en
Feedback
Умеди Нав

Умеди Нав

Open in Telegram
1 124
Subscribers
+124 hours
+17 days
-1130 days
Posts Archive
ҚИССАИ ИБРАТНОК❗️ ТАВСИЯИ СУҚРОТ. Рӯзе як мард ба назди Суқрот омада пурсид: - Дӯсти ту дар бораи ту ба ман баъзе чизҳои аҷиб гуфт. Донистан мехоҳӣ? _Сабр кун _ гуфт Суқрот. _Қабл аз он ки чизе бигӯӣ, аввал суханони худро аз 3 ғалбер гузарон! _Барои чӣ? _Ҳайрон шуд он мард. _Ин роҳи дуруст аст, ҳоло худат мефаҳмӣ. _Қабл аз гуфтани он суханҳо хуб фикр бояд кард ва суханони худро аз се ғалбер бояд гузаронд. Ғалбери якум ғалбери ҳақиқат аст. _Ту аниқ медонӣ, ки он суханҳо ҳақиқатанд? _Не, ман инро аниқ гуфта наметавонам,худро гум карда гуфт мард. – Ман танҳо хостам, ки суханҳои аз каси дигар шунидаамро ба шумо нақл кунам. _Хуб, ту намедонӣ, ки он суханҳо ҳақиқат доранд ё не! _Пас, ғалбери дуюмро мегирем, ки он ғалбери некӯӣ аст. _Дар он суханҳое, ки ту ҳоло ба ман нақл кардан мехоҳӣ, ягон чизи хуб ҳаст ё не? _Не _ Ҷавоб дод мард. – Баръакс, ҳама суханони бад ҳастанд... _Хуб, мо инашро низ аниқ намудем _Гуфт Суқрот. – Маълум мешавад, ки ту ба ман чизи бадеро гуфтан мехоҳӣ. _Инак, ғалбери сеюм,ғалбери манфиатро мегирем. _Аз он маълумоте, ки алҳол ту ба ман нақл кардан мехоҳӣ, бароям манфиате мерасад ё не? _Зарурати онро донистани ман вуҷуд дорад ё не? _Гумон мекунам ки не, ба ин чандон зарурат нест. _Ана, акнун мо тамоми суханҳои туро аз ғалбер гузарондем. _ Биё натиҷаашро аз назар мегузаронем. _Маълум мешавад, дар суханҳое, ки ба ман гуфтан мехостӣ, на ҳақиқат вуҷуд дорад, на некӯӣ ва на манфиат. _Пас, барои чӣ онҳоро ба забон биёрем? ❗️❗️❗️❗️❗️❗️❗️❗️❗️❗️❗️ Яке аз бузургтарин хатои инсонӣ дар ҳаминҷо аст, ки надида сухани шунидаро мисли дида тасдиқкунон мегуяд, ва бо гуфтан баъзан роҳат мекунад. Илми психологӣ ҳам, чунин рафторро ба зарари ду ҷониба тасдиқ мекунад. Ҳам одаме ки нодида сухани бадӣ касеро мегуяд, ва ҳам инсонеки мешунавад, дар қалбаш аввал нафрат пайдо мешавад. Аз болои худ сидқан кор кардан, ба чунин ҳолатҳо, беҳтарин вазифаи инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Дишаб 3 тавсияи Сукротро хондам хеле хуб субҳи барвақт хостам дар дафтар нависам тавсияҳоша алакай дар гуруҳ нест, бисёр тавсия хубу иҷро кардани буд, фикр мекунем меистод хуб буд🤔

Ин тачрибаи ман 15сол калби хотир чам надоштам Бади курси худ шиноси шукри Аллох руз аз руз калби ман хотир чам шуда истода аст

ҚИССАИ ИБРАТНОК❗️ Рӯзе як мард ба назди Суқрот омада пурсид: - Дӯсти ту дар бораи ту ба ман баъзе чизҳои аҷиб гуфт. Донистан мехоҳӣ? - Сабр кун, - гуфт Суқрот. – Қабл аз он ки чизе бигӯӣ, аввал суханони худро аз 3 ғалбер гузаронӣ. - Барои чӣ? – ҳайрон шуд он мард. - Ин роҳи дуруст аст, ҳоло худат мефаҳмӣ. Қабл аз гуфтани он суханҳо хуб фикр бояд кард ва суханони худро аз се ғалбер бояд гузаронд. Ғалбери якум, ғалбери ҳақиқат аст. _Ту аниқ медонӣ, ки он суханҳо ҳақиқатанд? - Не, ман инро аниқ гуфта наметавонам, - худро гум карда гуфт мард. – Ман танҳо хостам, ки суханҳои аз каси дигар шунидаамро ба шумо нақл кунам. - Хуб, ту намедонӣ, ки он суханҳо ҳақиқат доранд ё не. Пас, ғалбери дуюмро мегирем, ки он ғалбери некӯӣ аст. _Дар он суханҳое, ки ту ҳоло ба ман нақл кардан мехоҳӣ, ягон чизи хуб ҳаст ё не? _Не, - ҷавоб дод мард. – Баръакс, ҳама суханони бад ҳастанд... _Хуб, мо инашро низ аниқ намудем, - гуфт Суқрот. – Маълум мешавад, ки ту ба ман чизи бадеро гуфтан мехоҳӣ. Инак, ғалбери сеюм , ғалбери манфиатро мегирем. _ Аз он маълумоте, ки алҳол ту ба ман нақл кардан мехоҳӣ, бароям манфиате мерасад ё не? _Зарурати онро донистани ман вуҷуд дорад ё не? _Гумон мекунам, ки не, ба ин чандон зарурат нест. _Ана, акнун мо тамоми суханҳои туро аз ғалбер гузарондем. _Биё натиҷаашро аз назар мегузаронем. _Маълум мешавад, дар суханҳое, ки ба ман гуфтан мехостӣ, на ҳақиқат вуҷуд дорад, на некӯӣ ва на манфиат. _Пас, барои чӣ онҳоро ба забон биёрем? ❗️❗️❗️❗️❗️❗️❗️❗️❗️❗️ Суханҳое ки мо аз ҳар ҷониб мешунавем, оё рост аст ё не, бад аст ё сахт, барои гуфтан, ё моҳирона расонидан, роҳат мекунем. Яке аз хатоҳои бузурги инсони, ки ба худди инсон маълум намешавад, ҳамин хел хатогии калон аст. Аз илми психологи ҳам чунин рафторро ба назар гирем, ҳам ба одами шунаванда ва ҳам ба одами гуянда хело зарари ҷиддӣ дорад. Лекин ягон шахс ин ҳолатро ҳис карда наметавонад. Фикри хуб, сухани хуб, ва амали хуб ҳам ба омади инсон манфиати калон дорад.

Қадам задан ба ҷисми инсон чи гуна таъсир мерасонад? 3 дақиқа қадам задан, фишори хунро муътадил мекунад. 5 дақиқа дар ҳавои тоза гаштугузор кардан кайфиятро беҳтар мекунад. 10 дақиқа қадам задан, тафаккури эҷодиро беҳтар мекунад. 30 дақиқа қадам задан, ҷисми инсонро сабук мекунад. 40 дақиқа қадам задан, хатари пайдоиши бемории ишемияи дилро дар пиронсолон коҳиш медиҳад. 90 дақиқа қадам задан, фикрро тозза ва қалбро равшан мекунад. 120 дақиқа қадам задан дар ҳавои тозза, кибрро дур мекунад, ва фикри инсон ба суи худаш равшан мешавад. Ҷисми худро ҳис мекунад,ва худро азизтар меҳисобад. Ҳар қадар бо руҳу ҷисми худ шинос шудан, кушода шудани тафаккурро оссон мекунад. Дар инсон дар ҳамма ҳолат аввалин дараҷа фаҳмиш аст! Фаҳмиши равшан, қимматтар аст, аз ганҷ!

МЕВАИ САБР ШИРИН АСТ!!! Мақбултарин ва беҳтарин хислати одамӣ ин сабру тоқат аст . Оё дар замони мо ин масъала зарурӣ аст ? Пирони рӯзгордида гуфтаанд : “Меваи сабр ширин асту сабр кунӣ ҳалво мепазад .” Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд :-Кадом талхӣ бошад , ки дар охир ширин шавад ?” Гуфт :Сабр. Дар ҳақиқат сабр талх асту валекин меваи ширин дорад . Бинобар он ҳамеша ва дар ҳама кор бо сабру пуртоқат шудан лозим аст .Мегӯянд ,ки санг лаъл шавад дар мақоми сабр . Калиди дари ганҷи мақсад сабр аст .То кас сабр кунад , ба мақсад намерасад . Ривоят мекунанд , ки шоҳе буд тезу тунд ва бесабру тоқат .Шоҳ вазири доное дошт .Рӯзе ҳарду ба шикор рафтанд .Онҳо аз паси оҳубарра тохта ба қои хушманзарае расиданд .Чун вақти намоз шуд шоҳ камарбандашро кушода як сӯ гузошт ва бо вазир барои адои намоз истод .Саги шикорие омада камарбанди шоҳро гирифта рафт .Ҳаминдам марди роҳгузаре аз ин ҷо гузашт шоҳ баъди намоз камарбандашро наёфт , бисёр дар ғазаб шуду аз марди роҳгузарпурсон шуд. Марди роҳгузар бо илтиҷо гуфт , ки камарбандро надидааст .Шоҳ шамшерро гирифту раҳгузарро ба қатл расонид. Шоҳу вазир аз аз нав ба ҷустуҷӯи камарбанд оғоз намуданд .Ногоҳ диданд ки дуртар аз онҳо саге бо камарбанд бозӣ дорад . Шоҳ камарбанди худро шинохт ва аз куштани раҳгузар хеле пушаймон шуду гуфт : -Худоё бароям сабру тоқат ато намо ки аз бесабрии худ гуноҳи азиме содир намудам ва хуни шахси бегуноҳро резонидам .Ин дунёву охиратамро бисӯхтам . Вазири доно ба шоҳи пушаймоншуда гуфт :” Сабр ганҷ диҳад бесабри ранҷ “ . Ва ин панди Саъдиро хонд : Ганҷи сабр ихтиёри Луқмон аст Ҳар киро сабр нест ҳикмат нест. Аз ҳикояти боло ман ба чунин хулоса омадам ки инсон бояд дар ҳама кор сабру тоқатро пеша кунад зеро сабурӣ ба инсон бурдборӣ меорад ҳеҷ гоҳ аз кардаи худ пушаймон намешавад Дар ҳамма кор Сабр беҳтарин неъмат аст, ки чашми қалби инсонро мекушояд. Дар бизнес, дар қарздорӣ, ва дар мушкилоти ҳаёту зиндагӣ Сабр ҳамеша баранда аст.

Ассалому алайкум Баҳлул ва марди доно. Мегӯянд, ки Баҳлул сикка (танга) - и тиллое дар даст дошт ва бо он бозӣ мекард. Марде чун шунида буд, ки Баҳлул девона аст назди ӯ омад ва гуфт : Агар ин сиккаро ба ман бидиҳи дар иваз даҳ сиккае, ки ба ҳамин ранг аст ба ту медиҳам. Баҳлул чун сиккаҳои ӯро дид донист, ки онҳо аз мис ҳастанд ва арзиш надоранд ба он мард гуфт: Ба як шарт қабул мекунам! Агар се маротиба бо садои баланд монанди хар АР-АР куни. Мард қабул намуд ва монанди хар се маротиб АР-АР намуд. Баҳлул ба ӯ гуфт: Хуб ту бо ин ХАР-иат фаҳмиди, ки сиккаи дасти ман тилло аст ва ман бо ин ақлам намефаҳмам, ки сиккаҳои ту аз мис аст.

Шахсе ба Баҳлул чанд дона чормағз медиҳад ва мегӯяд бароям дуо бикун Баҳлул чормағзҳоро мехӯрад ва чизе намегӯяд он шахс аз Баҳлул мепурсад чаро чормағзҳоро хурди аммо дуое накарди Баҳлул мегӯяд агар хайри ту аз сидқи дилат бошад Худованд садой шикастани чормағзҳоро шунид.

Ба Баҳлул гуфтанд: Бо чунин даромади ночиз зиндагиро чи гуна пеш мебарӣ? Гуфт: Каму беш ҳаракат мекунам, Худо Худаш мерасонад. Гуфтанд: Магар мо бегонаем, ки пинҳон мекунӣ? Гуфт: Ягон кор, ки пайдо кунам, анҷом медиҳам ва қаноат мекунам, аммо Худо ризқрасон аст, намегузорад, ки дасти холӣ бимонам. Гуфтанд: На, ба мо фақат росташро бигӯй. Гуфт: Фикр кунед, ки тоҷире ҳар моҳ чанд миқдор маблағ кӯмакам мекунад. Гуфтанд: Хуб, акнун аслии масъаларо фаҳмидем. Чаро аз аввал нагуфтӣ? Гуфт: Беинсофҳо, ду бор гуфтам, ки Худо мерасонад, бовар накардед, аммо як бор гуфтам, ки тоҷир мерасонад, бовар кардед. Оё Худо ба андозаи як тоҷир назди шумо эътибор надорад? Барои маънои ҳар гапро оссон ва кушод фаҳмидан, ба ҳар як инсон каме норасои ҳаст. Илм агар ба инсон заррае бошад. Дари фаҳмиш оссон кушода мешавад.

photo content

photo content

Бо дӯстон ҳамдард бош! Чун хок бошу гард бош! Дур аз бари номард бош! Як рӯз бошу мард бош! Ҳаргиз махӯр ту ҳаққи кас! Неше мазан мисли магас! Бар қадри ёронат бирас! Як рӯз бошу мард бош! Дурӯя аз зан бадтар аст! Ҳам бадтар аз гову хар аст. Ноодаму нобовар аст. Як рӯз бошу мард бош! Неъмат бидон аз Кирдугор! Фарзанду пулу молу ёр! Охир хазон гардад баҳор, Як рӯз бошу мард бош! Дурӣ маҷӯй ту аз намоз! Гӯй бар Худо розу ниёз! Даргоҳи раҳмат бар ту боз Як рӯз бошу мард бош! Аз шарри шайтон кун ҳазар! Бар сӯйи Раҳмон кун назар! Аз бади дур бош, эй писар! Як рӯз бошу мард бош! Ин умри мо такрор нест, Ҷои ғаму озор нест, Сӯзе чу сӯзи нор нест. Як рӯз бошу мард бош! Хоҳӣ бимонӣ дар Биҳишт? Дур бош аз ҳар феъли зишт! Бояд адолатро бикишт! Як рӯз бошу мард бош! Чӣ медиҳад кибру ғурур? Дӯстон зи ту гардида дур! Анҷоми кибрат зери гӯр. Як рӯз бошу мард бош! Худро шинос, бо худ бош! Аз зикри Ҳақ ғофил мабош! Ғанимат дон, ҳар лаҳзаро! Як рӯз бошу мард бош! Марди ба пулу мол нест! Марди ба зӯру боз нест! Марди ба қалби пок аст! Як рӯз бошу мард бош!

Гар мушкили ояд ба сар. Танҳо магу, худро дигар. Аз ғайбаш ёри мекунад. Бо ҳар сабаб, боши бо сабр

ДАР ДАМИ ВОПАСИНИ УМР НОЧОР МАГАРДОН ЭЙ ХУДО Сарватманди хасис тамоми умри худро танҳо барои ҷамъ кардани сарват сарф кард. Ӯ рӯзе нишаста, ба шумурдани бойигарии ҷамъкардааш оғоз намуд ва дид, ки тамоми дороияш 300 000 динори тилло шудааст. Сипас, ба таҳияи нақшаҳои ояндаи худ шуруъ кард. Ба худ андешид, ки минбаъд аз пайи ҷамъоварии сарват намегардад. Тамоми давлати худро барои хўрдану нўшидан сарф карда, хушу хурсанд умр ба сар мебарад. Дар ин лаҳза фариштаи марг дар пешаш пайдо шуд. - Шумо кӣ? - пурсид марди сарватманд. - Ман фариштаи марг ҳастам. - Чаро омадед? - Барои ҷони туро гирифтан! - Не-не, ман то ҳол аз зиндагӣ сер нашудаам. Ин қадар вақтам танҳо барои меҳнат сарф шуд. Шабу рӯз кор кардам. Акнун роҳаташро мебинам гӯям, ту ҷонамро гирифтан мехоҳӣ? - Рӯзат ба охир расид. Ман ба дер гузошта наметавонам. Супоришро бояд иҷро намоям. Бой ҷиддияти масъаларо дарк карда, ба ҳила рӯ овард: - Ба ман се рӯз мӯҳлат деҳ, ки пуламро тақсим кунам ва се рӯз хуб зиндагӣ кунам. Ман ба ту панҷоҳ ҳазор динор медиҳам. - Не, ба ман сарват умуман даркор нест, ман танҳо ҷон мегираму халос. - Ба ман ду рӯз мӯҳлат деҳ, ман ба ту нисфи сарватамро медиҳам,- боз гуфт мард. Фариштаи марг сухани пешинаи худро такрор кард. - Тамоми сарватамро гирифта, ба ман як рӯз деҳ, — илтимос кард. - Не! — бо қатъият гуфт фаришта. - Пас, барои навиштани ду ҷумла сухан рухсат деҳ, — гуфт ӯ. Фаришта розӣ шуд. Баданашро канда, дар девор бо хун навишт: "Эй бандае, ки шаб то саҳар аз паи молу давлат давида, умри хешро барбод медиҳӣ! Ба қадри умри худ, вақти худ бирас. Ман, фаҳмидам, ки чӣ қадар сарват дошта бошӣ ҳам, вақтро харида наметавонӣ. Ман бо 300 000 динор ҳатто як рӯз барои худ гирифта натавонистам. Вақти гаронбаҳоро барои ҷамъоварии сарвату боигарии сарф карда, аз худ бехабар намонем. Илм, Сарват, пешравӣ, муваффақият бо шинохти худ,ва бо самар гузаронидани вақти бебаҳо, бо арзиш аст. Аввал худ, дувум шинохти худ. Ҳар якеи мову шуморо Аллоҳи бузург аз неъмати бебаҳояш, аз илму дониш, ва дастовезҳои ҳарду олам фаровон созад!

Ду одами дигар қабул мекнем. Баъд дигаронро ҳафтаи оянда.

Ассалому алейкум Рузатон ба хайру шоди боша Дустони азиз. Хоҳишмандонро ба курси Худшиносӣ даъват мекнем. Ба ҳаммаи шумоён муваффақият хоҳонем.

Ман устод дар хамин синусол расидам лекин хотирчами калб надоштам аз худам бехабар мегаштам хамаро гунахкор карда то он даме ки ман аз шумо курси худшиносиро омухтам охиста охиста ман аз худам бохабар шудам ман худамро дар хайëт шинохтам ман оромиши калбамро пайдо кардам ва имруз ман худамро солим хис мекунам ва фахмидам ки дар хайëт аз Хама чизи киматарин ин хотирчами калб будай хотирчами калб ба ман бисëр чизхоро дод устод ман аз шумо минатдорам хамавахкт худованд илматона зиëда гардонад доим солим сарбаланд бошед 🙏🙏

Ман устод дар хамин синусол расидам лекин хотирчами калб надоштам аз худам бехабар мегаштам хамаро гунахкор карда то он даме ки ман аз шумо курси худшиносиро омухтам охиста охиста ман аз худам бохабар шудам ман худамро дар хайëт шинохтам ман оромиши калбамро пайдо кардам ва имруз ман худамро солим хис мекунам ва фахмидам ки дар хайëт аз Хама чизи киматарин ин хотирчами калб будай хотирчами калб ба ман бисëр чизхоро дод устод ман аз шумо минатдорам хамавахкт худованд илматона зиëда гардонад доим солим сарбаланд бошед 🙏🙏

Асалом алейкум Устоди гиромикадр Калби хотирчам ин калбест, ки дар он хамавакт инсон хушбахт орот осуда тинч мисли боги гул зебо пур аз мехру мухаббат саршор хаст ин олами даруни худро ëфтан дар хайëт аз худ бохабар шудан худро дар хайëт ëфтан худро дуст доштан тамоми хасти мо як будан бо оллох пайваста шудан калби оромиш ин як хисëте хаст ки Моро ба тамоми максад орзухо мерасонад ин хам бошад хотирчами калб мебошад Мо бояд калби худамонро хаминтавре тоза карда пур аз саршори мухаббат кунем дар хамон вакт хайëти мо ба кулли иваз мешавад хотирчами калб ин як хисëте хаст ки Мо лазати хайëтро ехсос мекунем хотирчами калб ин хисëти илохи мебошад инсон хотирчами калб дошта бошад дар хамон холат тамоми зебоихо тамоми хасти оламро ехсос карда метавонад хотирчами калб ин як хисëте мебошад ки инсон тавоноияшро дар хайëт ехсос мекунад хотирчами калб инсонро доим солим хушбахт зебо бо оллох пайваста мекунад хотирчами калб бошад Мо доим шукургузор мешавем ба хар як зарае ки оллох офаридас Мо бо хотирчами калб холати хозираи худамонро Кабул карда тонистан шукургузор будан🌹🌹🌹🔥🥰🥰