Дарсҳои муҳим
Open in Telegram
وَقُل رَّبِّ زِدْنِي عِلْمًا. 《طه-114》 Бигӯ ; Парвардигоро илмамро зиёд бикун.
Show more555
Subscribers
No data24 hours
-27 days
-330 days
Posts Archive
Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло ибодатҳои мову шуморо ба даргоҳи бениёзаш қабул кунад.
Ва барои ибодат кардан бо ихлосу суннат худаш мадад кунад.
Шумоёнро бо Иди Қурбон табрику муборакбод гуфта , аз даргоҳи Аллоҳи якаву ягона ,
мағфирати гуноҳо , ҳидоят ва устуворӣ бар Қуръону Суннат ,
ва Имони комил , тинҷиву амони , Илми бо амал , ва беҳтарини хушиҳои дунёву охиратро пурсонам.
📲https://t.me/darshoimuhim
✅ Мухтасар аз ҳукмҳои қурбонӣ:
✨ #Шартҳои_Қурбонӣ.
🔷 Қурбонӣ се шарт дорад :
🔸 Шарти якум :
Бояд аз ҳайвони чорво бошад:
◇ Шутур
◇ Гов
◇ Гӯсфанд
◇ Буз
Ғайри инҳо дигар ҳайвонро қурбонӣ кардан ҷоиз нест.
🔸Шарти Дуюм:
Расидани сину соли чорво ба сини маҳдуд :
◇ Шутур : панҷ сола.
◇ Гов : ду сола.
◇ Буз: як сола.
◇ Гӯсфанд : шаш моҳа
🔸Шарти сеюм :
Солим будани чорво аз айбҳои зерин :
◇ Беморие, ки бемориаш намоён бошад.
◇ Чулоқе, ки чулоқияш маълум бошад (аммо каме лангиданаш боке надорад).
◇ Нобино бошад.
◇ Харобии бисёр ва заиф бошад.
(📚 Фатовои Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин раҳимаҳуллоҳ )
📲 https://t.me/darshoimuhim
Пагоҳ рӯзи Арафа аст.
🔹 #Фазилати_рӯза_гирифтани_рӯзи_Арафа.
Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд:
"Умедворам аз Аллоҳ, ки рӯзаи рӯзи Арафа каффораи гуноҳҳои як соли гузашта ва як соли оянда мегардад".
(📚Имом Муслим)
📲 @madinadars
.................# بسم الله الرحمن الرحيم.#...........
Намудҳои такбир дар даҳ рӯзи Зул-ҳиҷҷа.
Дар даҳ рӯзи Зул-ҳиҷҷа якчанд намуд такбир собит гашта аст.
Аз ҷумлаи он такбирҳо :
1)- الله أكبر، الله أكبر، لا إله إلا الله، و الله أكبر، الله أكبر، و لله الحمد"
1⃣"Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Ла илаҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва лиллаҳил-ҳамд."
Ибни Қудома (раҳимаҳуллоҳ) мегӯянд :
"Ва ин қавли Умар ва Алӣ ва Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳум) ва қавли Саврй ва Абу Ҳанифа ва Аҳмад ва Исҳоқ мебошад."
{Ал-муғни ҷил: 3, саҳ :290}
Ва аз ҷумлаи он олимҳое, ки ин қавлро ихтиёр намуданд :
Шайхул-ислом Ибни Таймийя
{Фатово: ҷил: 24, саҳ: 220} Ҳофиз Ибни Раҷаб дар
{Латоифу-л-маъариф саҳ: 364}
Шайх Албонй дар китоби {Тамаму-л-минна саҳ : 356}
Шайх Ибни Усаймин дар
{Шарҳу-л-мумтиъ ҷ: 5, саҳ:225}
2)- "الله أكبر كبيرا، الله أكبر كبيرا، الله أكبر و أجلّ، الله أكبر و لله الحمد"
2⃣ "Аллоҳу акбару кабиро, Аллоҳу акбару кабиро, Аллоҳу акбару ва аҷаллу, Аллоҳу акбару ва лиллаҳил-ҳамд."
Ин намуд такбирро имом Дорақутнӣ аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳума) дар Сунан ривоят мекунанд.
{Сунан рақами асар : 1721}
Ва Ибни Аби Шайба дар
{Ал-Мусаннаф ҷил: 1 саҳ: 490}
ва Албонӣ дар
{Ал-ирво ҷил: 3, саҳ: 126}
3)- الله أكبر كبيرا، و الحمد لله كثيرا، و سبحان الله بكرة و أصيلا"
3⃣ "Аллоҳу акбару кабиро, вал-ҳамду лиллаҳи касиро ва субҳаналлоҳи букротан ва асила."
Ин асарро Байҳақӣ аз имом Шофиъӣ ривоят мекунанд дар
{Маърифат ассунан ҷ: 5, с: 109}
4)- الله أكبر، الله أكبر، الله أكبر، لا إله إلا الله، و الله أكبر، و لله الحمد "
4⃣ "Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Ла илаҳа иллаллоҳ валлоҳу акбар ва лиллаҳил-ҳамд."
Аз Ибни Масъуд ривоят шуда аст дар
{Мусаннаф-и Ибни Аби Шайбаҳ ҷил: 2 /165}
5)- "لا إله إلا الله، و الله أكبر، الله أكبر، و لله الحمد"
5⃣ "Ла илаҳа иллаллоҳ, валлоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва лиллаҳил-ҳамд."
Шавконӣ (раҳимаҳуллоҳ) мегӯянд : "Аз Умар ва Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳума) ривоят шуда аст."
{Найлул-автор ҷил: 3, саҳ: 330}
6)- "الله أكبر، الله أكبر، الله أكبر،
6⃣ "Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар."
Ва ин қавли Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳума) ва имом Молик ва имом Шофиъӣ.
{Ал-Муғнӣ ҷил: 3, саҳ: 290}
7)-"الله أكبر، الله أكبر، الله أكبر كبيرا"
7⃣ "Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбару кабиро."
Байҳақй (раҳимаҳуллоҳ) аз Салмон (разияллоҳу анҳу) ривоят карданд.
{Ас-сунан ал-кубро ҷ:3 с: 316}
ва ин зикрро Ҳофиз Ибни Ҳаҷар ихтиёр намуданд.
{Фатҳул-Баарй ҷил: 2, саҳ: 462}
Ва Шавконй дар
{Найлул-автор ҷил:3, саҳ:330}
8)- الله أكبر، الله أكبر، الله أكبر، ولله الحمد، الله أكبر و أجلّ، الله أكبر على ما هدانا"
8⃣ "Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва лиллаҳил-ҳамд, Аллоҳу акбару ва аҷаллу, Аллоҳу акбару ъала ма ҳадана. "
Байҳақй аз Ибни Аббос ривоят карданд
{Ас-сунан ал-кубро 3/315}
Имом Албонй санадашро саҳеҳ номиданд
{Ал-ирво ҷилди: 3, саҳ: 125}
-------------------------
Бинобар ҳамин бародарони азиз мо бояд ин рӯзҳои муборакро ғанимат шуморида бо зикру такбир ва амалҳои солеҳ машғул бошем.
Аллоҳ таъоло ҳамаи моро бар он амалҳое, ки дӯст медораду аз он рози аст муваффақ созад ва гуноҳҳои мо ва гуноҳҳои падарону модаронамонро ва тамоми мусалмонҳоро мағфират созад ва ҳамаи моро бо фазлу карамаш раҳмат намояд.
وَ الْحَمْدُ للهِ رَبِّ العَالَمِيْنَ.
📲https://t.me/darshoimuhim
