарони алоҳидаро ба худ ҷалб намуда, барои интиқол додани маблағҳои пулӣ онҳоро вазифадор намудаанд. Аз ҷумла, шаҳрвандон Мамараимов Фарҳод Ҳасанович, санаи таваллудаш 21.03.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Лоҳутӣ ва Шарофиддинов Рустам Маруфович, санаи таваллудаш 21.04.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Наврӯз, дастгир карда шуданд, ки онҳо тавассути саҳифаи иҷтимоии Телеграмм бо ин гурӯҳи ҷиноятӣ дар тамос шуда, ба ҳайси интиқолдиҳанда ба истилоҳ курер ба онҳо ёрӣ расонидаанд. Номбурдагон аз се шаҳрванд беш аз 40-ҳазор долларро қабул намуда, тавассути ҳамёни электронӣ ба хориҷи кишвар интиқол додаанд. Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони милитсия Акобирова Амина Изатшоевна, санаи таваллудаш 30.11.2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қабодиён дастгир карда шуд. Ӯ низ дар се ҳолат аз ҷабрдидагон дар умум зиёда аз 22 ҳазор долларро гирифта, тавассути хизматрасониҳои бонкӣ маблағҳоро ба хориҷи кишвар фиристодааст. Бо назардошти ҳолатҳои мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандонро огоҳ месозад, ки ба ҳар гуна зангҳои афроди ношинос ва хабарҳои бардурӯғи онҳо бовар накунанд. Агар бо чунин шакл мавриди фиреби ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ қарор гирифтаанд, ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Show all...
👍 61 7👏 4🤯 2
Photo unavailableShow in Telegram
1
Бо дастури бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҷиҳати гузариш ба иқтисоди сабз ва консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ то давраи соли 2026, дар пойтахти мамлакат боз як ширкати кироякаш “Эко таксӣ” ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар расми рӯнамоии  400 электромобилҳои ширкат, муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс, роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Эко таксӣ” ва Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ иштирок доштанд.
Show all...
👍 26 5🤯 3🔥 2👏 2😁 1
00:17
Video unavailableShow in Telegram
Иди Қурбон муборак ҳамватанони азиз!!!
Show all...
6.83 MB
👍 62 26👏 7🥰 2😢 2😁 1
Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати иди Қурбон Ҳамватанони азиз! Сокинони Душанбешаҳр! Мову Шумо дар арафаи таҷлили иди саиди Қурбон, ки яке аз суннатҳои мубораки дини мубини ислом ба ҳисоб меравад, қарор дорем. Дар робита ба ин тамоми сокинони шарафманди кишвари соҳибистиқлоламонро сидқан табрику таҳният мегӯям. Муҳимтарини анъанаи неки ин иди муқаддас тарғиби андешаҳои наҷиби сулҳу дӯстӣ ва инсонпарварӣ, таҷассуми иттиҳоду ҳамбастагии мусулмонон тавассути кумак ба ҳамдигар ва гирифтани дасти эҳтиёҷмандону ятимон ва барҷомондагон аст. Боварӣ дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони пойтахти кишвар дар баробари адои ойинҳои муборак ва маросими маънавӣ, дар роҳи тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон, анҷом додани амалҳои хайру савоб ва корҳои созандагиву ободонӣ, ки анъанаҳои неки мардуми мо ба ҳисоб мераванд, беш аз пеш саъю талош менамоянд. Бори дигар ҳамаи шуморо бо иди Қурбон самимона муборакбод намуда, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва иқболу хушбахтӣ таманно дорам.    Иди саиди Қурбон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
Show all...
👍 26 5😁 2
Photo unavailableShow in Telegram
👍 13 8😁 2
Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон зери назорати роҳбарияти милитсияи пойтахт қарор дорад! Тамоми муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон бе восита таҳти назорати роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиши саривақтӣ, холисона ва ҳамаҷониба қарор дода мешаванд. Вобаста ба ин, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки бо мушоҳидаи ҳама гуна амалу кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ тавассути суроғаҳои электронӣ ба унвонии роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.  Аз ҷумла, дар асоси муроҷиати электронии як нафар истифодабарандаи шабакаи иҷтимоии «Фейсбук», аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ронандаи востаи нақлиёти тамғаи «Лексус», рақамҳои қайди давлатиаш 1101ZW01, шаҳрванд Қодиров Аҳтамҷон Одинаевич, санаи таваллудаш 03.02.1976, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе боздошт карда шуд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар ҳақиқат санаи 13-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 19:40 дақиқа ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи Рӯдакӣ бар хилофи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда, зимни убури роҳ ба пиёдагардон монеагӣ эҷод намудааст. Айни замон, воситаи нақлиёти мазкур дар ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шуда, нисбати ронанда-Қодиров Аҳтамҷон тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Зимнан, роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба он нафароне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирии қонуншиканӣ худро бе тараф нагирифта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия саҳми худро мегузоранд, изҳори сипос менамоянд. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Show all...
👍 26 6👏 4
Sign in and get access to detailed information

We will reveal these treasures to you after authorization. We promise, it's fast!