en
Feedback
Дарсҳои муҳим

Дарсҳои муҳим

Open in Telegram

وَقُل رَّبِّ زِدْنِي عِلْمًا. 《طه-114》 Бигӯ ; Парвардигоро илмамро зиёд бикун.

Show more
555
Subscribers
No data24 hours
-27 days
-330 days
Posts Archive
⚠️ Фардо якуми Зул-Ҳиҷҷа !!! 📆 Рӯзи рӯзадории даҳаи аввали Зул-Ҳиҷҷа шурӯъ мешавад аз : 1-уми Зул-Ҳиҷҷа = Душанбе 18/05/2026 2-юми Зул-Ҳиҷҷа =Сешанбе 19/05/2026 3-юми Зул-Ҳиҷа=Чоршанбе 20/05/2026 4- Зул -Ҳиҷҷа = Панҷшанбе  21/05/2026 5-уми Зул-Ҳиҷҷа = Ҷумъа 22/05/2026 6-уми Зул-Ҳиҷҷа = Шанбе  23/05/2026 7-уми Зул-Ҳиҷҷа = Якшанбе 24/05/2026 8-уми Зул-Ҳиҷҷа = Душанбе 25/05/2026 🔸Рӯзи Арафа: 9-уми Зул-Ҳиҷҷа =Сешанбе 26/05/2026 🔹 Рӯзи Иди Қурбон: 10-уми Зул-Ҳиҷа=Чоршанбе 27/05/2026 📲 https://t.me/darshoimuhim👈

🔟 عَشْر ذِي الحِجة Даҳи Зил-ҳиҷҷа ✍ قَـالَ العَلّامَـة ابْـنُ عُثَيْـمِينْ -رَحِـمَهُ الله- : 《 والعجب أنّ الناس غافلون عن هذه العشر تجدهم في عشر رمضان يجتهدون في العمل لكن في عشر ذي الحجة لا تكاد تجد أحدا فرق بينها وبين غيرها، ولكن إذا قام الإنسان بالعمل الصالح في هذه الأيام العشرة إحياء لما أرشد إليه النبي -ﷺ- من الأعمال الصالحة، فإنه على خير عظيم . 》 📚 [ "مجموع الفتاوى" (٣٧/٢١) ]. 📝 Аллома Ибни Усаймин раҳимаҳуллоҳ фармуд: ⚠️Ва аҷоибӣ дар ин аст, ки мардум аз ин даҳа дар ғафлатанд. Мебини онҳоро,  ки дар даҳаи Рамазон бисёр дар амал кӯшиш мекунанд, локин дар даҳаи Зул-Ҳиҷҷа қариб аст, ки намеёби шахсеро, ки байни ин даҳа ва байни дигар рӯзҳо фарқ кунад. Локин агар инсон дар ин даҳа қоим ба амалҳои солеҳ гардад, ба хотири зинда кардани он амалҳои солеҳе, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба он роҳнамои карданд, пас он шахс дар хайру некии бузург мебошад.” 📚Китоб: Маҷмуъу-л-фатово-и Ибни Усаймин. Ҷилд: 21. Саҳифа: 37. 📲https://t.me/darshoimuhim

[Баъзе аз аҳкомоҳи даҳаи Зул ҳиҷҷа] 📝 Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: "Чун даҳаи (моҳи Зулҳиҷа) даромад ва кассе аз шумоён хоҳад, ки қурбонӣ кунад, пас аз гирифтани нохун ва мӯйҳои бадан худдорӣ намояд". (📚 Имом Муслим) 📲 @bahorisunnat

[Фазли даҳаи Зул ҳиҷҷа] 📜 Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: "Нест рӯзе, ки дар он амалҳои солеҳ аз даҳ рӯзи Зул ҳиҷҷа ба Аллоҳ дӯстдоштар бошад. Гуфтанд: Ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ? Гуфт: Ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, магар марде, ки ба молу нафсаш ба ҷиҳод барояду бо ягон аз инҳо барнагардад". (📚 Имом Бухорӣ )

بسم الله الرحمن الرحيم. ✅Баъзе аз аҳкоми қурбонӣ. ⏱Вақти қурбонӣ кардан. 🔹Вақти қурбонӣ кардан ҷаҳор рӯз аст. ▫️Аввалаш ибтидо мешавад баъд аз хондани намози ид ва се рӯз баъди ид. Ва ба охир мерасад бо фурӯ рафтани офтоби рӯзи сенздаҳӯм. Ва ҷоиз аст қурбонӣ кардан шабонаю рӯзона. {Фатовои Ибни Усаймин раҳимаҳуллоҳ ҷ:25 с: 167} ▫️Ва барои  қурбони кунанда дар даҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа ҳаром мебошад: 1) Гирифтани мӯи баданаш. 2) Гирифтани нохун. 3) Кандани пӯсти бадан. Ва аммо аҳлу хонаводаи қурбонӣ кунанда ҷоиз мебошад барои онҳо кардани ин корҳо. {Фатовои лаҷнаи доима ҷ: 11 с:397 } ▫️Аммо вакил метавонад мӯи баданашро дур кунад ва нохунҳояшро паст кунад ва пӯсти баданашро канад. {Фатовои Ибни Усаймин  раҳимаҳуллоҳ ҷ:25 с:155} (Вакил шахсест,ки ӯро шахси дигар барои қурбонӣ кардан аз номи худ вакил мегирад.) 🔹Шарти синну соли моли қурбонӣ шаванда : 1) Шутур бояд панҷ сола бошад. 2) Гов бояд ду сола бошад. 3) Буз бояд як сола бошад. 4) Гӯсфанд бояд аз шашмоҳа кам набошад. {Фатовои Ибни Усаймин раҳимаҳуллоҳ ҷ:25/с:13} 🔸Айбҳои манъ кунанда аз курбонӣ : 1) Кӯр будани ҳайвон. 2) Касалии сахт. 3) Чӯлоқе, ки чӯлоқияш маълум аст. 4) Ҳайвони харобе, ки маълум аст харобияш. 5) Ва ҳар он айбе, ки мисли ин айбҳо ё сахттар аз инҳост дар маънои ин айбҳо мебошад он ҳайвонҳоро қурбонӣ карда намешавад. {Фатовои Ибни Усаймин раҳимаҳуллоҳ ҷ:25 с: 13} ▫️Баъзе аз мардум гумон мекунанд, ки агар дар байни даҳ рӯзи моҳи зулҳиҷҷа шахси қурбонӣ кунанда мӯяшро қайчи занад ва ё нохун гирад ва ё пӯсти баданашро канад қурбонияш қабул намешавад. Ин эътиқод нодуруст аст. {Фатовои Ибни Усаймин раҳимаҳуллоҳ ҷ:25 с:161} 🔻Ҳаром мебошад фурӯхтани чизе аз қурбонӣ аз гӯшту равғану думбаву пӯст ва ғайра, зеро вай молест, ки ӯро ба хотири Аллоҳ баровард, пас ҷоиз нест баргаштан дар он мисли баргаштан дар садақа. Ва ба қассоб дар муқобили кораш аз қурбонӣ дода намешавад {Фатовои Ибни Усаймин раҳимаҳуллоҳ ҷ:25 с:1} ------------------------- ▫️Ин буд баъзе аз ҳукмҳои қурбонӣ кардан. Аллоҳ таъоло ҳамаи моро ба омӯхтани динаш муваффақ созад ва аз ҷаҳлу нодонӣ дур гардонад ва амалҳои пурнуқсони моро ба фазлу раҳматаш қабул гардонад. و الحمد لله رب العالمين. 📲https://t.me/darshoimuhim

№4. #Даҳуми_зилҳиҷҷа_ин_Рӯзи_наҳр. #Рӯзи_қурбони.

№3. #Амалҳо_дар_ин_даҳ_рӯзи_зулҳиҷҷа.

№2. #Беҳтарин_рӯз_ин_даҳ_рӯзи_зулҳиҷҷа.

"Ёдоварии кутоҳ" #Боби_Зулҳиҷҷа №1. #Фазилатҳои_даҳ_рӯзи_Зулҳиҷҷа. 📲https://t.me/darshoimuhim

№25. #Дуо_бо_ному_сифатҳои_Аллоҳ. 📲https://t.me/darshoimuhim

№24. #Бо_этиқод_дуо_кардан... (#Бо_яқин_дуо_кардан.) 📲https://t.me/darshoimuhim

"Ёдоварии кутоҳ" №23. #Дуо_ду_қисм_мешавад. 1) #Дуои_масъала.. 2) #Дуои_ибодат... 📲https://t.me/darshoimuhim

№22. #Дуо_Ибодат_аст.. 📲https://t.me/darshoimuhim

"Ёдоварии кутоҳ" №21. #Баъзе_навъҳои_Ибодат.. 📲https://t.me/darshoimuhim

"Ёдовари..." №21. #Тавҳиди_Улуҳият. 📲https://t.me/darshoimuhim

№20. #Шинохтани_банда_Аллоҳ_ро 📲https://t.me/darshoimuhim

№19. #Шинохтани_банда_Аллоҳ_ро 📲https://t.me/darshoimuhim

"Ёдоварии кутоҳ" №18. #Шинохтани_банда_Аллоҳ_ро 📲https://t.me/darshoimuhim