ar
Feedback
Умеди Нав

Умеди Нав

الذهاب إلى القناة على Telegram
1 102
المشتركون
-124 ساعات
-17 أيام
لا توجد بيانات30 أيام
أرشيف المشاركات
photo content

ШУКР КАРДИ, НЕЪМАТАТ АФЗУН ШАВАД❗️ ИНСОН ТО ҲОЛИ БЕЧОРАРО НАБИНАД ҲАҚИҚӢ ФАРОМУШКУНАНДА АСТ. ---------------------------------------------- _Сарватманде аз утоқаш ба берун нигоҳ кард ва мардеро дид, ки аз қуттии партов дунболи чизе мегардад ва бо худ гуфт: _Худоро шукр, ки фақир нестам. _Марди фақир атрофашро нигоҳ кард ва девонаеро бо рафторҳои аҷиб дар кӯча дид ва бо худ гуфт: _Худоро шукр, ки девона нестам. _Он девонанамо дар кӯча мошини ёрии таъҷилиеро дид, ки бо худ бемореро таҳвил медод ва гуфт. _Худоро шукр, ки бемор нестам. _Бемор дар беморхона ҷасадеро дид, ки ба сардхона мебаранд. _Гуфт _Худоро шукр, ки зиндаам. _Фақат мурда наметавонад аз Худо шукргузорӣ кунад. _Чаро имрӯз аз Худо шукр накунем? _Ки як рӯзи дигар бароямон фурсати зиндагӣ кардан додааст! _Барои ин, ки зиндагиро беҳтар фаҳмид! _Бояд аз се макон фаҳмиш дошта бошем. _Бемористон, зиндон ва қабристон. _Дар бемористон , ки ҳеҷ чизе муҳимтар аз тандурусти нест. _Дар зиндон озодӣ гаронбаҳотарин умеди зиндагӣ аст. _Дар қабристон дарк мекунем, ки зиндагӣ арзише надорад. _Замине,ки имрӯз рӯи он қадам мезанем фардо сақфи мо хоҳад шуд. _ Пас биёед фурӯтан ва меҳрубон бошем нисбат ба якдигар! _Шукр кардан, ба ҳар неъматҳои Иллоҳӣ Шукр кардан вазифаи инсонӣ асту, лекин инсон дар ҳақиқат фаромушкунандаи ҳақиқи аст. Файз, баракат, меҳр, муҳаббат, ва иззату ҳурмат аз шукргузори пайдо мешавад.

Рахмат устодчон ки ин гуна канал кушодед суханони пурмазмун. Овар тамими даигар кардан лозм фазои оиламро гирифтам аввал мехохм худм ивваз шавм устодчон пешравитона мехохм пешравитона мехохм

Устод ин Аллох хастки мо бандагона сохиби илм мекна ва хечгох танхо намешузора ва шумобарин инсонхои хуба восита мекунад пас аз шумо Аллох рози бошад😇😁😊

Дар руҳияти инсон, на танҳо пул, кор, пешрави таъсири баду неки худро мерасонад! Балки аъзои хона, ва фазои хона ҳам, таъсири неку бади худро мерасонад! Дар хонае, ки одамҳо якдигарро дӯст надоранд, кӯдакон наметавонанд бузург шаванд! Шояд қад бикашанд, аммо болу пар нахоҳанд кушод! Оё медонӣ ба инсон чи гуна хона бошад? Хонае ки, эҳтиром ва дарки ҳамдигар бошад! Хонае ки, дар борааш фикр бикун ва хотираҳои хуб ба ёдат меояд! Хона нӯшидани як пиёла чойи гарм дар канори касоне, ки дӯсташон медорию муҳаббати ҳақиқӣ ҳаст! Хонае ки, фазои холи аз дарду ғаму андӯҳ, ва ҷуши шавқу ҳавасҳо бошад! Хонае ки, бо ворид шудан ба он механдиву механданд! Хуллас як хонаи хуб аз масоҳату зебоии он бо меҳру муҳаббати қалби поки одамонаш асту, самимияташ, ҳақиқист, ва ба суяш омаданаш шитобону,пур аз орзуҳои ширин, пур аз хурсандиву шодии наздику пайвандонат! Хонае ки аз нури Худованд равшан бошад, ва ёди Худованд дар он хона бисёр бошад! Ин гуна хонаро ки метавонад бароят ҳадя диҳад? Албатта худат! Агар хоҳиш дошта бошӣ! Балки зиёдтараш лоиқи туст! Балки зеботараш лоиқи туст! Бо баробари хондани ин дарс, ту метавони аввал рост! тасдиқ кунӣ! Лекин!!! Дувум дарҳол айбдорро мекобӣ! Барои руҳияти ту ки таъсири бад мерасонад! Шояд падару модар? Шояд ҳамсар,ё кудакон? Лекин аввалин худат ба руҳияти худ , бо зиққиҳоят таъсир мерасонӣ! Хурсанди ва хушбахтӣ дар худди туст!!! Барои ба ин ҳамма хушбахтиҳо дастрас шудан, Илм ва фаҳмиши равшан басанда аст!

Видео от УМЕДИ НАВ

Дар хонае, ки одамҳо якдигарро дӯст надоранд, кӯдакон наметавонанд бузург шаванд. Шояд қад бикашанд, аммо болу пар нахоҳанд гирифт...! Оё медонӣ хонаи чи гуна бошад? Хонае ки, эҳтиром ва дарки ҳамдигар бошад! Хонае ки, дар борааш фикр бикун ва хотираҳои хуб ба ёдат меояд! Хона нӯшидани як пиёла чойи гарм дар канори касоне, ки дӯсташон медорию муҳаббати ҳақиқӣ ҳаст! Хонае ки, фазои холи аз дарду ғаму андӯҳ, ва ҷуши шавқу ҳавасҳо бошад! Хонае ки, бо ворид шудан ба он механдиву механданд! Хуллас як хонаи хуб аз масоҳату зебоии он бо меҳру муҳаббати қалби поки одамонаш асту, самимияташ, ҳақиқист, ва ба суяш омаданаш шитобону,пур аз орзуҳои ширин, пур аз хурсандиву шодии наздику пайвандонат! Хонае ки аз нури Худованд равшан бошад, ва ёди Худованд дар он хона бисёр бошад! Ин гуна хонаро ки метавонад бароят ҳадя диҳад? Албатта худат! Агар хоҳиш дошта бошӣ! Балки зиёдтараш лоиқи туст!

photo content

photo content

photo content

Хаётатро дустат не худат месози гайри худат ба хечкас хайёти ту мухим нест дусте туро ба пасти мебарад танхо бурдан бехтараст

ИНСОН БОЯД АЗ ҲАР ҶИҲАТ, ЧИ БОТИНАН, Ё ЧИ ЗОҲИРАН ЗЕБО БОШАД. ЗЕБОГИ ЧИ ГУНА АСТ? ЗЕБОГИ ЧИ ХЕЛЕ КИ ОФАРИДА ШУДААСТ: ТАН ГИРИ
ИНСОН БОЯД АЗ ҲАР ҶИҲАТ, ЧИ БОТИНАН, Ё ЧИ ЗОҲИРАН ЗЕБО БОШАД. ЗЕБОГИ ЧИ ГУНА АСТ? ЗЕБОГИ ЧИ ХЕЛЕ КИ ОФАРИДА ШУДААСТ: ТАН ГИРИФТАН ! ВА ҲАҚИҚИЮ ТАБИИ БУДАН

ҚИССАИ ИБРАТНОК❗️ ТАВСИЯИ СУҚРОТ. Рӯзе як мард ба назди Суқрот омада пурсид: - Дӯсти ту дар бораи ту ба ман баъзе чизҳои аҷиб гуфт. Донистан мехоҳӣ? _Сабр кун _ гуфт Суқрот. _Қабл аз он ки чизе бигӯӣ, аввал суханони худро аз 3 ғалбер гузарон! _Барои чӣ? _Ҳайрон шуд он мард. _Ин роҳи дуруст аст, ҳоло худат мефаҳмӣ. _Қабл аз гуфтани он суханҳо хуб фикр бояд кард ва суханони худро аз се ғалбер бояд гузаронд. Ғалбери якум ғалбери ҳақиқат аст. _Ту аниқ медонӣ, ки он суханҳо ҳақиқатанд? _Не, ман инро аниқ гуфта наметавонам,худро гум карда гуфт мард. – Ман танҳо хостам, ки суханҳои аз каси дигар шунидаамро ба шумо нақл кунам. _Хуб, ту намедонӣ, ки он суханҳо ҳақиқат доранд ё не! _Пас, ғалбери дуюмро мегирем, ки он ғалбери некӯӣ аст. _Дар он суханҳое, ки ту ҳоло ба ман нақл кардан мехоҳӣ, ягон чизи хуб ҳаст ё не? _Не _ Ҷавоб дод мард. – Баръакс, ҳама суханони бад ҳастанд... _Хуб, мо инашро низ аниқ намудем _Гуфт Суқрот. – Маълум мешавад, ки ту ба ман чизи бадеро гуфтан мехоҳӣ. _Инак, ғалбери сеюм,ғалбери манфиатро мегирем. _Аз он маълумоте, ки алҳол ту ба ман нақл кардан мехоҳӣ, бароям манфиате мерасад ё не? _Зарурати онро донистани ман вуҷуд дорад ё не? _Гумон мекунам ки не, ба ин чандон зарурат нест. _Ана, акнун мо тамоми суханҳои туро аз ғалбер гузарондем. _ Биё натиҷаашро аз назар мегузаронем. _Маълум мешавад, дар суханҳое, ки ба ман гуфтан мехостӣ, на ҳақиқат вуҷуд дорад, на некӯӣ ва на манфиат. _Пас, барои чӣ онҳоро ба забон биёрем? ❗️❗️❗️❗️❗️❗️❗️❗️❗️❗️❗️ Яке аз бузургтарин хатои инсонӣ дар ҳаминҷо аст, ки надида сухани шунидаро мисли дида тасдиқкунон мегуяд, ва бо гуфтан баъзан роҳат мекунад. Илми психологӣ ҳам, чунин рафторро ба зарари ду ҷониба тасдиқ мекунад. Ҳам одаме ки нодида сухани бадӣ касеро мегуяд, ва ҳам инсонеки мешунавад, дар қалбаш аввал нафрат пайдо мешавад. Аз болои худ сидқан кор кардан, ба чунин ҳолатҳо, беҳтарин вазифаи инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Дишаб 3 тавсияи Сукротро хондам хеле хуб субҳи барвақт хостам дар дафтар нависам тавсияҳоша алакай дар гуруҳ нест, бисёр тавсия хубу иҷро кардани буд, фикр мекунем меистод хуб буд🤔